ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Созишномаи суғуртаи ҳатмии мусофирон дар мавриди интиқоли байналхалқии автомобилӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2010с. № 650)
Бо мақсади таъмини роҳҳои ягонаи ҳимояи манфиатҳои мусофирон ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои ногаҳон, дар мавриди интиқоли байналхалқӣ, ба воситаи нақлиёти автомобилӣ ва наздиксозии суғуртаи мусофирон бо меъёрҳои байналхалқӣ, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишномаи суғуртаи ҳатмии мусофирон дар мавриди интиқоли байналхалқии автомобилӣ, ки 13 январи соли 1999 дар шаҳри Саратов ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Гузаронидани суғуртаи ҳатмии мусофирон мутобиқи Созишномаи суғуртаи ҳатмиии мусофирон дар мавриди интиқоли байналхалқии автомобили, ба зиммаи Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" гузошта шавад.
Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" меъёрҳои ҷавобгарӣ ва ҳаққи суғуртавиро муқаррар намояд.
Ҳафтод фоизи маблағи фонди захиравии суғуртаи давлатии ҳатмии мусофирон ҳангоми интиқоли байналмилалии автомобилӣ, ки дар тамоми давраи фаъолияти Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" то 1 ноябри соли 2010 ташаккул ёфтааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта шавад.
Тибқи натиҷаҳои соли 2010, аз 1 январи соли 2011 оғоз намуда, минбаъд даромадҳо аз ҳаққи суғуртавии ин Намуди суғуртаи ҳатмӣ бо тарҳи:
- ҳаққи хизматрасонии агентҳои суғуртавӣ ба андозаи 5 фоиз,
- маблағҳо барои Фонди тадбирҳои пешгирикунӣ ба андозаи 2 фоиз,
- пардохтҳои суғуртавӣ барои ҳолатҳои ҳодисаҳои суғуртавии воқеан рухдода, даромади Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" дониста шаванд.
70 фоизи ин маблағҳо баъди ситонидани андозҳо, ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, 30 фоизи он барои пешбурди кор дар Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" нигоҳ дошта шавад
3. Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани мусофиркашонро дар мавриди интиқоли байналхалқии автомобилӣ бе пешниҳоди полиси суғуртавии Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" иҷозат надиҳад.
4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида депозитарийро дар хусуси иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур зарур мебошанд, огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 21 сентябри соли 2000 № 372
ш. Душанбе