Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри 2004 № 404
тасдиқ шудааст
Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, аттестатсияи объектҳои иттилоотонӣ, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо
(қарор аз 2.11.2007с. № 555, аз 2.08.2010с. № 402)
Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, аттестатсияи объектҳои иттилоотонӣ, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо (минбаъд - Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иттилоот", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ" таҳия гардида, муносибатҳоро дар соҳаи мазкур ба танзим медарорад.
Мақоми ваколатдори давлатии сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, аттестатсияи объектҳои иттилоотонӣ, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо, ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба додани иҷозат ва ташкили сертификатсия Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Мақоми ваколатдор) мебошад.
Фасли 1. Сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотонӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Ин Низомнома принсипҳои асосӣ, сохтори ташкилии сертификатсияи ҳатмии воситаҳои ҳифзи иттилоот, тартиби гузаронидани сертификатсияи ин воситаҳоро тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, инчунин назорати давлатии сертификатсия ва воситаҳои сертификатсияшавандаи ҳифзи иттилоотро муқаррар менамояд.
Амали ин Низомнома нисбати воситаҳои техникӣ, барномавӣ ва дигар воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки барои ҳифзи иттилооти маълумоти дорои сирри давлатиро ташкилкунанда аз ихроҷ, таъсири беиҷозат ва беғаразона, дастрасии беиҷозат ва аз иктишофи техникӣ, инчунин воситаҳои назорати самарабахшии ҳифзи иттилоот пешбини шудаанд, татбиқ карда мешавад.
Зери мафҳуми сертификятсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ (минбаъд- сертификатсия) фаъолият оид ба тасдиқи тавсияҳои воситаҳои ҳифзи иттилоот ба талаботи стандартҳои давлатӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои меъёри оид ба ҳифзи иттилоот, ки аз ҷониби Мақоми ваколатдор мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ" тасдиқ шудаанд, фаҳмида мешавад ва он самтҳои асосии фаъолияти иштирокчиёни сертификатсия, сохтор, функсия, ҳуқуқ, ӯҳладорӣ ва масъулияти онҳоро дар ин соҳа муайян месозад.
2. Мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иттилоот" воситаҳо, аз ҷумла воситаҳои истеҳсоли хориҷӣ, ки барои ҳифзи иттилоотӣ дорои сирри давлатӣ, ва дигар иттилооти дастрасиашон маҳдуд, ки мутобиқи қонунгузории амалкунанда бояд ҳифз карда шаванд, инчунин воситаҳои дар системаи идораи истеҳсолотӣ аз ҷиҳати экологӣ хатарнок истифодашаванда, иншооти дорои аҳамияти мудофиавӣ ё иқтисодӣ ва воситаҳои истифодаи умумии ба муқобили иктишофи техникӣ пешбинигардида, ки ба амнияти давлат таъсир мерасонанд бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд. Номгӯи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, аз ҷониби Мақоми ваколатдор тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолатҳои дигар сертификатсия хусусияти ихтиёри (сертификатсияи ихтиёри) дошта, бо ташаббуси таҳиякунанда, истеҳсолкунанда ё истифодабарандаи воситаҳои ҳифзи иттилоот амали мегардад
Санҷиши воситаҳои ҳифзи итилоот аз тарафи марказҳои (лабораторияҳои) озмоишии аккредитатсияшуда дар заминаи моддию техникии онҳо ё бо мувофиқаи Мақоми ваколатдор дар заминаи дархосткунанда гузаронида мешавад.
Асос барои гузаронидани кор оид ба сертитфикатсия шартнома байни иштирокчиёни сертификатсия, ки аз ҷумла андозаи музди меҳнатро барои баргузории он муқаррар менамояд, маҳсуб меёбад. Маблағҳои аз ҷониби дархосткунанда барои гузаронидани сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот харҷ гардида, ба арзиши аслии он дохил карда мешаванд.
3. Мақоми ваколатдор дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияҳои Тоҷикстандарт, низомномаҳо ва дастурамалҳои қабулнамудаи Комиссияи давлатии мавҷҳои радио ва ҳамин Низомномаро ба роҳбари мегирад.
