Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июли соли 1997 № 324
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи шикор ва хоҷагиҳои шикории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қоидаҳои умуми
1.1. Хоҷагии шикори Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи хоҷагии халқ буда, вазифаи он ҳифз ва зиёд кардани шумораи ҳайвоноти ваҳши ва афзун кардани маҳсулоти хоҷагиҳои шикори мебошад.
1.2. Шикор - ин пайгири ва таъқиб ба мақсади сайд, шикори ҳайвонҳои ваҳши ва паррандагон дар шароити табий мебошад.
Дар шикорҷойҳои бо силоҳи оташфишон, қапқон, дигар лавозимоти шикори, инчунин бо сагҳо, паррандагони шикори ё бо маҳсулотҳои шикорчи гаштан, шикор кардан ҳисоб карда мешавад.
1.3. Замину об (ғайри ҷойҳои аҳолинишин), ки ҷои зисти ҳайвонҳои ваҳши ва паррандагон мебошад, ё ки барои кори хоҷагии шикори истифода бурда мешаванд, шикорҷойҳо мебошанд.
Онҳо ба минтақаҳои зерин тақсим мешаванд:
- минтақаҳои ба корхонаҳои давлати, ҷамъияти ва кооперативи, идораҳо ва ташкилотҳо вобаста шуда, барои ташкили кори хоҷагии шикори;
- минтақаҳои барои шикор манъшуда (минтақаҳои гирду атрофи маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои саноати, ҷойҳои истироҳати оммавии меҳнаткашон, минтақаҳои курорти, минтақаҳои сабз, мамнӯъгоҳҳо).
- заказникҳо ва чорбоғҳои милли, ки дар онҳо низоми бурдани кори хоҷагии шикори аз рӯи Низомномаи онҳо ба меъёр дароварда мешавад.
1.4. Роҳбарии умуми ба пешбарии хоҷагии шикори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
1.5. Назорати давлатиро ба ташкили кори хоҷагиҳои шикори ва риоя кардани қоидаҳо ва мӯҳлатҳои шикор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳифзи табиат ва Идтиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангал Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунанд.
1.6. Баҳисобгирии давлатии шумораи ҳайвоноти ваҳши ва паррандагон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он баъди ҳар се сол, бо истифодаи авиация ва дигар методҳои баҳисобгири аз тарафи гурӯҳи кории муташаккил, ки ба он намояндагони Вазорати ҳифзи табиат, Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияги шикорчиён ва моҳигирони ҷумҳури ва дигар ташкилотҳои алоқаманд шомиланд, гузаронида мешавад.
1.7. Ҳайвонҳои ваҳши ва паррандагон, ки ба объектҳои шикори мансубанд, дар қаламрави ҷумҳури дар шароити табий маскунанд, ё дар минтақаҳои шикори ба иқлими ҷумҳури мутобиқ шуданд, фонди давлатии шикории ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.
Муҳофизат, азнавбарқароркунӣ ва истифодабарии фонди давлатии шикорӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, дигар ҳуҷҷатҳои нормативи ва қоидаҳо дастурамалҳое, ки аз тарафи Вазорати ҳифзи табиат ва Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Низомномаи мазкур зид нестанд, ба меъёр дароварда мешаванд.
1.8. Ба мақсади ҷалб намудани оммаи васеи шикорчиён ба иштироки фаъолона дар ҳифз ва зиёд кардани захираҳои ҳайвоноти шикори, иҷро кардани кори маданию тарбияви дар байни шикорчиён ва дуруст ташкил намудани кори хоҷагиҳои шикори, шикорчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъиятҳои ихтиёрии шикорчиён ва моҳигирон муттаҳид мешаванд.
Шикорчиён, ки дар вазорати дифоъ, вазоратҳои корҳои дохили ва амният хизмат мекунанд, дар ҷамъиятҳои ҳарбию шикорчиги, ки дар ин вазоратҳо ташкил мешаванд, муттаҳид мегардонанд.
Шикорчи фақат аъзои як ҷамъияти шикорчиён ё моҳигирон шуда метавонад.
1.9. Аъзоёни ҷамъияти шикорчиёну моҳигирон ӯҳдадоранд, ки дар чорабиниҳои биотехники, корҳои ободу таъмир кардани хоҷагиҳои шикор фаъолона иштирок кунанд ва бо ҳуқуқшиканиҳо мубориза баранд.
