Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ аз 11 марти соли 2000, № 98

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори  Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 30 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 марти соли 2000 № 98

тасдиқ шудааст

Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дар ҳолатҳои фавти волидон, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани онҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо, беморӣ ва муддати тӯлонӣ ҳозир набудани волидон, саркашии волидон аз тарбияи фарзандон ё аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, инчунин ҳолатҳои дигари набудани парастории волидон ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.

2. Мақомоти васояту парасторӣ аз мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо) иборат аст. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ оид ба васояту парасторӣ дар асоси Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амал мекунад.

3. Мақомоти васояту парасторӣ кӯдаконеро, ки бе парастории волидон мондаанд муайян намуда, онҳоро ба қайд мегирад ва бо назардошти ҳолатҳои мушаххаси маҳрум шудан аз парастории волидон усули ҷобаҷосозии кӯдакони бе парастории волидон мондаро интихоб менамояд ва ҳамчунин назорати минбаъдаи шароити таъминот, тарбия ва таълими онҳоро таъмин менамояд.

4. Шахсони мансабдори муассисаҳои тарбиявӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки оиди кӯдакони бе парастории волидон монда хабар доранд, вазифадоранд дар мӯҳлати як ҳафта дар бораи онҳо ба мақомоти васояту парасторӣ хабар диҳанд.

5. Мақомоти васояту парасторӣ дар мӯҳлати се рӯз пас аз лаҳзаи гирифтани чунин хабар ӯҳдадор аст шароити зисти кӯдакро санҷида, дар сурати муқаррар намудани далели аз парастории волидон ё хешу ақрабо маҳрум будани ӯ то ҳал гардидани масъалаи ҷобаҷокунии кӯдак ҳимояи ҳуқуқӣ ва манфиатҳои ӯро таъмин намояд.

6. Кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд, бояд барои тарбия ба оила (барои фарзандхонӣ) таҳти васоят (парасторӣ) супурда шаванд ва дар сурати мавҷуд набудани чунин имконият дар муассисаҳои кӯдакони ятим ё ҳар навъи муассисаҳо барои кӯдакони бепарастор монда (муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ба ин монанд) ҷойгир карда шаванд.

7. Дар мавриди ворид шудани ариза барои фарзандхондӣ ба суд мақомоти васояту парасторӣ вазифадор аст шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро дорад, санҷида муайян кунад, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае ҳаст, инчунин муносибати кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул шуданаш муайян намуда, хулосаҳояшро дар хусуси имконияти фарзандхондӣ ба суд пешниҳод намояд ва ҳангоми дида баромадани масъалаи ба фарзандхондӣ додани ӯ дар суд иштирок намояд.

II. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ВАСОЯТУ ПАРАСТОРӢ

8. Мақомоти васояту парасторӣ ҳуқуқ дорад:

а) васояту парасториро муқаррар намояд;

б) барои бевосита ба амал баровардани вазифаҳо оид ба васояту парасторӣ васӣ ва парасторро таъин намояд;

в) дар ҳолати нокифоягии маблағ барои таъмини шахси таҳти васоят буда, баҳри таъмини ӯ кӯмакпулӣ муайян мекунад;

г) ба васиҳо иҷозати иҷро ва ба парасторҳо розигии додугирифтро диҳад, ки аз доираи хизматрасонии маишӣ берун аст;

ғ) барои алоҳида зистани васиҳо аз кӯдакони ноболиғи таҳти васоятбудаи ба синни 16-сола расида иҷозат диҳад;

д) ноболиғи синнаш аз 15 то 18 соларро ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ аз ҳуқуқи мустақилона истифода бурдани маош ё идрорашон, чӣ бо пешниҳоди васӣ ва чӣ бо ташаббуси худ, маҳрум намояд;

е) бо сабабҳои касалии рӯҳӣ ё камақлӣ дар натиҷаи сӯиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё моддаҳои нашъаовар доир ба корношоям ё худ доираи коршоямиашон маҳдуд шинохтани шаҳрванд, дар суд парванда оғоз намояд;

ё) аз суд оид ба пас гирифтани кӯдак масъала гузорад ва ӯро, агар мондани кӯдак ба ихтиёри ашхосе, ки ӯ дар васояти онҳост барояш хавфнок бошад, ба мақомоти васоят супорад;

ж) волидайни аз кӯдак алоҳида зиндагӣ кунандаро ба мӯҳлати муайян аз ҳуқуқи робита бо кӯдак маҳрум намоянд, агар ин алоқа ба тарбияи мӯътадили кӯдак халал ва таъсири бад расонад;

з) агар робита ба волидайн ба кӯдак таъсири бад нарасонад ба волиди аз ҳуқуқи волидайни маҳрумгашта, ҳуқуқи вохӯрӣ ба кӯдакро диҳанд;

