Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1999 № 218
Бинобар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дохил кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1999 № 218 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои убури транзитии шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Банди 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"6. Назорат аз болои риоя гардидани талаботи ҳамин Қоидаҳоро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории муштарак бо мақомоти амният ва корҳои дохилӣ ба роҳ мемонад."
Банди 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"9. Раводидҳои омад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (омад) ва раводидҳои омад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ғ рафт аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (омаду рафт) ба шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷӣ, сохторҳои дар хориҷа будаи он, инчунин сафоратхонаву муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷие, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи дахлдор бастааст ва дар асоси дархостҳои намунаи муқарраршудаи раводид, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, дода мешавад".
Дар банди 10:
дар сархати якум калимаҳои "Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсатҳои корҳои дохилии ҳукуматҳои ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе" хориҷ карда шавад;
дар сарсатри дуюм калимаҳои "ва мақомоти корҳои дохилии" хориҷ карда шавад.
Дар банди 11 калимаҳои "ва Вазорати корҳои дохилӣ" хориҷ карда шуда калимаи "амон" ба калимаи "ҳатман" иваз карда шавад.
Дар банди 14 калимаҳои "Вазорати корҳои дохилӣ" хориҷ карда шуда, калимаи "мекунанд" ба калимаи "мекунад" иваз карда шавад.
Ба фасли IV банди 32 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"32. Агар шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати зиёда аз шаш моҳ ворид шаванд, онҳо бояд ҳатман аз мақомоти корҳои дохилӣ гувоҳномаи иқомат гиранд. Мӯҳлати гувоҳномаи иқомат баробари дароз кардани мӯҳлати раводиди омаду рафт дароз карда мешавад. Бе дароз кардани раводиди омаду рафт мӯҳлати гувоҳномаи иқомати дарозкардашуда беэътибор дониста мешавад".
Бандҳои 32-42 мутобиқан бандҳои 33-43 ҳисобида шаванд.
Дар банди 40:
дар сархати якум калимаҳои "мақомоти корҳои дохилӣ ё" хориҷ карда шаванд;
дар сархати дуюм калимаҳои "корҳои дохилӣ" ба калимаи "амният" иваз карда шаванд.
Дар матн калимаҳои "байналхалқӣ", "байналхалқии", "виза", "визаҳои" мутобиқан ба калимаҳои "байналмилалӣ", "байналмилалии", "раводид", "раводидҳои" иваз карда шаванд.
2. Ба Қоидаҳои убури транзитии шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Дар бандҳои 14, 15 ишора ба мақомоти корҳои дохилӣ ба ишораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шавад.
Банди 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"19. Назорати риояи ҳамин Қоидаҳо аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории муштарак бо мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда мешавад".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 апрели соли 2002 № 145
ш. Душанбе