×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 № 29 "Дар бораи тендер"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 279 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТЕНДЕР

Қонуни мазкур принсипҳои иқтисоди, ҳуқуқи ва ташкилии тайёр кардан ва гузаронидани тендерро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур иборат аст аз:

а) таъмини истифодаи самаранок ва лозимии маблағи шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба хариди мол, иҷрои кору хизматрасони равона шудаанд:

б) иҷрои дурусти вазифаҳо ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иҷтимои ва иқтисоди;

в) мусоидат намудан ба иштироки ҳамаҷониба ва равнақу ривоҷи рақобат миёни молрасонҳо (пудратчиён)-и ҳам ватани ва ҳам хориҷи дар ҷараёни гузаронидани тендер.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асоси

Мафҳумҳои асосие, ки дар қонуни мазкур истифода бурда мешаванд:

тендер - озмуне (конкурсе) мебошад, ки дар байни довталабон барои иҷрои муассир ва самараноки кору хизматрасони ва ё таҳвили намуди муайяни мол бо мақсади интихоби яке (ё якчанд) аз онҳо ва барояш (барояшон) супоридани иҷрои ин кор ё хизматрасони гузаронида мешавад;

кор - ҳар гуна кори вобаста ба лоиҳакаши, сохтмон, азнавсози, кӯчондан, таъмир ё таҷдиди биноҳо, иморатҳо ва иншоот, аз ҷумла тайёр намудани майдончаи сохтмон, кофта баровардани хок, сохтан, васл кардан ва ба кор омода намудани дастгоҳҳо, корҳои пардоздиҳи, инчунин хизматрасониҳои иловагии сохтмони, монанди пармакуни, корҳои геодези, аксбардории кайҳони, тадқиқоти сейсмологи ва дигар хизматрасониҳое, ки тибқи шартнома дар бораи харид пешниҳод мешаванд;

мол - маҳсули меҳнат дар шаклу тасвирҳои мухталиф, аз ҷумла ашёи хом, маснуот, дастгоҳҳо ва мавод дар шакли сахт, моеъ, дар ҳолати газшакл, қувваи барқ, инчунин хизматрасониҳои иловаги дар таҳвили мол;

хизматрасони - натиҷаи фаъолияти зеҳни ва корҳое, ки ба дигаргуншавии хусусияти объектҳои модди вобаста намебошанд;

гузаронандаи тендер - шахси ҳуқуқие, ки тендерро тайёр, эълон менамояду мегузаронад ва аз рӯи натиҷаи он аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз номи худ ӯҳдадориҳои муайянро ба ҷо меоварад ё худ дар асоси шартнома ҳамаи онро ба ягон иҷрокунанда месупорад (ба ғайр аз иҷро тавассути қабули ӯҳдадори аз рӯи натоиҷи тендер);

довталаб - шахси воқеи ва ҳуқуқи, ки барои иштирок дар тендер дар асоси шартҳои тендер пешниҳоди дахлдор намудааст ва дар ин соҳа қобилияти зарури дорад;

пардохти ҳаққи иштирок - пуле, ки шахсони воқеи ва ҳуқуқи ба гузаронандаи тендер барои гирифтани мақоми довталаб пардохт менамоянд;

таъминоти пешниҳод - ӯҳдадории иловаги оиди тағйир надодани пешниҳоди эълоншуда, ки довталаб дар назди ташкилоти гузаронандаи тендер ба худ мегирад;

таснифи аввалия - рӯйхати довталабони қобилиятноки дар тендер иштироккунандае, ки ба иҷрои оқилонаи кору хизматрасони ва таҳвили моли марбути тендер қобилият доранд;

тендери кушод - тендере, ки тавассути васоити ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он эълон карда мешавад ва имконияти иштироки аксарияти довталабони қобилиятнокро ба предмети он таъмин мегардонад;

тендери пӯшида - тендере, ки дар байни шумораи маҳдуди довталабони қобилиятнок аз ҷониби гузаронандаи тендер пешаки муайян карда шудааст;