и) масъалаи дар насаби падар ё модар будани кӯдакро ҳангоме, ки волидайни кӯдак дар насабҳои гуногунанд ва онҳо дар ин хусус ба як маслиҳат наомадаанд, ҳал намояд;

й) агар дар бобати тарбияи кӯдак дар байни волидайн розигӣ набошад, масъалаҳои баҳсноки тарбияро ҳал намояд;

й) барои фарзандхонд кардани ашхоси дар таҳти васоят буда, розигӣ диҳад ва ҳангоми розӣ будани волидайн фарзандхондкунандагонро интихоб намояд;

к) ҳангоми фавти фарзандхонда барои шиносоӣ бо мазмуни китоби қайди актҳои ҳолати гражданӣ ё дигар ҳуҷҷатҳо, додани нусхаи онҳо ё дигар маълумотҳо, ки дар ҳақиқат фарзандхонда волидайни фарзандхондшуда набуданашро муайян мекунад, иҷозат диҳад;

қ) ба тартиби судӣ бекор кардани фарзандхондиро талаб намояд, агар ин бо манфиати ноболиғи фарзандхондшуда бошад;

л) ҳангоми ба тарбияи волидайн баргардонидани кӯдакон ё ба муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ҷой додани ашхосе, ки дар таҳти васояти онҳоянд, васиён ва парасторонро аз иҷрои вазифаҳояшон озод намояд;

м) васиён ва парасторонро аз иҷрои вазифаҳояшон озод намояд, агар онҳо бо сабаби касалӣ, тағироти вазъи моддӣ ё оилавӣ, надоштани муносибати зарурӣ ба ашхоси таҳти васоятбуда ё бо дигар сабабҳои эътиборнок аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифаҳо набароянд;

н) дар сурати аз тарафи васиён ва парасторон номуносиб иҷро шудани вазифаҳояшон, онҳоро аз ин кор дур намояд;

о) парасторонро аз парасторӣ ба ашхоси ноболиғи коршоям, ки бо сабаби вазъи саломатиашон муҳтоҷи парасторӣ буданд, бо талаби худи онҳо озод намояд;

п) шикоятҳои доир ба амалиёти васиён ва парасторон бударо ҳал намояд;

р) ба амалиёти васиён ва парасторон оид ба иҷроиши вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда ва истифодаи ҳуқуқҳои ба онҳо додашуда назорат кунад;

с) агар моликият дар ҷои истиқоматии ашхоси таҳти васоят буда набошад, ба моликият васоят муайян намояд;

т) ба моликияти ашхосе, ки мувофиқи тартиботи ҷоришуда бе ному нишон ғоиббуда шинохта шудаанд, васоят муқаррар кунад;

у) дар ҳолатҳои зарурӣ дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ба молу мулки меросӣ васӣ таъин намояд;

ӯ) васоят ва парасториро ҳангоми бад шудани шарту шароит барои муқаррар кардани онҳо, қатъ намояд;

9. Мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадор аст:

а) бо гирифтани маълумот доир ба ноболиғоне, ки бе парастории волидон мондаанд, ҳатман вазъиятро омӯзанд ва ҳангоми муайян шудани набудани парастории волидон ноболиғонро, то ҳал шудани масъала оиди таъини васӣ ё парастор бо ҷои зисти муваққатӣ таъмин намояд;

б) дар муддати як ҳафта аз лаҳзае, ки зарурияти муайян намудани васоят ба парасторӣ маълум шуд, васӣ ё парасторро таъин намояд;

в) ба моликияти ноболиғоне, ки бе парастории волидон мондаанд ва ашхосе, ки мувофиқи тартиботи ҷоришуда рӯҳан касал ё камақл ва ё дар натиҷаи сӯиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ, моддаҳои нашъаовар коршоямиашон маҳдуд шинохта шудаанд, инчунин касоне, ки мувофиқи тартиботи ҷоришуда бе ному нишон ғайбзада дониста шудаанд ва ашхоси коршоями болиғ, ки бо сабаби вазъи саломатӣ мустақилона ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда наметавонанд ва аз иҷрои ӯҳдадориҳояшон намебароянд, рӯйхат тартиб диҳанд;

г) барои ҳимояи моликияти рӯйхатшуда чораҳо андешанд;

ғ) ҳангоми аз тарафи васӣ (парастор) ба мақсадҳои ғаразнок истифода бурдани васояту парасторӣ, инчунин бе назорат ва кӯмакҳои зарурӣ мондани таҳти васоятбудагон ба додситон оид ба ҳалли масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ашхоси гунаҳгор ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд;

д) муайян намудани розигӣ барои фарзандхондӣ аз кӯдаконе, ки синнашон ба 10 расидааст;

