Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2010с. № 650)
Бо мақсади таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани муҳофизати зиддисӯхтории иншоот, шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо ва муассисаю ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон :
дар мӯҳлати се моҳ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои муҳандисию техникии оташнишониро барои солҳои 2002-2006 таҳия ва тасдиқ намоянд;
дар мӯҳлати се моҳ рӯйхати иншооти махсусан муҳим ва аз нигоҳи сӯхтор ва таркиш хатарнокро, ки бояд солҳои 2002-2006 бо воситаҳои огоҳонии автоматикунонидашуда ва оташнишонӣ ҷиҳозонида шаванд, таҳия ва бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намоянд;
намунаҳои маҳсулот ва молҳои истеҳсоли дохилиро ҷиҳати гирифтани сертификатҳои мутобиқат ба талаботи бехатарии зидди сӯхтор ва қоидаҳои сохтани таҷҳизоти барқӣ барои таҳқиқ ба Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
ҳангоми барҳам додани дружинаҳои (дастаҳои, қисмҳои) оташнишон идоравӣ тамоми автотехникаи оташнишон ва таҷҳизоти техникии оташнишониро барои истифодаи минбаъда, бо тартиби муқарраргардида, ба мақомоти давлатии оташнишонӣ супоранд;
дар иншооти махсусан муҳим ва оташангез ба таври ҳатмӣ гурӯҳҳои пешгирӣ ва воҳидҳои оташнишониро таъсис ва таъмин намоянд.
2. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо:
дар мӯҳлати се моҳ нақшаи сохтмон ва азнавсозии депоҳо ва ҳавзҳои оташнишонӣ, хариди техника ва воситаҳои оташнишониро дар ҳамаи иншоот, сарфи назар аз шакли моликияташон, барои солҳои 2002-2006 аз ҳисоби маблағҳои ин хоҷагиҳо тасдиқ намоянд;
дар назди мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо) ситодҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои ғайринизомии оташнишонӣ, инчунин комиссияҳои доимоамалкунанда оид ба муайян намудани зарари моддӣ аз сӯхторро таъсис намоянд;
ба хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ ва идораҳои хонаҳо дар таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои ёрирасон ҷойгир кардани ҳар гуна корхонаю ташкилотҳоро, ки ба хизматрасонии бахши манзил муносибат надорад, бе иҷозати дахлдори мақомоти назорати давлатии зидди сӯхтор, манъ намоянд;
якҷоя бо мақомоти хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳар сол азназаргузаронии оммавии ҳолати зиддисӯхтории хазинаи манзилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузаронанд.
3. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ҳар сол лоиҳаҳои нақшаҳои сохтмони асосии депоҳои оташнишонӣ ва дигар иншоотро барои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намояд;
барои пурратар қонеъ гардонидани талаботи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои оташнишонӣ, техникаи сӯхторхомӯшкунӣ ва махсус чораҳо андешад.
4. Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
имконияти дар яке аз корхонаҳои тобеи идоравӣ тайёр намудани гидрантҳои сӯхторнишонӣ, оташхомӯшкунакҳо ва қисмҳои такмилии онҳо, таҷҳизоти техникии оташнишонӣ, инчунин шарорахомӯшкунакҳоро барои автомобилҳо ва тракторҳо, аз рӯи талабномаҳои вазорату идораҳо, хоҷагиҳои аграрӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, баррасӣ намоянд;
иҷрои дархостҳои вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Точикистонро ба миқдори зарурии рангҳои оташногир таъмин намоянд.
5. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барномаҳои радио ва телевизион доир ба масъалаҳои бехатарии сӯхтор вақти доимӣ дар эфир ҷудо намояд.
6. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2002 пости алоҳидаи сӯхторнишонӣ (дастаи сӯхторнишонӣ)-ро барои муҳофизати Нерӯгоҳи барқии Бойғозӣ аз ҳисоби маблағ ва воситаҳои дохилӣ пешбинӣ намояд ва барои барқарорсозӣ, танзим ва хизматрасонии техникии таҷҳизоти автоматии оташнишонии биноҳо ва иншооти Нерӯгоҳи барқии Норак ба номи Турсун ӯлҷабоев маблағ ҷудо намояд.
7. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли хониши 2002-2003 ва дар солҳои хониши минбаъда дар мактабҳои олӣ, миёна ва миёнаи махсус гузаронидани дарсҳоро оид ба омӯзиши тадбирҳои бехатарии сӯхтор пешбинӣ намояд.
8. Роҳбарони корхонаҳо ва муассисаю ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарики ҳатмӣ биноҳо, иншоот ва амволро аз сӯхтор суғурта намоянд.
9. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
барномаи ба аҳолӣ омӯзондани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва пешгирии сӯхторро таҳия намуда, онро тавассути хоҷагиҳои манзилии коммуналӣ, шӯроҳои маҳаллаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Ҷамъияти ихтиёрии оташнишонии Тоҷикистон амалӣ гардонад;
якҷоя бо Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ санҷиши мунтазами хавфи таркишу сӯхтори дастгоҳҳои газро, ки дар нақлиёти бору мусофиркашон васл шудаанд, доир намояд. Ҳар сол ҳангоми азназаргузаронии техникӣ ҳолати ин таҷҳизотро тафтиш намояд. Истифодаи нақлиётро танҳо баъди аз минимуми техникии сӯхторнишонӣ гузаштани ронанда ва гирифтани шаҳодатномаи махсус иҷозат диҳад. Оид ба мувофиқаи лоиҳаҳои газтаъминкунӣ ҷиҳати бехатарии дастгоҳҳои оташангезу тарканда низомнома (дастурамал) таҳия намояд;
якҷоя бо Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуданн молҳо ва маҳсулотеро, ки сертификат, тамғаҳои савдо ё шиносномаҳои техникии мутобиқати бехатарии сӯхторро надоранд, муайян намояд;
системаи назорат ва додани иҷозатномаҳои дахлдорро барои кашондан, хамлу нақл, нигоҳ доштан ва истифодаи борҳо ва моеъҳои тездаргиранда, тарканда ва сӯзандаро дар ҳудуди ҷумҳурӣ таҳия намояд;
бо Ширкати давлатии суғуртаи ҶумҳурииТоҷикистон "Тоҷиксуғурта" созишномаро дар бораи муносибатҳои мутақобила ҳангоми гузаронидани суғуртаи давлатии ҳатмӣ ба имзо расонад.
10. Ҳафтод фоизи маблағи фонди захиравии суғуртаи давлатии ҳатмии биноҳо, иншоот ва амвол аз сӯхтор, ки дар тамоми давраи фаъолияти Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" то 1 ноябри соли 2010 ташаккул ёфтааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта шавад.
Тибқи натиҷаҳои соли 2010, аз 1 январи соли 2011 оғоз намуда, минбаъд даромадҳо аз ҳаққи суғуртавии ин намуди суғуртаи ҳатмӣ бо тарҳи:
- ҳаққи хизматрасонии агентҳои суғуртавӣ ба андозаи 5 фоиз,
- маблағҳо барои Фонди тадбирҳои пешгирикунӣ ба андозаи 2 фоиз,
- пардохтҳои суғуртавӣ барои ҳолатҳои ҳодисаҳои суғуртавии воқеан рухдода, даромади Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" дониста шаванд.
70 фоизи ин маблағҳо баъди ситонидани андозҳо, ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, 30 фоизи он барои пешбурди кор дар Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" нигоҳ, дошта шавад
11. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 1995 № 269 "Дар бораи мустақкам намудани бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 октябри соли 2001 № 457
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани муҳофизати зиддисӯхтории иншоот, шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо ва муассисаю ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон :
дар мӯҳлати се моҳ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои муҳандисию техникии оташнишониро барои солҳои 2002-2006 таҳия ва тасдиқ намоянд;
дар мӯҳлати се моҳ рӯйхати иншооти махсусан муҳим ва аз нигоҳи сӯхтор ва таркиш хатарнокро, ки бояд солҳои 2002-2006 бо воситаҳои огоҳонии автоматикунонидашуда ва оташнишонӣ ҷиҳозонида шаванд, таҳия ва бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намоянд;
намунаҳои маҳсулот ва молҳои истеҳсоли дохилиро ҷиҳати гирифтани сертификатҳои мутобиқат ба талаботи бехатарии зидди сӯхтор ва қоидаҳои сохтани таҷҳизоти барқӣ барои таҳқиқ ба Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
ҳангоми барҳам додани дружинаҳои (дастаҳои, қисмҳои) оташнишон идоравӣ тамоми автотехникаи оташнишон ва таҷҳизоти техникии оташнишониро барои истифодаи минбаъда, бо тартиби муқарраргардида, ба мақомоти давлатии оташнишонӣ супоранд;
дар иншооти махсусан муҳим ва оташангез ба таври ҳатмӣ гурӯҳҳои пешгирӣ ва воҳидҳои оташнишониро таъсис ва таъмин намоянд.
2. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо:
дар мӯҳлати се моҳ нақшаи сохтмон ва азнавсозии депоҳо ва ҳавзҳои оташнишонӣ, хариди техника ва воситаҳои оташнишониро дар ҳамаи иншоот, сарфи назар аз шакли моликияташон, барои солҳои 2002-2006 аз ҳисоби маблағҳои ин хоҷагиҳо тасдиқ намоянд;
дар назди мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо) ситодҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои ғайринизомии оташнишонӣ, инчунин комиссияҳои доимоамалкунанда оид ба муайян намудани зарари моддӣ аз сӯхторро таъсис намоянд;
ба хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ ва идораҳои хонаҳо дар таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои ёрирасон ҷойгир кардани ҳар гуна корхонаю ташкилотҳоро, ки ба хизматрасонии бахши манзил муносибат надорад, бе иҷозати дахлдори мақомоти назорати давлатии зидди сӯхтор, манъ намоянд;
якҷоя бо мақомоти хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳар сол азназаргузаронии оммавии ҳолати зиддисӯхтории хазинаи манзилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузаронанд.
3. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ҳар сол лоиҳаҳои нақшаҳои сохтмони асосии депоҳои оташнишонӣ ва дигар иншоотро барои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намояд;
барои пурратар қонеъ гардонидани талаботи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои оташнишонӣ, техникаи сӯхторхомӯшкунӣ ва махсус чораҳо андешад.
4. Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
имконияти дар яке аз корхонаҳои тобеи идоравӣ тайёр намудани гидрантҳои сӯхторнишонӣ, оташхомӯшкунакҳо ва қисмҳои такмилии онҳо, таҷҳизоти техникии оташнишонӣ, инчунин шарорахомӯшкунакҳоро барои автомобилҳо ва тракторҳо, аз рӯи талабномаҳои вазорату идораҳо, хоҷагиҳои аграрӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, баррасӣ намоянд;
иҷрои дархостҳои вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Точикистонро ба миқдори зарурии рангҳои оташногир таъмин намоянд.
5. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барномаҳои радио ва телевизион доир ба масъалаҳои бехатарии сӯхтор вақти доимӣ дар эфир ҷудо намояд.
6. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2002 пости алоҳидаи сӯхторнишонӣ (дастаи сӯхторнишонӣ)-ро барои муҳофизати Нерӯгоҳи барқии Бойғозӣ аз ҳисоби маблағ ва воситаҳои дохилӣ пешбинӣ намояд ва барои барқарорсозӣ, танзим ва хизматрасонии техникии таҷҳизоти автоматии оташнишонии биноҳо ва иншооти Нерӯгоҳи барқии Норак ба номи Турсун ӯлҷабоев маблағ ҷудо намояд.
7. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли хониши 2002-2003 ва дар солҳои хониши минбаъда дар мактабҳои олӣ, миёна ва миёнаи махсус гузаронидани дарсҳоро оид ба омӯзиши тадбирҳои бехатарии сӯхтор пешбинӣ намояд.
8. Роҳбарони корхонаҳо ва муассисаю ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарики ҳатмӣ биноҳо, иншоот ва амволро аз сӯхтор суғурта намоянд.
9. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
барномаи ба аҳолӣ омӯзондани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва пешгирии сӯхторро таҳия намуда, онро тавассути хоҷагиҳои манзилии коммуналӣ, шӯроҳои маҳаллаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Ҷамъияти ихтиёрии оташнишонии Тоҷикистон амалӣ гардонад;
якҷоя бо Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ санҷиши мунтазами хавфи таркишу сӯхтори дастгоҳҳои газро, ки дар нақлиёти бору мусофиркашон васл шудаанд, доир намояд. Ҳар сол ҳангоми азназаргузаронии техникӣ ҳолати ин таҷҳизотро тафтиш намояд. Истифодаи нақлиётро танҳо баъди аз минимуми техникии сӯхторнишонӣ гузаштани ронанда ва гирифтани шаҳодатномаи махсус иҷозат диҳад. Оид ба мувофиқаи лоиҳаҳои газтаъминкунӣ ҷиҳати бехатарии дастгоҳҳои оташангезу тарканда низомнома (дастурамал) таҳия намояд;
якҷоя бо Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуданн молҳо ва маҳсулотеро, ки сертификат, тамғаҳои савдо ё шиносномаҳои техникии мутобиқати бехатарии сӯхторро надоранд, муайян намояд;
системаи назорат ва додани иҷозатномаҳои дахлдорро барои кашондан, хамлу нақл, нигоҳ доштан ва истифодаи борҳо ва моеъҳои тездаргиранда, тарканда ва сӯзандаро дар ҳудуди ҷумҳурӣ таҳия намояд;
бо Ширкати давлатии суғуртаи ҶумҳурииТоҷикистон "Тоҷиксуғурта" созишномаро дар бораи муносибатҳои мутақобила ҳангоми гузаронидани суғуртаи давлатии ҳатмӣ ба имзо расонад.
10. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 1995 № 269 "Дар бораи мустақкам намудани бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.