пакети шартҳои асоси - ҳуҷҷат ё маҷмӯи ҳуҷҷатҳоест, ки тавсифоти техникиву иқтисодии предмети тендер, инчунин шароити гузаронидани тендерро, ки гузаронандаи тендер зарур шуморидааст, инъикос менамояд;

комиссияи тендери - сохтори муваққатие, ки он таснифоти аввалияи довталабонро тайёр мекунад, муқоиса, таҳлил менамояд ва пешниҳодоти ба тендер воридшударо баҳо медиҳад ва ғолиби тендерро муайян менамояд;

шартномаи хотимави - ҳуҷҷати хаттиест, ки байни гузаронандаи тендер ва ғолиби (ғолибони) тендер тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуда, ҳуқуқ, вазифаву ӯҳдадориҳои тарафайнро, ки бо иҷрои предмети тендер вобастаанд, муайян (танзим) менамояд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тендер

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тендер ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилали, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Ҳуқуқ барои гузаронидани тендер

Тендерро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мақомоти дахлдори давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда, инчунин дигар мақомоти давлати ва ташкилотҳо бо супориши мақомоти ҳокимияти иҷроияи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда гузаронад.

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фондҳое, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, корхонаҳои давлати, ширкатҳои хусуси ва омехта, бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои хориҷи ва корхонаҳои муштараки бо иштироки сармояи хориҷи ташкилёфта, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аз номи худашон тендер гузронида метавонанд.

Моддаи 5. Тендери харидори барои эҳтиёҷоти давлати

Тендер оиди хариди мол ва кору хизматрасони барои эҳтиёҷоти давлати аз тарафи мақоми ваколатдоршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурин Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Эҳтиёҷоти давлати талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мол ва кору хизматрасониҳоест, ки барон иҷрои вазифаҳои ҳаётан муҳим, мудофиа ва бехатарии мамлакат, амали гардонидани барномаҳои мақсадноки давлати ва байналмилалие заруранд, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин иштирок менамояд;

- ташкил ва нигаҳдории захираҳои моддии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нигаҳдории дараҷаи зарурии қобилияти мудофиави ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар амал татбиқ намудани барномаҳои мақсадноки давлати.

Эҳтиёҷоти давлати, аз он ҷумла номгӯи барномаҳои мақсадноки давлати ва ҳаҷми маблағгузории онҳо аз буҷети давлати, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлати" барои давраи банақшагири пешбини мегардад.

Моддаи 6. Тендер оиди кору хизматрасони ва таҳвили моле, ки аз ҳисоби манбаъҳои хориҷи маблағгузори мешавад

Тендерро оиди кору хизматрасони ва таҳвили молхое, ки ба воситаи созишномаҳо ва шартномаҳои байналмилали ё аз ҳисоби гирифтани қарзҳои хориҷи маблағгузори мешаванд, дар асоси шартҳои созишномаҳо ва шартномаҳои мазкур мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия мегузаронанд.

Моддаи 7. Предмети тендер

Ҳар намуди кор, хизматрасони ва таҳвили мол предмети тендер шуда метавонад.

Қоидаҳои гузаронидани тендер барои кору хизматрасонии ҷудогона ва таҳвили моле, ки предмети тендер мебошанд, дар асоси тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Предмети тендер танҳо амволе, ки моликияти гузаронандаи тендер мебошад ё кору хизматрасони ва таҳвили моле шуда метавонад, ки гузаронандаи тендер ба онҳо ҳуқуқи ихтиёрдори дорад.

Кору хизматрасони ва таҳвили моле, ки дар натиҷаи тендер ба даст омадааст, чун қоида, бори дуюм предмети тендер буда наметавонад.

