Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2001 № 77 "Дар бораи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2001 № 77 "Дар бораи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:
1. Банди 5 бо сархати дорои мазмуни зайл пурра карда шавад: "Муқаррар карда шавад, ки тағйири номгӯи корхонаҳои давлатӣ (муассисаҳо) ва ҷамъиятҳои саҳомии ба номгӯи тасдиқгардида воридшуда, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ (аз нав бақайдгирӣ) монеа шуда наметавонад".
2. Ибораҳoи "корхонаҳои давлатӣ бо ибораҳои ,корхонаю муассисаҳои давлатӣ" иваз карда шаванд.
3. Ба Низомномаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон: сархати дуюм банди 6 чунин таҳрир карда шавад:
"ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо), корхонаҳо муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият дар қисмати татбиқи сиёсати давлат дар соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ, савдо, иқтисоди хориҷӣ, туристӣ ва биржавиро анҷом диҳад";
сархати ёздаҳуми банди 10 чунин таҳрир карда шавад: "низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазоратро тасдиқ менамояд, оинномаи ҷамъиятҳои саҳомиро, ки дар фонди оинномавиашон ҳиссаи давлат ҳаст, хамчун муассис мувофиқа мекунад ва оинномаи корхонаҳои (муассисаҳои) давлатиро, ки бо созишномаи дутарафа бо Вазорат фяъолият мекунад, тасдиқ мекунад".
4. Дар Номгӯи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки бо созишномаҳои дутарафа фаъолияташонро бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд:
дар номи Номгӯй баъди калимаҳои "ҷамъиятҳои саҳомие, ки" бо калимаҳои "дар фонди оинномавиашон ҳиссаи давлат мавҷуд аст" пурра карда шавад;
Номгӯй бо сархатҳои зерин пурра карда шавад:
"Маркази миллии патенту иттилоот",
"Пажӯҳишгоҳи татқиқотҳои иқтисодӣ",
мутобиқан сархатҳои 5 ва 6 аз нақшаи идораи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ каррда шаванд.
4. Дар сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бандҳои 3, 5 ва 6 калимаҳои "Раёсат" бо калимаҳои "Департамент" иваз карда шаванд
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 26 июни соли 2001 № 318
ш. Душанбе