Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1999, № 453 "Дар бораи маҷмӯи тадбирҳои давлатии танзими воридоту содирот ва фурӯши яклухти тамоку ва маҳсулоти он"

Санаи амалкуни: 03.11.2001

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи маҷмӯи тадбирҳои давлатии танзими воридоту содирот ва фурӯши яклухти тамоку ва маҳсулоти он

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.11.2001с. № 491)

Ба мақсади таъмини назорати давлатии танзими воридоту содирот ва фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2001с. № 491):

1. Ба Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарвари ,хӯрокворӣ, вазифаи амалӣ намудани танзими давлатии воридоту содирот ва фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку вогузор карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.01с. № 491).

2. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 июли соли 1999 шурӯъ намуда, воридоту содирот ва фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои фаъолияти хоҷагӣ, ки барои он литсензияи мувофиқро доранд, сарфи назар аз шакли моликияташон амалӣ мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2001с. № 491).

3. Асноди зерин тасдиқ карда шавад:

- Дастурамали тартиби додани литсензияҳо барои захира, коркард, воридоту содирот ва фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2001с. № 491);

- Тартиби муқаррар намудани квотаҳо барои воридоту содироти маҳсулоти тамоку (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2001с. № 491);

- Тартиб ва шартҳои ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намудани ташкилоте, ки ба содироту воридот, захира, коркард ва фурӯшя яклухти маҳсулоти тамоку машғуланд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2001с. № 491);

- Тартиби декларатсиякунонии ҳаҷми захира, коркард, воридоту содироти маҳсулоти тамоку (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2001с. № 491);

- Андозаи боҷҳо ҷиҳати баррасии ариза ва додани литсензия барои захира, коркард, фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2001с. № 491).

4. Банди 4 хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2001с. № 491).

5. Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарвари "Хӯрокворӣ" якҷоя бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистом дар мӯҳлати як моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" пешниҳодот манзур намоянд, ки барои гайриқонунии захира, коркард, содироту воридот намудан ва яклухт фурӯхтани маҳсулоти тамоку, пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2001с. № 491).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 27 октябри соли 1999 № 453

ш. Душанбе