Моддаи 8. Кору хизматрасони ва таҳвили моле, ки ба тендер гузошта мешаванд

Ҳадди ақали арзиши тахминии кору хизматрасони ва таҳвили моле, ки ҳатман ба тендер гузошта шуда, онҳоро мақомоти дахлдори ҳокимияти давлати, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ҳиссаи маблағҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фонди таъсисиашон (оинномавиашон) беш аз 25 фоиз буда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, бо нишон додани ҳамин ҳад ба ҳар як предмети алоҳидаи тендери таъиноти истеҳсолию техники ва таъиноти ғайриистеҳсоли якҷоя бо инвеститсияҳою нақлиёт муқаррар карда мешавад.

Агар арзиши тахминии кору хизматрасониҳо ва таҳвили молҳо аз ҳадди дар боло муқарраргардида кам бошад, масъалаи гузаронидан ё нагузаронидани тендер мувофиқи хоҳиши гузаронандаи тендер ҳал карда мешавад.

Шартномаҳои бевосита танҳо бо фармоиши мақомоти ваколатдоршуда бе гузаронидани тендер баста мешаванд.

Моддаи 9. Иштирок дар тендер

Ҳар як шахси воқеи ва ҳуқуқие, ки резидент ё ғайрирезидент мебошад, ё иттиҳодияи шахсони воқеи ё ҳуқуқие, ки шахси ҳуқуқии навро ташкил намедиҳанд, метавонанд дар тендер ба сифати довталаб бо риояи шартҳои муқарраркардаи ҳамин қонун иштирок намоянд.

Дар тендер шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки худро ғайриқобили пардохти маблағ эълон кардаанд ё аз ҷониби суд муфлис дониста шудаанд, шахсони ҳуқуқие, ки иштирокашон дар гузаронидани тендер аз ҷониби суд барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иштирок дар гузаронидани ягон тендери пештар манъ карда шудааст, ширкат карда наметавонанд.

Иштироки шахсони ҳуқуқии ғайрирезидент дар тендерҳое, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти дахлдори ҳокимияти давлати баргузор мегарданд, инчунин иштироки шахсони ҳуқуқие, ки ҳиссаи маблағҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фонди таъсисиашон (оинномавиашон) бештар аз 25 фоиз аст, метавонанд факат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳое, ки манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо мекунад, манъ карда шаванд.

Агар пешниҳоди тендерии довталаби хориҷи бо пешниҳоди довталаби Ҷумҳурии Тоҷикистон якхела бошад, бартарият ба ҷониби довталаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

БОБИ 2. ОМОДАСОЗИИ ТЕНДЕР

Моддаи 10. Марҳалаҳои омодасозии тендер

Баъди аз ҷониби гузаронандаи тендер қабул шудани қарори дахлдори гузаронидани тендер, корҳои зайли омодасози ба ҷо оварда мешаванд:

а) ташкили комиссияи тендери;

б) омодасозии пакети шартҳои асоси;

в) интихоби шакли тендер;

г) эълони тендер ё даъват ба тендери пӯшида.

Моддаи 11. Созмондиҳии комиссияи тендери

Мақоми ваколатдор якҷоя бо ташкилотҳои манфиатдор комиссияи тендериро ташкил менамояд. Комиссияи тендери вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

а) таснифи пешакии довталабонро мегузаронад, таҳия ва нашри санадҳои тендери ва пешниҳодҳоро оид ба тағйир додани ин санадҳо пешкаш менамояд, довталабонро бо санадҳои тендери шинос карда, онҳоро шарҳ медиҳад;

б) таклифу дархостҳои тендерии пешниҳодгардидаро ҷамъ оварда, саришта менамояд ва баҳо медиҳад;

в) ғолибонро муайян менамояд ва ё дар асоси натиҷаи расмиёти гузаронидани тендер қарори дигар қабул мекунад;

г) дар воситаҳои ахбори умум ҳисоботи натиҷаи тендерро нашр менамояд.

Ба ҳайати комиссияи тендери на камтар аз панҷ нафар дохил мешавад.

Ҳайати комиссияи тендери (бо нишон додани раиси комиссияи тендери) аз ҷониби роҳбари мақом ё корхонаи гузаронандаи тендер, дар мавриди набудани он аз ҷониби шахси иҷрокунандаи вазифаи ӯ тасдиқ карда мешавад.

