ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ба моликияти коммуналии шаҳри Роғун супоридани иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Иншооти хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Роғун аз тавозуни Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммунали" ба моликияти коммуналии шаҳри Роғун супорида шаванд.
2. Хароҷоти нигоҳдории иншооти хоҷагии манзилию коммуналии ба моликияти коммуналии шаҳри Роғун супоридашуда аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети шаҳр барои ин мақсадҳо дар соли 2004 ва солҳои минбаъда пешбинишуда анҷом дода шавад.
3. Фасли ХVI Рӯйхати иншооте, ки ба таркиби Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммунали" шомиланд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2001 № 357 "Дар бораи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" тасдиқ, шудааст, хориҷ карда шавад.
4. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммунали" якҷоя бо Раиси шаҳри Роғун комиссияи супоридану қабули иншооти мазкурро таъсис дода, тибқи тартиби муқарраргардида қабулу супоридани иншоотро таъмин намоянд.
5. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгири тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 июни соли 2004 № 297
ш. Душанбе