Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000, № 481 "Дар бораи чораҳои амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2000 № 431 "Дар бораи зиёд кардани музди меҳнати ҳадди ақал, ставкаҳои тарифӣ ва маоши кормандони гурӯҳҳои алоҳидаи соҳаи буҷетӣ ва тадбирҳо ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ"

Санаи амалкуни: 04.06.2004

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Банди 6 бекор шудааст бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2005с. № 466

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи чораҳои амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2000 № 431 "Дар бораи зиёд кардани музди меҳнати ҳадди ақал, ставкаҳои тарифӣ ва маоши кормандони гурӯҳҳои алоҳидаи соҳаи буҷетӣ ва тадбирҳо ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ"

(Қарори Ҳкумати ҶТ аз 04.06.2004с. № 253)

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2000 № 431 "Дар бораи зиёд кардани музди меҳнати ҳадди ақал, ставкаҳои тарифӣ ва маоши кормандони гурӯҳҳои алоҳидаи соҳаи буҷетӣ ва тадбирҳо ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба роҳбарӣ гирифта шавад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2000 № 431:

а) музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида 3 маротиба зиёд карда шудааст (3 сомони дар як моҳ);

б) нафақаи нафақагироне, ки нафақаи меҳнатиашон то 1 январи соли 1996 таъин гардидааст, ба андозаи 1 нафақаи ҳадди ақал аз рӯи синну сол зиёд карда шудааст.

2 Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми амалӣ намудани банди 1 б-и ҳамин қарорро таҳия намояд.

3. Аз 1 апрели соли 2001 ба андозаи 40 фоиз маоши хизматии амалкунандаи (ставкаҳои тарифии) кормандони муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таълимоти умумӣ, муассисаҳои беруназмактабӣ, мактабинтернатҳо, гимназияҳо, литсейҳо, мактабҳои мусиқӣ ва бадеӣ, ятимхонаҳо, мактабҳои махсус, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи махсус, курсҳои такмили ихтисос, кабинетҳои методӣ, китобхонаҳо, музейҳо, қасрҳо, хонаҳои маданӣ, клубҳо ва дигар муассисаҳои маданӣ-равшаннамоӣ, театрҳо ва муассисаҳои консертӣ, хона-интернатҳо, литсей-интернатҳои маъюбон, фароғатгоҳҳо, кӯмаки иҷтимоӣ дар хона, комиссияҳои экспертии тиббию меҳнатӣ, ҳама намуди касалхонаҳо, поликлиникаҳо, марказҳои тиббӣ ва хонаҳо, амбулаторияҳо, стансияҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ, ки аз буҷет маблағгузорӣ карда мешаванд (ба истиснои кормандони мактабҳои олӣ ва коллеҷҳое, ки ба сохтори мактабҳои олӣ дохил шудаанд, матбуоти даврӣ на нашриётҳо, Қисми тиббию санитарии Идораи молиявию-хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилот ва муассисаҳое, ки ба мақомоти идоракунӣ ва қудрати тааллуқ доранд), баланд бардошта шавад.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти иҷрои буҷети соли 2001 маблағҳои заруриро барои иҷрои бандҳои 1, 2, 3 ҳамин қарор дарёфт намуда, мувофиқан байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳисоботи байниҳамдигарӣ гузаронад.

5. Аз 1 январи соли 2001 сар карда, тартиби ҳисоб намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохтҳои корношоямии муваққатӣ, пардохтҳои рухсатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнатро тақозо менамояд, бо дарназардошти музди меҳнат аз рӯи ставкаи амалкунандаи тарифӣ ва маошӣ мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2000 № 431 "Дар бораи зиёд кардани музди меҳнати ҳадди ақал, ставкаҳои тарифӣ ва маоши кормандони гурӯҳҳои алоҳидаи соҳаи буҷетӣ ва тадбирҳо ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ" муқарраргардида барои шахсони дар банди 1а ва аз 1 апрели соли 2001 барои шахсони дар банди 3-и ҳамин қарор зикргардида ба амал бароварда шавад.

6. Банди 6 бекор шудааст. (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2005с. № 466)

7. Банди 7 бекор шудааст. (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.06.2004с. № 253)

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 29 декабри соли 2000 № 481

ш. Душанбе