е) шароити зисти ашхосеро, ки хоҳиши фарзандхонд кардани кӯдакро дорад, санҷад, боварӣ ҳосил кунад, ки барои иҷозат додан ба фарзандхондкунӣ монеае нест, муносибати кӯдакро ба фарзандхондӣ аниқ намояд ва ба фарзандхонда дар ҷамъ намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ёрӣ расонад;

ё) дар муддати се рӯз нусхаи қарори судро оид ба фарзандхонӣ ба мақомоти қайди актҳои вазъи гражданӣ фиристад; ж) сирри фарзандхониро маҳфуз дорад;

з) фарзандхондро аз даъвои волидон оид ба бекор сохтани фарзандхондӣ огоҳ созад;

и) ҳангоми дида баромадани парванда оиди беэътибор донистани фарзандхондӣ ё дар бораи бекор кардани фарзандхондӣ бо дарназардошти никоҳи ғайриқонунии бо ноболиғ басташуда, инчунин ҳангоми дида баромадани низоъҳое, ки ба тарбияи кӯдакон алоқа доранд дар суд иштирок намояд;

й) аз васиён ва парасторон ба амал баровардан ва иҷроиши ҳуқуқу вазифаҳояшонро талаб намояд.

III. БАРҚАРОР ВА ҚАТЪ КАРДАНИ ВАСОЯТУ ПАРАСТОРӢ

10. Муассиса ё ашхосеро, ки ба онҳо дар бораи ноболиғони бепарастории волидон монда маълум мешавад, вазифадоранд дар ин бора ба мақомоти васояту парастории ҷои зисти кӯдакон хабар диҳанд.

11. Мақомоти васояту парасторӣ вазифадор аст, ки хабари муассиса ва шахсро доир ба ноболиғоне, ки бепарастории волидон мондаанд, ҳамчунин қарори расидаи судро дар бобати корношоям ё коршоямиашон маҳдуд шинохтани шаҳрвандон ва изҳороти ашхоси коршоями болиғ, ки аз сабаби вазъи саломатӣ ҳуқуқҳои худро мустақилона ба амал оварда наметавонад ва аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳояшон намебароянд, ҳатман ба қайд гиранд, оид ба вазъи моддӣ ва шароити зисти шахсоне, ки ба онҳо васоят муқаррар карда мешавад ва ашхосе, ки изҳори хоҳиши васӣ (парастор) шуданро доранд, тафтишот гузаронанд, инчунин дигар масъалаҳои ба фарзандхондкунии васояту парасторӣ тааллуқ доштаро равшан кунанд.

Агар ҳангоми тафтишот бурдан маълум шавад, ки ноболиғи мӯҳтоҷи васояту парасторӣ парастории водидонро надорад, мақомоти васояту парасторӣ вазифадор аст, ки то ҳал шудани масъалаи таъини васӣ ё парастор ӯро бо ҷои зисти муваққатӣ таъмин намояд. Ҳукуматҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ), ҷамоатҳои шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот на дертар аз мӯҳлати як ҳафта аз рӯзе, ки ба он дар бораи зарурияти муайян намудани васоят ё парасторӣ маълум шуданд, оид ба муқаррар ва таъини васӣ ё парастор қарор қабул менамоянд.

12. Қарор ҳангоми мавҷуд будани чунин ҳуҷҷатҳо қабул карда мешавад:

а) хабари муассиса ё шахсон доир ба ноболиғони бе парастории волидон монда, қарори суд оид ба корношоям ё коршоямиашон маҳдуд шинохтани шаҳрванд, аризаи шаҳрванд дар бобати зарурияти муайян кардани парасторӣ ба ӯ;

б) аризаи ашхосе, ки хоҳиши васӣ (парастор) шуданро дорад, маълумотнома дар бораи вазъи саломатии ӯ ва тавсифнома аз ҷои кораш;

в) розигии ҳамсар агар ашхосе, ки даъвои васӣ (парастор)-и ноболиғро дорад, дар қайди никоҳ бошад;

г) акти тафтишоти гузарандашудаи вазъи моддӣ ва шароити зисти ашхосе, ки хоҳиши васӣ (парастор) шуданро доранд;

д) акти тафтишоти гузаронидашудаи вазъи моддӣ ва шароити зисти ашхосе, ки ба онҳо васоят (парасторӣ) муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми таъин намудани васоят ба моликияти шаҳрванде, ки бе ному нишон ғайб задааст, қарори суд дар бораи бе ному нишон гумшуда шинохтани ӯ талаб карда мешавад.

13. Васояту парасторӣ аз тарафи ҳукуматҳои шаҳр, ноҳия, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, аз ҷои зисти ашхоси мӯҳтоҷи васояту парасторӣ ё худ аз ҷои зисти васӣ ё парастор муайян карда мешавад.