4. Мақоми ваколатдор мутобиқи ваколати худ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва инспексияи савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти байналмилалии сертификатсия, инчунин оид ба ин масъалаҳо дар кори созмонҳои байналмилали иштирок менамояд
5. Сертификати мутобиқат, ки аз ҷониби Мақоми ваколатдор дода шудааст, ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо эъломияи бори гумрукӣ пешниҳод гардида, барои гирифтани иҷозати ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани воситаҳои ҳифзи иттилооти ҳатман сертификатсияшаванда, пешниҳод карда мешаванд
6. Хориҷ карда шуд
2. Вазифаҳои Мақоми ваколатдор
7. Вазифаҳои асосии Мақоми ваколатдор аз инҳо иборатанд:
назорати давлатӣ, назорати инспексиони барои риояи қоидаҳои сертификатсияи ҳатмӣ ва воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоот;
назорати давлатии аз ҷониби дархосткунандагон, марказҳои (лабораторияҳои) озмоишӣ, мақомот оид ба сертификатсия риоя намудани қоидаҳои сертификатсияи ҳатмӣ ва воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифз. Муайян кардани ҳаҷм, мӯҳтаво ва тартиби назорати давлатии ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ, ки дар системаи сертификатсияи аз ҷонииби Мақоми ваколатдор тасдиқ шудааст;
назорати инспексионии воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоот ва фаъолняти марказҳои (лабораторияҳои) озмоишӣ, ки озмоишҳои сертификатсиониро гузаронидаанд;
муқаррар намудани қоидаҳои умумии назорати инспексионии воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоот дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методии системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоот;
муайян намудани давра ва ҳаҷми озмоишҳо дар доираи назорати инспексионии воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоотро дар марказҳои (лабораторияҳои) озмоиши муайян мекунад;
қатъ ё бекор намудани амали сертификат ва аттестати аккредитатсия аз рӯи натиҷаи назорат. Қарор дар бораи бекор намудани амали сертификат танҳо дар он ҳолат қабул карда мешавад, ки агар дар натиҷаи чораҳои андешидашудаи бетаъхир мутобиқати воситаҳои ҳифзи иттилоот ба талаботи муқарраргардида барқарор карда нашавад.
Иттилоот ва боздоштани (бекор намудани) амали сертификат ё аттестат аккредитатсия аз ҷониби Мақоми ваколатдор ба маълумоти таҳиякунандагон, истифодабарандагони воситаҳои ҳифзи иттилоот, мақомоти сертификатсия ва марказҳои (лаборатогрияҳои) озмоиши расонида мешавад.
Сабабҳое, ки қабули чунин қарорро водор месозанд, инҳоянд:
- тағйири ҳуҷҷатҳои меъёрию методии ҳифзи иттилоот дар бахши талабот нисбат ба воситаҳои ҳифзи иттилоот, методҳои озмоиш ва назорат;
- тағйири технологияи таҳия, сохт (таркиб), маҷмӯи воситаҳои ҳифзи иттилоот ва системаи назорати сифати онҳо;
- иҷро накардани талаботи технологияи таҳия, назорат ва озмоиши воситаҳои ҳифзи иттилоот;
- номутобиқатии воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоот ба шароити техникӣ ё формуляри дар ҷараёни назорати давлатӣ ё инспексионӣ ошкоршуда;
- радкунии дархосткунанда барои иҷозати даромадани (қабули) шахсони Мақоми ваколатдор ҷиҳати анҷом додани назорати давлатӣ, назорати инспексиони ҷиҳати риояи қоидаҳои сертификатсия ва назорати воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоот;
- таҳияи асосҳои консептуалии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки ҳифзи онро тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ таъмин намуда, дар ин соҳа хизматрасониро (минбаъд-маҳсулот ва хизматрасони) анҷом медиҳанд;
- ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии методии корҳо оид ба сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ;
- ташкил, гузаронидан ва иштирок дар расмиёти сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ва хизматрасоние, ки ҳифзи онро таъмин мекунад, инчунин аттестатсияи иншооти иттилоотони тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ ва пешбурди системаи бақайдгирии давлатӣ.
