ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ТАБИАТ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҳикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи ҳифзи табиат" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1994, №2, мод.36; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1996, №3, мод.48; с. 1997, №23-24, мод.333; с. 2002, №4, қ.1, мод.245; с. 2002, №11, мод.708) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Бобҳои I, II, Ш, IV, VI, VII, VIII, IҶ, Ҷ, ҶI. ХII, ҶIII мувофиқан дар таҳрири зайл ифода карда шаванд: "Боби 1.", "Боби 2.", "Боби 3.", "Боби 4.", "Боби 6.", "Боби 7.", "Боби 8.", "Боби 9.", "Боби 10.", "Боби 11.", "Боби 12.", "Боби 13.".
2. Сархати ҳабдаҳуми қисми якуми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Экспертизаи экологӣ - ба таври расми муайянкунии мутобиқати фаъолияти пешбинишуда ва анҷомдодашудаи хоҷагӣ ва дигар фаъолиятҳо ба талаботҳои экологӣ ва муаяйнкунии имконпазирии истифодаи объектҳои экспертизаи экологӣ бо мақсади пешгирии оқибатҳои эҳтимолии номусоиди таъсиррасонии ин фаъолият ба муҳити зист ва оқибатҳои ба он вобастаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва оқибатҳои дигари истифодаи объекти экспертизаи экологӣ".
3. Номи боби V дар таҳрири зайл ифода карда шавад;
"Боби 5. Экспертизаи экологӣ"
4. Моддаи 33 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 33. Гузаронндани экспертизаи экологӣ
Экспертизаи экологии объектҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи экологӣ" гузаронида мешавад".
5. Моддаҳои 34, 35, 36 ва 37 хориҷ карда шаванд.
6. Дар матни Қонун калимаҳои "муоинаи экологӣ" ба калимаҳои "экспертизаи экологӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
15 июли соли 2004 № 58