Низомнома дар бораи Комиссияи имтиҳонию тахассусии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2000, № 312

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Фармони Президенти ҶТ аз 9.06.2016 № 698 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 июни соли 2000 № 312

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи Комиссияи имтиҳонию тахассусии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади васеъ намудапи асосҳои домократи дар кори хоста гирифтан ва ҷобаҷогузории судяҳо, таъмини пешбарии номзадҳои арзанда ба судягии суди болои, муайян намудани сатҳи омодагии касбии судяҳо, баррасии масъалаҳои ҷавобгарии интизомии судяҳо, инчунин тақвияти кафолати дахлнопазирии судяҳо ва дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Комиссияи имтиҳонию тахассусии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Ин Низомнома тартиби интихоб ва ташкили фаъолияти Комиссияи имтиҳонию тахассусии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Комиссияи имтиҳонию тахассуси) муайян менамояд.

ТАРТИБИ ТАШКИЛИ КОМИССИЯИ ИМТИҲОНИЮ ТАХАССУСӢ

1. Шумораи аъзои Комиссиян имтиҳонию тахассуси 9 нафар муайян карда мешавад. ҳайати Комиссияи имтиҳонию тухассусиро Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ба ҳайати Комиссяи имтиҳонию тахассуси як нафари аз ҷумлаи судяҳои судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳои Ленинобод, Хатлон, судҳоя шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳури, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, як нафар аз ҷумлаи мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқи, як нафар аз дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, як нафар аз факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ки унвони илмии ҳуқуқи доранд, дохил мешаванд.

Номзадии судяҳо ва корманди дастгоҳи Шӯрои адлияро ба аъзогии Комиссияи имтиҳонию тахассуси Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Номзадии мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳуқуқиро Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олими дорои унвони илми хуқуқро аз факултаи ҳуқуқ Ректори Доништоҳи давлатии миллии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

2.Комиссияи имтиҳонию тахассуси ба мӯҳлати ваколати судяҳо таъин мегардад. Раис ва муовини Раиси Комиссияи имтиҳонию тахассуси дар маҷлиси якуми комиссия аз тарафи аъзоёни он бо роҳи овоздиҳии кушода ё пинҳони бо аксарияти овозҳо интихоб карда мешаванд. Яке аз онҳо набоид мансаби судягиро ишғол намояд.

3.Тасдиқи аъзои Комиссияи имтиҳонию тахасуси ба ҷои узви хориҷшуда мувофиқи тартиби пешбиникардаи бандҳои 1-2-и ҳамин Низомнома ба амал бароварда мешавад.

4. Аз болои санадҳои Комиссияи имтиҳонию тахассуси ба суд шикоят кардан мумкин аст.

ВАКОЛАТИ КОМИССИЯИ ИМТИҲОНИЮ ТАХАССУСӢ ВА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ИМТИҲОН

5. Комнссияи имтиҳонию тахассуси:

-бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имтҳони номзади бори аввал ба судяги пешбаришавандаро мегузаронанд ва тайёрии онро ба кори судяги бо роҳи барокардаии хулоса баҳо медиҳад;

-бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии номзадҳои ба кори судяги ба мӯҳлати нави ваколат пешбаришавандаро баҳо медиҳад;

-бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба имконияти пешбари намудани номзадҳо ба судягии суди болои - суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилояти. суди шаҳри Душанбе хулоса медиҳад;

- оид ба додани дараҷаҳои тахассуси ба раисон, муовинони онҳо, судяҳои судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, раисон ва муовинони онҳо, судяҳои суди ҳарбии гарнизонҳо, раисон ва муовинони онҳо, судяҳои судҳои шаҳри ва ноҳияви, раисон ва муовинони онҳо, судяҳои судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе хулоса медиҳад;

- санҷиши тахассус ии судяҳоро мегузаронад;

- масъалаи ҷавобгарии интизомии судяҳоро барраси менамояд.

6. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти олии ҳуқуқшиноси, таҷрибаи кории амали дорад ва ба синну соли муайянкардаи моддаи 3-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" расидааст, ҳуқуқи супоридани имтиҳони тахассусиро ба вазифаи судяги дорад.