3. Функсияҳои Мақоми ваколатдор
8. Мақоми ваколатдор мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иттилоот", моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" ва дар доираи ваколатҳои худ иҷрои вазифаҳои зайлро таъмин менамояд
ташкил ва ҳамоҳангсозии системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ ва муқаррар намудани қоидаҳои гузаронидани сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот;
ташкил ва пешбурди маҳзани ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки фаъолиятро дар соҳаи сертификатсияи воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот танзим менамояд;
муайян намудани номгӯйи воситаҳои ҳифзе, ки бояд ҳатман сертификатсия шаванд;
муқаррар намудани қоидаҳои аккредитатсия барои гузаронидани корҳо оид ба сертификатсия
аккредитатсияи мақомот оид ба сертификатсия, марказҳои (лабораторияҳои) озмоишӣ ва мақомот оид ба аттестатсияи иншооти иттилоотонӣ;
таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методии системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба мутобиқати талаботе, ки аз рӯи онҳо сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот дар система ва ҳуҷҷатҳои методи оид ба баргузории озмоишҳои сертификатсиони гузаронида мешавад;
пешбурди Феҳристи давлатии иштирокчиён ва объектҳои иттилоотонӣ;
хориҷ карда шуд
анҷом додани назорати давлатии (аз ҷумла инспексионии) риояи қоидаҳои сертификатсия ва воситаҳои иттилооти сертификатсияшуда;
баррасии эътирозҳо оид ба масъалаҳои сертификатсия, инчунин баррасии иншооти аттестатсияшудаи иттилоотонӣ, аттестатсия ва бақайдгирии давлатии онҳо;
хориҷ карда шуд
Мақоми ваколатдор мақоми марказии сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро муайян менамояд ё функсияҳои зерини ин мақомро иҷро мекунад:
бақайдгирӣ ва баррасии дархостҳо ҷиҳати гузаронидани сертификатсияи молу маҳсулот (маҷмӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, дуруст пур кардани дархостҳо), ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот дар бораи дархосткунанда;
экспертизаи техникӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳоро барои воситаҳои ҳифзи иттилоот ва маводи озмоишҳои сертификатсионӣ гузаронида, ҳангоми гузаронидани сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот хулосаҳои экспертиро мураттаб месозад;
интихоби нақшаи сертификатсияи ҳатмии воситаҳои ҳифзи иттилоот вобаста ба шароити истеҳсол (иҷро), озмоишҳо, таҳвил, инчунин таҳия ва ба тартиб даровардани қарор оид ба сертификатсия;
интихоби нақша, усули гузаронидани озмоишҳои воситаҳои техникии ҷамъоварӣ, коркард, нигаҳдошт ва ҳифзи он, намунаҳои маҳсулот, супурдани намунаҳои интихобшуда ба лабораторияи таҷрибавӣ (ё гузаронидани озмоиш ҳангоми баррасии сифати хизматрасонӣ ва салоҳиятнокии иҷрокунанда);
ташхиси экспертии объектҳои иттилоотонӣ;
ташкил ва гузаронидани сертификатсияи объектҳои иттилоотонӣ ва маҳсулот (хизматрасониҳо) ҷиҳати мутобиқат ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ;
барасмиятдарорӣ ва додани сертификати мутобиқат, аттестатҳои аккредитатсия ё гувоҳномаҳо ва пешбурди Феҳристи давлатии иштирокчиён ва объектҳои иттилоотонӣ ва сертификатсия, аккредитатсия танҳо ҳангоми мавҷуд будани литсензияҳои дахлдори аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда;
тамдиди мӯҳлати амали сертификатҳои мутобиқат, аттестатҳои аккредитатсия, гувоҳномаҳо;
