Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 № 54 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1961 тасдиқ карда шудааст, (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1961 № 24, моддаи 126) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 32 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 32. Парвандаҳои ҷиноятие, ки ба Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе тобеияти судӣ доранд.

Ба Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва судӣ шаҳри Душанбе парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 қ. 2; 138 қ. 3; 179 қ. 3; 398 ва 399 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти судӣ доранд".

1. Ба моддаи 33 банди 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3) Парвандаҳои ҷиноятие, ки тибқи Қонун баррасии онҳо ба ваколати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб аст".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

15 июли соли 2004 № 54