Қабули ҳуҷҷатҳо бо мақсади гирифтани иҷозат ба супоридани имтиҳони тахассуси 10 рӯз пеш аз оғози гузаронидани имтиҳон ба итмом мерасад.

7. Шахсони хоҳишманди супоридани имтиҳони тахассуси бо ариза ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин номгӯи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод менамоянд:

1. Ариза оид ба иҷозати супоронидани имтиҳони тахассуси;

2. Диплом оид ба маълумоти олии ҳуқуқшиносии муассисаҳои олии таълимоти;

3. Тарҷумаи ҳол;

4. Варақаи шахси оид ба ҳисоби кадр ва малумотномаи воқеи;

5. Тавсифнома аз ҷои кори охир;

6. 4 дона сурати ҳаҷми 3Х4;

7. Тавсифномаи касбии дахлдор (на камтар аз 3);

8. Хулосаи тибби оид ба ҳолати саломати.

Дар сурати ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқат накардани маълумотҳои пешниҳодшудаи номзад ба вазифаи судяги ӯ ба имтиҳон роҳ дода намешавад.

8. На камтар аз 5 рӯз то оғози имтиҳон рӯйхати шахсоне, ки хоҳиши супоридапи имтмҳони тахассуси доранд, аз тарафи Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи пешниҳоди шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, аз натиҷааш онҳо огоҳ карда мешавапд. Дар сурати зарурат Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, оид ба қабул ва тайёр намудани ҳуҷҷатҳои номзадҳо ба вазафаи судяги комиссия ташкил намояд.

Комиссияи имтиҳонию тахассуси санҷиши омодагии номзадҳо ба мӯҳлати нави судяги, ба судягии суди болоиро бо роҳи гузаронидани имтиҳон, ки дар банди 9-и ҳамин Низомнома нишон дода шудааст, баҳо дода, хулоса медиҳад.

Имтиҳони тахассусии номзадҳо ба мансаби судяги аз рӯи зарурат бо қарори Шӯроя адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

9. Бо қарори Шӯрои адлия шаклҳои имтиҳони тахассуси муайян карда мешаванд. Барномаи имтиҳони барои гузаронидани як имтиҳони хатти, даҳони ё имтиҳон-тести аз рӯи соҳаҳои қонунгузораи зерин пешбини мешавад:

- конститутсионӣ;

- ҷиноӣ;

- мурофиаи ҷиноӣ;

- гражданӣ;

- мурофиаи гражданӣ;

- меҳнат;

- маъмурӣ;

- оила;

- манзил;

- мурофиаи хоҷагӣ;

- санадҳои байналахалқию ҳуқуқӣ дар бораи ҳуқуқи инсон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст.

10. Комиссияи имтиҳонию тахассуси қарор аз натиҷаи маълумшудаи имтиҳони тахассуси вобаста ба дараҷаи дониши касби дар шакли хулоса қабул мекунад.

Хулоса бояд қабулшуда ё инкоршуда бароварда шавад. Тартиби қабули қарор мувофиқи бандҳои 23-25 Низомномаи мазкур муайян карда мешавад.

Имтиҳони даҳонӣ ё хаттӣ аз рӯи билетҳои имтиҳонӣ ё тести гузаронида мешавад.

11. Пеш аз оғози имтиҳон ба имтиҳоншаванда варақаҳои имтиҳони бо нишонаҳои Шӯрои адлия тақсим карда мешаванд. Истифодаи варақаҳои дигар шакл бе нишинаи Шӯрои адлия манъ аст.

12. То оғози имтиҳон яке аз аъзоҳои Комиссияи имтиҳонию тахассуси вазифадор аст, ба имтиҳоншавандаҳо оид ба тартиби гузаронидани имтиҳон дастур диҳад.

13. Шахси бояи аввал имтиҳони тахассусиро супорида, ба захираи кадр ба мансаби судяги дохил карда мешавад.

14. Натиҷаи имтиҳони тахассуси дар мӯҳлати 1 сол эътибор дорад.

