Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004, № 197 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2002 № 155"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2002 № 155

Бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои самаранок истифода бурдани қувваи барқ дар доираи нақшаи тадбирҳо оид ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2002 № 155 "Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ" сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Аз 1 июни соли 2003 ба тарифҳои қувваи барқ коэффитсиентҳои мавсимӣ барои аҳолӣ, ташкилотҳои буҷетӣ, насосҳо ва стансияҳои обкашии обёрии мошинӣ, қубури оби кишоварзӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон ба тартиби зерин муқаррар карда шавад: дар мавсими тобистон (майсентябр) - 0,5 дар мавсими зимистон (октябр - апрел) - 1,0"

2. Агентии давлатии сиёсати знддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нархномаи № 09-01-2003 "Тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ" тағйироти дахлдор ворид намоянд.

3. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобу китоби қувваи барқи истифодашударо аз 1 июни соли 2003 бо назардошти коэффитсиентҳои муқаррарнамудаи қарори мазкур гузаронад.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003 № 307 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2002 № 155" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 30 апрели соли 2004 № 197

ш. Душанбе