Низомномаи Тартиби гузаронидани аттестацияи кадрҳои педагогии муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997, № 264

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.04.2006 с. № 122 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 1997, № 264 

тасдиқ карда шудааст

Низомномаи Тартиби гузаронидани аттестацияи кадрҳои педагогии муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Аттестацияи коркунони педагогии муассисаҳои таълимии давлатии ҷумҳурӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" гузаронида мешавад.

2. Аттестция ин ба таври комплексӣ муайян намудани тахассуси коркунони педагогӣ, арзёбии сифатҳои касбӣ, кордонӣ, ва шахсии педагог, натиҷаи ниҳоии меҳнати ӯ дар таълим ва тарбияи хонандагон мебошад.

3. Кормандони зерини педагогӣ бояд аз аттестация гузаранд;

- муаллимон, мураббиён, роҳбарони тайёрии тодаъватӣ, дефектологҳо ва логопедҳо ҳамаи навъҳои мактабҳои таҳсилотҳои ҳамагонӣ, лицейҳо, гимназияҳо, мактаб-интернатҳо, хонаҳои бачагон, мактабҳои шабонаю сменавӣ;

- устоҳои таълими истеҳсолӣ, методистони касбинтихобкунии марказҳои интихоби касб ва тайёрии касбии хонандагон ва хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ;

- мураббиён ва роҳбарони мусиқии муассисаҳои томактабии кӯдакона:

- методистони муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои беруназмактабии давлатӣ, кабинетҳои методии шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳо (шаҳрҳо), донишкадаҳои такмили ихтисос, факултаи такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии Хорӯғ;

- роҳбарони махфилҳо (бахшҳо, клубҳо ва дигар иттиҳодияҳои хонандагон)-и муассисаҳои беруназмактабӣ;

- педагогҳо-равоншиносон.

4. Аттестацияи коркунони педагогии муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо бо мақсадҳои зайл гузаронида мешавад;

- муайян намудан ва ҳавасмандсозии болоравии маҳорати касбӣ, ташаббуси эҷодии педагогҳо, баланд бардоштани масъулияти шахсии онҳо барои натиҷаҳои меҳнат:

- таъмини ҳифзи иҷтимоии педагогҳо дар шароити муносибатҳои бозорӣ:

- муайян намудани категорияҳои тахассусӣ барои додани музди меҳнат:

5. Аттестацияи коркунони педагогӣ дар асоси талабҳои тавсифномаҳои тахассусие, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, сурат мегирад.

6. меъёрҳои асосии муайян кардани тахассуси коркунони педагогӣ ҳангоми аттаестация инҳоянд:

- сатҳои маълумот:

- собиқаи кори педагогӣ (собиқаи кор аз рӯи ихтисос ва вазифаи ишғолкарда);

- сатҳи тахассус ва касбият; натиҷаи ниҳоии меҳнати педагогҳо дар таълим ва тарбия (нишондиҳандаи ҷамъбастии фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии педагогҳо дар 3-5 сол охир), ки дар дараҷаи сифати дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагон, инкишофи лаёқат ва сатҳи тарбияи онҳо ифода мегардад.

7. Принципҳои асосии аттестация инҳоянд:

- ошкоро ва коллегиалӣ будан;

- системанокӣ, тамомият ва объективӣ будани арзёбии кори педагог;

- демократӣ будан;

- хайрхоҳӣ ва боадабӣ;

II.МӯҲЛАТИ ГУЗАРОНИДАНИ АТТЕСТИЦИЯ ВА ДАВРАҲОИ ОН

1. Аттестация давра ба давра гузаронида мешавад. Ҳар як коркуни педагогии муассисаи таълимӣ баъди ҳар 5 сол аз аттестация мегузарад. Коркунони муассисаҳои системаи такмили ихтисос (Донишкадаи марказии бозомӯзӣ, такмили ихтисоси коркунони педагогӣ ва хадамоти методӣ, донишкадаҳои вилоятии такмили ихтисоси муаллимон, кабинетҳои методии шӯъбаҳои маорифи ноҳиявӣ (шаҳрӣ)) баъди ҳар 3 сол аз аттестация мегузаранд.