1.10. Ба мақсади баланд бардоштани роли ҷамъият дар ҳифзи олами ҳайвонот, роҳ надодан ба қуруқшикани ва риоя накардани қоидаю мӯҳлати шикор, дар назди Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи ҷамъиятии шикори тартиб дода мешавад, ки он дар асоси Низомномаи тасдиқ кардани Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
2. Тартиби додани ҳуқуқи ташкили хоҷагии шикорӣ
2.1. Ба корхонаю идораҳо ва ташкилотҳо барои ташкили хоҷагиҳои шикори дар асоси хулосаҳои экспертизаи экологи, ки дар он таҳқиқи иқтисодии шикоргоҳ, карта - нақшаи хоҷагии ташкилшаванда, сарҳад, хусусияти шикорҷой, натиҷаҳои ҳисоби шумораи ҳайвонҳои ваҳши дар шикорҷой, лоиҳаи тараққиёти хоҷагии шикори, ки се соли наздикро дар бар мегирад, ҳуқуқ дода мешавад.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот" аз 24 июни соли 1994 № 990 иҷорагир ба иҷорадиҳанда ҳаққи иҷораи шикорҷойро медиҳад, ки ҳаҷми он бо розигии тарафайн муайян мешавад.
2.2. Ба корхонаҳои давлати, кооперативи, корхонаҳои ҷамъияти, ташкилотҳо ва идораҳо мувофиқи иҷозати органҳои хоҷагии ҷангал ва хоҷагиҳои ҷангалу шикор, ҳуқуқи ташкили хоҷагиҳои шикор дода мешавад.
2.3. Корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо, ки ҳуқуқи ташкили хоҷагии шикори доранд, баъди ба анҷом расидани мӯҳлати истифодаи хоҷагии шикори дар ин ҷойҳо, дар сурати риоя ва иҷро кардани ҳамаи чораҳои зарурии комплекси, ки дар шартнома пешбини шудаанд, барои истифодаи минбаъдаи ин ҷойҳо бартари доранд.
2.4. Истифодабарандагони замин ӯҳдадоранд, ки барои хоҷагиҳои шикори, ки дар қитъаҳои онҳо ҷойгиранд, участкаҳои заминиеро, ки барои парвариши растаниҳо аз ҳисоби на камтар аз 1 га ба 10 ҳазор га заминҳои вобасташуда барои гузаронидани корҳои биотехники ва чорабиниҳои хоҷагии шикори, ба тартибе, ки барои манфиатҳои давлати ё ҷамъиятии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст, ҷой ҷудо кунанд.
2.5. Истифодабарандагони хоҷагиҳои шикори ӯҳдадоранд:
- дидани чораҳои зарури барои пешгири намудани зараре, ки онро ҳайвонҳои ваҳши ва паррандагон ба колхозу совхозҳо ва дигар корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳое мерасонанд, ки дар заминҳои онҳо хоҷагиҳои шикори ҷойгиранд;
- бо тартиби ба плангири дар заминҳои ба онҳо вобаста шуда хоҷагии шикори чорабиниҳо оид ба барқароркуни, ҳифзи ҳайвонҳои шикори ва муҳити ҷойгирии онҳо, инчунин бо розигии истифдабарандагони асосии замин дар ҷойҳои ҷудошуда, иншоотҳои лозима сохтан.
2.6. Органҳои хоҷагиҳои ҷангал ва шикори ҳуқуқ доранд ба шикорчиён барои шикори ҳайвонҳои ваҳши ба сифати мукофот барои нест кардани даррандагон, барои иштироки фаъолона дар мубориза зидди қуруқшиканҳо ва барои ҳамкори дар инкишофи хоҷагии шикори, лицензия диҳанд.
3. Ҳуқуқи шикор
3.1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, км синашон ба 18 расидаасту билети аъзои Ҷамъияти шикорчиён доранд ва аз санҷиши минималии шикори гузаштаанд, андози давлати ва ҳаққи аъзогии соли ҷориро супоридаанд, ба шикор ҳуқуқ доранд.
Шахсони дорои касалиҳои pӯҳи, майзадаҳо, нашъамандон, ва вайронкунандагони тартиботи ҷамъияти, шахсоне, ки узвҳои сомъа ва биноиашон ба касалии сахт гирифтор шудаанд, шикорчи шуда наметавонанд.
3.2. Ба шаҳрвандҳои давлатҳои хориҷи бо тартибе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, ҳуқуқи шикор дода мешавад.
3.3. Ба коркунони корхонаҳои илми, экспедицияҳо ва дигар шахсон, ки ба хоҷагиҳои шикори бо корҳои хизмати равона мешаванд, дар мӯҳлатҳои ба шикор манъ, дар шикорҷойҳои бо милтиқи ва дигар лавозимоти шикори аз рӯи иҷозатномаҳои бо тартиби муайянгардида дода шуда, гаштан мумкин аст.
3.4. Дар мавриди гирифтани иҷозатномаи хатти барои ҳуқуқи шикор, шикорчи вазифадор аст, ки сарҳади хоҷаги ва ҷои шикор ҷудокардагиро муайян кунад ва барои вайрон кардани он ҷавобгар мешавад.