Васоят аз болои амвол дар ҷои амволбуда барқарор карда мешавад. Агар ба ашхосе, ки васоят ё парастор муқаррар гардад ва ӯ соҳиби амволи дар ҷои ғайриистиқоматиаш бошад барои роҳбарию идоракунии амволи мазкур мумкин аст васояти дигари дар ҷои амволбуда таъин карда шавад.

14. Васоят барои кӯдакони ноболиғи ба синни чордаҳ норасида, инчунин барои ашхосе, ки суд онҳоро беқобилият ва камақл ҳисоб кардааст, муқаррар карда мешавад.

15. Парасторӣ барои ноболиғони аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола ва ба ашхоси коршоями болиғ, ки бо сабаби вазъи саломатӣ мустақилона ҳуқуқҳои худро ба амал бароварда наметавонанд ва аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳояшон намебароянд, инчунин ба ашхосе, ки аз тарфи суд дар натиҷаи суиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё моддаҳои нашъаовар коршоямиашон маҳдуд шинохта шудааст, муқаррар карда мешавад.

16. Васояту парасторӣ ба ноболиғон дар чунин ҳолатҳо муайян карда мешавад:

а) вафоти волидон;

б) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудани волидон;

в) кашида гирифтани кӯдакон аз волидон бе маҳрумияти ҳуқуқи падару модарии онҳо;

г) вақте, ки кӯдак дар якҷоягӣ бо волидайн зиндагӣ намекунад ва волидайн бе сабабҳои эътиборнок аз тарбияи фарзанд ва ба худ гирифтани кӯдакро рад мекунанд;

ғ) вақте, ки волидон зиёда аз шаш моҳ бо тарбияи кӯдакон машғул шуда наметавонанд, (ҷой додан дар дармонгоҳ, сафари хизматии дарозмуддат ва ғ.);

д) аз тарафи суд дар натиҷаи бемории рӯҳӣ ё камақлӣ корношоям шинохтани волидайн;

е) дар дигар ҳолатҳои зарурӣ, агар инро майлу рағбати кӯдакон талаб намояд, ҳангоми муваққатан набудани волидон бо сабабҳои эътиборнок, агар кӯдак аз тарафи онҳо ба парасторӣ монда шуда ва дар зери назорати хешовандон ва ё дигар ашхоси ба онҳо наздик бошад, муайян намудани васояту парасторӣ зарур нест.

17. Дар сурати агар бемори ба васояту парасторӣ мӯҳтоҷбуда ноболиғ ба ҳисоб равад ва волидайн надошта бошад, васояту парасторӣ ба ӯ бо пешниҳоди муштараки шӯъбаҳои тандурустӣ, маориф ё дигар мақомоти ҳукуматӣ муқаррар карда мешавад.

18. Ба ашхоси коршоями ноболиғ, ки бо вазъи саломатӣ мустақилона ҳуқуқҳои худро ба амал бароварда наметавонанд, ва аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳояшон намебароянд, парасторӣ танҳо бо хоҳиши ин гуна ашхос муайян карда мешавад.

19. Кӯдаконеро, ки тарбияашон пурра аз тарафи муассисаҳои кӯдакона ба амал бароварда мешавад, инчунин ашхоси болиғе, ки мӯҳтоҷи васоят (порастори)-анд ва ашхосе, ки ба муассисаҳои муолиҷавии мувофиқкунонидашудаи мақомоти таъминоти иҷтимоӣ ҷойгир карда шудаанд, васиён ва парасторон таъин карда намешаванд. Иҷрои вазифаҳои васиён ва парасторон нисбат ба ин шахсон ба зиммаи муъмурияти муассисае, ки дар он шахси таҳти васол воқеъ аст, гузошта мешавад.

Барои ҳимояи манфиатҳои молу мулкин ин шахсон (гирифтани нафақа, идораи моликият ва ғ.) дар ҳолатҳои зарурӣ васӣ ба ин таъин карда мешавад.

20. Ба моликияти шаҳрванде, ки бе ному нишон ғайбзада шинохта шудааст, васоят муқаррар карда мешавад. Аз рӯи аризаи шахсони ҳавасмандбуда мақомоти васояту парасторӣ метавонад барои ҳимояи моликияти шаҳрванди ҳозирнабуда васӣ таъин кунад, яксол барои идораи моликияти вай аз рӯзи гирифтани охирин маълумотҳо дар бораи ҷои зисти ӯ, ҳангоми дар ҳайати мерос мавҷуд будани моликияте, ки идора кардани онро зарур аст, (хонаи истиқоматӣ ва ғ) ҳукумат васӣ таъин мекунад.