2. Мӯҳлати мушаххаси гузаронидани аттестация коркунони педагогии муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои системаи такмили ихтисос бо фармони махсус ё царори щайати мушовараи Вазорати маориф муйян гардида, асоси он ба ризояти кумитаҳои иттифоқи касабаи дахлдор ҷадвали аз ҷониби идораҳои маорифи вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, шӯъбаҳои маориф, муассисаҳои системаи ташкили ихтисос гузаронидани аттестация таҳия карда мешавад.

3. Дар ҳолатҳои мустасно, агар коркунони педагогӣ ба сабаби тайёрии сусти илмию назарӣ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи замимааш гузошташуда набарояд ва инро нишондиҳандиҳои объективӣ тасдиқ намоянд, ё дар мавридҳои содир кардани рафтори зиддипедадогӣ, ки барои давом додани фаъолияти педадогӣ мувофиқат намекунад, бо пешниҳоди коллективи педагогии муассисаи таълимӣ, роҳбари он, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия (шаҳр), сардори идораи маорифи вилоят (шаҳр), пеш аз мӯҳлат аттестация гузаронидан мумкин аст. Дар ин маврид ризоияти кумитаи иттифоци касабаи дахлдор щатмист.

Барои ин ташаббускори аз нав гузаронидани аттестация, баҳри ҳалли масъала бо ариза ба роҳбари органи олии идора муроҷиат менамояд. Дар ин маврид аттестацияи корманд мувофиқи тамоми талаботи зикршудаи низомномаи мазкур сурат мегирад. Дар мавриди бо хулосаҳои комиссияи аттестационӣ розӣ шудани шахси аттестацияшаванда вай метавонад барои ҳалли ниҳоии масъала ба идораи маориф муроҷиат намояд, кормандони педагогии муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои тобеи ҷумҳуриявӣ бошанд, ба Вазорати маориф муроҷиат мекунанд.

4. Бо мақсади ҳавасмандсозии сифати меҳнати коркунони педагогӣ ва гузаронидани таҳлили мунтазами дараҷаи натиҷаҳои корҳои таълиму тарбия дар ҳолатҳои ҷудогона барои муайян кардани категорияи баландтар гузаронидани аттестацияи пеш аз мӯҳлат мумкин аст, вале он бояд камаш баъди 2 соли гузаштани аттестацияи пешина анҷом дода шавад. Ба чунин ҳолатҳо ғалаба дар озмуни касбӣ, аз ҷониби, дастурҳои таълимию методӣ, ки аҳамияти калони илмӣ ё амалӣ доранд ва ғайра мансуб буда метавонад.

Инҳо ташаббускорони додани ариза барои аттестацияи нав бо мақсади баланд кардани категорияи пардохти музди меҳнат шуда метавонанд:

а) худи педагог:

б) роҳбари муассисаи таълимие, ки педагог дар он кор мекунад бо ризоияти шӯрои педагогӣ, иттиҳодияи методӣ:

в) раиси жюри озмуни касбӣ бо ризоияти роҳбар ва шӯрои педагогии мактаб:

Қарори қатъиро дар ин маврид идораи маорифи вилоят қабул менамояд. Барои коркунони педагогии муассисаҳои таълимии шаҳру тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои тобеи ҷумҳуриявӣ ва Донишкадаи бозомӯзӣ, такмили ихтисоси коркунони маориф ва хадамоти методӣ бошад, дар ин хусус Вазорати маориф қабул мекунад.

5.Дар сурати ба ҷои дигар ба кор гузаштани кормандони педагогӣ, аз ҷумла ба минтақаи дигар кӯчидани ӯ, пардохти музди меҳнат мувофиқи категорияи қаблан дар ҷои аввалаи кор ё вазифаи пештаре муқарраршуда то охири соли таҳсил нигоҳ дошта мешавад.

6. Дар мавриди ба мақомоти идораи маориф, муассисаҳои системаи такмили ихтисос ба кор гузаштани муаллим, мураббӣ ва дигар коркуни педагогии мактаб, муассисаи томактабӣ ва беруназмактабӣ категорияи барои ӯ қаблан муайяншудаи пардохти музди меҳнат дар тӯли 1 сол нигоҳ дошта шуда, баъди анҷоми мӯҳлати мазкур (корманд) тибқи тавсифномаи тахассуси коркунони ҳамаи навъи муассиса бояд аз нав аз аттестация гузарад.