барасмиятдарории дубликатиҳои сертификати мутобиқат (ҳангоми зарурат);
таҳияи мавод ҷиҳати баррасии комиссияи апеллятсионӣ;
назорати пешгирикунандаи инспексионӣ оид ба маҳсулот (хизматрасонӣ) ё иншооти сертификатсияшуда;
назорати аз ҷониби таҳиякунанда (фурӯшанда) иҷро шудани чораҳои тасҳеҳоти ҳангоми риоя нагардидани мутобиқати маҳсулот (хизматрасони) ё ҳангоми баистифодадиҳии иншоот;
хориҷ карда шуд
бекоркунӣ ё боздоштани амали сертификатҳои мутобиқат, аттестатҳо ва гувоҳномаҳои додашуда;
такмили ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба стандартизатсия дар бахши номенклатураи нишондиҳандаҳое, ки ҳангоми сертификатсия, аттестатсия ё ташхис санҷида мешаванд;
таҳия ва манзур доштани пешниҳодот оид ба номенклатура, маҳсулоти муқарраргардида ва хизматрасони ҷиҳати тавсеа ва татбиқи он;
ташкил ва гузаронидани аудити дохилӣ ва арзёбии системаи амалкунандаи сифат, таҳияи тадбирҳои тасҳеҳоти (ҳангоми зарурат) оид ба натиҷаҳои гузаронидани аудити дохилӣ;
таҳия ва такмили ҳуҷҷатҳои ташкилию методие, ки қоидаҳо, расмиёт, ташкил ва тартиби гузаронидани сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ва хизматрасонии таъмини ҳифзи иттилоотро муқаррар менамоянд;
тасдиқи барномаҳо ва методикаи озмоишҳои сертификатсионӣ ва экспертизаи объектҳои иттилоотонӣ;
ҳамкорӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва инспексияи савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои методии сертификатсия
ҳамкории мутақобила бо мақомоти дахлдори дигар кишварҳо оид ба расмиёти сертификатсия дар соҳаи аккредитатсияи марказҳои (лабораторияҳои) озмоишӣ;
анҷом додани назорати қоидаҳо ва расмиёти корҳо оид ба сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ, аттестатсияи объектҳои иттиллоотонӣ, ки аз ҷониби марказҳои (лабораторияҳои) озмоиши гузаронида мешаванд;
барраси ва таҳияи мавод оид ба натиҷаҳои озмоишҳои сертификатсионӣ ва экспертизаҳои объектҳои иттилоотонӣ;
тибқи талаби дархосткунандагон ба онҳо фароҳам овардани иттилооти зарури дар доираи салоҳияти худ;
ташаккул (такмил), татбиқ, пешбурди маҳзани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки ҳангоми сертификатсияи воситаҳо ва хизматрасониҳо истифода бурда мешаванд;
таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методӣ оид ба сертификатсия ва аттестатсияи объектҳо;
эътирофи (аз нав бақайдгирии) сертификатҳои хориҷӣ ва дигар гувоҳномаҳои мутобиқат, ба маълумоти дархосткунандагон расонидани қарорҳои қабулгардида;
андешидани чораҳои оперативи тибқи иттилоот дар мавриди вайрон кардани талаботе, ки нисбати маҳсулот ва хизматрасониҳои сертификатсияшаванда пешниҳод мегардад ва тибқи ҳуҷҷатҳои меъёри муайян карда шудааст;
фароҳам овардани маводи иттилооти оид ба сертификатсияи воситаҳои ахбори умум;
пешбурди фаъолияти ҷорӣ ва коргузорӣ;
ташкили такмили ихтисос ва аттестатсияи кормандони мақомоти сертификатсия, бо додани сертификат ва гувоҳномаҳои инфиродӣ;
оид ба натиҷаҳои назорати инспексиони мақоми сертификатсия метавонад амали сертификати мутобиқат ё аттестати объекти иттилоотониро то иҷрои ҳатмии чораҳои тасҳеҳоти боздорад ё бекор кунад.
Системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилооти аттестатсияи объектҳои иттилоотонӣ, сертификатсияи ҳама гуна воситаҳои техникӣ ва воқеӣ ва техникаи маишии дар биноҳо ва шабакаҳои инженери ҷойгиршударо, ки аз назди воситаҳои техникии коркарди иттилоот мегузаранд, дар бар мегирад.
9. Ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти дархосткунандагон:
мутобиқати воситаҳои ҳифзи иттилоотро ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёри дар системаи сертификатсия таъмин менамоянд;
истеҳсолотро омода сохта, ҷиҳати устувории тавсифоти ҳуҷҷатҳои меъёрии воситаҳои ҳифзи иттилооти сертификатсияшаванда, ки иҷрои талаботро оид ба ҳифзи иттилоот таъмин (муайян) менамоянд, тадбирҳо меандешанд;
маълумотро дар бораи техникаи ҳифзи иттилооти сертификатсияшаванда ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки ба онҳо бояд мутобиқат намояд, зикр намуда, расонидани ин иттилоъро то ба истифодабаранда таъмин менамоянд;
техникаи истеҳсолнамудаи сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоотро бо аломати мутобиқат бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои системаи сертификатсия нишонгузорӣ менамоянд;
санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои системаи сертификатсияро ба роҳбари гирифта, аз сертификат истифода мебаранд;
мақоми сертификатсия ва маркази (лабораторияи) озмоиширо, ки сертификатсияро гузаронидаанд, дар хусуси тамоми тағйирот дар технология, сохти (таркиби) воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоот ҷиҳати қабули қарор дар бораи зарурати гузаронидани сертификатсияи такрорӣ огоҳ месозанд;
дастрасии шахсони мансабдорро ба ҳуҷҷатҳои техникӣ ва технологӣ, ҷараёнҳои технологӣ, ҷойҳои нигаҳдошти маҳсулоти сертификатсияшуда, ки назорати давлатӣ, назорати инспексионии воситаҳои ҳифзи иттилооти сертификатсияшударо тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёри анҷом медиҳанд, таъмин намуда, дар мавриди зарурат такмили тавсифоти ин воситаҳоро анҷом дода, онҳоро барои сертификатсияи такрори пешниҳод менамоянд.
Таҳиякунандагон, тайёркунандагон ва таҳвилкунандагони воситаҳои ҳифзи иттилоот бояд литсензияи дахлдори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд.
Фасли 2. Аттестатсияи иншоотҳои иттилоотонӣ ва тартиби бақайдгирии давлатии онҳо
4. Муқаррароти умумӣ
10. Аттестатсияи иншоотҳои иттилоотони маҷмӯи сертификатсияи воситаҳои инженерию техникӣ, биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва дигар биноҳои ба фаъолияти махфӣ вобастаро ба ҳифозати каналҳои иттилоотӣ ва техникӣ дар бар гирифта, барои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти идораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, ки фаъолияти онҳо ҳифзи иттилооти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб менамояд ё ба он вобаста аст, дар назар дошта шудааст.
11. Методикаи гузаронидан ва намунаҳои варақаҳои аттестатсияи объектҳои иттилоотро Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Объектҳои нав тарҳрезишавандаи иттилоотонӣ бояд Супориши техникиро барои лоиҳакашӣ дар бахши ҳифзи техникии иттилоот гиранд. Пас аз баитмомрасии корҳои лоиҳави Мақоми ваколатдор экспертизаи ҳуҷҷатҳои таҳияшудаи лоиҳавӣ ва ҳангоми амалисозии (сохтмон, васл ва танзиму бакорандози) он бошад, назорати муаллифиро анҷом медиҳад.
12. Барои салоҳиятнокии ҳифозати техникии иттилоот паспорти техникии аттестатсияи объекти иттилоотонӣ мавриди бақайдгирии давлатӣ қарор мегирад.
13. Аттестатсияи объекти иттилоотонӣ ва бақайдгирии давлатии онҳоро Мақоми ваколатдор дар асоси шартнома анҷом медиҳад.
5. Ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти Мақоми ваколатдори сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот
14. Мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад:
дар бораи расмиёт ва ташкили сертификатсияи маҳсулот (хизматрасони) ва аттестатсияи объектҳои иттилоотонӣ қарор қабул кунад;
ҳайати (бригадаи) кормандонро, ки сертификатсияи навъҳои мушаххаси маҳсулотро (хизматрасониро) анҷом медиҳанд, ташкил намояд;
дар таҳияи принсипҳои умумимиллии сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд, оид ба такмили онҳо пешниҳод манзур дорад;
сертификати мутобиқат, литсензия, аттестат ё гувоҳнома диҳад (ё додани онро рад намояд);
амали сертификатҳои мутобиқат, литсензия, аттестати аккредитатсия ё гувоҳномаро оид ба маҳсулоти (хизматрасонии) онҳо бекор намояд ё боздорад;
назорати инспексионии маҳсулот ва хизматрасонии сертификатсияшударо анҷом диҳад;
кормандони Мақоми ваколатдор тибқи тартиби муқарраргардида ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилот барои иҷрои вазифаҳои хизматии худ ташриф оварад;
аз корхонаю муассиса ва ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият оид ба сифати маҳсулоти сертификатсияшуда маълумот ба даст орад;
кормандони ташкилотҳои дигарро, ки дорои иҷозат мебошанд, бо мувофиқаи роҳбари Мақоми ваколатдор барои гузаронидани корҳо оид ба сертификатсия ҷалб намояд, (ҳангоми зарурат).
15. Мақоми ваколатдор вазифадор аст:
қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия риоя намояд;
татбиқи сиёсати қабулгардидаро дар соҳаи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасони таъмин кунад;
тартиб, қоидаҳо ва расмиёти дар системаи сертификатсияи воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот, объектҳои иттилоотонӣ ва воситаҳои техникии коркарди иттилоот муқарраргардидаро риоя намояд;
объективӣ ва саҳеҳ будани кордон вобаста ба сертификатсияро таъмин намояд;
ҳифзи мавод ва махфияти иттилоотро оид ба ҳамаи масъалаҳои сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ таъмин кунад;
баҳисобгирӣ, нигаҳдошти ҳуҷҷатҳо ва маводи кориро таъмин намояд;
тибқи тартиби муқарраргардида корҳоро ҷиҳати эътироф намудани сертификатҳои мутобиқати кишварҳои хориҷӣ анҷом диҳад;
ҷиҳати тамдиди сертификатҳои мутобиқат корҳоро анҷом диҳад;
маҷмӯи мукаммали ҳуҷҷатҳои меъёриро оид ба сертификатсия, ки нисбат ба маҳсулот (хизматрасони) усули назорат ва озмоишро муқаррар менамояд, дошта бошад;
оид ба таҳияи будани ҳуҷҷатҳои муҳими ташкилию методии мақоми сертификатсия корҳоро анҷом диҳад;
экспертизаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ворид намудани тағйирот ба маҳсулоти (хизматрасонии) сертификатсияшавандаро доир намояд;
лабораторияҳои (марказҳои) озмоиширо барои гузаронидани навъҳои мушаххаси озмоиши маҳсулоти сертификатсияшаванда намояндагӣ кунад;
баҳисобгирии маълумотро оид ба тахассус, таълим ва таҷрибаи касбии ҳар як мутахассис анҷом диҳад. Маълумот дар мавриди таҷрибаи касбӣ ва тарбияи мутахассисон бояд мунтазам нав карда шавад.
16. Мақоми ваколатдори давлатии сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот барои инҳо масъулият дорад:
риояи қоида ва расмиёти дар системаи сертификатсияи воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот ва объектҳои иттилоот муқарраргардида;
дурустии барасмиятдарорӣ ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳо оид ба натиҷаҳои сертификатсия;
ҳолат, татбиқ ва нигаҳдории ҳуҷҷатҳои меъёрӣ;
мутобиқати тахассусии кормандони штатии мақомоти сертификатсия вобаста ба талаботи нисбати онҳо пешниҳодшуда;
дурустии муносибат ҷиҳати ҷалби мутахассисон барои сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ;
махфӣ нигоҳ доштани иттилоот оид ба ҳамаи масъалаҳои сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ;
саҳеҳӣ ва дурустии арзёби ҳангоми сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ, самарабахшии назорати минбаъдаи инспексионии маҳсулот ва хизматрасонии сертификатсияшуда ва ҳолати истеҳсолот;
вайрон кардани қоидаҳои сертификатсия;
дар мӯҳлати як моҳ аппелятсияро оид ба сертификатсияи ба фаъолияти марказҳои (лабораторияҳои) озмоишӣ ё мақомоти сертификатсия вобастабуда бо ҷалби тарафҳои манфиатдор ва коршиносони мустақил баррасӣ намуда, ба таври хатти шахси аппелятсия пешниҳод кардаро огоҳ намояд.
