ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, №7, мод. 490; соли 2003, №12. мод.685) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми дуюми моддаи 2 баъд аз калимаҳои "мустақил буда." калимаҳои "аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали шуда." илова карда шаванд.
2. Дар қисми якуми моддаи 3 калимаҳои "ҳуқуқу озодиҳои шахс" ба калимаҳои "ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 11:
-дар қисмҳои якум ва дуюм рақами "60" ба рақами "65" иваз карда шуда, пас аз рақами "30" калимаи "сола" илова карда шавад;
-дар қисми сеюм рақами "60" ба рақами "65" иваз карда шуда, калимаҳои "суди ҳарби" хориҷ карда шаванд:
-дар қисми панҷум баъд аз калимаи "ноҳия" калимаҳои "суди ҳарби" илова карда шуда, рақами "60" ба рақами "65" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 13:
-дар қисми якум рақами "5" ба рақами "10" иваз карда шавад;
-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҳангоми дар давраи ваколаташ аз як суд ба суди дигари якхела, ё ба суди болои ё ба суди поёни таъин ё интихоб намудани судя мӯҳлати даҳсолаи ваколат аз рӯзи таъин ё интихоби нав ҳисоб карда мешавад".
5. Дар банди 11 қисми якуми моддаи 18 калимаҳои "шараф ва эътибори" ба калимаҳои "қадру номуси" иваз карда шаванд.
6. Қисми дуюми моддаи 19 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҳар судя бо хоҳиши худ сарфи назар аз синну сол ҳангоми на камтар аз бист сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиноси, аз он ҷумла на камтар аз даҳ сол собиқаи кории судяги доштан, судяи Суди конститутсиони бошад на камтар аз бист сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиноси доштан тибқи асосҳои дар бандҳои 1, 5, 6, 13 қисми якуми моддаи 18 Қонуни конститутсионии мазкур пешбини гардида, ҳуқуқ дорад ба истеъфо барояд.".
7. Моддаи 24 хориҷ карда шавад.
8. Дар қисми шашуми моддаи 26 калимаи "Маълумотнома" ба калимаи "Маълумот", калимаи "ҳуҷҷатҳо" ба калммаи "қарорҳо" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаи "маводҳо" илова карда шавад.
9. Сархати якуми қисми дуюми моддаи 27 хориҷ карда шавад.
10. Моддаи 47 хориҷ карда шавад.
11. Сархати сеюми қисми якуми моддаи 50 хориҷ карда шавад.
12. Сархати даҳуми қисми дуюми моддаи 59 хориҷ карда шавад.
13. Дар банди 2 қисми якуми моддаи 62 калимаҳои "Горди Президенти" ба калимаҳои "Гвардияи милли" иваз карда шаванд.
14. Дар қисми дуюми моддаи 95 баъд аз калимаҳои "Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "сохтор ва" илова карда шаванд.
15. Сархати дуюми қисми якуми моддаи 97 ба таври зайл ифода карда шавад:
"тибқи тартиби муқарраргардида оид ба таъсиси судҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудан, таклиф ирсол менамояд".
16. Моддаи 99 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раис-котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд".
17. Дар моддаи 100:
-ҷумлаи якуми қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҷаласаҳои Шӯрои адлия дар сурати зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ аз ҷониби Раиси Шӯрои адлия ё дар вақти набудани ӯ аз ҷониби муовини аввали раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд";
-ҷумлаи дуюми қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар вақти набудани Раис вазифаҳояшро муовини аввали раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад."
18. Сархати чоруми қисми якуми моддаи 102 хориҷ карда шавад.
19. Дар қисми дуюми моддаи 104 калимаҳои "муовини якум-котиби Шӯрои адлия, муовини ӯ" ба калимаҳои "муовини аввали раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раис-котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
20. Дар банди "в" қисми якуми моддаи 119 калимаҳои "шаъну эътибори" ба калимаҳои "қадру номуси" иваз карда шаванд.
21. Дар қисми якуми моддаи 125 баъд аз калимаҳои "унвони илми" калимаҳои "ва мукофотпули" илова карда шаванд.
22. Дар қисми дуюми моддаи 134 калимаи "маълумоти" ба калимаи "таҳсилоти" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
17 майи соли 2004 № 36