3.5. Нишонрасии дурусти милтиқи шикориро дар ҷойҳои махсуси тирпаррони, ё майдонҳо гузаронидан зарур аст.
Дар ҷойҳои шикор мекардаги милтиқи шикориро ба нишонрасони мувофиқ кардан, фақат ҳангоми шикор дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқ ба шикор мумкин аст.
Дар ин вақт шикорчи вазифадор аст, ки қоидаҳои бехатариро риоя кунад, ки онҳо бехатарии одамону ҳайвонотро таъмин кунанд.
3.6 Ҳуҷҷатҳои барои ҳуқуқи шикор инҳоянд: билети шикорчи, роҳхати шикорчиги ё рухсатнома.
Ҳуҷҷатҳо барои харида нигоҳ доштан за истифода бурдани милтиқи шикори ва лавозимоти он бо тартиби муайянкардаи қонун, дода мешавад.
3.7. Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи истеҳсолагии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикисотн ҳар сол дар асоси маълумотҳои асосноки илми, оид ба ҳисоби шумораи ҳайвоноти ваҳши дар шикоргоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити (миқдори муайян) шикори ҳайвонҳои ваҳши ва парандагон, санаҳои кушоиш ва ба охир расонидани мавсими шикорро муайян ва таъин мекунанд, инчунин меъёри шикор кардани онҳо ба ҳар як шикорчи (рӯзона ва мавсими) вобаста бо шароитҳои конкрети ва захираҳои шикор, ба ташкилкунии гузаронидани шикор дар ҷумҳури тағйиротҳо медароранд.
3.8. Тартиби додани иҷозатнома (лицензия) барои шикори намудҳои ба Китоби сурхи ҷумҳури, ё китоби сурхи байналхалқи, конвенцияҳо ва созишномаҳо дохил шуда, ба мақсадҳои илмию татқиқоти ва дар ҳолатҳои маҷбури (ҳамла ба одамон, ба ҳайвонҳои хонаги, сарзании касалиҳои сирояткунанда ва ғайраҳо) аз тарафи Вазорати ҳифзи табиат иҷро мешавад; ба дигар намудҳо, ҳангоми шикори варзиши ва тайёр намудани маҳсулоти шикор он аз тарафи Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангал Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷозатномаҳои муайян дода мешавад.
3.9. Шикори ҳайвонҳои ваҳши ва паррандагон вобаста ба шумораи онҳо бо назардошти саршумори барои азнавбарқароркуни лозима, ба план гирифта мешавад.
Маълумотҳо оид ба миқдори ҳайвоноти ваҳши ва паррандагон аз тарафи ташкилотҳои ба шикор машғул ба Вазорати ҳифзи табиати ҷумҳури ва Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол на дертар аз 10 июн, бо талабнома ба шикори ин ҳайвонҳо дар мавсими ояндаи шикор, пешниҳод карда мсшаванд.
Ташкилотҳое, ки ҳисоби саршумораи ҳайвоноти ваҳши ва паррандагонро нагузаронидаанд ва маълумотҳои ҳисоби саршумори онҳоро дар мӯҳлатҳои лозима пешниҳод накардаанд, аз ҳуқуқи шикор дар мавсими ояндаи шикор, метавонанд маҳрум шаванд.
4. Қоидаҳо, усулҳо ва мӯҳлатҳои шикор
4.1. Ҳайвонҳои ваҳши дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади илми, фарҳанги ва хоҷаги аз рӯи миқдори дар иҷозатномаҳо муайянгардида шикор карда мешаванд.
Иҷозат ба шикори ҳайвонҳои ваҳши, ки шикорашон манъ нест, бо мақсадҳои ҷамъоварии маводҳои зоологи ва дигар мақсадҳои илми дар ҷойҳои манъшуда ва давраи ба шикор рухсат надодашуда, фақат бо талабномаҳои асосноки ташкилотҳои мувофиқ дода мешавад.
4.2. Намудҳои алоҳидаи ҳайвонҳои шикори бо мақсади батартиби муайян даровардани шумораи онҳо, ба мақсади бехатарии зиндагии аҳоли, аз касалиҳо ҳифз кардани дигар ҳайвонот, пешгири кардани зарар ба хоҷагии халқ новобаста аз мӯҳлатҳои мавсими шикор дар қаламравии ҳамаи хоҷагиҳои шикори аз рӯи иҷозатномаҳои (лицензияҳо) Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати Вазорати ҳифзи табиати Тоҷикистон, парронда мешавад.
4.3. Муқимикунии ҳайвонҳои ваҳши ва паррандагон бо иҷозати Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳифзи табиати Тоҷикистон ва розигии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
4.4. Нархи иҷозатномаҳо ва рухсатномаҳои шикори барои ҳуқуқ ба шикори ҳайвонҳои ваҳши ва паррандагон аз тарафи Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати ҳифзи табиат, Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷи муайян карда мешаванд.
