Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2003, № 583 "Дар бораи тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қарори мазкур аз 13.02.2022 аз эътибор соқит дониста мешавад бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 611

Б.2 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2004 № 497 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.05.2006с. № 209, аз 26.01.2008с. № 47)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистан қарор мекунад:

1. Тартиби замимагардидаи фурӯш ва истифодаи тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Хӯрокворӣ" барои пурра ба ҳисоб гарифтани истеҳсол ва интиқоли маҳсулоти тамоку ва машрубот дар корхонаҳои истеҳсолкунанда дидбонгоҳҳои назоратӣ ташкил намояд Б.2 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31. 12.2004 № 497 беэътибор дониста шуд.

3. Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Хӯрокворӣ" оид ба фқрӯш ва бақияи тамғаҳои аксизии дар давраи то 1 январи соли 2004 амалкунанда дар мӯҳлати як моҳ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои Тартиби тасдиқшударо таъмин намоянд.

5. Беэътибор дониста шавад:

банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1997 № 253 "Дар бораи ҷорӣ намудани тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот";

банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 № 592 "Дар хусуси ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1998 № 1143 "Дар бораи тақвият бахшидани танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 31 декабри соли 2003 № 583

ш. Душанбе