Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003, № 151 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000 № 199"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000 № 199

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000 № 199 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

1. Дар банди 2 қарор:

- калимаҳои "Ширкати миллии туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон "Сайёҳ" ба калимаҳои "Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;

- калимаҳои "ва тартиби пардохти истифодаи захираҳои туристии дар Кадастри давлатӣ дохилгардидаро" хориҷ карда шавад.

2. Банди 2.6 Низомнома дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"2.6. Арзиш ва тартиби пардохт барои истифодаи объектҳои ба Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда аз тарафи соҳибмулкони ин объектҳо бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Э. Раҳмонов

аз 31 марти соли 2003 № 151

ш. Душанбе