Ҳамчунин дар сурате агар аз тарафи қарзхоҳони меросдиҳанда даъво карда шавад, дар маҳалҳое, ки идораҳои нотариалӣ нест, Ҳукуматҳои маҳаллӣ ба моликияти муқарраршуда васӣ таъин мекунанд.

21. Васоят қатъ карда мешавад:

а) ба ноболиғоне, ки синнашон ба 18-солагӣ расидааст, бо истиснои ҳолатҳое, ки онҳо ба тартиботи аз тарафи қонун муайяншуда, дар натиҷаи бемории рӯҳӣ ё камақлӣ, корношоям шинохта шудаанд;

б) ба касоне, ки мувофиқи тартиботи аз тарафи қонун муқарраршуда, дар натиҷаи бемории рӯҳӣ ё камақлӣ корношоям шинохта шудаанд, дар сурате агар коршоямии онҳо аз тарафи суд барқарор карда шавад.

в) ба моликият дар сурате агар қарори суд оиди беному нишон ғайбзада шинохта шудани шахс бекор карда шавад ё аз тарафи ворисон мерос қабул шавад.

22. Парасторӣ қатъ карда мешавад:

а) ба ноболиғони синнашон аз 14 то 18 сола ба сабаби балоғат расидани онҳо ё ба қайди никоҳ даромадани онҳо;

б) ба ашхоси доираи кориашон маҳдуд дар сурате агар қарори суд оид ба коршоямии онҳо бекор карда шавад;

в) ба коршоямоне, ки аз сабаби вазъи саломатиашон мӯҳтоҷи парасторианд, ҳангоме, ки бо сабаби барқарор шудани саломатӣ ё беҳтар шудани вай зарурати нигоҳубини доимӣ набошад.

IV. ВАСИЁН ВА ПАРАСТОРОН. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ОНҲО.

23. Мақомоти васояту парасторӣ барои бевосита ба амал баровардани вазифаҳо оид ба васояту парасторӣ васӣ ё парасторро таъмин менамояд. Васӣ ё парастор танҳо бо розигии худи ӯ таъин карда мешавад.

24. Ҳангоми интихоби васӣ ё парастор бояд, ки сифатҳои шахсии вай қобилият ба иҷрои ин вазифаҳо, муносибати мавҷудбудаи байни онҳо ва ашхоси мӯҳтоҷи васоят ё парасторӣ, инчунин хоҳиши шахси таҳти васӣ ба назар гирифта мешавад. Парасторон ба касони коршоями болиғ, ки бо сабаби вазъи саломатӣ имконияти мустақилона ба амал баровардани ҳуқуқҳои худ ва ба иҷро расондани вазифаҳояшонро надоранд, танҳо бо розигии ашхоси таҳти васӣ таъин карда мешаванд.

25. Ба васояту парастор метавонад марду зан таъин шавад, бо истиснои:

а) ашхосе, ки ба 18-солагӣ нарасидаанд;

б) ашхосе, ки аз тарафи суд корношоям ё доираи коршоямиашон маҳдуд дониста шудааст;

в) ашхосе, ки аз тарафи суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд;

г) ашхоси собиқ фарзандхонда, агар дар натиҷаи аз тарафи онҳо номуносиб иҷро шудани ӯҳдадориҳояшон фарзандхондӣ бекор карда шуда бошад;

д) ашхосе, ки дар натиҷаи номувофиқ иҷро шудани ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда аз вазифаҳои васоят ё парасторӣ дур карда шудаанд;

е) ашхосе, ки барои саркашӣ аз пардохти алимент (нафақа) барои кӯдакон маҳкум шудаанд.

26. Ба васӣ ва парасторони таъиншуда дар асоси Низомномаи мазкур шаҳодатнома дода мешавад. Дар баробари ин ба онҳо ҳуқуқ ва вазифаҳояшон оиди васояту парасторӣ фаҳмонда мешавад.

27. Волидон ва фарзандхондагон бе таъиноти махсус васӣ ва парасторони кӯдакони худ ҳисоб мешаванд.

28. Васиён ва парасторон ҳақ доранд, ки бо воситаи суд ба онҳо баргардонидани кӯдаконеро, ки таҳти васоят ва парастории онҳо қарор доранд, аз ашхосе ки бе асосҳои қонунӣ бо худ медоранд, талаб намоянд.

