Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 ноябри соли 1996 № 611
Низомномаи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Низомномаи мазкур тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон шудан ва қатъ гаштани шаҳрвандиро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд Қонун) муайян менамояд.
I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
1. Аризаю дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ аз тарафи ашхоси қобили амал дода мешаванд.
2. Барасмиятдарории шаҳрвандшавӣ ва қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли истиқомати аризадиҳанда шурӯъ мешавад;
барои ашхосе, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд,-дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-мақомоти корҳои дохилӣ);
барои ашхосе, ки хориҷ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд, дар намояндагиҳои дахлдори дипломатӣ ё консулхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-консулхонаҳо) шурӯъ мешавад.
3. Дар масъалаи ашхосе, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаи меҳнати, барои таҳсил ё бо дигар мақсадҳо омадаанд, мақомоти корҳои дохили маводро оид ба масъалаҳои шаҳрванди баъди бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун ҳал шудани масъалаи ҷои зисти онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба расмият медароранд.
4. Масъалаҳои аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷи додани паноҳгоҳи сиёсӣ дар Низомномаи алоҳида ҳал карда мешавад.
5. Муроҷиати такрори дар масъалаи шаҳрванди танҳо баъди аз байн бурдани (рафъ кардани) асосе, ки ба баррасии масъалаи мазкур монеъ шуда буданд, қабул карда мешавад.
6. Дар ҳолатҳое, ки шаҳрванди ё қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби бақайдгирӣ (яъне бо тартиби оддӣ) ба расмият дароварда мешавад, ариза навишта мешавад. Дар сурати ба тартиби бақайдгири баробар наомадани ҳолатҳо дархост ба расмият дароварда мешавад.
Ариза ё дархост аз рӯзи аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод шудани тамоми асноди зарури ва дуруст ба расмият даровардашуда, ки дар Қонун ва ҳамин Низомнома пешбини гардидаанд, қабулшуда ҳисоб меёбад.
Аризаю дархостҳо, ҳамчунин санадҳое, ки ба онҳо замима мегарданд, бояд мутобиқи моддаҳои 44 ва 45-уми Қонун ба расмият дароварда шаванд.
Намунаҳои аризаву дархостҳоро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
II. БАРРАСИИ МАВОД ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ШАҲРВАНДӢ
7. Аризаҳо дар хусуси тағйири шаҳрванди мувофиқи тартиби бақайдгири ва санадҳои ба онҳо замимашуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои дохили, раёсату мудириятҳои корҳои дохилии ВМБК, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дар хориҷи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби консулхонаҳо барраси мешаванд. Ин мақомот дар масъалаи қабули қарор доир ба аризаҳо комилҳуқуқанд.
Дар ҳолатҳои истиснои, вақте ки шахси бо тартиби бақайдгири ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шудан ҳақдошта наметавонад шахсан дар махалли зисташ дар бораи қабул ба шаҳрванди ариза диҳад, Комиссияи оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Комиссия) ҳақ дорад ба мақомоти мутасаддии корҳои шаҳрванди дар хусуси барасмиятдарории шаҳрвандии шахси мазкур дар маҳалли зисти муваққатии ӯ супориш диҳад.
8. Дархости ашхосе, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд ва дигар асноди зарури якҷоя бо хулосаи мақомоти ҳудудии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти корҳои дохили дар маҳалҳо аз тарафи раёсату мудириятҳои корҳои дохилии ВМБК, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд ва ин вазорат ҳамаи санадҳоро бо хулосаи худ ба Комиссия ва Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хулосаи худро бевосита ба Комиссия пешниҳод мекунад, мефиристад.
Дархостҳои ашхосе, ки дар хориҷи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд, якҷоя бо санадҳои зарури ва хулосаи консулхонаҳо ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд ва ин вазорат онҳоро якҷоя бо хулосаи худ ба Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи худро бароварда, ҳамаи материалҳоро ба Комиссия мефиристад.
9. Мӯҳлати баррасии аризаю дархостҳо аз тарафи мақомоти корҳои дохили дар маҳалҳо ва мақомоти ҳудудии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, консулхонаҳо ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар яке аз ин мақомот набояд аз як моҳ зиёд бошад.
10. Ҳангоми пешниҳоди аризаю дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрванди, ба ғайр аз ҳолатҳои эътирофи он ва ҳолатҳои дар қисми дуюми моддаи 25 Қонун пешбинишуда, боҷи давлати ситонида мешавад, ки андозаи онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
III. ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ АСНОД ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шаҳрванд шудан дар натиҷаи эътирофи шаҳрвандӣ
11. Барои ашхосе, ки дар рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доими сукунат доранд ва дорои шиносномаи шаҳрвандии ИҶШС мебошанд, ҷиҳати барасмиятдарории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди ариза зарур нест.
Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон санади тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
То хатм шудани ивази шиносномаҳои намунаи кӯҳна (шиносномаи шаҳрванди ИҶШС) бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 1996 № 414 ҷори шудааст (мӯҳлати иваз то 1 сентябри соли 2001), санадҳои зайл низ тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд:
шиносномаи шаҳрванди ИҶШС бо зикри шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи таваллуд;
гувоҳномаи шахси (билети ҳарби)-и хизматчии ҳарби бо зикри шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тартиби додани санадҳое, ки гувоҳи ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштан мебошанд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шаҳрвандшави аз рӯи таваллуд
12. Волидайне, ки шаҳрвандии гуногун доранд, ҳангоми интихоби шаҳрвандии кӯдак то яксола шудани ӯ ба мақомоти корҳои дохили ё консулхонаи маҳалли зист нусхаи шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ва ризояти хатти дар бораи интихоби шаҳрвандии ӯро пешниҳод мекунанд.
Тағйири шаҳрвандии фарзандони то 18-сола, ки яке аз волидайни онҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигараш шаҳрвандии дигар дорад, мувофиқи аризаи волидайн дар асоси банди "а" моддаи 21 ё банди ,б, қисми аввали моддаи 28-уми Қонун амали шуда метавонад.
Тағйири шаҳрвандии фарзандони то 18-сола, ки таҳти васоят ё capпарасти қарор доранд, дар сурати фавти волидайн тибқи дархости васиён ё сарпарастон анҷом дода мешавад.
Қабул кардани шаҳрванди аз рӯи тартиби бақайдгири
13. Ашхосе, ки қоидаҳои моддаи 21-уми Қонун нисбати онҳо татбиқ мешаванд, ҳангоми қабули шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти корҳои дохили ё консулхонаи маҳалли зист вобаста ба шароити ҳар як ҳолати мушаххас санадҳои зайлро пешниҳод мекунанд.
ариза;
нусхаи шаҳодатномаи таваллуд;
санад ё баёноти дуруст ба расмият даровардашудаи шоҳид, ки аз ҷиҳати хешии бевосита ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштани ҳамсар ё хешу таборро тасдиқ мекунанд;
санаде, ки дар гузашта ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштани волидайнро тасдиқ мекунад.
Дар сурати мавҷуд будани фарзандони ноболиғи вобаста ба ҳолатҳое, ки дар Қонун пешбини шудаанд, ҳамчунин санадҳои зайл пешниҳод карда мешаванд:
нусхаи шаҳодатномаҳои никоҳ, таваллуди фарзандон, нусхаи қарори суд дар бораи маҳрум намудан аз ҳуқуқи падарию модари;
ризояти хаттии ашхоси ба тағйири шаҳрвандии фарзандони манфиатдор, аз ҷумла ризояти фарзандони аз 14 то 18-сола.
Шаҳрвандшави дар натиҷаи қабул кардан ба шаҳрванди
14. Шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бешаҳрванди ба мақомоти корҳои дохили ё консулхонаҳои маҳалли зист асноди зайлро пешниҳод мекунанд:
дархост ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
санад дар бораи мӯҳлати зист дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин мӯҳлатро Қонун муқаррар кардааст;
дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳое, ки барои ихтисори мӯҳлати зисти муқаррарнамудаи Қонун то ҳадди бекор кардани талаби зисти доими дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳад, - асноде, ки далелҳои дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 23-и Қонун зикршударо тасдиқ мекунанд;
тасдиқнома аз маҳалли зист оид ба ҳайати оила;
акс.
Ҳангоми мавҷуд будани кӯдакони ноболиғ, вобаста аз ҳолатҳое, ки Қонун пешбини намудааст, ҳамчунин инҳо пешниҳод карда мешаванд:
нусхаи шаҳодатномаҳои никоҳ, таваллуди кӯдакон, нусхаи қарори суд дар бораи маҳрум намудан аз ҳуқуқи падарию модари;
ризояти хаттии ашхоси ба тағйир додани шаҳрвандии кӯдак манфиатдор, аз ҷумла ризояти бачагони аз 14 то 18-сола.
15. Ашхосе, ки шиносномаи шаҳрвандии ИҶШС-ро дошта, ба таври доими берун аз ҳудуди собиқ ИҶШС истиқомат менамоянд ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқи моддаи 23 Қонун дар натиҷаи қабул кардан ба шаҳрванди ба даст меоранд.
