Қарори ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004, № 190 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486 ва додани биноҳои маъмурӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486 ва додани биноҳои маъмурӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз замимаи 1 Номгӯи корхонаҳои миёна ва калон, ки дар музоядаҳо бо усули англисӣ хусусӣ гардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486 "Дар бораи нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои хурду калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2007" тасдиқ шудааст, банди 22 хориҷ карда шавад.

2. Бинои маъмурии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Бадахшонагросервис" бо анборҳояш, воқеъ дар шаҳри Хоруғ, барои ҷойгир намудани Идораи гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ташкили терминали гумрукӣ аз баланси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланси Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

3. Бинои маъмурии Идораи гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ дар шаҳри Хоруғ, кӯчаи Рӯдакӣ, 1 аз баланси Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 30 апрели соли 2004 № 190

ш. Душанбе