ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.06.2026
№ 2270)
БОБИ 1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур меъёрҳои ташкилию ҳуқуқиро дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта (минбаъд - аҳолӣ), инчунин замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар захираҳои табииро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ва инчунин муҳити зистро (минбаъд - ҳудуд) аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта (минбаъд - ҳолатҳои фавқулода) муайян менамояд (№ 2270).
Муносибатҳои ҷамъиятии оид ба пешгирии рух додан ва вусъати ҳолатҳои фавқулода, кам кардани ҳаҷми зарар ва талафот аз ҳолатҳои фавқулода, рафъи ҳолатҳои фавқулода ва саривақт огоҳ намудани аҳолии минтақаҳои хавфнок аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ доштаро ба танзим медарорад (№ 2270).
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
Ҳолатҳои фавқулода - вазъиятест, ки дар ҳудуди муайян, дар натиҷаи садамаҳо, зуҳуроти табиии хатарнок, фалокатҳо, офатҳои табиӣ ва дигар офатҳо ба вуқӯъ омада ба талафоти ҷонӣ, зарар ба сиҳатии одамон ё муҳити табиии атроф, хисороти назарраси моддӣ ва халалдор намудани шароити зиндагию кории одамон оварда расонидааст ё оварда мерасонад (№ 2270).
Ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода - маҷмуи чорабиниҳо, тарзу воситаҳо, маҷмӯи фаъолиятҳо ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода (№ 2270);
Пешгирии ҳолатҳои фавқулода - маҷмуи чорабиниҳои саривақт ба роҳ мондашудаест, ки барои ҳар чӣ камтар кардани хатари рух додани ҳолатҳои фавқулода, инчунин барои ҳифзи сиҳатии омма, кам кардани миқдори зарари муҳити зист ва талафоти моддӣ дар ҳолати рух додани онҳо, нигаронида шудааст (№ 2270).
Рафъи ҳолатҳои фавқулода - корҳои наҷотдиҳӣ аз садама ва дигар корҳои таъхирнопазир, ки ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода анҷом дода мешаванд ва ба наҷотдиҳии ҳаёт ва ҳифзи сиҳатии одамон, кам кардани ҳаҷм ва зарари муҳити табиии атроф ва талафоти моддӣ, инчунин барои маҳдуд кардани мавзеъҳои ҳолатҳои фавқулода, қатъ намудани фаъолияти омилҳои барои ин мавзеъҳо хатарнок нигаронида шудаанд (№ 2270).
Минтақаи ҳолатҳои фавқулода - ҳудуде, ки дар он ҳолатҳои фавқулода рух додаанд (№ 2270).
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (№ 2270).
Моддаи 4. Ошкорбаёнӣ ва иттилоот дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Иттилоотро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода, маълумотҳо дар бораи ҳолатҳои фавқулодаи пешгӯишаванда ва ба амаломада, оқибатҳои онҳо, инчунин маълумот дар бораи бехатарии радиатсионӣ, кимиёвӣ, тиббию биологӣ, таркишӣ, сӯхтор ва экологӣ дар ҳудудҳои дахлдор ташкил медиҳанд (№ 2270).
Иттилоот дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода, инчунин дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ин соҳа ошкоро мебошад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигарро пешбинӣ накарда бошад (№ 2270).
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти ташкилотҳо уҳдадоранд аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва дигар шабакаҳо аҳолиро саривақт ва дақиқ аз ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ва чораҳои андешидашуда барои таъмини бехатарии онҳо, дар робита ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ё баамаломада, шаклҳо ва намудҳои ҳифзи аҳолӣ, огоҳ намоянд (№ 2270).
Пинҳон доштан, саривақт пешниҳод накардан ё пешниҳод кардани ахбори дурӯғ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз тарафи шахсони мансабдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Тартиби таъмини аҳолӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳоро бо ахбор, дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (№ 2270).
Моддаи 5. Принсипҳои асосии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Чорабиниҳое, ки ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода, инчунин то ҳадди имконпазир кам кардани ҳаҷми зарар ва талафот дар ҳолати рух додани онҳо равона карда шудаанд, пешакӣ ба амал бароварда мешаванд.
Банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода бо дарназардошти нишондодҳои иқтисодӣ, табиӣ ва ғайраҳо, хусусиятҳои маҳал ва дараҷаи хатарнокии воқеии рух додани ҳолатҳои фавқулода ба роҳ монда мешавад (№ 2270).
Андоза ва мазмуни чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд бо дарназардошти принсипи ҳадди кофии зарурӣ ва ҳадди имконпазири истифодаи қувваю воситаҳои мавҷуда муқаррар карда мешавад.
Рафъи ҳолатҳои фавқулода аз тарафи қувваҳо ва воситаҳои ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудудҳояшон ҳолатҳои фавқулода рух додаанд, ба амал бароварда мешавад. Дар сурати нокифоя будани қувваю воситаҳои номбурда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваю воситаҳои мақомоти болоӣ ҷалб карда мешаванд (№ 2270).
Моддаи 6. Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода
Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода мақоми идоракунӣ, қувваю воситаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳоро, ки ҳалли масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ба салоҳияти онҳо марбутанд, муттаҳид месозад (№ 2270).
Вазифаҳои асосии низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода инҳо мебошанд (№ 2270):
- таҳия ва татбиқи меъёрҳои ҳуқуқию иқтисодӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода (№ 2270);
- татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ, ки барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва зиёд кардани устувории фаъолияти ташкилотҳо, инчунин иншооти таъиноти иҷтимоӣ дар ҳолатҳои фавқулода равона карда шудаанд (№ 2270);
- таъмини омодагии мақомоти идора, қувваю воситаҳое, ки барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода таъин ва ҷудо карда шудаанд (№ 2270);
- ҷамъоварӣ, таҳлил, табодул ва додани ахбор дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода (№ 2270);
- омодасозии аҳолӣ барои фаъолият дар ҳолатҳои фавқулода (№ 2270);
- пешбинӣ ва баҳо додан ба оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии ҳолатҳои фавқулода (№ 2270);
- ташкили захираҳои молияви моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода (№ 2270);
- татбиқи экспертизаи давлатӣ, назорат ва санҷиш дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода (№ 2270);
- рафъи ҳолатҳои фавқулода (№ 2270);
- амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки аз ҳолатҳои фавқулода зарар дидаанд, гузаронидани чорабиниҳои башардӯстона (№ 2270);
- татбиқи ҳуқуқу вазифаҳои аҳолӣ дар соҳаи ҳифз аз ҳолатҳои фавқулода, инчунин шахсоне, ки бевосита дар рафъи он иштирок кардаанд (№ 2270);
- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода (№ 2270).
Сохтор ва тартиби фаъолияти низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (№ 2270).
Моддаи 7. Муайян намудани ҳудуди минтақаи ҳолатҳои фавқулода
Ҳудуди минтақаи ҳолатҳои фавқулодаро роҳбарони корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд ва дар ҳудуди онҳо ҳолатҳои фавқулода ба вуҷуд омадааст, дар асоси таснифи ҳолатҳои фавқулодаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян менамоянд (№ 2270).
Ҳолатҳои фавқулода ба ҳолатҳои фавқулодаи маҳдуд, маҳаллӣ, ҳудудӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байнисарҳадӣ ҷудо мешаванд (№ 2270).
Ба ҳолатҳои фавқулодаи маҳдуд ҳолатҳои фавқулодае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулода аз ҳудуди минтақаи иншооти таъиноти истеҳсолӣ ё иҷтимоӣ берун нест (№ 2270).
Ба ҳолатҳои фавқулодаи маҳаллӣ ҳолатҳои фавқулодае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулода аз ҳудуди шаҳрак ва деҳот берун нест (№ 2270).
Ба ҳолатҳои фавқулодаи ҳудудӣ ҳолатҳои фавқулодае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулода аз ҳудуди шаҳр (ноҳия) берун нест (№ 2270).
Ба ҳолатҳои фавқулодаи минтақавӣ ҳолатҳои фавқулодае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулода аз ҳудуди вилоят берун нест (№ 2270).
