Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Масъалаҳои ташкили Комплексҳои махсуси наздисарҳадии (КМН) Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с. № 47)
Мутобиқи талаботи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи алоқаҳои байналмилалии автомобилӣ ва бо мақсади ташкили шароити мусоид ба кори хадамоте, ки расмиятҳои наздисарҳадиро дар гузаргоҳҳо анҷом медиҳанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи сохтмони Комплексҳои махсуси наздисарҳадӣ (КМН), ки иҷрои қонунгузории амалкунандаи ҷумҳуриро ҳангоми гузаштан аз сарҳади давлатӣ дар маҳалҳои ба ин мақсад муқарраршуда, интиқоли борҳои таъиноти гуногун ва гузаштани шаҳрвандонро таъмин менамояд, қабул карда шавад.
2. Номгӯи замимагардидаи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, ки дар онҳо Комплексҳои махсуси наздисарҳадӣ (КМН) сохта мешаванд, тасдиқ карда шавад.
3. Вазифаи фармоишдиҳанда оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмони Комплексҳои махсуси наздисарҳадӣ (КМН) ба зимаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ба зимаи институти "Тоҷикгипротрансстрой" гузошта шавад.
4. Муқаррар гардад, ки лоиҳасозӣ ва сохтмони Комплекси махсуси наздисарҳадӣ (КМН) дар асоси иштироки саҳмии вазоратҳо, идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сурат мегиранд.
5. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар давраи ташаккули лоиҳаи дурнамои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, якҷоя бо вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳои ҷамиятии дахлдор, Раисони Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятзо, шаҳрҳо ноҳияҳое, ки дар қаламравашон Комплексҳои махсуси наздисарҳадӣ (КМН) бунёд мешаванд манбаъҳои маблағгузориро муайян намоянд.
6. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои инвеститсиониро барои сохтмони Комплексҳои махсуси наздисарҳадӣ (КМН) бо мақсади ҷалби инвесторҳои хориҷӣ омода намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 3 ноябри соли 2001 № 494 ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2001 № 494 тасдиқ шудааст
Номгӯи гузаргоҳҳои сарҳадии давлатӣ, ки дар онҳо Комплексҳои махсуси наздисарҳадӣ (КМН) сохта мешаванд
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
"Кулма" ноҳияи Мурғоб
"Қӣзил-арт" ноҳияи Мурғоб
Вилояти Суғд
"Навбунёд" нохияи Ашт
"Баткент" ноҳияи Исфара
"Патар" ноҳияи Конибодом
"Фотеҳобод" ноҳияи Мастчоҳ
"Ҳаштяк" ноҳияи Нов
"Саразм" ноҳияи Панҷакент
Вилояти Хатлон
"Айваҷ" ноҳияи Шаҳритуз
Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ
"Каромик" ноҳияи Ҷиргатол
"Братство" ноҳияи Турсунзода