Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тартиби таъин ва пардохти нафақаю кӯмакпулиҳо ба кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо
Мувофиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо" ва бо мақсади муайян намудани тартиби таъин ва пардохти нафақаю кӯмакпулиҳо ба кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. То пурра ба маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ гузаронидани Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва пардохти нафақаю кӯмакпулиҳо ба кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милиса" анҷом дода шавад.
2. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кормандоне, ки аз вазорату идораҳои онҳо ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузашта, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти нафақа ҳуқуқ доранд, барои таъини нафақа ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди саривақтии маълумоти заруриро таъмин намоянд.
3. Маоши хизматии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба нафақа баромадан ба маошҳои хизматии дахлдори кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар ҳисоб карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 апрели соли 2004 № 188
ш. Душанбе