Ба ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳуриявӣ ҳолатҳои фавқуллодае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулода аз ҳудудҳои як ва ё зиёда вилоятҳо берун аст (№ 2270).
Ба ҳолатҳои фавқулодаи байнисарҳадӣ ҳолатҳои фавқулодае дохил мешаванд, ки оқибатҳои он аз ҳудудҳои мамлакат берун рафта ва ё ҳолатҳои фавқулода дар хориҷа ба амал омада, ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад (№ 2270).
БОБИ 2 ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ АҲОЛӢ ВА ҲУДУД АЗ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА
Моддаи 8. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода муайян менамояд (№ 2270);
- дар ҳолатҳо ва тартибе, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодаро эълон менамояд (№ 2270);
- дар бораи ҷалб намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ ҳангоми зарурат барои рафъи ҳолатҳои фавқулода қарор қабул мекунад (№ 2270);
- мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаро таъсис медиҳад (№ 2270);
- дигар ваколатҳоро, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа анҷом медиҳад.
Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар доираи салоҳияти худ қарорҳо ва фармоишҳоро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода қабул намуда, иҷрои онҳоро таъмин менамояд (№ 2270);
- гузаронидани тадқиқотҳои илмиро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ташкил менамояд (№ 2270);
- таҳияи барномаҳои давлатиро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ташкил намуда, иҷрои онҳоро таъмин мекунад (№ 2270);
- вазифаҳо, тартиби фаъолият, ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода муайян намуда, роҳбариро аз болои низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ба амал мебарорад (№ 2270);
- ташкили захираҳои давлатии манбаъҳои молиявию моддиро барои рафъи ҳолатҳои фавқулода таъмин намуда, тартиби истифодабарии захираҳои нишондодашударо муайян менамояд (№ 2270);
- ҷараёни истеҳсолот, низоми нигаҳдорӣ, шароити ҳамлу нақл ва тартиби истифодаи моддаҳои радиоактивӣ ва дигар моддаҳои махсусан хатарнокро, бо риояи чораҳои зарурии бехатарӣ муқаррар ва назорат менамояд;
- оид ба роҳбарии бевосита ҷиҳати рафъи ҳолатҳои фавқулода ва расонидани ёрӣ ҳангоми рух додани он қарор қабул менамояд (№ 2270);
- назоратро аз болои фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода,ба амал мебарорад (№ 2270).
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тайёрӣ ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доштани қувваҳо ва воситаҳои заруриро барои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ва омӯзиши аҳолиро бо воситаҳои ҳимоя ва амалиёт дар ҳолатҳои зикршуда ба амал мебароранд (№ 2270);
- гузаронидани чорабиниҳои эвакуатсиониро дар ҳолатҳои фавқулода ба амал мебароранд (№ 2270);
- ҷамъоварӣ ва табодули ахборро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода бо тартиби муқарраргардида амалӣ мегардонанд, саривақт огоҳсозӣ ва хабардоркунии аҳолиро дар бораи хатари рух додан ё ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода таъмин менамоянд (№ 2270);
- корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазирро ташкил мекунанд ва мегузаронанд, инчунин тартиботи ҷамъиятиро дар ҷараёни гузаронидани он нигоҳ медоранд ва ҳангоми норасоии қувваҳо ва воситаҳои худӣ барои расонидани ёрӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд;
- маблағгузории чорабиниҳоро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ба амал мебароранд (№ 2270);
- захираҳои молиявию моддиро барои рафъи ҳолатҳои фавқулода ташкил менамоянд (№ 2270);
- барои устувории фаъолияти ташкилотҳо дар ҳолатҳои фавқулода мусоидат менамоянд (№ 2270);
Моддаи 11. Мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда барои ҳалли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Барои ба амал баровардани идоракунии давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда ташкил карда мешавад (№ 2270).
Мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода (№ 2270):
- пешниҳодҳоро оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода таҳия менамояд (№ 2270);
- назорати давлатиро аз рӯи омодагии қувваю воситаҳо барои амалиёт ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода ва иҷрои чорабиниҳоро барои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ба амал мебарорад (№ 2270);
- чораҳоро оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода, ҳифзи ҳаёт ва сиҳатии аҳолӣ, арзишҳои моддию маданӣ, инчунин рафъи оқибатҳо ва кам намудани зарарро ҳангоми ҳолатҳои фавқулода таҳия ва қабул менамояд (№ 2270);
- мақомоти идоракунӣ қувва ва воситаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудро дар шароити ҳолатҳои фавқулода барои амалиёт тайёр ва ташкил менамояд (№ 2270);
- идоракунии қувваю воситаҳоро оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода ба амал бароварда, нуқтаҳои идоракунӣ, низоми хабардоркунӣ ва алоқаро ташкил менамояд (№ 2270);
- таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва тадқиқотҳои илмиро, ки барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода равона шудаанд, ташкил менамояд (№ 2270);
- дар доираи ваколатҳои худ қарорҳоеро қабул менамояд, ки иҷрояшон барои вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмист;
- гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазирро дар шароити ҳолатҳои фавқулода ташкил менамояд (№ 2270);
- омӯзиши аҳолӣ, тайёрии шахсони вазифадори мақомоти идоракунӣ ва сохторҳои мудофиаи гражданиро барои амалиёт дар ҳолатҳои фавқулода ташкил менамояд (№ 2270).
Моддаи 12. Вазифаҳои вазорату идораҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Вазорату идораҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода дар доираи фаъолияти худ ва соҳаҳои иқтисодии ба онҳо вогузоршуда, мутобиқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро ташкил намуда, вазифадоранд (№ 2270):
- омодагии корхонаҳои тобеъ, муассисаҳо ва ташкилотҳоро барои амалиёт дар шароити ҳолатҳои фавқулода таъмин намоянд (№ 2270);
- чорабиниҳои ташкилӣ ва муҳандисию тахникии баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаро дар ҳолатҳои фавқулода таҳия намуда, амалӣ гардонанд (№ 2270);
- талаботи соҳавӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёриро оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, қоидаҳои бехатарии истеҳсолот, ҷараёнҳои технологӣ ва расонидани онро ба маълумоти ташкилотҳо, инчунин қоидаҳои ҳифзи кормандони ташкилотҳоро аз ҳолатҳои фавқулода дар мутобиқат бо талаботҳои давлатӣ тасдиқ ва нашр намоянд (№ 2270);
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳоро оид ба таҳкими бехатарии радиатсионӣ, кимиёвӣ, тиббию биологӣ, таркишӣ, сӯхторӣ, экологӣ. Инчунин риояи меъёрҳо ва қоидаҳои чорабиниҳои муҳандисию техникии мудофиаи гражданиро ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ таъмин намоянд;
- низоми маҳдуди хабардиҳиро оид ба ҳолатҳои фавқулода ташкил диҳанд ва онро дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доранд (№ 2270);
- бо тартиби муқарраргардида маълумотро оид ба ҳолати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд пешниҳод намоянд, инчунин кормандони соҳаро аз таҳдиди бавуҷудоӣ ё рӯйдоди ҳолатҳои фавқулода хабардор созанд (№ 2270);
- захираи манбаъҳои моддӣ ва техникиро таъсис диҳанд;
- ташкил, маблағгузорӣ ва гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазирро дар иншооти тобеи таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ва ҳудудҳои ба онҳо наздик мувофиқи нақшаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода таъмин намоянд (№ 2270);
- чорабиниҳоро оид ба эвакуатсияи иншооти махсусан муҳим ва ҳайати кормандони он ба маҳалҳое, ки дар шароити ҳолатҳои фавқулода фаъолияти онҳоро таъмин менамояд, амалӣ гардонанд (№ 2270);
- таъсис, тайёрӣ ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсусро оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода таъмин намоянд (№ 2270);
- иҷрои талаботро оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва таҷдиди иншооти тобеъ таҳти назорат қарор диҳанд.