ТАШКИЛ ВА ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ ИМТИҲОНИЮ ТАХАССУСӢ

15. Пешниҳод дигар маводҳои ба Комиссияи имтиҳонию тахасусси дохилшуда ва ба салоҳияти он тааллуқ буда, бояд дар муҳлати то 30 рӯз аз рӯзи дохилшавии онҳо ба истиснои муҳлати бо сабабҳои узрнок иштирок надоштани судҳо, ки нисбати ӯ масъала ҳал мешавад, барраси ёбанд. Дар сурати гузаронидани тафтиши иловаги муҳлати дида баромадани маводҳо метавонад на зиёдтар аз 15 рӯз дароз карда шавад. Бо пешниҳоди Раиси Комиссияи имтиҳонию тахассуси ва бо розигии роҳбарияти дахлдор дар гузаронидани тафтиш кормандони Шӯрои адлия ва судҳо иштирок карда метавонанд.

16. Тайёрии маҷлисро Раиси Комиссияи имтиҳонию тахассуси ё муовини вай ба амал бароварда, вақт ва ҷои гузаронидани маҷлис, ҳайати шахсони даъватшудаи маҷлисро муайян менамояд.

Шахсони даъватшуда бояд оид ба вақт ва ҷои маҷлис, на дертар аз 7 рӯз хабар дода шаванд.

Дар ҳолати ҳузур надоштани Раиси Комиссияи имтиҳонию тахассуси ваколатҳои вайро муовини ӯ, ё яке аз аъзои Комиссияи имтиҳонию тахссуси, ки дар ин маҷлис Комиссияи имтиҳонию тахассуси ваколат кардааст, иҷро менамояд.

17. Маҷлиси Комиссияи имтиҳонию тахассуси он вақт ваколатдор мебошанад, ки агар дар он на камтар аз нисфи аъзоёни ҳайаташ иштирок намоянд. Судяе, ки нисбати ӯ масъалаи гузаронидани санҷиш ё ҷавобгарии интизоми ҳал карда мешавад, бояд дар муҳлати 7 рӯз пеш аз маҷлис бо ҳамаи маводҳои ҷамъовардашуда, шинос карда шуда, метавонад эътироз ва шикоят пешниҳод намояд.

Ҳангоми бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани судя, кн сари вақт оид ба маҷлис хабардор шудааст, Комиссиям имтиҳонию тахассуси масъаларо моҳиятан барраси менамояд ва ё ба маҷлиси оянда мавқуф мегузорад.

Ҳангоми такроран ҳозир нашудани судя Комиссияи имтиҳонию тахассуси ҳуқуқ дорад, дар ғоибии судя қарор барорад.

18. Тартиби баррасии масъалаҳое, ки ба Маҷлиси комиссия пешниҳод шудаанд, аз тарафи раискунанда бо ризоияти дигар аъзои Комиссияи имтиҳонию тахассуси муайян карда мешавад.

19. Раискунанда кушодашавии маҷлисро эълон намуда, ҳайати Комиссияи имтиҳонию тахассусиро хонда медиҳад. Судяе, ки нисбати вай парванда ё пешниҳод барраси карда мешавад, то оғози баррасии он метавонад нисбати аъзои Комиссиян имтиҳонию тахассуси радномаи асоснок баён кунад. Қарори комиссия оид ба қонеъ ё рад кардани эътироз дар ғоибии узви радшавандаи комиссии қабул карда мешавад.

20. Баррасии пешиниҳод ё парванда аз гузориши Раис ва ё яке аз аъзои Комиссияи имтиҳонию тахассуси оғоз мегардад.

Шунидани баёнотп судя, ки дар маҷлиси комиссия иштирок менамояд, ҳатми мебошад. Ҳангоми дида баромадани масъалаҳо дар маҷлиси комиссия шахсони даъватшуда гӯш карда, ҳуҷҷатҳо ва маводҳои зарури тасдиқ карда мешаванд.

Ҳангоми баррасии парвандаи интизоми нисбати судя дар рафти маҷлис, судяе, ки ба ҷавобгарии интизоми кашида мешавад, ҳақ дорад ва ҳар вақт дархост пешниҳод намояд ва баёноти иловаги диҳад. Бо салоҳдида комиссия мумкин ахбороти дигар ашхоси чи бо ташаббуси судя ва чи бо ташаббуси Комиссияи имтиҳонию тахассуси таклифшуда шунида шавад, ҳуҷҷатҳо хонда, дигар маводҳо ки ба кори баррасишаванда ва ё пешниҳод дахл доранд, таҳқиқ карда шаванд.