29. Васиён ва парасторон ба ноболиғон;

а) вазифадоранд, ки ашхоси таҳти васоятро дар рӯҳи ахлоқу одоби ҳамида, ватандӯстию ифтихори миллӣ тарбия намоянд, дар бобати рушду такомули ҷисмонӣ, таҳсил ва тайёрӣ ба фаъолияти иҷтимоии муфиди онҳо ғамхорӣ намоянд, ҳуқуқҳо ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя кунанд;

б) ҳуқуқ доранд, ки ашхоси таҳти васоятро дар муассисаҳои кӯдаконаи томактабӣ, мактабҳои рӯзашон дарозмӯҳлат, мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои тандурустӣ ҷойгир намоянд ва ӯҳдадоранд бо мураббиён ва омӯзгорони ин муассисаҳо алоқаи доимиро нигоҳ доранд, тавсияҳои онҳоро оид ба тарбияи ашхоси таҳти васоят буда иҷро намоянд;

в) ҳуқуқ доранд бо даъвои кӯчонидани волидайни аз ҳуқуқҳои падару модарӣ маҳрумшуда, ки дар якҷоягӣ бо кӯдак зиндагӣ карда, мунтазам қонунҳои ҳаёти ҷомеаро вайрон мекунанд, ба суд муроҷиат намоянд.

30. Васиён ва парасторон ӯҳдадоранд доир ба таъмини ашхоси болиғ, ки таҳти васоят ва парастории онҳо қарор доранд, оид ба ташкили шарту шароити зарурии маишӣ, табобати онҳо ғамхорӣ намоянд, ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя кунанд.

31. Васиён ва парасторон ӯҳдадоранд, ки дар якҷоягӣ бо шахсони таҳти васояти онҳо буда, зиндагӣ намоянд.

Дар ҳолатхои алоҳида мақомоти васояту парасторӣ иҷозат медиҳад, ки парастор аз ашхоси таҳти васоят буда, ки ба 18-солагӣ расидаанд, алоҳида истиқомат кунад, ба шарте, ки зиндагии ҷудогона ба тарбия ва ҳимояи ҳуқуқи шахсӣ таҳти васоятбуда зарар наорад.

Доир ба ҳаргуна тағирёбии ҷои зист васиён ва парасторон вазифадоранд мақомоти васояту парасториро хабардор созанд.

32. Васӣ ба бемори рӯҳӣ дар сурати тандуруст шудани ашхоси таҳти васоят, вазифадор аст, ки дар суд оиди коршоям шинохтани ин шахс ва аз вай гирифтани васоят дархост намояд.

33. Ба амалиёти васиён ва парасторон аз тарафи ҳар кас шикоят шуданаш мумкин аст. Аз он ҷумла аз ҷониби ашхоси таҳти васоят ба мақомоти васояту парастории маҳалли истиқомат.

34. Назорат ба фаъолияти васиён ва парасторон аз ҷониби мақомоти васояту парастории маҳалли ҷои зисти ашхоси таҳти васоятбуда ба амал бароварда мешавад.

Мақомоти васояту парасторӣ дар як сол ду маротиба фаъолияти васиён ва парасторонро оид ба тарбияи таҳти васоят будагон, таълим ва тарбияи муфиди ҷамъиятии онҳо, ташкили шароити зарурии маишии онҳо, таъмини онҳо ба нигоҳубин ва муолиҷа, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо ва идораи моликияти онҳоро санҷида мебарояд.

Тафтишот бо роҳи аёдати ашхоси таҳти васоятбуда ба амал бароварда мешавад.

Ҳангоми аёдати ноболиғи таҳти васоят буда, шарту шароити тарбияи ӯ, амалиёти васӣ ё парастор ҳамчун тарбиятгар, муносибати васӣ ва аъзои оилаи вай ба ӯ, вазъи саломатиаш, муваффақият, рафтор ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ташкили фароғат, агар ӯ кор кунад, он вақт шароити моддӣ-маишии ҳаёти ашхоси таҳти васоят, шароити кории ӯ, муносибати ӯ ба кор ва мутобиқати кор ба таҳсил ошкор карда мешавад. Инчунин мавҷуд будани моликияти ба ноболиғ таалуқ дошта ба рӯйхати моликияти ба васӣ (парастор) супурдашуда муқоиса карда мешавад.

Дар сурати аёдати болиғи таҳти васоят, дар айни вақт ёрии тиббӣ расондан ба ӯ, муносибати васӣ (парастор) бо ӯ, фаъолияти васӣ (парастор) барои ҳимояи ҳуқуқи молумулкӣ ва манфиатҳои шахсии ӯ возеҳ карда мешавад.

Оиди тафтишоти гузаронидашуда акт тартиб дода мешавад, ки дар он корҳои гузаронидашуда навишта мешаванд ва дар сурати ёфтани камбудӣ пешниҳоди бартараф кардани он нишон дода мешавад.

35. Мақомоти васояту парасторӣ васиён ва парасторонро дар сурати баргардонидани кӯдакон ба тарбияи волидоне, ки фарзандхондашон кардаанд ё ҳангоми ҷой додани ашхоси таҳти васоят ё парасторӣ дар муассисаҳои давлатӣ ё ҷамиятӣ, аз иҷрои ӯҳдадориҳояшон озод менамоянд.