Раиси комиссияи тендери аз ҷумлаи кормандони масъули мақоми (корхонаи) гузаронандаи тендер (ғайр аз роҳбарикунанда), ки ба предмети тендер алоқаманд мебошад, интихоб мешавад.

Ҳайати комиссияи тендери аз мутахассисони масъули мақоми ваколатдор, экспертҳо аз ҷумлаи мутахассисони дигар мақомот бо салоҳдиди мақоми ваколатдор ташкил карда мешавад.

Ҳангоми гузаронидани тендер аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мақомоти дахлдори ҳокимияти давлати, корхонаҳои давлати, шахсони ҳуқуқи, ки беш аз 25 фоизи фонди таъсисиашон (оинномавиашон) маблағи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, дар мавридҳое, ки қимати тахминии предмети тендер 100 ҳазор маоши ҳадди ақал ва дар ташкилотҳои аз буҷет маблағгузоришаванда - 30 ҳазор маоши ҳадди ақалро ташкил медиҳад, ё худ бо арзиши ҳар навъи асъори хориҷии баробар ба ин маблағ, ба ҳайати комиссияи тендери бо ваколатномаи мақоми ваколатдоршуда намояндагони ин мақом дохил карда мешаванд.

Комиссияи тендери метавонад ба кори худ экспертҳои ихтисосашон гуногунро, ки дар қабули қарор оиди натиҷаи тендер ҳуқуқи овоз додан надоранд, ҷалб намояд.

Ҳайати экспертҳои ба кори комиссияи тендери ҷалбшаванда то оғози маросими тендер махфи нигоҳдошта мешавад.

Моддаи 12. Пакети шартҳои асоси

Пакети шартҳои асоси аз рӯзи қабули қарор оид ба гузаронидани тендер тайёр карда мешавад. Ба пакети шартҳои асосии тендер дохил мешаванд:

а) маълумотҳое, ки дар эълони тендер дар назар дошта шудаанд;

б) ҳамаи тавсифоти техникии кору хизматрасони ва таҳвили моле, ки предмети тендер мебошанд (бо замимаи нақшаҳо, маводи хоса ва мушаххас, дар тендерҳое, ки бо амволи ғайриманқул вобаста аст, инчунин харитаҳо, нақшаҳо ва мавод оиди ҳолати амвол);

в) варақаи нархномаи аввалия, ки таркиби арзиши тахмини ва шарти тағйири нархҳоро инъикос мекунад;

г) иттилоот оиди намудҳо ва андозаи таъминоте, ки довталаб ба гузаронандаи тендер ва гузаронандаи тендер ба довталаб пешниҳод мекунад, инчунин шартҳои дастраскунии ин таъминот;

д) тартиб ва шарти супоридан ва қабул намудани кору хизматрасони ва таҳвили моле, ки предмети тендер мебошанд;

е) тартиб ва шарти пардохти ҳаққи кору хизматрасони ва таҳвили мол, ки предмети тендер мебошанд;

ж) феҳрист ва шаклҳои маълумотҳое, ки бояд аз тарафи худи довталабон барои муайян кардани имкониятҳои моддию техники ва молиявию иқтисодиашон пешниҳод шаванд;

з) тартиби пардохти андозу боҷҳое, ки ба иҷрои кору хизматрасониҳо ё таҳвили моле, ки ба предмети тендер вобаста мебошанд, бо ишора ба пардохткунандаҳои онҳо;

и) ҳолатҳое, ки вобаста ба онҳо мӯҳлати оғозу анҷоми кор, ки предмети тендер мебошад (агар он пешбини шуда бошад) дароз карда шаванд ва шартҳои дарозкуни;

к) тартиб ва шартҳои суғуртаи кору хизматрасони ва таҳвили моле, ки предмети тендер мебошанд;

л) тартиби ҳалли баҳсҳое, ки байни гузаронандаи тендер ва ғолиби тендер ба миён меоянд;

м) дигар ҳуҷҷатҳо бо ихтиёри гузаронандаи тендер.

