ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи танзими хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ва пулакӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии системаи тандурустӣ ба аҳолии ноҳияҳои Варзоб ва Данғара
Мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" бо мақсади танзими хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ва пулаки ба аҳоли аз ҷониби муассисаҳои давлатии системаи тандурусти ба таври таҷрибави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тасдиқ карда шаванд:
Барномаи кафолати давлатии таъмини кӯмаки ройгони тиббию санитари ба аҳолии ноҳияҳои Варзоб ва Данғара;
Тартиби хизматрасонии тиббии пулаки дар муассисаҳои системаи тандурусти ба аҳолии ноҳияҳои Варзоб ва Данғара.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилояти Хатлон ва ноҳияи Варзоб маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияҳои Варзоб ва Данғараро дар ҳаҷми пурраи маблағҳои пешбинишуда таъмин намоянд.
3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
натиҷаҳои татбиқи Барнома ва Тартиби дар боло зикршударо дар ноҳияҳои Варзоб ва Данғара ҷамъбаст намуда, то 1 декабри соли 2004 бо тартиби муқарраргардида оид ба ҷори намудани он дар дигар минтақаҳои ҷумҳури таклифҳо пешниҳод намояд;
бо тартиби муқарраргардида номгӯи ва нархномаи хизматрасонии тиббии пулакиро барои аҳолии ноҳияҳои номбаршуда таҳия ва тасдиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 июни соли 2004 № 279
ш. Душанбе