36. Васиён ва парасторон инчунин бо хоҳиши шахсии онҳо ҳам аз ӯҳдадориҳояшон озод карда мешаванд, агар мақомоти васояту парасторӣ бо сабабҳои эътиборнок, бемории васӣ ё парастор, тағири шароити моддӣ ва оилавии ӯ, набудани алоқаи зарурӣ бо ашхоси таҳти васоят бударо эътироф кунад.

37. Дар сурати муайян шудани иҷрои ғайриқаноатбахши ӯҳдадориҳои ба зиммаи васӣ (парастор) гузошташуда, мақомоти васояту парасторӣ васӣ (парастор)-ро аз иҷрои ин вазифаҳо дур месозад.

38. Парастор ба ашхоси болиғи коршоями мӯҳтоҷи парасторӣ бо сабаби вазъи тандурустиаш ва талаби худи ашхоси таҳти васоят, аз ин кор озод карда мешавад мақомоти васояту парасторӣ дар ин сурат метавонад дар мувофиқат бо шахси таҳти васоят шахси дигареро ба сифати васӣ таъин намояд. 39. Доир ба озод кардан ва дур намудани васиён ва парасторон аз иҷрои вазифаҳояшон мақомоти васояту парасторӣ қарор мебарорад. Шаҳодатномаи ба васӣ ё парастор додашуда бояд баргардонида шавад.

V. ИДОРАИ МОЛИКИЯТИ ШАХСОНИ ТАҲТИ ПАРАСТОРӢ ҚАРОРДОШТА

40. Органҳои васояту парасторӣ вазифадоранд, ки моликияти ноболиғони бе парастории волидон монда, ашхоси аз ҷониби суд дар натиҷаи бемории рӯҳӣ, камақлӣ корношоям эътироф шудаанд, ашхоси аз тарафи суд дар натиҷаи сӯистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва моддаҳои нашъаовар коршоямиашон маҳдуд карда шудааст ва ашхоси болиғе, ки ба сабаби вазъи саломатӣ мустақилона ҳуқуқҳои худро ба амал бароварда ва вазифаҳояшонро иҷро карда наметавонанд, ба рӯйхат гиранд.

Рӯйхати моликият дар ду нусха тартиб дода мешавад, яке аз онҳо дар дасти мақомоти васояту парасторӣ мемонад, дуввумин ба васӣ ё парастор ҳангоми таъин шуданаш дода мешавад.

41. Васиён аз номи шахсони таҳти васоят ба манфиатҳои онҳо моликият ва сарватҳои шахси таҳти васоятро идора менамоянд. Маблағҳои пулӣ ва дигар сарватҳоеро, ки ба ашхоси таҳти васоят тааллуқ доранд, ҳимоя ва саришта мекунанд.

Васиён намояндагони қонунии ашхоси таҳти васоят мебошанд ва аз номи онҳо ба манфиати онҳо ҳамагуна созишҳои заруриро бо риоякунии қоидаҳо ба ҷо меоранд.

Парасторон ба ноболиғони синни аз 14 то 18 сола, ки мувофиқи қонуни ноболиғӣ ҳуқуқи мустақилона ҳал кардани масъалаҳоро надоранд ба иҷрои ҳамаи созишҳо розигӣ медиҳанд.

Парасторон ба ашхоси ноболиғ дар идораи моликият ва сарватҳои онҳо, мусодираи онҳо, ҳимоя ва сариштаи маблағи пулӣ ва дигар сарватҳо, ба амал овардани амалиётҳои ба ҳимоя ва идораи моликият алоқаманд ёрӣ мерасонанд.

Парасторон ба ашхоси ноболиғони аз ҷониби суд коршоямиашон маҳдудшудагон, ба таҳти васоят будагон барои ба амал баровардани ҳамагуна созишҳо иҷозат медиҳанд, ба истиснои созишҳои хурди маишӣ, ки таҳти васоягон мустақилона ба амал меоранд.

42. Васӣ бе иҷозати қаблии мақомоти васояту парасторӣ ҳуқуқи ба иҷро кардан, парастор бошад додани розигӣ барои ба амал баровардани созишҳои аз доираи маишӣ берун барояндаро надоранд.

Чунончи иҷозати қаблии мақомоти васояту парасторӣ дар чунин ҳолатҳо лозим аст:

а) бастани шартномаҳое, ки бояд дар шаҳодати нотариалӣ ба амал меоянд;

б) даст кашидан аз ҳуқуқҳои ба таҳти васоят будагон таалуқ дошта;

в) ба амал овардани тақсимоти моликият;

г) иваз намудани ҷои истиқомат;

ғ) мусодираи моликият.

