Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000, № 103 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба "Дар бораи масъалаҳои аз ҷониби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ҷуброн гардидани зараре, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ дар шакли маъюбӣ, бемории касбӣ ё осеб дидани саломатӣ ба кормандон расонида шудааст, ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 марти соли 1994 № 134 тасдиқ шудааст"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба "Дар бораи масъалаҳои аз ҷониби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ҷуброн гардидани зараре, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ дар шакли маъюбӣ, бемории касбӣ ё осеб дидани саломатӣ ба кормандон расонида шудааст, ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 марти соли 1994 № 134 тасдиқ шудааст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба банди 29-и "Дар бораи масъалаҳои аз ҷониби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ҷуброн гардидани зараре, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ дар шакли маъюбӣ, бемории касбӣ ё осеб дидани саломатӣ ба кормандон расонида шудааст", ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1994 № 134 тасдиқ шудааст, сархатҳои дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Музди меҳнати миёнаи солонаи саробони фавтида ба тарзи ҷамъ намудани музди кори индексатсиякардашудаи солҳои охири пеш аз марги ӯ (лекин на зиёда аз даҳ сол) ба индекси афзоиши музди меҳнат дар кархонае, ки дар он фалокат рӯй додааст, муайян карда мешавад.

Аз шумораи солҳое, ки музди меҳнати миёнаи солона ҳисоб карда мешавад, солҳое, ки марҳум аз 12 моҳ кам кор кардааст, хориҷ карда мешавад. Барои ҳар соле, ки ҷиҳати хисоб қабул шудааст, мувофиқи тартиби муқарраршуда, музди меҳнати миёнаи моҳона ҳисоб карда мешавад.

Ҳисоби коэффитсиентҳо барои солҳои гузашта ҷиҳати индексатсияи музди меҳнати марҳум ба тарзи бароварди музди меҳнати миёнаи умумии корхона дар солҳои фаъолияти марҳум, ки барои ҳисоби кӯмакпулии яквақта интихоб шудааст, сурат мегирад. Музди меҳнати миёнаи моҳонаи корхона дар лаҳзаи пардохти кӯмакпулии яквақта, ҳангоми аз даст додани саробон, ба музди меҳнати миёнаи моҳонаи кархона дар солҳое, ки барои ҳисоби кӯмакпули интихоб шудааст, тақсим карда мешавад.

Коэффисиентҳои бо ҳамин усул ҳисоб карда шуда, ба андозаи музди меҳнати миёнаи марҳум дар солҳои мутобиқ зарб карда мешавад. Ба музди меҳнати миёнаи соле, ки сарбон ба ҳалокат расидааст, коэффициенти 1,0 истифада мешавад.

Музди меҳнати миёнаи моҳонаи бо ин усул бадастдаровардашудаи марҳум барои ҳар як сол, ки барои ҳисоби кӯмакпули муайян шудааст, ба 12 зарб карда мешавад. Натиҷаҳо ҷамъбанди шуда, ба шумораи моҳҳои солҳое, ки барои ҳисоби андозаи кӯмакпули интихоб шудааст, тақсим карда мешавад. Музди меҳнати миёнаи моҳонаи бо ин усул ҳисобкардашуда, ба 120 зарб карда мешавад (шумораи моҳҳо дар 10 сол).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Э. Раҳмонов

аз 11 марти соли 2000 № 103

ш. Душанбе