ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"Дар бораи зиёд кардани музди меҳнати ҳадди ақал, ставкаҳои тарифӣ ва маоши кормандони гурӯҳҳои алоҳидаи соҳаи буҷетӣ ва тадбирҳо ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ"
Бо мақсади минбаъд кам кардани фарқият дар сатҳи пардохти музди меҳнати гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон, тақвияти ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва мутобиқи Стратегияи паст кардани сатҳи бенавои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Аз 1 январи соли 2001 музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, бидуни зиёд кардани маоши хизматии амалкунандаи (ставкаҳои тарифии) соҳаи буҷетӣ, ба ғайр аз кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ки аз буҷет маблағгузори мешаванд (ба истиснои мактабҳои оли ва коллеҷҳо, ки ба сохтори мактабҳои оли дохиланд, матбуоти даврӣ ва нашриётҳо, қисми тиббию санитарии Идораи молиявию хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту идораҳое,ки ба мақомоти идораи давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ марбутанд), 3 маротиба зиёд карда шавад.
Барои гурӯҳҳои зикршуда маоши хизматии (ставкаҳои тарифии) амалкунанда эз 1 апрели соли 2001 ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад.
2. Аз 1 январи соли 2001 нафақаи то 1 январи соли 1996 ба шахсони дорои собиқаи кории зарурӣ ҷиҳати гирифтани нафақа мувофиқи собиқаи меҳнатӣ таъингардида ба андозаи 1 нафақаи ҳадди ақали вобаста ба синну сол зиёд карда шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-дар мӯҳлати ду ҳафта ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷиҳати баланд бардоштани нафақаи иҷтимои пешниҳод манзур дорад:
-дар муддати ду моҳ қарорҳои худро ба ҳамин Фармон мутобиқ гардонад;
-дар ҷараёни иҷрои буҷети соли 2001 барои татбиқи ҳамин Фармон маблағҳои заруриро дарёфт намояд;
-тартиби муайян намудани музди миенаи меҳнат барои пардохти корношоямии муваққати пардохти рухсатиҳо ва дигар ҳолатҳое, ки ба ҳисобгирии музди миенаи меҳнатро тақозо менамоянд, тасдиқ кунад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 18 ноябри соли 2000 № 431 ш. Душанбе