Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 июни соли 2004 № 1343
тасдиқ шудааст
КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ
Кодекси одоби хизматчии давлатӣ (минбаъд Кодекс) - ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори хизматчии давлатӣ мебошад, ки хислати ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ғайрихизматии онҳоро таҷассум намуда, аз арзишҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият ба хизмати давлатӣ бармеояд.
Кодекс дар асоси масъулияти махсуси хизматчии давлатӣ дар назди ҷомеа ва расидан ба мақсадҳое, ки аз муайян гардидани моҳияти хизмати давлатӣ ва баланд бардоштани обрӯи он дар ҷомеа бармеояд, нигаронида шудааст.
I. ҚОИДАҲОИ АСОСӢ
1. Хизматчии давлатӣ бояд дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, инчунин меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ахлоқи ва қоидаҳои одоби кориро ба роҳбарӣ гирад.
2. Хизматчии давлатӣ бояд ба татбиқи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст, мусоидат намояд.
3. Хизматчии давлатӣ таҷассуми обрую эътибори мақомоти давлатӣ буда, вобаста ба ин бояд ба амали намудани меъёрҳои хизматӣ бенуқсон ва рафтор саъйю кӯшиш намуда, ростқавлона ва беғаразона ҳангоми адои ӯҳдадориҳои хизматӣ ва ҳангоми берун аз хизмат онҳоро риоя намояд.
4. Хизматчии давлатӣ бояд эътибори хизмати давлатиро пос дошта, аз ҳамаи ҳолатҳое, ки метавонад шаъну эътибори мақомоти давлатиро паст зананд, канораҷӯи намояд. Ҳақ надорад ба обрӯи касби худ ба хотири манфиатҳои шахсӣ ё манфиатҳои шахсони дигар иснод орад.
5. Хизматчии давлатӣ ҳолатҳои вобаста ба иҷрои вазифа ба тариқи оммави айбдор донистани ӯро дар риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, суиистифода аз мақоми хизматӣ, ғаразнокӣ ё манфиатдории дигари шахсӣ набояд беэътино гузорад.
II. ҚОИДАҲОИ РАФТОРИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ ҲАНГОМИ АДОИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ВА АМАЛИ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ КАСБӢ
6. Хизматчии давлатӣ бояд ба таври доимӣ ба такмили тахассуси касбии худ машғул шуда, донишҳои худро дар сатҳи мувофиқи барои иҷрои вазифаҳои хизмати зарурӣ нигоҳ дорад, забони давлатиро донад.
7. Хизматчии давлатӣ бояд фаъолияти хизматии худро тавре ба роҳ монад, ки қобилияти содиқона ва беғаразона фаъолият намудани ӯ зери шубҳа қарор нагирад, унвони баланди хизматчии давлатиро доғдор насозад.
8. Хизматчии давлатӣ бояд дар муошират бо шаҳрвандон, ҳамхизматон ва намояндагони дигар ташкилотҳо хушмуомила ва боэътино бошад.
9. Хизматчии давлатӣ бояд таҳти таъсири шаҳрвандон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои касбӣ ё ҷамъиятӣ набошад, ба шахсони алоҳида ё ташкилотҳо бартарият надиҳад.
10. Хизматчии давлатӣ бояд аз гирифтани музди муқаррарнагардида барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ чи дар шакли моддӣ (пул, тӯҳфаҳо) ва чи дар шакли ғайримоддӣ (хизматрасониҳо) канораҷӯи намояд.
11. Хизматчии давлатӣ бояд ба расмиятчигӣ ва кашолкорӣ ҳангоми баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва дигар шахсон роҳ надода, тибқи мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунҳо доир ба онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
12. Хизматчии давлатӣ вазифадор аст, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро нисбат ба иттилооте, ки дар ҷараёни иҷрои ӯҳдадориҳои худ дастрас намудааст, дигар иттилооти хизматии дастрасии маҳдудро, аз ҷумла пас аз истеъфо аз хизмати давлатӣ низ ҳифз намояд ва ҳуқуқ надорад ин иттилоотро ба манфиати шахсӣ ё шахсони дигар истифода барад.
13. Хизматчии давлатӣ бояд аз иҷрои коре, ки дар он беғаразии ӯ метавонад зери шубҳа қарор гирад, вақте ба ин кор хешовандони ӯ алоқаманд мебошанд ва ё дигар ҳолатҳое мавҷуданд, ки бавосита ва ё бевосита оид ба натиҷаи ин кор манфиатдор шуморидани ӯ боис мегарданд, даст кашад.
14. Хизматчии давлатӣ нисбати фаъолияти воситаҳои ахбори умум ҷиҳати иттилоотонии ҷомеа дар бораи кори мақомоти давлатӣ боэҳтиром ва мулоҳизакорона рафтор намуда, инчунин дар гирифтани иттилооти эътимоднок тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун бояд мусоидат намояд.
15. Хизматчии давлатии дар мансаби роҳбарикунанда буда, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти давлатӣ вазифадор аст, ки ба зуҳуроти маҳалгарои ва таъини кадрҳо аз рӯи нишонаҳои садоқати шахсӣ роҳ надиҳад.
III. ФАЪОЛИЯТИ ҒАЙРИХИЗМАТИИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢЌ
16. Хизматчии давлатӣ бояд урфу анъанаҳои миллатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ва таҳаммул намуда, хусусиятҳои фарҳангӣ ва дигар хусусиятҳои гурӯҳҳои этникӣ ва иҷтимоиро ба эътибор гирифта, ба созиши байни миллатҳо ва байни конфессияҳо мусоидат намояд.
17. Хизматчии давлатӣ бояд амалҳои вобаста ба таъсири ҳар гуна манфиатҳои шахсӣ, амволӣ (молиявӣ), тиҷоратӣ ва дигар манфиатҳоеро, ки ба иҷрои бовиҷдононаи ӯҳдадориҳои вазифавӣ (хизматӣ) монеъ мегарданд, истисно намояд.
18. Хизматчии давлатӣ набояд бо истифода аз мавқеи хизматӣ дар аҳдҳо ва муноқишаҳо, ки ба мақоми хизматӣ ва ӯҳдадориҳои ӯ мувофиқат наменамоянд, иштирок кунад.
19. Хизматчии давлатӣ бояд аз алоқаҳое, ки метавонанд ӯро бадном созанд, дури ҷуста, ҳама гуна рафтори худро мулоҳизакорона анҷом диҳад, оқибатҳои эҳтимолии онро пешбини намуда, мувофиқи меъёрҳои ахлоқ ва одоби хизматӣ амал намояд.
IV. МАСЪУЛИЯТИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ БАРОИ ВАЙРОН НАМУДАНИ ТАЛАБОТИ ҲАМИН КОДЕКС
20. Риоя накардан ё риояи номатлуби талаботи ҳамин Кодекс боиси масъулияти хизматчии давлатӣ мегардад, ки он дар тавсифномаи хизматии ӯ дарҷ карда шуда, ҳангоми гузаронидани аттестатсия ё ба вазифаи дигари хизмати давлатӣ таъин карда шудан, ба эътибор гирифта мешавад.
21. Барои содир намудани кирдорҳои интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ хизматчии давлатӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.