Вазорату идораҳо дар иншоотҳои эҳтимолан хатарнок, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, воҳидҳои кории мутахассисонро оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ворид менамоянд. Дар иншооти дигар шахсони масъул таъин карда мешаванд (№ 2270).
Моддаи 13. Уҳдадории ташкилотҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Ташкилотҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода уҳдадоранд (№ 2270);
- чораҳои заруриро дар соҳаи ҳифзи ташкилотҳо ва иншооти тобеи таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ аз ҳолатҳои фавқулода ба нақша гирифта, амалӣ намоянд (№ 2270);
- чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти ташкилотҳо ва таъмини фаъолияти ҳаётии кормандони онҳо дар ҳолатҳои фавқулода ба нақша гирифта, анҷом диҳанд (№ 2270);
- хадамоти махсусгардонидашуда ва ҷузъу томҳоро тибқи тартиби муқарраргардида таъсис дода, онҳоро бо ҳайати шахсӣ, техника ва амвол пурра намоянд;
- таъсис, тайёрӣ ва дар ҳолати омодагӣ ба истифодабарӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳоро оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, омӯзиши кормандони ташкилотҳо ба тарзҳои ҳифз ва фаъолият дар ҳолатҳои фавқулода дар ҳайати сохторҳои ғайринизомӣ таъмин намоянд (№ 2270);
- низоми маҳаллии хабардорсозиро аз ҳолатҳои фавқулода таъсис диҳанд ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доранд (№ 2270);
- сохтмони иншоотҳои муҳандисии ҳифзро дар мавридҳои зарурӣ пешакӣ таъмин намуда, онҳоро дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доранд;
- ташкил ва гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазирро дар иншооти тобеи таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ва дар ҳудуди ба онҳо наздик, мувофиқи нақшаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, таъмин намоянд (№ 2270);
- чорабиниҳоро оид ба ҳифзи кормандони ташкилот ва иншооти тобеи таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ аз ҳолатҳои фавқулода маблағгузорӣ намоянд (№ 2270);
- захираи манбаъҳои моддӣ ва техникиро барои гузаронидани корҳои таъхирнопазир оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода таъсис диҳанд (№ 2270);
- бо тартиби муқарраргардида чорабиниҳои эвакуатсиониро гузаронида, ҷойҳоро барои ҷойгиркунии одамон пешакӣ омода намоянд.
Моддаи 14. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонанд дар чорабиниҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои худ иштирок намоянд (№ 2270).
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд, бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо оид ба сарчашмаҳои ҳолатҳои фавқулода ва чораҳои рафъи он маълумот гиранд (№ 2270).
Иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар рафъи ҳолатҳои фавқулода иштирок мекунанд, таҳти роҳбарии мақомоти дахлдори идораи низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода амал менамоянд (№ 2270).
Иштирокчиёни рафъи ҳолатҳои фавқулода аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд омодагии дахлдори бо тартиби аттестатсионӣ тасдиқшударо дошта бошанд (№ 2270).
Моддаи 15. Истифода бурдани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода
Барои рафъи ҳолатҳои фавқулода қувваҳо ва воситаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбиро истифода бурдан мумкин аст. Тартиби истифода бурдани онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (№ 2270).
Моддаи 16. Истифодаи қувваю воситаҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми рафъи ҳолатҳои фавқулода
Барои рафъи ҳолатҳои фавқулода қувваю воситаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи вазифаҳое, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намудааст, истифода бурда мешаванд (№ 2270).
Моддаи 16(1). Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ
Бо мақсади ташаккул ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ, инчунин талафоти ҷонӣ ва зарари иҷтимоию иқтисодӣ, гузаронидани машваратҳо доир ба ворид намудани масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба стратегияҳо, нақша ва барномаҳои рушд Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ҳамчун мақоми машваратӣ таъсис дода мешавад.
Низомнома ва ҳайати Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табииро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (№ 2270).
Моддаи 17. Мониторинг ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулода
Мониторинг ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулода аз тарафи хадамоти махсуси назорат ва санҷиш аз рӯи офатҳои табиӣ, садамаҳои техногенӣ ва фалокатҳо ба амал бароварда мешавад (№ 2270).
