Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2001 № 495
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи бо медали тилло мукофотонидани хатмкунандагони мактабҳои маълумоти миёнаи ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.02.2003с. № 55)
1. Хонандагони ҳамаи намуди мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ, ки ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10-11 (12) ба муваффақиятҳои махсус ноил гашта , аз тамоми фанҳои таълимӣ баҳои солонаи 5 (аъло) доранду дорои рафтори намунавианд ва дар ҳаёти ҷамъиятии мактаб фаъолона иштирок карда, ҳамаи имтиҳонҳои хатмкуниро бо баҳои 5 супоридаанд, бо медали тилло мукофотонида шуда, ба онҳо гувоҳномаи намунаи махсус дода мешавад.
2. Довталабони медали тиллоро Шӯрои педагогии мактаб муайян мекунад. Қарори Шӯрои педагогии мактаб ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро Идораи (шӯъба) маорифи вилоят (шаҳр ноҳия) баъди ташхис ба Вазорати маориф пешниҳод менамояд.
3. Номгӯи ҳуҷҷатҳои довталаби медали тилло, ки ба Вазорати маориф фиристонида мешаванд, аз инҳо иборатанд.
- қарори Шӯрои педагогии мактаб;
- корҳои хаттии имтиҳонии синфи 11 (12);
- рӯйхати баҳоҳои солона, ҷамъбастӣ ва имтиҳонҳои хатми синфҳои 10-11 (12), ки бо имзои директор ва муҳри мактаб тасдиқ шудааст;
- журналҳои синфии синфҳои 10-11 (12);
- санади комиссияи ташхиси Идораи (шӯъба) маориф.
4. Вазорати маориф барои дида баромадани ҳуҷҷатҳои мазкур комиссия таъсис медиҳад, ки он дар муддати 10-рӯз хулосаи худро ба коллегияи Вазорати маориф пешниҳод менамояд.
5. Коллегияи Вазорати маориф дар асоси хулосаҳои комиссия рӯйхати хонандагони ба муваффақиятҳои махсус ноилгаштаро барои гирифтани медали тилло тасдиқ менамояд.
6. Медали тиллоро ба хатмкунандагони мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ директори мактаб дар маҷлиси тантанавӣ месупорад.
7. Шахсоне, ки мактаби маълумоти миёнаи ҳамагониро бо медали тилло хатм намудаанд, дар вақти дохил шудан ба мактабҳои олӣ аз имтиёзҳои муқараршудаи тартиби дохилшавӣ ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.
8. Хатмкунандагони мактаби миёнаи маълумоти ҳамагонӣ, ки бо сабабҳои ба онҳо вобаста набуда ин ва ё он фанро наомӯхтаанд ё бо сабаби ҳолати саломатиашон аз тарафи комиссияи тиббӣ - назоратӣ аз машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ озод карда шудаанд, мукофотонидани онҳо бо медали тилло дар асоси банди 62-и Дастуруламал "Дар бораи тартиби ба синфи дигаргузаронии талабагон, гузаронидани имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатмкунӣ дар ҳамаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сурат мегирад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри саяи 2001 № 495
тасдиқ шудааст
Тавсифи медали тилло
1. Медали тилло (радиусаш 1,5см, ғафсиаш 2мм) аз металли муқаррарӣ сохта шуда, қабати болои он аз тилло рӯпӯш карда мешавад.
2. Дар рӯи медали тилло расми китоб, нури офтоб, тоҷ бо ҳафт ситора ва дар паси он Нишони Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир шудааст.
Китоб -рамзи илму маориф, адбиёт ва фарҳанг.
Шуои офтоб - рамзи ҳаёту ободӣ, осоиштагӣ ва мамлакати офтобӣ.
Тоҷ - нишони соҳибдавлатӣ ва мустақилият.
7 ситора - 7 иқлим, ситораи ҳафтдодарон, 7 табақаи осмон, 7рӯз.
3. Дар гирди медал мувофиқи нишондоди Низомномаи медали тилло матни "Барои муваффақиятҳои махсус дар хониш ва рафтори намунавӣ" сабт гардидааст.
4. Овезаи медали тилло, ки шакли чаҳоркунҷаи росткунҷа дорад, бо матои шоҳии ранга (сурх, сафед, сабз) пӯшида шудааст ва рамзи Парчами Милии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода мекунад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри сали 2001 № 495
тасдиқ карда шудааст.
Тарҳи медали тилло.
3x2