ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи регистри корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади ташкил намудани шароити мусоидтари бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Банди 9 Низомномаи регистри корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1991 № 387 "Дар бораи таъсиси регистри корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст ва ба он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 1997 № 273 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"9. Баъди бақайдгирии субъекти хоҷагидор мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, муассисаҳои бонкҳо дар сурати мавҷуд будани варақаи бақайдгирии дорои коди ОКПО-и мақомоти давлатии омор, ки сарфи назар аз шакли моликият баҳисобгирии регистри корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, фирмаҳо, инчунин соҳибкорони инфиродиро пеш мебаранд, ҳисобҳои пардохти ва дигар ҳисобҳо мекушоянд. Барои додани коди ОКНО ва супурдани варақаи бақайдгири аз 1 январи соли 2001 аз хоҷагиҳои деҳқони (фермери) ба андозаи як музди меҳнати ҳадди ақал, аз дигар шахсони ҳуқуқи ба андозаи се музди меҳнати ҳадди ақал, барои тасдиқи код бошад аз хоҷагиҳои девдони (фермери) - бепул, аз дигар шахсони ҳуқуқи ба андозаи ду музди меҳнати ҳадди ақал арзиши хароҷот ситонида мешавад".
2. Сархатҳои 3 ва 4 банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 1997 № 273 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 феврали соли 2002 № 43
ш. Душанбе