Тартиби гузаронидани мониторинг ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулодаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (№ 2270).
БОБИ 3 ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ АҲОЛӢ ВА ҲУДУД АЗ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ЗАРАРДИДАГОН
Моддаи 18. Ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд:
- ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амволи шахсӣ дар ҳолати бавуҷудоии ҳолатҳои фавқулода ((№ 2270);
- мувофиқи нақшаи рафъи ҳолатҳои фавқулода ба истифодабарии воситаҳои ҳифзи дастаҷамъӣ ва инфиродӣ, амволи дигари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки барои ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода таъин карда шудаанд (№ 2270);
- ба хабардор кардан аз хатаре, ки онҳоро дар мавзеъҳои муайяни ҷойгиршавӣ дар ҳудуди кишвар таҳдид менамояд ва аз чораҳои бехатарии зарурӣ;
- ба муроҷиати инфиродӣ ё дастаҷамъона оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ба мақомоти давлатӣ (№ 2270);
- барои иштирок дар чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода бо тартиби муқарраргардида (№ 2270);
- ба баргардонидани зарар, ки ба саломатӣ ва молу мулки онҳо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулода расонида шудааст (№ 2270);
- ба суғуртаи ройгони давлатии иҷтимоӣ, гирифтани ҷубронпулӣ ва имтиёзот аз зараре, ки ба сиҳатии онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳо дар ҷараёни рафъи ҳолатҳои фавқулода расидааст (№ 2270);
- ба таъмини нафақа дар ҳолати гум кардани қобилияти меҳнатӣ бо сабаби маъюбӣ ва ё беморӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ба онҳо расидааст, бо тартиби муқарраргардида барои коргароне, ки маъюбшавии онҳо дар натиҷаи осеби меҳнатӣ ба амал омадааст (№ 2270);
- ба таъмини нафақа бо сабаби маҳрум гаштан аз сарпарасти оила, ки аз маъюбӣ ё беморӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ҳалок шудаанд ё фавтидаанд, бо тартиби муқарраргардида, ки барои оилаҳои шаҳрвандони ҳангоми иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ оид ба наҷоти ҳаёти одамон, ҳифзи моликият ва тартиботи ҳуқуқӣ маъюб шуда, ҳалок гардидаанд ё фавтиданд, муайян карда шудааст (№ 2270).
Тартиб ва шароити суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, намудҳо ва андозаҳои ҷубронпулию имтиёзот ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қисми якуми моддаи мазкур пешниҳод карда мешаванд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 19. Вазифаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд:
- қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода риоя намоянд (№ 2270);
- чораҳои бехатариро дар ҳаёти маишӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи меҳнатӣ риоя намуда, ба вайрон намудани интизоми истеҳсолӣ ё технологӣ, талаботҳои бехатарии экологӣ, ки мумкин аст боиси ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода гардад, роҳ надиҳанд (№ 2270);
- тарзҳои асосии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода, тарзҳои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон, қоидаи истифодабарии воситаҳои ҳифзи коллективона ва инфиродиро омӯхта, дониш ва маҳорату малакаи худро дар ин соҳа такмил диҳанд (№ 2270);
- ишораҳои огоҳкунӣ, қоидаҳои рафтор ва тартиби фаъолиятро дар шароити таҳдид ва оғозшавии ҳолатҳои фавқулода донанд (№ 2270);
- дар ҳолатҳои зарурӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир ҳамкорӣ намоянд.
БОБИ 4 ОМОДАСОЗИИ АҲОЛӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ АҲОЛӢ АЗ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА
Моддаи 20. Омодасозии аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода
Тартиби омодасозии аҳолиро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулода Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (№ 2270).
Омодасозии аҳолӣ ба амалиёт дар ҳолатҳои фавқулода дар ташкилотҳо, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин дар ҷойҳои истиқоматӣ ба амал бароварда мешавад (№ 2270).