Гузаронандаи тендер бо салоҳдиди худ метавонад аз рӯи баъзеи ин параметрҳо ба довталаб бартарияти иловаги дода, аз ин хусус ҳангоми эълони тендер ё фиристодани даъватнома пешаки хабар диҳад.

Моддаи 13. Шаклҳои гузаронидани тендер

Тендер одатан бо пешниҳоди комиссияи тендери ва қарори гузаронандаи тендер дар шакли кушод ё пӯшида гузаронида мешавад.

Тендери кушод аз рӯи ҳамаи намудҳои кору хизматрасони ё бо расонидани молҳо, ҳамзамон бо эълони баргузории он дар воситаҳои ахбори умум гузаронида мешавад.

Тендери пӯшида, одатан дар мавридҳои зерин гузаронида мешавад:

а) агар рӯйхати довталабони қобилиятнок ба предмети тендер маҳдуд ва муайян бошад;

б) агар предмети тендер ба мудофиа ва амнияти мамлакат вобаста бошад - аз рӯи феҳристе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;

в) агар барои гузаронидани тендер маблағи мақсаднок ҷудо шуда бошад.

Моддаи 14. Эълони тендери кушода

Хабари эълони тендери кушода дар матбуот на камтар аз ду бор нашр мешавад:

- бори аввал на дертар аз 30 рӯзи бонки то рӯзи гузаронидани маросими баргузории тендер;

- бори дуввум бошад, на дертар аз 20 рӯзи бонки то рӯзи баргузории тендер. Дар мавриде, ки ба тендер иштироки довталабони хориҷи пешбини гардидааст, эълони тендер дар мӯҳлатҳои мазкур дар матбуоти электронии хориҷи нашр карда мешавад. Дар ахбори эълони тендер ҳолатҳои зерин нишон дода мешаванд:

а) рӯзи оғози тендер, вақт ва ҷои гузаронидани он;

б) маълумот дар бораи гузаронандаи тендер;

в) маълумот оиди предмети тендер (номи кор, мазмуни он, ҳаҷм, ҷои иҷрояш, рӯзи оғозу анҷоми кор, параметрҳое, ки мувофиқи онҳо имтиёз дода мешавад ва ғайра);

г) андозаи пардохти ҳаққи иштирок ва суратҳисоби пардохти он;

д) имтиёзҳо оиди андоз ва боҷҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд;

е) андоза, шарт ва тартиби пардохти мукофот барои пеш аз мӯҳлат анҷом додани кору хизматрасони ва таҳвили мол (агар чунин мукофот пешбини шуда бошад);

ж) номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки довталаб бояд пешниҳод намояд;

з) вақт, суроғаи ба даст овардани ахбори иловаги ва ҳуҷҷати иловаги оиди тендер ва шахсе, ки онҳоро пешниҳод мекунад;

и) шартҳое, ки ба таъминоти пешниҳоди тендер дахл доранд.

Гузаронандаи тендери кушод баробари чопи эълони гузаронидани тендер метавонад ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи чи дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи берун аз он, мувофиқи салоҳдидаш ҷиҳати иштирок дар тендер даъватномаи шахси фиристад. Дар даъватнома тамоми маълумоте, ки дар эълони тендер оварда шудаанд, нишон дода мешавад.

Баъди нашри эълони тендер гузаронандаи тендер ҳақ надорад шарти тендер ва рӯзи гузаронидани маросими тендерро тағйир диҳад. Агар баъди нашри эълони тендер гузаронандаи тендер бо ҳолатҳои ба ӯ новобаста (ҳолатҳои форс - мажори) маҷбур гардад, ки шарти тендер ва рӯзи гузаронидани онро тағйир диҳад, эълони тендер бекор карда мешавад. Дар ин маврид дар нашрияе, ки эълони тендерро нашр намудааст, ахбори дахлдори сабаби тағйир додани он чоп мешавад, ба шахсони ҳуқуқии дорандаи даъватнома бо ҳамин мазмун хабар дода мешавад, баъди он доир ба ин кор тендери нав эълон мегардад.