6. Роҳбарияти Мақоми ваколатдори давлатии сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот
17. Роҳбарии фаъолиятро оид ба сертификатсияи давлатии воситаҳои ҳифзи иттилоот Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад, ки:
пешбурди сиёсати мақоми сертификатсия ва иҷрои вазифаҳоеро, ки қонунгузори ҳамин Низомнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудааст, таъмин менамояд
роҳбарии умумӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти Мақоми ваколатдорро анҷом медиҳад.
18. хориӣ карда шуд
19. Мақоми иҷроияи сертификатсия, ки бевосита ин корро амал менамояд, Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертафикатсия ва экспертизаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Марказ) мебошад, ки фаъолияти худро мутобиқи Оинномаи тасдиқнамудаи Сардори Сарраёсат дар бораи КВД Марказ анҷом медиҳад
КВД Марказ дар фаъолияти худ бо воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ваколатдор дар доираи салоҳияташ ҳамкори намуда, дар назди Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои тамоми корҳо оид ба гузаронидани сертификатсия масъул мебошад
20. Корҳо оид ба сертификатсия ва назорати инспексионии маҳсулот ва хизматрасонии сертификатсияшуда бояд аз ҷониби мутахассисонэкспертҳои системаи сертификатсия анҷом дода шавад.
7. Ҳамкории Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертафикатсия ва экспертиза бо ташкилотҳои дигар
21. КВД Марказ кори худро дар ҳамкории зич бо дигар ташкилотҳои манфиатдор ва дар ин соҳаи фаъолият иштирокдошта анҷом медиҳад, аз ҷумла
бо мувофиқаи роҳбарони онҳо барои гузаронидани сертификатсия мутахассисонро ҷалб менамояд;
дар таҳияи муштараки ҳуҷҷатҳои методию ҳуқуқии системаи сертификатсия иштирок менамояд;
дар бораи фаъолияти Мақоми ваколатдор маълумот фароҳам меорад;
экспертизаи ҳуҷҷатҳои меъёриро оид ба сертификатсия анҷом медиҳад;
таҷрибаи андӯхта ва нерӯи техникиро барои рушд ва такмили заминаи меъёрию техникии системаи сертификатсия истифода мебарад.
Зимни ҳамкорӣ бо лабораторияҳои аккредитатсияшудаи озмоиши тибқи тартиби муқарраргардида, КВД Марказ корҳои зеринро ба анҷом мерасонад (
намунаҳои маҳсулотро барои гузаронидани озмоиши сертификатсионӣ бо акти интихоби намуна ирсол медорад;
протоколҳои пешниҳодшудаи озмоишро таҳлил менамояд;
дар татбиқи назорати инспексионии фаъолияти лабораторияҳои озмоишии аккредитатсияшуда иштирок мекунад;
лабораторияҳои аккредитатсияшудаи озмоиши протоколҳои озмоишҳои сертификатсионии маҳсулот ва маълумоти зарурӣ, инчунин тибқи дархости КВД Марказ маводро фароҳам меоранд
22. Ҳамкории КВД Марказ бо дархосткунандагони маҳсулот бо дарназардошти чунин хусусиятҳо сурат мегирад
а) истеҳсолкунанда, таҳвилкунанда, истифодабарандаи маҳсулот ва хизматрасонӣ ба мақоми сертификатсия:
барои гузаронидани сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасони ба Мақоми ваколатдор дархост ирсол менамояд, дархост дар варақаи дархосткунанда ба расмият дароварда шуда, шакли варақа бо мӯҳр тасдиқ карда мешавад ва онро Мақоми ваколатдор тасдиқ менамояд;
бо талаби Мақоми ваколатдор ҳамаи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва истифодабарии заруриро ба ин восита тибқи ЕСКД ё ЕСПД пешниҳод мекунад;
ба корхонаи (ташкилоти) худ барои иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати бемонеа ворид шудани мутахассисони Мақоми ваколатдор шароит фароҳам меорад;