7. Дар сурати аз мақомоти идораи маориф ё муассисаи системаи такмили ихтисос ба мактаб, муассисаи томактабӣ ба кор гузаштани коркуни педагогӣ категорияи барои вай қаблан муайяншудаи пардохти музди меҳнат то аттестацияи оянда нигоҳ дошта мешавад.

8. Дар мавриди дар мактаб, муассисаи томактабӣ ё беруназмактабӣ ҳамзамон кор кардани коркунони мақомоти идораи маориф, муассисаи системаи такмили ихтисос музди меҳнати он тибқи категорияи дар ҷои асосии корашон муайянгардида пардохта мешавад.

9. Барои занҳои дар рухсати ҳомиладорӣ, таваллуд ё рухсатии нигоҳубини кӯдак ба муддати то 3 сол Буда комиссияи аттестационӣ категорияи пардохти музди меҳнатро баъди як соли аз чунин рухсатӣ баргаштани онҳо муайян менамояд. Дар давоми ин як сол пардохти музди меҳнат мувофиқи категорияи қабл аз рухсатӣ муайяншуда сурат мегирад.

10. Мутахассисаони хоҷагии қишлоқ, саноат ва дигар соҳаҳо, аз ҷумла мақомоти маориф, ки ба кор дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб мешаванд, мувофиқи тартиби муқарраршуда дар ҷои кори дуюмашон аз аттестация мегузаранд.

11. Аттестацияи мутахассисони ҷавон на барвақтар аз 3 сол баъди таъмин шудан ба кор мегирад.

III. КОМИССИЯИ АТТЕСТАЦИОНӢ ВА ТАРТИБИ КОРИ ОН

1. Барои гузаронидани аттестацияи коркунони педагогӣ ва дигар мутахассисони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои системаи такмили ихтисос дар ҳайати мутахассисони баландихтисос комиссияи доимоамалкунандаи аттестационӣ таъсис дода мешавад:

а) комиссияи аттестационии мкассисаҳои таълимии ҳамаи навъҳои мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ ва беруназмактабӣ бо фармони роҳбари муассиса дар ҳайати на камтар аз 5 нафар (раис, котиб ва 3 нафар аъзо) таъсис ёфта, он аз аттестация гузаронидани ҳамаи кормандони муассисаро тибқи низомномаи мазкур таъмин менамояд;

б) комиссияи аттестационии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) бо фармони мудири шӯъбаи маорифи ноҳия (шаҳр) дар ҳайати на камтар аз 7 нафар (раис, муовини раис, котиб, 4 нафар аъзо ) таъсис ёфта, иҷрои корҳои зайлро таъмин менамояд:

- гузаронидани аттестацияи коркунони кабинетҳои методии шӯъбаҳои маориф;

- тасдиқи қарори комиссияи аттестационии муасисаи таълимӣ оиди муқаррар кардани категорияи олии пардохти музди меҳнат ба кормандон;

в) комиссияи аттестационии вилоятӣ, шпҳри Душанбе бо фармони сардори идораи маорифи вилоят, сардори идораи маорифи шаҳри Душанбе дар ҳайати на камтар аз 7 нафар (Раис, муовини Раис, котиб - 4 нафар аъзо) таъсис ёфта, иҷрои корҳои зайлро таъмин менамояд;

- тасдиқи қарори комиссияи аттестационӣ оид ба додани категорияи олии пардохти музди меҳнат ба коркунони кабинетҳои методии шӯъбаҳои маорифи ноҳиявӣ (шаҳрӣ)

Ва донишкадаҳои вилоятии такмили ихтисос;

г) комиссияи аттестационии ҷумҳурияви назди Вазорати маориф бо фармони вазир дар ҳайати на камтар аз 9 нафар (раис, муовини Раис, котиб - 6 нафар аъзо) таъсис ёфта иҷрои корҳои зайлро таъмин менамояд;

- тасдиқ намудани қарори комиссияи аттетационии муассисаҳои таълимӣ оид ба муқаррар кардани категорияи олии пардохти музди меҳнат ба коркунони муассисаҳои тобеи ҷумҳуриявӣ, донишкадаи марказии бозомӯзӣ, такмили ихтисоси коркунони маориф ва хадамоти методӣ;

- тасдиқ намудани қарори комиссияҳои аттестационии оид ба муайян кардани категорияи олии пардохти музди меҳнат ба коркунони педагогии мактабҳои таҳсилоти ҳамагон, муассисаҳои томактабӣ ва бруназмактабии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ;

2. Ба ҳайати шахсии ҳамаи комиссияи аттестационии кормандони нисбатан соҳибтаҷриба, байни аҳли ҷамоати педагогӣ эътибор дошта, намояндагони мақомоти болоии идораи маориф, муассисаҳои методӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос, намояндагони ташкилотҳои иттифоқи касаба, аҳли ҷамъият шомил мешаванд.

