Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003, № 515 "Дар бораи таъсис додани Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво"

Санаи амалкуни: 30.06.2004

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво

(Қарори Ҳукумати Ҷт аз 30.06.2004с. № 299)

Бо мақсади ривоҷ бахшидан ба илми биотехнология, таҳкими фонди миллии ирсии чорво ва истифодаи самараноки он дар соҳаи зотпарварӣ ва чорводории ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар заминаи озмоишгоҳи биотехнология ва хоҷагии таҷрибавии "Коммунизм"-и дар ноҳняи Рӯдакӣ ҷойгиршудаи Институти илмию тадқиқотии чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Институти мазкур таъсис дода шавад.

2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар муддати 2 моҳ лоиҳаи низомномаи Маркази номбурдаро пешниҳод намоянд.

3. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2006 бо мақсади ба итмом расонидани сохтмони бинои Озмоишгоҳ бо ҷонвархонаи Институт ҳар сол ҷудо намудани 400 ҳазор сомониро пешбинӣ намоянд.

4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетии барои дастгирии хоҷагии қишлоқ пешбинишуда ба Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Институти илмию тадқиқотии чорводории Академияи илмҳои кпшоварзии Тоҷикистон солҳои 2004 дар ҳаҷми 150 ҳазор сомонӣ, 2005 - 300 ҳазор сомонӣ ва солҳои минбаъда то соли 2010 ҳар сол дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ барои харидани чорвои зотҳои сермаҳсул, таҷҳизоти лабораторӣ, маводҳои кимиёвӣ ва созмон додани Бонки нутфаю ҷанин ба миқдоре, ки талаботи чорвои ҳамаи (шакли моликияти ҷумҳуриро 10 соли 2010 таъмин менамояд, ҷудо кунад.

5. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби инвеститсияи хориҷӣ ба Марказ ва робитаи устувори он бо марказҳои байналмилалии биотехнологӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 2 декабри соли 2003 № 515

ш. Душанбе