4.5. Дар қаламрави Тоҷикистон намудҳои зерини шикор иҷозат дода мешаванд:
- шикор бо таъқибкуни, ҳайкуни;
- бо сагҳои дар ҷамъияти шикорчиён ба қайд гирифташуда;
- шикор аз нишастгоҳ;
- бо домҳо (қапқонҳо);
- шикор бо паррандагон барои ҷалб кардани диққати ҳайвоноту паррандагон, бо хӯсаҳо хӯсаи паррандагон, дигар чизҳои диққатҷалбкунанда;
- шикорчи, ҳайвон ё изи онро дида аз қафояш то масофаи тиррас рафта, баъд онро мепарронад;
- бо сагони шикории дар ҷамъиятҳои шикорчиён ба қайд гирифташуда.
Шикор бо таъқибкуни инчунин намуди шикор мебошад, ки қисми шикорчиён ҳайвонҳоро ба тарафи тирандозон, ки дар камингоҳ пинҳон шудаанд, таъқиб мекунанд. Дар ин намуди шикор ба сифати таъқибкунандагон шахсони билети шикорчиги надошта роҳ дода намешаванд. Онҳоро ба рӯйхати иштирокчиён даровадан лозим ва аз чораҳои техникаи бехатари хабардор кардан зарур аст.
Шикори таъқибкуни фақат дар шароити мусоиди бинои мумкин аст.
Шикор аз нишастгоҳ - ин чунин усули шикор аст, ки шикорчи ҳайвонот ё паррандагонро дар ҳолатҳои табий, ё камингоҳҳои махсус то расидан ба масофаи тиррас интизор мешавад.
Шикор бо паррандагони диққатҷалбкунанда, хӯсаҳо, суробаҳо, ин чунин усулест, ки бо он шикорчи ҳайвонот ё паррандагонро то масофаи тиррас бо садои ягон ҳайвон, парранда ё ягон қурбонии онҳо, инчунин дигар чизҳои ҷолиб меоварад.
Шикори аз қафои ҳайвонот рафтан - ин усулест, ки шикорчи ҳайвон, ё изи онро дида аз қафояш боэҳтиёт рафта, аз масофаи тиррас онро мепарронад.
Шикор бо сагон - ин усулест, шикорчи барои ёфтани ҳайвонот ё паррандагон, расидан ё наздик шудан ба онҳо, сагонро истифода мебарад.
Шикор бо домҳо - ин усулест, ки дар сари роҳи ҳайвоноту паррандагон ё дар ҷойҳои зисти онҳо қапқону домҳо ва дигар асбобҳои шикори истифода мешаванд.
4.6. Шикор метавонад коллективона ё шахси бошад. Шикори коллективонаро аз рӯи иҷозатномаҳои умуми на камтар аз 3 шикорчи ва ба шикори шахси иҷозатномаи алоҳида дода мешавад.
4.7. Дар шикори коллективона пеш аз саршавии шикор роҳбари шикор таъин мешавад, ки у барои ташкили шикори қонуни ҷавобгар аст.
4.8. Дар шикори гурӯҳи шикорчиён аз якдигар бояд ба масофаи овози ҳамдигарро мешунида қариб бошанд, то байни ҳамдигар алоқа дошта бошанд. Uайри масофаи байни ҳайкунандагон ва тирпарронон дар усули шикор ҳайкуни.
4.9. Қапидани кабкҳо дар фасли баҳор бо истифодаи паррандагон ба мӯҳлати маҳдуд ва дар фасли соли шароиташ хуб иҷозат дода мешавад.
4.10. Дар тӯли сол дар хоҷагиҳои шикори қиркунии сагу гурбаҳои дайду, гургҳо, зоғҳои хокистарранг, аккаҳои думдароз ва майнаҳо бо усулҳои иҷозатдодашуда ва тартиби муайян мумкин аст.
Коркунони хоҷагиҳои шикори ва ҳифзи ҷангал дар сарҳадҳои хоҷагиҳои худ аз зарфи сол ин корро иҷро карда метавонанд.
