Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 357 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинобар қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезахо" аз 10 майи соли 2002 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 № 324 "Дар бораи тасдиқи Дастуруламали шаҳодатномаи гуреза" тағйироти зайл ворид карда шавад:

дар ном ва матни қарор ишораҳо ба "Дастуруламал" бо ишораҳо ба "Низомнома" иваз карда шавад;

дар муқаддимаи қарор рақам ва калимаҳои "6", "20 июли соли 1994 № 991" бо ракам ва калимаҳои "5", "10 майи соли 2002" иваз карда шаванд;

аз банди 2 калимаҳои "шакли варақаи шаҳодатномаи гуреза" хориҷ карда шаванд; банди 3 қарор беэътибор дониста шавад.

2.Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 № 325 "Дар бораи номгӯи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваккатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷӯянда ва гурезагон мумкин нест" рақами "7" ба раками "5" иваз карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Э. Раҳмонов

аз 5 сентябри соли 2002 № 357

ш. Душанбе