Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июли соли 2000 № 324
тасдиқ шудааст
Низомномаи шаҳодатномаи гуреза
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2007с. № 102)
1. Шаҳодатномаи гуреза (минбаъд - шаҳодатнома) ҳуҷҷати ҳисоботи қатъӣ мебошад, ки шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандро (минбаъд шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандӣ), ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи гурезаҳо, ҳолати ҳуқуқии гурезаро соҳиб шудааст, тасдиқ менамояд. Шаҳодатнома бо дархости хаттии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва ё мақомоти маҳаллии он ба шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандие, ки бо тартиби муқарраршуда гуреза эътироф карда шудааст, барои аз мақоми корҳои дохилӣ гирифтани иҷозати зист дар мӯҳлати эътибор доштани шаҳодатнома асос мебошад
2. Шаҳодатнома ба шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандие, ки гуреза дониста шуда синнаш ба 16 расидааст дода мешавад. Маълумот дар бораи аъзои оилаи шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандии гуреза донисташудае, ки синнашон ба 16 солагӣ нарасидааст, ба шаҳодатномаи яке аз волидайн, дар сурати набудани падару модар ба шаҳодатномаи намояндаи конунии онҳо ё ба шаҳодатномаи яке аз аъзои оилаи онҳо, ки ба сини то 18 расида ихтиёран масъулияти рафтору тарбия ва нигоҳубини аъзои оилаи синнашон ба 16 нарасидаро ба зиммаи худ гирифтаанд, дохил карда мешавад.
3. Шаҳодатнома аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар асоси қарор оид ба гуреза дониста шудани шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандӣ ба расмият дароварда шуда, ба гуреза супурда мешавад
4. Шаҳодатнома бар ивази гувоҳномаи муваққатии қайди илтимоснома дода мешавад.
5. Барои супоридан (инчунин такроран дода шудан) ва иваз намудани шаҳодатномаи гуреза дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" боҷи давлатӣ бо тартиби муқарраргардида рӯёнида мешавад.
6. Мӯҳлати амали шаҳодатнома баробари муддати гуреза дониста шудани шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандӣ муқарраргардида аз тарафи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират мувофиқи тамдиди мӯҳлати гуреза дониста шудани шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандӣ дароз карда мешавад
7. Шаҳодатнома дар ҳолатҳои зерин иваз карда мешавад:
тағйир ёфтани ному насаби дорандаи он дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳуқуқи оид ба тағйирёбӣ;
муқаррар гардидани носаҳеҳиҳо ва ғалат будани сабтҳои дар шаҳодатнома воридгардида;
ғайри қобили истифода шудан;
набудани имконияти минбаъд ворид намудани сабтҳои зарурӣ бинобар набудани ҷойҳои холӣ дар саҳифаҳои лозимии шаҳодатнома.
Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар хусуси ба гуреза такроран додани шаҳодатнома ба мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ барои ҳалли масъалаи додани иҷозатномаи нави зист маълумот равон мекунад
8. Гуреза ӯҳдадор аст шаҳодатномаро бо эҳтиёт нигоҳ дорад. Аз гум шудани шаҳодатнома ӯ бояд фавран ба хадамоти ҳудудии муҳоҷират ва ҳамчунин ба мақоми корҳои дохилии маҳаллии қайд ё ҷои истиқомати доимиаш хабар диҳад. Дар сурати гум шудани шаҳодатнома Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба мақоми корҳои дохилӣ барои ворид намудани тағйирот ба иҷозатномаи зисти пештар додашуда дархости хатти равон намуда, шаҳодатномаи такроран додашуда ва иҷозатномаи зисти шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандиро пешниҳод менамояд
9. Қарори иваз кардан ё додани шаҳодатномаи такрори аз тарафи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар асоси аризаи гуреза дода мешавад
10. Барои ба шахси дигар додани шаҳодатнома, сохтани шаҳодатномаи қалбақӣ ва истифодаи шаҳодатномаи қалбакӣ гуреза мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар аст.
11. Шаҳодатнома ва гувоҳномаи иқомат ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ҳолатҳои зерин супорида мешавад
мақоми ҳуқуқии гурезаро аз даст додани шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандӣ ё аз он маҳрум гардидани ӯ;
фавти соҳиби шаҳодатнома.
Шаҳодатномае, ки ба мақоми минтақавии муҳоҷират супорида шудааст, ба Хадамоти давлатии муҳоҷират фиристода мешавад.
Иҷозатномаи зистӣ ба мақоми минтақавии муҳоҷират супурдашуда ба мақоми корҳои дохилие, ки онро додааст, фиристода мешавад.