ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ӯҲДАДОРИИ УМУМИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ"
Моддаи 1.
Ба моддаи 26 Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" аз 29 ноябри соли 2000 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, № 11, мод. 539; соли 2003, № 4, мод. 146; №8, мод. 461) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
дар ном ва матни модда калимаҳои "Бадахшон ва вилоятҳо" ба калимаҳои "Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе" иваз карда шаванд;
ба модда қисми шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҷамъкунӣ ва ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ тақсим намудани шаҳрвандони аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда, инчунин аз муоинаи назоратии тиббӣ гузаронидани онҳоро дар заминаи Нуқтаи ҷамъоварии ҷумҳуриявӣ Раёсати ташкили-сафарбаркунии Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад".
Моддаи 2.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
15 июли соли 2004 № 57