4.11. Чунин корҳо манъ аст:
- шикори ҳамаи ҳайвоноти ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда;
а) шикор бе билети шикорчи ё билети шикории аз эътибор баромада ва бе қайди супоридани ҳаққи аъзоги, андозҳо, насупоридани санҷишҳо аз рӯи донишҳои минималии шикорчиги;
б) шикор бе иҷозатнома;
в) шикор дар мӯҳлатҳои манъшуда;
г) шикор дар ҷойҳои манъшуда;
д) шикор ба ҳайвону паррандагони ба шикор манъшуда;
е) шикор ба ҳайвону паррандагон бештар аз миқдори иҷозат додашуда;
ж) шикори ҳайвоноти ваҳши бо истифодаи авиация, бе рухсатномаҳои махсуси Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
з) истифодаи яроқу усулҳои ба ҳамагон хавфовар, шикор бо яроқу усулҳои манъшуда, аз болои автотранспорт, бо чароғакҳои автомашинаҳо (ғайри шикор бо гургон, сагону гурбаҳои дайду);
и) шикор бо вайрокнунии тартибу қоидаҳои минтақаҳои додашуда;
к) шикор берун аз ҷойҳои ҷудошуда;
л) қапидани ҳайвоноти ваҳши ва паррандагон, онҳоро дар ҳолати асири нигоҳ доштан ва фурӯхтан бе рухсатномаи махсуси Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
м) вайрон кардани ҷои зисти ҳайвоноти ваҳши, лонаи паррандагон, онҳоро бо об ё газ пур кардан (ғайри воқеаҳои несткунии маҷбури дар ҷойҳои пайдошавии оммавии зараррасонҳои хояндаҳои мушмонанди хоҷагиҳои ҷангалу қишлоқ);
н) шикор бо яроқи оташфишон, ки он дар шӯъбаҳои корҳои дохили ба қайд гирифта нашудаанд, ё мӯҳлати нигоҳдории онҳо гузаштааст ва ба каси дигар додани онҳо;
о) шикор дар ҳолати масти ё нашъаманди ва таксикомания;
Амалҳое, ки дар боло номбаркарда шудаанд ва дигар амалҳое, ки ба қоидаҳо ва меъёрҳои рафти шикор баробар намеоянд, вайронкунии қоидаҳои шикор (браконери) ҳисоб карда мешаванд.
4.12. Сагони зоти шикори, ки дар хоҷагиҳои шикори бе назорат ёфт шудаанд, қапида мешаванд ва оид ба ин кор ба ташкилотҳои ҷамъиятии вилоятии шикорчиён ва моҳигирони Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешаванд.
Соҳибони сагони шикори, ки онҳоро дар мӯҳлатҳои манъшуда ба шикорҷойҳои манъшуда роҳ додаанд, ҳамчун вайронкунандагони қоидаҳои шикор ҷавобгар мешаванд.
4.13. Шикор фақат бо сагони зотии омӯхташудаги иҷозат дода мешавад. Ҳамаи сагони зотии омӯхташуда бояд дар секцияҳои ҷамъияти сагон бо нишондоди зот, ҷинс, син, лақабашон ба қайд гирифта шаванд.
4.14. Омӯхтан, ёд додани таъқибкуни ва санҷишҳои майдони ва мусобиқаҳои сагони зоти шикори дар қитъаҳои махсуси заминҳои шикори дар мӯҳлатҳои зерин гузаронида мешаванд:
а) сагони зоти пайгир-лайка, аз рӯи паррандагон аз 1 март то 1 апрел ва аз 15 июл то 1 декабр;
б) омӯзиши сагон аз рӯи паррандагони диққатҷалбкунанда ва санҷиши онҳо дар пунктҳои махсуси таҷҳизонда шуда бо мавҷудияти лоиаҳои сунъи дар зарфи тамоми сол;
4.15. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шикори дӯстдорона ва шикори маҳсулоти дар мӯҳлатҳои зерин иҷозат дода мешаванд:
а) ба хуки ваҳши, бузи Осиёи Маркази, қашқалдоқ аз 1 сентябр то 31 декабр;
б) ба андатра (каламуши оби), савсор (кокум) аз 15 ноябр то 1 март;
в) ба харгӯшон аз 1 сентябр то 31 декабр;
г) ба рӯбоҳ аз 1 ноябр то 1 март;
д) ба суғури думдароз (сурх) дар минтақаи ВАБК аз 1 август то ба хобравии онҳо, дар дигар ҷойҳо аз 20 июл то ба хобравии онҳо;
е) ба кафтарон, мурғи ҳилол, кабкҳо, кабкони санги, мурғи ботлоқи ва дигар намояндагони олами ҳайвоноти оби ботлоқи, ки барои шикор аз 1 сентябр то 15 январ рухсат дода шудааст;
ж) ба паррандагони оби (мурғобиҳо, ғозҳо, қашқалдоқ) аз 1 октябр то 15 январ ба сабург аз 10 феврал то 30 сентябр;
з) ба юрмон аз вақти аз хоби зимистони баромадан то 1 июл.
4.16. Шикори ҳаваси ва маҳсулоти дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чор рӯз дар зарфи ҳафта, ғайри рӯзи сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе, ки рӯзҳои оромии ҳайвоноту паррандагон мебошанд, иҷозат дода мешавад.