Моддаи 15. Даъват ба тендери пӯшида

Ба рӯйхати даъватшудагон ба тендери пӯшида дар асоси таснифоти комиссияи тендери ҳамаи довталабони қобилиятнок ба предмети тендер дохил карда мешаванд.

Дар даъватнома ба тендери пӯшида маълумотҳои дар қисми сеюми моддаи 13 қонуни мазкур номбаршуда зикр карда мешаванд.

Гузаронандаи тендер ҳақ надорад шартҳо ва рӯзи гузаронидани тендерро баъди фиристодани даъватнома тағйир диҳад, ба ҷуз ҳолатҳои ба ӯ новобаста (форс - мажор).

Моддаи 16. Арзиши тахминии предмети тендер

Арзиши тахминии предмети тендер аз ҷониби гузаронандаи тендер тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар мавриди зарури гузаронандаи тендер барои баҳодиҳи ба арзиши аввалияи предмети тендер чун эксперти шахси ҳар гуна шахсони воқеи ва ҳуқуқиро ҷалб карда метавонад.

БОБИ 3. ӯҲДАДОРИҲОИ ДОВТАЛАБОН ДАР ДАВРАИ ТАЙЁРИ БА ТЕНДЕР

Моддаи 17. Ҳуҷҷатҳое, ки довталаб ба тендер пешниҳод мекунад

Шахсоне, ки хоҳиши дар тендер ба сифати довталаб иштирок намуданро доранд, ба гузаронандаи тендер ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

а) дархост ҷиҳати иштирок дар тендер;

б) ҳуҷҷати бонки оиди пардохти ҳаққи иштирок ё ӯҳдадории хатти ва кафолати бонки барои супурдани ҳаққи иштирок;

в) пешниҳоди тендер:

г) ҳуҷҷатҳои зарури дар бораи довталаб.

Ҳуҷҷатҳои зарури дар бораи довталаб иборатанд аз:

а) номи пурраи довталаб, вазъи ҳуқуқии вай, давлате, ки ӯро ба қайд гарифтааст ва реквизитҳояш;

б) дастури техникии довталаб (агар он талаб карда шавад);

в) маълумотномаи бонк оиди ҳолати молиявии довталаб дар зарфи соли охир (агар фаъолияти ӯ дар мӯҳлати камтар ба амал бароварда шуда бошад, барои тамоми давраи фаъолияташ).

Довталаб ӯҳдадор аст, ки пешниҳоди худро ба тартиби муқарраркардаи қонуни мазкур ва на дертар аз як рӯзи то оғози маросими баргузории тендер ба гузаронандаи тендер дастрас намояд. Пешниҳоди тендери, ки баъди ин мӯҳлат карда шудааст, бе кушодани лифофа (конверт) ба довталаб баргардонда шуда, худи довталаб ба тендер роҳ дода намешавад.

Дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур номбар шудаанд, ба гузаронандаи тендер на дертар аз 7 рӯзи бонки то оғози маросими тендер дастрас карда мешавад.

Агар гузаронандаи тендер чунин шуморад, ки яке (якчанд) аз ҳуҷҷатҳо намерасанд ё ин ки ба яке (якчанд) аз ҳуҷҷатҳои дастрасшуда тағйирот даровардан зарур аст, вай ӯҳдадор аст ба довталаб пешниҳод намояд, ки дар давоми 2 рӯзи бонкии баъди дастрас шудани ҳуҷҷатҳо ҳуҷҷатҳои намерасидагиро тайёр намояд ё ба ҳуҷҷатҳои аз тарафи ӯ пешниҳодшуда тағйироти дахлдор дарорад.

Дар ин ҳолат довталаб вазифадор аст, ки ба гузаронандаи тендер ҳуҷҷатҳои пуррашуда ва тағйироти дахлдор воридшударо на дертар аз се рӯзи бонки то оғози маросими баргузории тендер баргардонад.