3. Аттестацияи коркунони педагогии мактабҳои хурдкомплектиро вобаста ба шароити минтақа дар назди шӯъбаи маориф ё мактаби наздик гузаронида мешавад.

4. Комиссияи аттестационӣ дар давраи муқарраркардаи мақомоти таъсис додаи он амал менамоянд. Дар мавриди зарурат ҳамин мақомот сарфи назар аз мӯҳлати қаблан муқарраршудаи салоҳияти комиссия ба ҳайати комиссияи аттестиационӣ бо фармони роҳбари муассиса ё мақомоти идораи маориф дар назди он таъсис ёфтааст, дароварда мешавад.

IV. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ АТТЕСТАЦИЯ

1. Тайёрӣ ба аттестақия ва гузаронидани он ба зиммаи Вазорати маориф, идораи маорифи вилоятӣ, шӯъбаҳои маорифи шаҳрию ноҳиявӣ, муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои системаи такмили ихтисос бо ширкати кумитаҳои иттифоқи касабаи онҳо Буда тадбирҳои залро дар бар мегирад;

- таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани аттестация;

- кор оид ба омӯзиш ва фаҳмондадиҳии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, мақсадҳо, вазифаҳо, тартиби гузаронидани аттестация;

- муайян кардани ҷадвали гузаронидни аттестация ва ҳайати комиссияи аттестацияонӣ, инчунин маводе, ки дар сурати зарурат барои муайян кардани сатҳи тайёрии шахси аттестацияшаванда, сифати дониш, маҳорату малакаи хонандагон дараҷаи тарбияи онҳо истифода бурда мешавад.

2. Аттестацияи дар асоси таҳлил кушоду объективии тамоми фаъолияти педагогии омӯзгор гузаронида мешавад.

3. Роҳбари муассисаи таълимӣ ё муассисаи системаи такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ бо ризоияти кумитаи иттифоқи касаба дар мӯҳлати муқаррар кардаи Вазорати маориф ҷадвали аттестацияро на дертар аз як моҳ вақти саршавии аттестация тасдиқ намуда, онро ба маълумоти ҳамаи аттестацияшавандаҳо мерасонад.

4. Якҷоя бо ташкилоти иттифоқи касаба,бо дар назардошти ақидаи коллективи педадогӣ фаъолияти педагогии омӯзгор таҳлил мегардад ва дар асоси он варақаи аттестационӣ пур карда мешавад.

Ҳамзамон дар бораи мукофотонидани корманд, ки дараҷаи баланди ҷараён таълиму тарбияро таъмин намудааст, пешниҳодҳо кардан мумкин аст.

5. Дар сурати зарурат ҳангоми гузаронидани аттестация ба ҷуз омӯзиши мундариҷаи варақаи аттестационӣ, ки дар он фаъолияти педагог таҳлил ёфтааст, аъзоёни комиссияи аттестационӣ ҳуқуқ доранд, ки дар дарси муаллим иштирок кунанд, аз рӯи саволномаҳо сӯҳбати санҷишӣ гузаронанд аз хонандагон кори хаттӣ гиранд, дониши хонандагони синфҳоеро, ки муаллим ба онҳо сабақ медиҳад, санҷанд. Мундариҷаи ҳамаи намудҳои корҳои санҷишӣ, саволномаҳо бояд ба талаботи барномаҳо ва меъёрҳои тасдиқкардаи Вазорати маориф мувофиқат кунанд.

6. Таҳлили хаттии фаъолияти педагог мундариҷаи варақаи аттестацонӣ на дертар аз 10 рӯзи то оғози кори комиссияи аттестационӣ ба маълумоти аттестацияшаванда расонида мешавад.

7. Дар сурати розӣ нашудани шахси аттестацияшаванда бо натиҷаи фаъолияташ, ки дар варақаи аттестационӣ зикр шудааст, вай ҳуқуқ дорад, бо аризаи хаттӣ ба комиссияи аттестационӣ муроҷиат намояд.