4.17. Ба дӯстдорони шикор, шикори ҳайвоноти шикори ва паррандагон аз рӯи иҷозатномаҳо дар меъёри зерин иҷозат дода мешаванд:
а) ба хукони ваҳши, бузони Осиёи Маркази на бештар аз 2 cap дар як мавсим:
б) қашқалдоқ, суғурҳои дароздум (сурх) на бештар аз 3 cap дар мавсим;
в) кабкҳои ҷанги на бештар аз 5 дар як рафтан, 30-то дар мавсим;
г) бедона на бештар аз 10 дар як рафтан, 20-то дар мавсим;
д) мурғоби ва қашқалдоқ на зиёд аз 5 дар як рафтан 40-то дар мавсим;
ж) кабӯтарон на бештар аз 15 дар як рафтан, 60-то дар мавсим;
з) мурғони ботлоқи ва дигар намояндагони ҳайвоноти обу ботлоқ 5-то дар як рафтан, 30-то дар мавсим.
4.18. Шикорчиён, ки ба шикоргоҳ омадаанд, иҷозатномаҳо ва роҳхатҳои худро дар хоҷагиҳои шикорчи қайд мекунанд.
Қайди саршавии шикор ва шикори ҳайвонотро дар роҳхат ё иҷозатномаи шикорчигиро коркунони хоҷагии шикорчиён мекунанд ва дар сурати набудани ӯ ин корро худи шикорчи мекунад.
Шикорчиёни аз хоҷагии шикори бе қайдҳои лозимаи саршави ва ба охиррасии шикор омада, ҳамчун вайронкунандагони тартиби ташкилкуни ва гузаронидани шикор ҳисоб карда мешаванд.
5. Маҳсулоти шикор
5.1. Маҳсулоти шикор новобаста аз намуди сайд - гӯшт, дигар хӯроквори, пӯст, пат, муина, шохҳо (ғайри партофта ва бо косахонаи сар ёфта) дигар маҳсулоти дар натиҷаи шикори ҳайвонот ва паррандагон ба даст омада ҳисоб мешаванд.
5.2. Сайди паррандагон, гӯшт, дигар хӯроквори, ашёи хоми доруворию техники аз ҳайвонот, аз тарафи дӯстдорони шикор ба даст омада, аз тарафи онҳо мустақилона истифода бурда мешаванд, ё ба ташкилотҳои савдо фурӯхта мешаванд. Дандонҳо, косахонаи сар ва пӯсти дигар намуди ҳайвонҳои ваҳши, ки арзиши аз тарафи ҳамагон писандидаи ғанимати шикор ҳисоб мешаванд ва бо роҳи қонуни ба даст омадаанд, моликияти шахси шикорчи мебошанд.
5.3. Маҳсулоти шикори ғайриқонуни ҳисоб мешавад:
а) муина, пӯст, гӯшт ва дигар маҳсулоти хоҷагии шикори, ки бо роҳи ғайриқонуни ба даст омидааст, инчунин дар мӯҳлатҳои манъ ба шикор иҷозат дода нашудааст, инчунин дар ҷойҳое, ки дар иҷозатномаашон (роҳхаташон) ба ҳуқуқи шикор нишон дода нашудаанд;
б) маҳсулот, ғайри хояндагони зараррасони маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва намудҳои ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил кардашудаги, ки дар кадом замоне, ки аз тарафи шахсони билети шикорчиги роҳхат ва иҷозатнома надоштаги ба даст омадаанд;
в) муина, пӯст, гӯшт ва дигар маҳсулот, ки аз ҳайвоноти ваҳши ва паррандагон, ки шикори онҳо аз меъёри муайяншуда зиёдтар аст;
г) аз каси дигар харидашудаги ва ба мақсади савдо истифода бурдани онҳо.
5.4. Маҳсулоти шикори ғайриқонуни бояд мусодира карда шавад.
6. Ҳифзи захираҳои шикории давлатӣ
6.1. Ҳифзи фонди шикории давлати дар ҷойҳои вобасташуда аз тарафи Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукуматҳои иҷроияи маҳалли таъмин мешаванд.
Назорати соҳави аз болои рафти корҳои хоҷагии шикори дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи органҳои хоҷагии шикориро мебурдаги бурда мешавад.
Ба таъмин намудани назорати давлати аз рӯи риоя кардани қоидаҳои шикори инҳо ҳамкори мекунанд: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои онҳо дар маҳалҳо, Ҷамъияти ҳифзи табиати Тоҷикистон, инспекторони ҷамъияти.
6.2. Ба ташкилотҳое, ки ба рафти корҳои хоҷагиҳои шикори назорат мекунанд, чунин ҳуқуқҳо дода мешаванд:
а) тафтиш кардан, аз ташкилотҳои давлати, кооперативи, ҷамъияти ва дигар ташкилотҳо, корхонаҳо, идораҳо, инчунин шахсони ҳуқуқи ва алоҳида, гирифтани ҳуҷҷатҳои алоқаманд ба тайёркуни, фурӯши маҳсулоти шикори ва бурдани кори хоҷагии шикори;
б) гузаронидани тафтиши маҳсулот дар пунктҳои қабул, амборҳо, базаҳо ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҳсулот;
в) бе бозгашт кашида гирифтан ва аз рӯи актҳо ба ташкилотҳои маҳсулоттайёркунанда ва савдо барои фурӯш (бо тартиби қонуни) додани лавозимоти ғайриқонунии шикори;
г) тафтишоти риоя кардани қоидаҳои савдои лавозимоти ҷанги ва шикор, тартиби фурӯш, аз эътибор соқит кардан ва нархгузори ба яроқҳои шикори, додани билетҳои шикорчиён, ҷамъоварии андоз оид ба ҳуқуқ ба шикор, инчунин додани ҳуҷҷатҳои оид ба сагнигоҳдории шикори.
6.3. Шахсони мутассадии ҳукуматҳои шаҳри, ноҳияви, инспекторони ҳифзи табиат, коркунони идораи ҳифзи давлатии ҷангал, роҳбарон, роҳбарони шикор, назоратчиёни хоҷагии шикорчиён ва ҷамъияти шикорчиён, коркунони органҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инспекторони ҷамъияти ҳуқуқи тафтиш карани ҳуҷҷатҳои лозима, тартиб додани протокол оид ба вайрон кардани қоидаҳои шикор, нисбати шахсони дар заминҳои хоҷагии шикори бударо доранд.
6.4. Инспекторони штатии Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коркунони хоҷагии шикори, шикорчиён, ҷангалбонон, коркунони Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони мутассадии ҳифзи заминҳои шикори ҳангоми иҷрои вазифа дар хоҷагиҳои шикори, ҳангоми иҷрои вазифаи хизмати, дар сурати доштани шаҳодатномаи хизмати ва иҷозати органҳои корҳои дохили оид ба нигоҳ доштани яроқ ҳуқуқи бо яроқ (хизмати ё шахси) гаштанро доранд.
7. Ҷавобгари барои вайрон кардани шикор ва тартиби гардондани зарари он
7.1. Корхонаҳо, идораҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки барои вайронкунии қоидаҳо айбдоранд, аз рӯи қонун ҷавобгаранд, инчунин бо тартиби муайян зарари ба захираҳои давлатии шикори бо рафтори онҳо расондаро пас мегардонанд.
7.2. Зараре, ки ба фонди шикори бо сабаби шикори ғайриқонуни захмикуни, қапидан, несткуни ва нигоҳ доштан дар асири, вайронкунии лоиаҳо ва хонаҳои ҳайвоноту паррандагон расонда шудааст, аз тарафи корхонаҳо, идораҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон барои ҳар ҳайвон ё парранда новобаста аз син, ҳаҷм, вазн ва мувофиқати бо иловагиҳои 1 ва 2 бозпас гардонда мешавад.
ҚАЙД:
а) ташкилотҳо, иттиҳодияҳо, идораҳои КЯ (корхонаҳои якҷоя), КХ (корхонаҳои хурд), ки бо шикори ғайриқонуни, ё сайдкуни ба мақсади савдо ё дигар мақсадҳо машғуланд, маблағи зарарро 10 баробар зиёд аз нархнома додашудаги месупоранд.
б) барои ҳар лона, ғор, истиқоматгоҳи харобшуда ё вайроишуда нарх 3 карат зиёд мешавад;
в) барои маъюбкуни, ки он ҳайвонро ба марг нарасондааст, ба ҳар сараш то 50% нархи барои он намуди ҳайвон пешбинишуда таъин мешавад;
г) барои қасдан даккахӯрии воситаҳои транспорт бо объектҳои олами ҳайвонот, ки он сабабгори марги ҳайвон нашудааст, аз ронандаи он нархи ҳайвон мувофиқи нархномаи ҳайвони мазкур ситонда мешавад;
д) барои ҳар тухми нест карда шуда ё ғайриқонуни гирифташудагии парранда ё хазандаҳо ба андози 50% нархи он намуд гардонда мешавад;
е) барои ғайриқонуни гирифтан ё нест кардани тухмии амфибияҳо ба андозаи 100% нархномаи намуди он ситонда мешавад.