Шаҳрвандшави дар натиҷаи барқарор кардани шаҳрванди
16. Ашхосе, ки ба онҳо қоидаҳои банди "а" ва "б"-и қисми якуми моддаи 25-уми Қонун татбиқ мешаванд, дар маҳалли зисти худ асноди зайлро пешниҳод мекунанд:
ариза;
нусхаи шаҳодатномаҳои таваллуд, фарзандхонди, таъини васоят ё сарпарасти;
асноде, ки ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштани аризадиҳанда ва волидайни ӯро дар гузашта тасдиқ менамоянд.
Дар сурати мавҷуд будани фарзандони ноболиг вобаста аз ҳолатҳое, ки дар Қонун пешбини шудааст, ҳамчунин санадҳои зайл пешниҳод карда мешаванд;

17. Шаҳрвандони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне шаҳрвандони собиқ ИҶШС, ки бевосита пеш аз рафтан ба маҳалли доимии зист берун аз ҳудуди собиқ ИҶШС дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то мавриди амал қарор гирифтани Қонун сукунат доранд ва мутобиқи қисми дуюми моддаи 25-уми Қонун ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқароршуда ҳисобида мешаванд, ба мақомоти корҳои дохили ва ё консулхонаи маҳалли зист ҷиҳати гирифтани шиноснома санадҳои зайлро пешниҳод мекунанд:
ариза бо баёни ҳолатҳои ба аризадиҳанда маълум, ки боиси аз шаҳрванди маҳрум шудан ё аз даст додани шаҳрванди гардидаанд;
санаде, ки зисти доимиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита пеш аз рафтан аз ҳудуди собиқ ИҶШС тасдиқ мекунад, нусхаи тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд дар қаламрави ҷумҳури.
Дар сурати зарурат дар хусуси бе майлу хоҳиши аризадиҳандагон аз шаҳрванди маҳрум намудан ё аз даст додани шаҳрвандии онҳо маълумотро аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост кардан мумкин аст.
18. Ашхосе, ки ба онҳо қисмҳои якум ва дуюми моддаи 25-уми Қонун татбиқ намешаванд, ба мақомоти корҳои дохили ё консулхонаҳо асноди зайлро пешниҳод мекунанд:

асноде, ки ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштани аризадиҳандаро тасдиқ мекунанд.
IV. ТАРТИБИ БА РАСМИЯТДАРОРИИ АСНОД ДАР МАСЪАЛАИ ҚАТЪИ ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хориҷ шудан аз шаҳрванди аз рӯи дархост
19. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд, ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли иқомат санадҳои зайлро пешниҳод мекунанд:

акс;
нусхаи шаҳодатномаҳои таваллуд ва никоҳи аризадиҳанда;
баённомаи шахси дар бораи мавҷуд набудани ӯҳдадориҳои иҷронашудаи амволи дар назди ашхоси воқеи ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
маълумотнома оид ба ҳайати оила аз ҷои истиқомат.
Шаҳрвандони синни даъват ба хизмати ҳарби, ки аз чиҳати аз шаҳрванди баромадан дархост медиҳанд, аз комиссариати ҳарби дар бораи ин ки ба онҳо барои даъват ба хизмати мӯҳлатноки ҳарби даъватнома фиристода нашудааст, тасдиқнома пешниҳод мекунанд.
Агар аризадиҳанда дар айни замон дар хусуси аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани бачагони ноболиғ дархост диҳад, дар ин сурат вобаста аз ҳолатҳои пешбининамудаи Қонун ҳуҷҷатҳои зайл пешниҳод карда мешаванд:
нусхаи шаҳодатномаҳои таваллуд, таъини васоят ё сарпарасти, нусхаи қарори суд дар бораи маҳрум намудан аз ҳуқуқи падарию модари;
ризояти хаттии тарафҳо барои қатъ кардани шаҳрвандии кӯдак ё нигоҳдории он, агар яке аз волидайн ё васиён ба сифати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон монад;
ризояти хаттии бачагони аз 14 то 18-сола барои тағйир додани шаҳрванди.