Омодасозии роҳбарон ва мутахассисони ташкилотҳо, инчунин қувваҳои низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода барои ҳифз аз ҳолатҳои фавқулода дар муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, муассисаҳои такмили ихтисос, курсҳо, марказҳои махсуси таълимию методӣ ва ҷойҳои корӣ, ба амал бароварда мешавад (№ 2270).
Моддаи 21. Тарғиби дониш дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Тарғиби донишро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода мақомоти идоракунандае, ки ба низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дохиланд, дар якҷоягӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки фаъолияти худро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва наҷот додани одамон амалӣ мегардонанд, инчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо таъмин месозанд (№ 2270).
Барои тарғиби дониш дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода аз воситаҳои ахбори омма истифода кардан мумкин аст (№ 2270).
БОБИ 5 ТАРТИБИ ТАЪМИНОТИ МОЛИЮ МОДДИИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ҲИФЗИ АҲОЛӢ ВА ҲУДУД АЗ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА
Моддаи 22. Маблағгузории барномаҳои мақсаднок
Маблағгузории барномаҳои мақсаднок ва чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои таъминоти устувори фаъолияти ташкилотҳо, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешавад (№ 2270).
Моддаи 23. Маблағгузории мақомоти идоракунандае, ки барои ҳалли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода махсус ваколатдор карда шудаанд.
Маблағгузории фаъолияти мақомоти доимамалкунандаи идорае, ки барои ҳалли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода махсус ваколтадор карда шудааст, аз ҳисоби буҷети дахлдор анҷом дода мешавад (№ 2270).
Моддаи 24. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода
Чорабиниҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода аз ҳисоби ташкилотҳое, ки дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулода ҷойгиранд, воситаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, буҷетҳои дахлдор, фондҳои суғуртавӣ ва дигар манбаъҳо маблағгузорӣ карда мешавад (№ 2270).
Ҳангоми набудан ё норасоии воситаҳои мазкур барои рафъи ҳолатҳои фавқулода воситаҳои фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд (№ 2270).
Моддаи 25. Таъсис ва истифодаи захираҳои молию моддӣ барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода
Захираҳои молию моддӣ ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади фавран ҷалб намудани воситаҳои зарурӣ дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулода пешакӣ таъсис меёбанд. Захираҳои эҳтиётии зикргардидаро мақомоти ҳокимияти иҷроия таъсис медиҳад (№ 2270).
Тартиби таъсис ва истифодаи захираҳои дар қисми аввали моддаи мазкур нишондодашуда ва тартиби пуррасозии воситаҳои истифодашудаи ин захираҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 6 ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТӢ, НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ АҲОЛӢ ВА ҲУДУД АЗ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА
Моддаи 26. Экспертизаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Экспертизаи давлатӣ барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳо ва қарорҳои пешбинишуда дар иншооти таъиноти истеҳсолию иқтисодӣ ва равандҳое, ки метавонанд сарчашмаи ҳолатҳои фавқулода бошанд, ё метавонанд ба таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода таъсир расонанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ бо мақсади санҷиш ва ошкор намудани дараҷаи мувофиқати онҳо бо меъёрҳо, стандартҳо ва қоидаҳои муқаррарӣ гузаронида шуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (№ 2270).
Дар ҳолати зарурӣ экспертизаи лоиҳаҳо ва қарорҳои барои татбиқ пешбинишударо дар иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва равандҳое, ки метавонанд сарчашмаи ҳолатҳои фавқулода бошанд, ё метавонанд ба таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода таъсир расонанд, мумкин аст, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва экспертҳои озод, инчунин мутахассисони ташкилотҳои байналмилалии экспертӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом диҳанд (№ 2270).
Моддаи 27. Назорат дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода
Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода мувофиқи вазифаҳои гузошташудаи низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, бо мақсади санҷиши иҷрои пурраи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва омодагии шахсони мансабдор, қувваю воситаҳо барои амалиёт ҳангоми рух додани онҳо, гузаронида мешавад (№ 2270).
Назорати давлатиро дар соҳаи мазкур мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда барои ҳалли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ва ташкилотҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд (№ 2270).
БОБИ 7 МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (№ 2270).
Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
15 июли соли 2004 № 53