43. Васӣ ва парастор, ҳамсарон ва хешовандони наздики онҳо, ҳуқуқи бо ашхоси таҳти васоят будагон созиш ба ҷо оварданро надоранд, ҳамчунин ҳуқуқи пешниҳоднамудани ашхоси дар таҳти васоят ё парастории онҳо буда ҳангоми созиш бастан ё бурдани корҳои судӣ байни шахси таҳти васоят ва ҳамсари васӣ ё парастор ва хешовандони наздики онҳоро надоранд.

44. Ба ҷо овардани шартнома барои ҳадя аз номи ашхоси таҳти васоят иҷозат дода намешавад. Аз амволи ашхоси беному нишон эътирофшуда барои нигоҳ доштан ба ашхосе дода мешавад, ки шахси бе ному нишон эътироф шуда мувофиқи қонун онҳоро бояд нигоҳ медошт ва қарзи он аз рӯи дигар ӯҳдадориҳои шахси беному нишон эътироф шуда пардохта мешавад.

45. Маблағҳои пулии ашхоси таҳти васоят ба истиснои маблағҳои зарурӣ барои харҷи ҳаррӯза (ҷорӣ), дар кассаҳои амонатгузории давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд.

46. Маблағҳои аз тарафи ашхоси ба номи ноболиғони таҳти парасторибуда пардохташуда аз тарафи васиёи саришта карда мешаванд. Маблағҳои аз тарафи касе ба номи ноболиғони таҳти васоя буда пардохташударо худи ноболиғон саришта мекунанд, фақат бо розигии парасторони худашон. Ноболиғе, ки ба номи худаш дар кассаҳои амонатгузорӣ маблағгузорӣ мекунад, метавонад онро мустақилона саришта намояд.

Мақомоти васояту парасторӣ бо ҳадафи ҳимояи манфиатҳои молумулки ноболиғон метавонад ҳуқуқи парасторро оиди саришта (идора)-и маблағи бо василае ба ноболиғон гузошта шуда ё аз тарафи ашхоси дигар ба номи ноболиғ пардохташуда, маҳдуд намояд ва боздод аз маблағи амонатӣ (пасандоз) ба андозаи пешакӣ муайяншуда, ё ин ки аз тарафи парастор гирифтани маблағ аз пасандоз бо иҷозати мақомоти васояту парасторӣ дар ҳар як ҳолатҳои алоҳида пешбинӣ карда мешавад.

Пасандозҳои ашхоси болиғи таҳти парасторӣ бударо васиёни ин шахсон бо иҷозати мақомоти васояту парасторӣ идора мекунанд.

Пасандозҳои ашхоси болиғи таҳти васоят бударо худи амонатгузорон бо розигии парасторон сарф мекунанд.

47. Маблағҳои ба сифати нафақа ба таҳти васоятбудагон пардохташуда, кӯмакпулӣ ё алимент (нафақаи кӯдак) ва дигар даромадҳои ҳаррӯза, ки ба ихтиёри васӣ ё парастор дохил мешаванд, ба манфиатҳои таҳти васоятбудагон харҷ карда мешаванд.

48. Васӣ ва парастор ӯҳдадоранд моликияти шахси таҳти васоятбударо идора намоянд, ҳамаи маводҳои барои ашхоси таҳти васоят дахлдорро ба ҳисоб гирифта дигар амалиётҳои ба идора ва нигоҳдошти моликият алоқамандро ба ҷо оранд.

Васиён ва парасторон оиди идора ва нигоҳдории моликияти ашхоси таҳти васоятбуда ҳар сол ба мақомоти дахлдори васояту парасторӣ то 15 феврал барои соли сипаришуда ҳисоботи хаттӣ пешниҳод мекунанд. Мақомоти васояту парасторӣ аз васӣ ва парастор пештар аз тамомшавии мӯҳлати солона низ ҳисобот талаб карда метавонад. Моҳияти асосии ҳисобот санҷида шуда дар сурати дуруст эътироф шуданаш тасдиқ карда мешавад. Дар акси ҳол аз васиён ва парасторон пешниҳоди ҳуҷҷатҳои шарҳдиҳанда ва сафедкунанда талаб карда мешавад.

49. Дар сурати қатъ гардидани васоят ва парасторӣ ҳамчунин озод ва дур сохтани васӣ ва парастор аз иҷрои ӯҳдадориҳояшон, васӣ ва парастор дар бораи фаъолиятҳои худашон ҳисоботи умумӣ пешниҳод мекунанд, ки он аз тарафи мақомоти дахлдори васояту парасторӣ санҷида мешавад, аммо моликияти ашхоси таҳти васоят ба мутаалиқон супорида мешавад.