21. Дар хулоса оид ба пешбарии номзадҳо ба судяги, ё ин ки ба вазифаи судя, ба судии суди болои, дар бораи додани дараҷаи тахассуси, дар бораи қатъ намудани ваколати судя, ё ин ки озод намудани судя бояд унвони комиссия, ҳайати он, ҷой ва вақти баррасии пешниҳод насаб, ном, номи падар ва мансаби шахсе, ки нисбати хулоса дода мешавад, маълумотҳое, ки шахсияти ӯро нишон медиҳанд шахси мансабдоре, ки ба комиссия барои хулоса муроҷиат кардааст, асоснок будани хулоса нишон дода шаванд.

Дар қарордод оид ба кори интизоми бояд инҳо нишон дода шаванд: унвони комиссия, ҳайати он ҷой ва вақти баррасии парванда: насаб ном, номи падар ва мансаби судяе, ки ба ҷавобгарии интизоми кашида мешавад; мансаб ва фамилияи шахсе, ки тафтишоти интизомиро оғоз намудааст; ҳолати кор; баёноти судя ва маълумотҳое, ки шахсияти ӯро нишон медиҳанд; далелнокии қарори қабулшуда бо нишон додани исботҳояш; чораи ҷазои интизоми ва ё сабабҳои қатъ намудани тафтишоти интизоми.

22. Аз рӯи масъалаҳои дар комиссия дидашаванда, раиси Шӯрои адлия ё бо супориши у шахси мансабдори Шӯрои адлия дорад, хулосаи худро пешниҳод намояд.

23. Комиссияи имтиҳонию тахассуси бо аксарияти овози аъзои дар ҷаласа иштироккунандаи комиссия хулоса медиҳад ва ё қарор қабул мекунад. Хулоса ва қарор дар хонаи машварат бароварда мешавад.

24. Хулоса ё қарори Комиссияи имтиҳонию тахассуси ба шакли хатти баён шуда, аз тарафи раискунанда ва ҳамаи аъзоёни комиссия, ки дар овоздиҳи иштирок намудаанд, имзо карда мешавад.

Дар ҳолати норзиии аъзои комиссия бо хулоса ва ё қарор вай онро имзо мекунад ва нуқтаи назари худро дар шакли хатти изҳор менамояд. Фикри махсус ба парванда замима мсгардад. Хулоса ва қарори комиссия дар маҷлиси Комиссияи имтиҳонию тахассуси хонда мешавад.

25. Комиссияи имтиҳонию тахассуси ҳуқуқ дорад, ки хулоса ё қарори худро дар ҳолатҳои нав ошкоршуда, бекор кунад, ё тағйир диҳад.

26. Дар Маҷлиси Комиссияи имтиҳонию тахассуси яке аз узви комиссия протокол менависад, ки дар он ҳамаи ҳолатҳои муҳими дар рафти маҷлис ҷойдошта нишон дода мешавад.

Протокол аз тарафи раискунанда ва шахсе, ки онро тартиб додааст, имзо карда мешавад.

27. Таҳияи протоколи маҷлис, коргузори ва иҷрои дигар вазифаҳо дар Комиссияи имтиҳонию тахассуси аз тарафи Раиси Комиссияи имтиҳонию тахассуси ба ӯҳдаи яке аз узви комиссия бо навбат гузошта мешавад.

28. Иқтибос аз хулоса ё қарор, инчунин нусхаи қарор ба шахсони манфиатдор дар муддати3 рӯз баъди эълон шуданаш, фиристонида мешавад.

29. Судяҳо ва дигар ашхосе, ки ба ҳайати Комиссияи имтиҳонию тахассуси дохил мешаванд, дар давраи тайёр кардани масъалаҳо ва иштирок намудан дар маҷлисҳои комиссия аз иҷрои вазифаҳои хизматиашон бо нигоҳ доштани музди меҳнат озод карда мешаванд.

30. Таъминоти ташкилӣ ва моддию техникии фаъолияти Комиссияи имтиҳонию тахассусӣ ба зиммаи дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.