ба Мақоми ваколатдор дар мавриди ҳама гуна тағйирот дар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, истеҳсолот, шароити хизматрасонӣ ва сифати маҳсулоти (хизматрасонии) сертификатсияшудаи истеҳсолшаванда иттилоъ медиҳад;
ҳангоми натиҷаҳои манфии назорати инспексиони дар мӯҳлати муқарраргардида тадбирҳои тасҳеҳотиро таҳия ва амалӣ менамояд;
истеъмолкунандагон ва корхонаҳои манфиатдорро дар мавриди истифодаи номатлуби маҳсулот (хизматрасони), ки нисбати онҳо вайронкуниҳо сурат гирифтааст, огоҳ намуда, номутобиқатиро бартараф мекунад ё агар рафъи вайронкуниҳои ошкоршуда муқаррар нагардида бошад, маҳсулоти назди истеъмолкунанда қарордоштаро иваз менамояд;
ҳамаи маҷмӯи корҳои вобаста ба гузаронидани сертификатсияи маҳсулотро (хизматрасони) маблағгузорӣ менамояд.
б) Мақоми ваколатдор:
барои гузаронидани сертифткатсияӣ ё барои тамдиди мӯҳлати сертификати маҳсулот (хизматрасони) дархост қабул менамояд;
дар бораи гузаронидани сертификатсияи маҳсулот (хизматрасони) қарор қабул мекунад, шакли варақаи "Қарор"-ро Мақоми ваколатдор тасдиқ менамояд;
ҷамъоварии намунаҳои маҳсулотро барои гузаронидани озмоиш анҷом медиҳад;
нақшаи сертификатсияи маҳсулотро (хизматрасониро) муайян менамояд;
сертификатсияи мутобиқат, аттестат ё гувоҳномаро ба расмият медарорад, ба қайди давлатӣ мегирад ва медиҳад (ё намедиҳад) рад мекунад;
шакли сертификати мутобиқат, аттестат ва гувоҳномаро Мақоми ваколатдор тасдиқ мекунад;
оид ба маҳсулоти (хизматрасонии) сертификатсияшуда назорати инспексиониро анҷом медиҳад;
оид ба масъалаҳои сертификатсия, аттестатсия ё муоина машварат мегузаронад.
Аккредитатсияи марказҳо ва лабораторияҳои озмоиши барои ҳуқуқи пешбурди корҳо оид ба сертификатсия ё аттестатсияи объектҳои иттилоотони дар ҳолатҳои махсус бо иҷозати Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Тоҷикстандарт анҷом дода мешавад.
Забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, забонҳои расмии системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ мебошанд. Тамоми ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методии системаи сертификатсия ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба расмият дароварда мешаванд.
8. Таъминоти моддию молиявии фаъолияти Мақоми ваколатдори сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот
23. Мақоми ваколатдор тибқи талаботи амнияти иттилоот, ҳамоҳангсозии фаъолиятро ҷиҳати додани иҷозатнома ва ташкили сертификатсия, ҳамаи корҳо доир ба сертификатсия ва назорати инспексиони, инчунин хизматрасонии иттилооти дар асоси шартномави бо дарназардошти муқаррароти моддаҳои 132, 313-316 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 8 ва 19 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иттилоот" корҳои вобаста ба иҷрои талаботи иловагӣ оид ба ҳифзи иттилоот, ки аз фаъолияти сертификатсиони фарқ мекунанд, аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки онро муайян кардаанд, ё дар асоси шартномави, маблағгузорӣ мегардад.
Даромади аз фаъолияти сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот бадастомада, бояд ба ҳисоби махсуси барои ин мақсад дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашаванда гузаронида шавад. Воситаҳои мазкур барои таҳкими заминаи моддию техникӣ ва амалисозии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертафикатсия ва экспертизаи назди Саррраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд