Низомномаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004, № 182

Санаи амалкуни: 03.06.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2004 № 182

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

Кумитаи давлатии идораи амволи давлатни Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъад Кумита) мақоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи ваколатҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, роҳбари ва татбиқи ҷараёни ғайридавлатикунони ва хусусигардонии моликияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, манфиатҳои давлатро ҳамчун молик ҳифз менамояд.

Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, инчунин ин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

II. Вазифаҳои асосӣ

Вазифаҳои асосии Кумита иборатанд аз:

- амали гардонидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ғайридавлатикунони ва хусусигардонии моликияти давлати бо мақсади ташаккули иқтисодиёти бисёрсоҳави ва ба шаклҳои дигар гузаштани амволи давлати;

- тахияи таъминоти методологии ҷараёни хусусигардони;

- роҳбари ба фаъолияти мақомоти минтақавии идораи амволи давлати;

- таъмини нигоҳдори ва истифодабарии самараноки моликияти давлати;

- татбиқи танзими давлатии фаъолияти баҳодиҳии моликияти давлати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини ҳифзи ҳуқуқи амвол ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯи ҳуқуқи амвол ва истифодабарии моликияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави давлатҳои дигар;

- ҷалб кардани сармоя ба воситаи иштироки доираи васеи сармоягузорони имконпазир дар ҷараёни хусусигардони;

- амали намудани сиёсати давлатии пешгирии нодории корхонаҳои давлати ва татбиқи қонунгузори оид ба муфлисшави.

III. Ваколатҳои Кумита

Барои ҷори намудани сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи хусусигардонии амволи давлати, муфлисшави ва пешгирии он, таъмини иҷрои вазифаҳои гузошташуда, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, Кумита ваколатҳои зеринро татбиқ мекунад:

- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқи, ҳуҷҷатҳои методи, ки масъалаҳои муносибатҳои амволии ҷараёни хусусигардони ва муфлисшавиро ба танзим медароранд, таҳия ва тасдиқ мекунад, таъмини назоратро оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳои номбаршуда, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ин санадҳо, корҳои фаҳмондадиҳию татбиқи онро таъмин менамояд;

- стратегия ва барномаҳои хусусигардонии моликияти давлати ва хусусигардонии корхонаю муассисаҳоро мутобиқи лоиҳаҳои инфироди, ки аз ҷиҳати иқтисоди барои Ҷумҳури муҳим ва аҳамияти стратеги доранд, таҳия менамояд;

- корҳои идоракунии самаранок ва ихтиёрдории амволи давлати, аз ҷумла оиди вобастакуни барои ҳуқуқи бурдани хоҷагидори ва додани ин амвол барои идоракунии оперативи, бо ризоияти Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, аз баланс ба баланс, ба иҷора, барои идоракунии ваколатдиҳанда додани ин амвол, ворид намудани он ба сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидориро амали менамояд;

- аз номи давлат ваколатҳои саҳмдор (иштирокчи)-ро дар ҷамъиятҳои саҳоми, ки дар он саҳми давлат мавҷуд мебошад, амали менамояд;

- корро оид ба назорати ҳолати истифодаи оқилона ва нигоҳдории моликияти давлати ташкил менамояд;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатиро дар бобати ихтиёрдории моликияти давлати ҷори менамояд;

- объектҳои моликияти давлатиро ба ҳисоб мегирад;

- динамикаи ҷараёни хусусигардони, рафти амали шудани барномаи хусусигардонии амволи давлатиро таҳлил мекунад ва дар бораи иҷрои он ба Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад;

- дар доираи салоҳияти худ дар таҳия ва амали гардонидани барномаҳои сармоягузори, муайян кардани шартҳои аҳдномаҳои имтиёзнок иштирок мекунад ва дар ин бобат инчунин манфиатҳои давлатро ҳамчун соҳибмулк дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаги менамояд;

- доир ба ҳифзи ҳуқуқҳои амволи ва истифодаи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа корҳоро амали менамояд;

- дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба оғоз намудани истеҳсолот оид ба корҳои муфлисшави манфиатҳои давлатро ҳамчун намоянда тарафдори мекунад;

- корҳои оид ба таҷдиди сохтор, азнавташкилкуни ва барҳамдиҳии корхонаҳоро ташкил мекунанд;

- ҳолати молияви-иқтисодии корхонаҳое, ки дар он ҳиссаи давлат мавҷуд мебошад, таҳлил мекунад;

- назорат ва чораҷӯиҳоро ҷиҳати сари вақт харидори намудани саҳмияҳо ва ба буҷет гузаронидани дивидендҳо ва дигар маблағҳои вобаста ба саҳмияҳо (дар сармояи оинномавии) ҷамъиятхои саҳомие, ки дар онҳо ҳиссаи давлат мавҷуд аст, амали менамояд;

- стратегия, сиёсат ва ҳамоҳангсозии корҳои ба роҳ мондан ва тараққи дидани, фаъолияти нархгузории амволи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили меъёри-ҳуқуқии фаъолияти нархгузории амволро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амали мегардонад;

- шафофи, ошкоро будани ҷараёни хусусигардониро таъмин мекунад:

- ҳифзи манфиатҳои давлатро дар бобати риояи қонуни будани истифодабарии амволи давлати, таъмини риояи қонунгузори дар шартномаҳо ва созишномаҳое, ки бо маблағгузорони хориҷи баста шудааст, амали менамояд;

- сиёсати давлатро дар бораи пешгирии муфлисшави, инчунин шартҳои татбиқи ҷараёни муфлисшавиро таъмин менамояд;

- бо фаъолиятин дигари ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, машғул мешавад;

- бо муассисаҳои илми, олимон ҷиҳати гузаронидани корҳои илми барои асоснок намудани тавсияҳое, ки дар хусусигардонии моликияти давлати заруранд, шартномаҳо мебандад;

- ширкатҳои машварати, аз ҷумла хориҷиро барои тайёр кардани лоиҳа ва барномаҳои хусусигардони ва сармоягузории бевосита, ҷалб менамояд;

- заминаи маълумотҳои дивиденд ва маълумотҳои харидории моликияти давлатиро ташаккул дода, қайди онҳоро мебарад ва аз болои дуруст ҳисобдори намудани маблағҳои дивиденди аз рӯи саҳмияҳои ба давлат мансуббудаи моликияти ҷумҳурияви, назорат мекунад;

- гирифтан ва ба буҷет гузаронидани маблағҳои бадастомада аз ҳисоби хусусигардонии амволи давлати ва дивидендҳоро мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузори таъмин мекунад;

- дар тайёр намудани мутахассисон барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҷараёни хусусигардони ва идоракунии моликияти давлати ва баланд бардоштани малакаи дониши онҳо иштирок менамояд.

Кумита идоракуни ва истифодаи самарабахши амволи давлатиро бо таври зайл таъмин мекунад:

- идоракунии моликияти давлати (ҳиссаи он) ба воситаи намояндаҳои худ дар кори шӯрои директорон ва раёсат, маҷлисҳои саҳмдорони ҷамъиятҳои саҳоми;

- ҳифзи манфиатҳои давлат ҳамчун соҳибмулк;

- ташаббус намудан дар оғози ҷараёни таҷдиди сохтор дар корхонаҳо, ки тамоми намудҳои фаъолияти онҳоро барои ҳарчи кам кардани харочот, барҳам додани намудҳои фаъолияти зараровар ва ташкил кардани механизми самараноки идоракуни дар бар мегирад;

- назорати ҳолати истифодабарии моликияти давлатие. ки ба иҷора дода шудааст;

- алоқаи дуҷонибаи Кумита бо ташкилотҳои байналмилали, ки ба рушди ҳамкориҳои тарафайн, омӯхтан ва истифодабарии амалии комёбиҳою таҷрибаи давлатҳои дигар дар соҳаи хусусигардони, идоракуни, ихтиёрдори, истифодабарии оқилона ва назоратро аз болои нигоҳдории объектҳои моликияти давлати.

IV. Ҳуқуқҳои Кумита

Вобаста ба иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошта Кумита ҳуқуқ дорад;

- дар бораи хусусигардонии объектҳое, ки моликияти ҷумҳурияви мебошанд, бо тартиби муқараршуда қарор қабул намояд;

- дар мавридҳои зарури барои давлат маҷмӯи саҳмияҳои назоратиро нигоҳ дорад ва андозаи онро дар ҳолати дигаргунсозии корхонаҳо муассисаҳои давлати ба ҷамъиятҳои саҳоми муайян намояд;

- ваколатҳои нигоҳ доштани ҳиссаи давлатро то супоридан ва ё фурӯши он ба шахсони сеюм ва ивази он ба саҳмияҳо ба амал барорад;

- тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми маблағҳои дивидендҳое, ки аз ҳисоби саҳмияҳои ба давлат мансуббуда ва иҷорапули ворид шудааст, барои гузаронидани корҳои ташкили-оммавии хусусигардони, аз ҷумла: пӯшонидани хароҷоти вобаста ба гузаронидани музоядаю тендерҳо, таҳлили фаъолияти корхонаҳои давлати ва хусусигардонидашуда, мустаҳкам намудани базаи модди-техники ва омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дигар, сарф намояд;

- бо тартиби муқарраршуда аз ҷониби давлат дар ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар онҳо ҳиссаи давлат мавҷуд аст, барои интихоб дар мақомоти роҳбарикунандаи ҷамъиятҳои саҳоми номзадҳоро пешбари, таъин ва озод кунад;

- дар бораи барҳамдиҳии ихтиёран ва ё азнавташкилкунии корхонаҳое, ки қарзҳоро дода наметавонанд, қарор қабул кунад;

- бо дархости корхонаҳои давлати барои ба низоми консерватсия гузаронидани амволи корхона қарор қабул кунад, моликияти давлатиро ба иҷора дода, истифодабарии самараноки онро зери назорат гирад;

- ҳангоми ҳабси амволи моликияти давлати аз ҷониби мақомоти суди ва андоз иштирок карда, нархгузори ва фурӯши онро ташкил кунад;

- дар ҳолати амали гардонидани муқаррароти нодории (муфлиси)-и корхонаҳое, ки қарзҳоро дода наметавонанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ин корхонаҳоро аз кор озод ва ба вазифа таъин кунад;

- аз ҷониби давлат муассисаи ширкатҳои хоҷагидори, ҷамъиятҳое бошад, ки дар рафти ҷараёни хусусигардони ташкил мешаванд ва дар ширкатҳои (ҷамъиятҳои) хоҷагидори, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат мавҷуд мебошад, ваколатҳои саҳмдорро (иштирокчиро) адо намояд;

- дар мавриидҳои зарури экспертҳо ва мутахассисон, аз ҷумла хориҷиёнро ҳамчун машваратчи барои дар амал ҷори шудани ҷараёни хусусигардони, сармоягузорон барои объектҳои мушаххас ва таҳияи ҳуҷҷатҳои нормативи ҷалб намояд;

- сохторҳои, консалтинги баҳодиҳи, ҳуқуқи ва ғайраро, ки ҳуқуқи иҷрои корҳои муайян ва хизматрасониро доранд, барои амали шудани ҷараёни хусусигардони ҷалб намояд;

- намояндаҳоро дар ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар онҳо саҳми давлат мавҷуд аст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идоракуни таъмин намояд;

- дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки масъалаҳои хусусигардонии моликияти давлати, нодории корхонаҳои муфлисшударо ба танзим медароранд, тасдиқ намояд;

- аз ҷониби давлат дар сохторҳои бозори, ки бо иштироки шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар асоси шаклҳои гуногуни моликият таъсис дода мешаванд, вакил бошад;

- барои таъсис, азнавташкилкуни ва барҳамдиҳии корхонаҳо чораҳо андешад, бо истиснои амалиётҳои ҳуқуқие, ки ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳои маъмури на комиссияҳои давлати мансубанд;

- ҷиҳати санҷиши истифодаи мақсаднок ва нигоҳдории амволи давлати, ки ба ихтиёри корхонаю ташкилотҳои давлати бо ҳуқуқи пурра вобаста карда шудааст, инспексияи назоратиро ташкил намояд;

- маблағҳои ташкилоту муассисаҳои байналмилали, грантҳои давлатҳои донорро барои амали шудани сиёсати давлат дар бахши хусусигардони ҷалб намояд.

V. Ташкили кори Кумита

Ба Кумита Раис сарвари мекунад. ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз вазифа озод карда шуда, фармонҳоро оид ба он Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Раиси Кумита се муовинон дорад, ки яке аз онҳо муовини аввал буда, бо пешниҳоди Раиси Кумита бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз кор озод карда мешаванд.

Муовинони Раис бевосита ба Раиси Кумита итоат мекунанд ва фаъолиятп Кумитаро дар доираи вазифаҳои аз ҷониби Раис ба онҳо гузошташуда ташкил менамоянд.

Раиси Кумита:

- ба фаъолияти Кумита роҳбари намуда, барои иҷрои вазифаҳое, ки дар назди Кумита гузошта шудааст, шахсан масъул мебошад;

- дар муносибатҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалии ҳукумати ва ғайриҳукумати Кумитаро намояндаги мекунад;

- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шартномаҳо ва созишномаҳои байниҳукумати, имзо мегузорад;

- роҳбарон ва кормандони Кумита ва тамоми сохторҳои онро ба кор таъин ва аз вазифа озод менамояд, барои ҳавасмандгардони ва додани ҷазои маъмури чораҳо меандешад. Дараҷаи масъулияти роҳбарони идора ва дигар сохторҳоро мувофиқи қонунгузори муқаррар мекунад;

- аз ҷониби Кумита ваколатнома медиҳад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амвол ва маблағҳои Кумитаро идора менамояд.

Дар мавридҳои набудани Раиси Кумита вазифаи Раисро муовини аввал иҷро мекунад.

Дар Кумита дар ҳайати Раиси Кумита (раиси ҳайати мушовара) муовинони ӯ (аз рӯи вазифа), роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита, инчунин ашхоси дигар ҳайати мушовара таъсис дода мешавад.

Аъзои ҳайати мушовараро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва аз иҷрои вазифа озод менамояд.

Дар маҷлисҳои мунтазам доиршаванда Ҳайати мушовара масъалаҳои асосии тараққиёти соҳа, ташкили кори оид ба такмили ҷараёни хусусигардонии моликияти давлати, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Кумитаро барраси менамояд, масъалаҳои роҳбарии амалии фаъолияти воҳидҳои сохтории худ ва мақомоти маҳаллии Кумитаро муҳокима менамояд, инчунин доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Кумита дар ҳолатҳои зарури гузориши роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо), вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва субъектҳои дигари хоҷагидориро мавриди муҳокима қарор медиҳад.

Қарорҳои Ҳайати мушовара бо фармони Раиси Кумита татбиқ карда мешаванд. Дар сурати ҷой доштани ихтилофот байни Раиси Кумита ва Ҳайати мушовара Раис дар хусуси ихтилофоти бамиёномада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, қарори худро татбиқ менамояд, аъзои Ҳайати мушовара бошанд, дар навбати худ ақидаашонро метавонанд ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонанд.

Санадҳои Кумита, ки аҳамияти умуми доранд, ба шакли фармон ва даструламал қабул карда мешаванд. Дастуруламалҳои Кумита, ки хислати умумиҳатми доранд, аз лаҳзаи бақайдгирии давлати дар Вазорати адлия, эътибор пайдо мекунанд. Фармонҳо ва дастуруламалҳоро Раис ва дар мавридҳои набудани вай муовини аввал имзо мекунад.

Фармоишҳоро Раиси Кумита, инчунин муовинони Раис, оид ба масъалаҳои ба ваколати онҳо дохилшаванда, имзо карда мставонанд.

Сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи марказии Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ба Раиси Кумита ҳуқуқ дода мешавад, ки дар доираи шумораи муқарраршуда ба сохтори Кумита тағйирот ворид намояд.

Ҷадвали штати ва сметаи хароҷотҳои дастгоҳи марказии Кумита, инчунин низомномаҳои воҳидҳои сохтори, мақомоти ҳудудии Кумитаро, Раиси Кумита тасдиқ менамояд,

Хароҷотҳои нигоҳ доштани дастгоҳи марказии Кумита аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви, пардохти комиссиони аз фурӯши амволи давлати, як қисми маблағи иҷорапулии амвол ва дивидендҳо пардохта мешаванд.

Кумита шахси ҳуқуқи буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистии, номи худ бо забонҳои давлати ва рӯси мебошад, дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб дорад.

Пардохти музди меҳнати кормандони Кумита мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2004 № 182

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати идораи моликияти давлати

Раёсати хусусигардони ва иттилоотию таҳлили

Раёсати кор бо ҷамъиятҳои саҳоми, тайёр кардани фармоишоти музоядави ва тендори

Раёсати муфлисшави ва барҳамдиҳии муассисаҳо

Раёсати реструктуризатсияи монополияҳои табии ва корхонаҳои махсусан калон

Раёсати ташхис

Раёсати молияви-хоҷаги

Шӯьбаи ҳуқуқ

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Шӯбаи умуми

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2004 № 182

тасдиқ шудааст

Нақшаи идораи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нозироти истифодаи амволи давлати

Раёсати нархгузори

Корхона оид ба ташкили фурӯши амволи давлати

Раёсати Кумитаи идораи амволи давлати дар вилояти Хатлон

Раёсати Кумитаи идораи амволи давлати дар вилояти Суғд

Намояндаги дар ВМКБ