ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 1175 "Дар бораи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Вазоратҳо ва идораҳо:
-ҷиҳати амали намудани Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарури андешанд;
-барномаҳои идорави ва байниидоравиро бо дарназардошти мақсад ва вазифаҳои дар Барномаи мазкур гузошташуда таҳия намоянд.
Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи барномаҳои зикргардида ба вазорату идораҳои дахлдор мусоидат намояд.
3. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва идораҳо ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳури барои ояндаи миёнамӯҳлат ва кӯтоҳмӯҳлат, инчунин ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли дар доираи маблағҳои ба вазорату идораҳои дахлдор пешбинишуда татбиқи муқаррароти Барномаи мазкурро пешбини намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 июни соли 2004 № 290
ш. Душанбе