ж) барои шикори ғайриқонуни ё несткунии ҷинси занона, зарар бо ба ҳисоб гирифтани миқдори эмбрионҳо ҳамчун намуди ба балоғатрасидагии онҳо ҳисоб карда мешавад;
з) барои шикори ғайриқонуни ё несткунии ҳайвонот дар минтақаи мамнӯъгоҳҳои табий, давлати, борҳои миллии табий ба минтақаҳои ҳифзи онҳо зарар 3 карат зиёд ҳисоб карда мешавад, дар дигар минтақаҳои ҳифзи табий махсус ҳифз мешудаги зарар 2 баробар зиёд аз андози нарх барои ҳар намуди он ҳайвон таъин мешавад.
к) шаҳрвандони давлатҳои дигар зарарро ба андозаи 10 баробар зиёд аз нархномаи додашудаги мегардонанд;
л) дар сурати набудани имконият барои баргардондани объектҳои олами ҳайвоноти бо шикори ғайриқонуни ба даст омада ва маҳсулоти он, қисмҳои алоҳидаи онҳо, маблағи зарар бо нархномаҳои савдои озоди бозор таъин мешавад;
м) барои шикоркунии ҳайвонот аз рӯи иҷозатномаҳое, ки дар натиҷаи ахборотҳои қалбаки гирифта шуданд, ё аз рӯи иҷозатномаҳои ба дигар шахсон дода шудаги (ғайри шикори коллективи) зарар ба андозаи 3 карат зиёд аз нархи он намуди ҳайвон таъин мешавад;
н) барои шикори ғайриқонуни ё несткунии ҳайвоноте, ки ба ҷойҳои шикори ба мақсади мутобиқ шудан ба иқлими маҳал cap дода шудаанд, зарар ба маблағи 10 карат зиёд аз арзиши баланси, новобаста аз син, ҳаҷм, вазн ва ҷинси ҳайвон таъин шудааст.
7.3. Ба мақсади роҳ надодан ба вайронкунии қоидаҳои шикор муайян кардани шахсияти вайронкорон, тартиб додани протокол аз тарафи шахсони мутассади, ки назорати давлатиро аз рӯи риоя кардани қоидаҳои шикор таъмин мекунанд, онҳо ҳуқуқ доранд, ки воситаҳои транспорти ва молҳои шахсиро тафтиш кунанд, инчунин воситаҳои шикор, маҳсулоти ба дастомадаги, ҳуҷҷатҳои алоқаманд ва вайронкориро кашида гиранд.
7.4. Оид ба ҳар вайронкунии қоидаҳои шикор ва хариди ғайриқонуни, ҷои дигар бурдан, фурӯш ва аз нав коркардабарории маҳсулоти шикор протокол тартиб дода мешавад.
7.5. Дар вазъияте, ки муайян кардани аз тарафи кадоме аз иштирокчиёни шикори ғайриқонуни сайд шудани ҳайвоноти ваҳши ё паррандагон имкон надоранд, вайронкорони якҷоя дар шикор иштирок мекардаги, ҷавобгарии якхела мебаранд.
7.6. Дар сурати номумкинии бозгардондани маҳсулоти шикори ғайриқонуни, аз сабаби он ки бо мақсадҳои шахси истифода бурда шудааст, ё бо айби ӯ вайрон шудааст, вайронкор арзиши онро баробари нархҳои яклухти сайд аз рӯи нархномаҳо ба ашёи навъи олии пӯсту муина ва пат месупорад.
8. Маблағҳои захираи шикорӣ
8.1. Маблағҳои аз фурӯши иҷозатномаҳо ба шикори ҳайвоноти ваҳши ва паррандагон, маҳсулоти ғайриқонунии шикор ба даст омада, лавозимоти шикории мусодира карда шудаги, ҷаримаҳои пули ва товонҳои зарари ба фонди шикории Ҷумҳурии Тоҷикистон расондашуда, ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд ва мувофиқи сметаҳои пешниҳод кардан Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идтиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф карда мешаванд.
8.2. Барои паррондани гург ва дигар даррандагони ба хоҷагии халқ зараррасон ба шикорчиён дар сурати супоридани пӯсти онҳо ба органҳои хоҷагиҳои шикорчиги, ба андозаи 20 моҳонаи минимали ҳақ дода мешавад.
Мукофот аз тарафи Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ё органҳои он дар маҳалҳо аз ҳисоби фондҳои хоҷагиҳои ҷангал ва шикорчиги дода мешавад.
8.3. Шахсоне, ки вайрон кардани қоидаҳои шикорро муайян карданд, аз маблағҳои аз бозгардонидани зарари ба фонди давлатии шикор расондашудаги ва маблағҳои аз савдои маҳсулоту лавозимоти шикори ғайриқонуни ба даст омада, ба андозаи 50% маблағи ҷарима мукофот мегиранд.
Таъинкунӣ ва додани мукофот аз тарафи Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идтиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои ноҳиявӣ ва вилоятии ҳифзи табиат ва дигар истифодабарони давлатии шикор ҳар се моҳ гузаронида мешавад.