ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Номгӯйи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷӯянда ва гурезагон мумкин нест
Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Аз Номгӯйи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шахсони паноҳҷӯянда ва гурезагон мумкин нест, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 № 325 "Дар бораи номгӯйи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷӯянда ва гурезагон мумкин нест" тасдиқ карда шудааст, калимаҳои зерин хориҷ карда шаванд:
"ш. Кофарниҳон", "ноҳияи Файзобод", "ноҳияи Дарбанд", "ноҳияи Тоҷикобод", "ноҳияи Тавилдара", "ноҳияи Ғарм" ва "ноҳияи Ёвон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 августи соли 2004 № 328
ш. Душанбе