Хориҷ шудан аз шаҳрванди аз рӯи тартиби бақайдгири
20. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави он сукунат доранд, ба мақомоти корҳои дохили санадҳои зайлро пешниҳод мекунанд:
ариза;
асноде, ки ба шаҳрвандии дигар тааллуқ доштани ҳамсари аризадиҳанда ё яке аз волидайни ӯ ва ё кӯдакони ӯро тасдиқ мекунанд;
нусхаи шаҳодатномаҳои таваллуд ва никоҳ;
баённомаи шахси дар бораи мавҷуд набудани ӯҳдадориҳои иҷронашудаи амволи дар назди ашхоси воқеи ва ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шаҳрвандони синни даъват ба хизмати ҳарбӣ, ки ҷиҳати хориҷ шудан аз шаҳрванди ариза додаанд, ҳамчунин дар бораи ин ки ба онҳо барои даъват ба хизмати ҳарби даъватнома фиристода нашудааст, тасдиқнома пешниҳод мекунанд.
21. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд, ба консулхонаи маҳалли зист санадҳои зайлро пешниҳод мекунанд:

баённомаи шахси дар бораи мавҷуд набудани ӯҳдадориҳои иҷронашудаи амволи дар назди ашхоси воқеи ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
акс.
Агар аризадиҳанда хоҳишманди он бошад, ки ҳамзамон бо худаш фарзандони ноболиғаш аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шаванд, дар ин сурат вобаста аз ҳолатҳои пешбининамудаи Қонун ҳуҷҷатҳои зайл пешниҳод карда мешаванд:
нусхаи шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандон, таъини васоят ё сарпарасти, нусхаи қарори суд дар бораи маҳрум намудан аз ҳуқуқи падарию модари;
ризояти хаттии тарафҳо барои қатъи шаҳрвандии кӯдак, агар яке аз волидайн ё васиён ба сифати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон монад;

22. Аризаҳо дар бораи аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ шудани ашхосе, ки барои зисти муваққати аз ҳудуди Тоҷикистон рафтаанд, баъди аз рӯи тартиби муқарраршуда ҳал гардидани масъалаи берун аз ҳудуди Тоҷикистон муқими мондани онҳо дар консулхонаҳо ё баъди бозгаштани онҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти корҳои дохили ҷиҳати барраси қабул карда мешаванд.
V. БЕКОР КАРДАНИ ҚАРОРИ ҚАБУЛ НАМУДАН БА ШАҲРВАНДӢ
Дар сурати муқаррар гардидани факти дар асоси маълумоти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбаки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овардани шахс, ки бо қарори суд тасдиқ шудааст, мудирияти корҳои дохили дар маҳалҳо ё консулхона хулоса бароварда, он якҷоя бо мавод дар бораи ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани шахси мазкур мутобиқан ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъд ба Комиссия фиристода мешавад.
VI. БА РАСМИЯТДАРОРИИ МАВОД ДАР БОРАИ ТААЛЛУҚ ДОШТАН БА ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
23. Ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштани ашхосеро, ки дар қаламрави Тоҷикистон сукунат доранд, мақомоти корҳои дохили ва ашхосеро, ки дар хориҷи ҳудуди Тоҷикистон зиндаги доранд, консулхонаҳо аз рӯи аризаҳои ин ашхос ё бо ташаббуси мақомоти давлати дар ҳолатҳое, ки мансубияти онҳо ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шубҳа қарор мегирад, муайян менамояд.
Ҳамзамон бо тафтиш ва муқаррар намудани шаҳрвандии волидайн шаҳрвандии фарзандони ноболиғи онҳо низ тафтиш ва муқаррар карда мешавад.
24. Аз рӯи натиҷаҳои муайянкунии тааллуқ доштан ба шаҳрванди мақомоти корҳои дохили ва консулхонаҳо хулосаи далелнок бароварда, онро ба маълумоти ашхоси манфиатдор ва ё мақомоти давлатие мерасонанд, ки бо ташаббуси онҳо шаҳрванди тафтиш карда шудааст.
VII. ТАРТИБИ ИҶРОИ ФАРМОНҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ШАҲРВАНДӢ
25. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз гирифтани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳрванди дар бораи онҳо дар муддати як ҳафта мақомотеро, ки чунин дархостҳоро пешниҳод кардаанд, барои иҷрои минбаъда хабардор месозанд.
Оид ба қарорҳое, ки аз рӯи дархостҳо қабул шудаанд, баъд аз гирифтани маълумоти дахлдор дар муддати ду ҳафта ба аризадиҳандагон хабар дода мешавад.
26. Доир ба иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳрванди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссия барои ҳар нимсола маълумот медиҳанд. Рӯйхати ашхосеро, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шудан ё қатъ шудани ин шаҳрвандиашон ба қайд гирифта шудааст, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар се моҳ ба Комиссия пешниҳод мекунанд.