Ҳама ҳуҷҷатҳои ба тендер супурдаи довталабони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда мешаванд. Довталабон аз давлатҳои хориҷи ба матни ба забони давлатии худ таҳиякардаашон ҳамчунин тарҷумаи тасдиқшудаи онро ба забони тоҷики замима мекунанд.

Дар сурати ба таври дахлдор пур намудан ва сари вақт пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки дар моддаи мазкур нишон дода шудаанд, гузаронандаи тендер шахсеро, ки хоҳиши дар тендер иштирок кардан дорад, ҳамчун довталаб ба қайд мегирад.

Моддаи 18. Пардохти ҳаққи иштирок

Маблағи умумии пардохти ҳаққи иштирокро гузаронандаи тендер ба андозаи на зиёдтар аз 0,5 фоизи арзиши тахминии предмети тендер ва 1,5 карати андозаи хароҷоти тендер муқаррар менамояд.

Агар баъди анҷоми тендер арзиши нави предмети тендер муқаррар гардад, андозаи пардохти ҳакки иштирок тағйир намеёбад.

Моддаи 19. Пешниҳоди тендер

Ҳар довталаб ҳақ дорад, ки ба як тендер танҳо як пешниҳод таклиф намояд.

Довталабе, ки ба тендер пешниҳод арз кардааст, бояд аз рӯи ҳамаи меъёрҳое, ки предмети тендерро муайян мекунанд, аз он ҷумла, хусусиятҳои техникии иҷрои кору хизматрасониҳо ва таҳвили мол, арзиши он, ҷой, вақт, тартиби идоракуни, шакли пардохт ва дигар нишондиҳандаҳо таклифҳои худро шарҳ диҳад. Довталаб ба пешниҳоди худ ҳар гуна маълумотро дар бораи тарзи иҷрои кору хизматрасони ва таҳвили молҳои предмети тендер дохил карда метавонад.

Ҳамаи рақамҳо дар пешниҳоди тендер ба таври хатти навишта мешаванд. Ворид намудани ҳар гуна тағйироту иловаҳо ба пешниҳоди тендер манъ аст.

Пешниҳоди тендер, ки довталаб ба шакли хатти тайёр карда, ба он имзо гузоштааст ва бо мӯҳр тасдиқ шудааст, ба лифофаи (конверти) дуқабата гузошта, тарафи дохилии ҳар ду лифофа (конверт) аз ҷониби довталаб имзо ва бо мӯҳр тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 20. Таъминоти пешниҳоди тендер

Таъминоти пешниҳоди тендер бояд аз 1 то 2 фоизи арзиши онро ташкил дихад. Мӯҳлати амали таъминоти пешниҳоди тендер на камтар аз 60 рӯзи тақвими аз рӯзи кушодани лифофаҳои (конверти) пешниҳодот муқаррар карда мешавад.

Баъди бастани қарордод маблағи таъминоти пешниҳоди тендер ба ғолиби тендер баргардонида мешавад. Ба иштирокчиёне, ки ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол кардаанд, маблағи таъминоти пешниҳоди тендер дар мӯҳлати 30 рӯз баргардонида мешавад.

Моддаи 21. Навъҳои асъоре, ки дар пешниҳодҳои тендери истифода мешаванд

Барои ба ҳисоб гирифтани таъсири таворрум, нархҳое, ки дар пешниҳоди тендер нишон дода шудаанд, дар баробари асъори милли, бояд бо асъори устувори хориҷии бадалшаванда баробар карда шаванд. Дар ин ҳолат қурбе, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон то таҳвил додани пешниҳоди тендер муқаррар шудааст, ба асос гирифта мешавад.

Асъор ё якчанд навъи асъори пардохт дар шартномаи ҷамъбастии тендер бояд инъикос гарданд.