8. Дар рафти маҷлис комиссияи аттестационӣ маводи оид ба педагог дар варақаи аттестационӣ пешниҳодшударо баррасӣ карда, роҳбари муассисаи таълимӣ ва худи аттестацияшавандаро мешунавад.

9. Дар сурати розӣ нашудан коркуни педагогӣ бо қарори комисияи аттестационии муассисаи таълимӣ вай ҳуқуқ дорад, ки ба комиссияи аттестационии мақомоти идораи болоӣ муроҷиат намояд.

10. Баъди баррасии масъалаи баҳсталаб аз ҷониби комиссияи аттестационии мақомоти болоии идораи бо дарназардошти тавсияҳои он қарори ниҳоиро аз рӯи аризаи шахси аттестацияшаванда роҳбари ҳамин мақомоти идораи қабул менамояд.

11. Дар ҳолатҳои ҷудогонаи махсусан баҳснок ҳалли ниҳоии масъалаи баҳснок ба зиммаи комиссияҳои аттестационии идораҳои вилоятии маориф ва барои коркунони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои тобеи ҷкмҳурӣ бошад, ба зиммаи комиссияи аттестационии Вазорти маориф гузошта мешавад.

12. Роҳбари муассисаи таълимӣ др асоси қарори комиссияи аттестационӣ дар бораи ба вазифаи ишғолкардааш лоиқ набудани корманд дар давоми ду моҳ аз рӯзи аттестация ба ӯ вазифаи дигарро пешниҳод менамояд, дар сурати норизоии ӯ тибқи қонунгузории амалкунанда дар хусуси аз вазифа сабукдӯш намуданаш фармон мебарорад.

13. Агар коркуни аедагогӣ дар хусусӣ розӣ набудани худ бо хулосаҳои комиссияи аттестационӣ ба мақомоти идораи маориф (тибқи Низомнома) ариза диҳад, қарорро дар бораи тақдири минбаъдаи корманд роҳбари муассисаи таълимӣ дар асоси қарори аппелационии комиссияи аттестационии идораи маорифи вилоят мебарорад, барои коркунони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад, чунин қарорро комиссияи аттестационии Вазорати маориф мебарорад. Вақти беморӣ ё дар рухсатӣ будан ба ин мӯҳлат дохил намешавад.

14. Оид ба ҳамаи масъалаҳои аттестацияи коркунони педагогӣ комиссия ибо овоздиҷии кушода қарор қабқл мекунад. Ин қарор вақти қабулшуда маҳсуб мешавад, ки дар кори комиссия на камтар аз 3.2 ҳиссаи аъзои он иштирок дошта бошанд.

Натиҷаҳои аттестация ба корманд бевосита баъди овоздиҳӣ маълум карда шуда, дар варақаи аттестационии корманд, ки ба он Раис, муовини Раис, котиб, аъзои дар овоздиҳӣ иштирок крдаи комиссия имзо мегузоранд. Сабт мегардад.

15. Баъди гузаштани аттестация муносибатҳои меҳнатӣ бо шартномаи (қарордоди) байни корманд ва муассисаи таълимӣ басташаванда муайян мегарданд.

16. Роҳбари муассисаи (ташкилоти) таълимӣ дар асоси қарори комиссияи аттестационии дахлдор дар хусуси ба корманд муайян кардани категорияи пардохти музди меҳнат фармон мебарорад. Фармон дар хусуси додани категория барои муқаррар кардани маоши хидматии мувофиқ ба корманд асос маҳсуб мешавад.

17. Қайди дахлдор бо зикри категорияи додашуда оид ба пардохти музди меҳнат дар дафтарчаи меҳнатии корманд дохил карда мешавад.

ЭЗОҲ. Ба шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳо, шаҳрҳо иддораи маорифи вилоятӣ ва шаҳри Душанбе ҳуқуқ дода мешавад, ки (дар сурати будани хоҳиш ва шароит)

Барои ҳалли масъалаҳои нисбати баҳснок дар бораи ба коркунони педагогӣ додани категорияи олӣ аз ҷумлаи мутахассисони нисбатан соҳибтаҷриба комиссияи махсуси мустақили экспертӣ таъсис диҳанд.