БОБИ 4. МАРОСИМИ БАРГУЗОРИИ ТЕНДЕР

Моддаи 22. Иштирок дар маросими баргузории тендер

Довталаб ё шахси аз тарафи ӯ дар асоси ҳуҷҷати тасдиқнамудаи нотариали ваколатдоршуда, чун қоида дар маросими баргузории тендер иштирок менамояд ва ба саволҳои иловагии аъзои комиссияи тендери ҷавоб мегардонад. Комиссияи тендери саволҳои иловаги дода, дар айни замон нисбати довталабҳо бояд муносибати холисона дошта бошад.

Ширкат надоштани довталаб ё намояндаи ӯ дар маросими баргузории тендер ба гузаронандаи тендер ё комиссияи тендери асос намедиҳад, ки ин довталабро аз рӯйхат барорад.

Моддаи 23. Оғози баргузории маросими тендер

Дар ҳолати фарорасии вақти эълоншудаи баргузории маросими тендер раиси комиссия ҷамъомадагонро оиди ҳама ҳуҷҷатҳои ба тендер воридшуда хабардор намуда, рӯйхати шахсони ҳамчун довталаб ба қайд гирифташударо эълон мекунад.

Раиси комиссия, лифофаҳо (конвертҳо)- ро бо пешниҳодоти довталабон ба ҳамон тартибе, ки ба гузаронандаи тендер таҳвил шудаанд, боз намуда, пешниҳодотро мехонад. Қарори комиссияи тендери худи ҳамон рӯз ба довталабон хабар дода мешавад ва ба протоколи комиссияи тендери сабт мегардад.

Моддаи 24. Тартиби кори комиссияи тендери

Дар рафти маросими баргузории тендер ва қабули қарор оиди натиҷаи тендер бояд на камтар аз чор се ҳиссаи аъзои комиссияи тендери иштирок намоянд.

Қарор бо аксарияти оддии овоздиҳии аъзои иштирокдоштаи комиссияи тендери қабул карда мешавад. Дар сурати баробарии овозҳо пешниҳоде қабулшуда дониста мешавад, ки ба тарафдориаш раиси комиссияи тендери овоз додааст.

Дар вақти қабул шудани қарор оиди натиҷаи тендер раис ва аъзои комиссияи тендери ҳақ надоранд аз овоздиҳи худдори намоянд ё аз овоздиҳи даст кашанд. Аъзои комиссия, ки вақти ба қарори оид ба натиҷаи тендер овоз додан дар ақаллият мондаанд, бояд ба протоколи комиссияи тендери фикри махсуси худро сабт карда, онро бо имзои худ тасдиқ намоянд. Дар ин ҳолат фикри махсуси худро ба протокол ба шакли фикри умум ё фикри шахсии аъзои дар ақаллиятмондаи комиссияи тендери сабт намоянд.

Моддаи 25. Қарори комиссияи тендери

Комиссияи тендери мустақил буда, қарорро бо ихтиёри худ пурра қабул мекунад. Баъди муқоисаи пешниҳодоти тендер комиссияи тендери яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:

а) дар бораи муқаррар кардани довталаби (довталабҳои) ҷой (ҷойҳои) якум ва дуюмро ишғолнамуда;

б) дар бораи ба рӯзи дигар гузаронидани идомаи тендер, агар барои таҳлил ва муқоисаи пешниҳодҳо вақти зиёд зарур бошад;

в) дар бораи тақсими предмети тендер байни ду ё зиёда довталабон, агар пешниҳодоти тендер дар алоҳидаги иҷрои кору хизматрасони ва таҳвили молро ба ҳаҷми пурра дар бар гирифта натавонанд ё тақсими предмети тендер байни ду ё бештари довталабон дар муқоиса бо пешниҳодоти як довталаб нисбатан самараноктар бошад;

г) дар бораи қобили қабул набудани ҳамаи пешниҳодот.

Агар баъди муқоисаи пешниҳодоти тендер комиссияи тендери ба хулоса ояд, ки ҳеҷ яке аз пешниҳодоти арзшуда ба талаботи пакети шартҳои асоси ҷавобгӯ нест, ба ҷуз пешниҳодоти ғолиби тендер, комиссия метавонад аз додани ҷои дуюм худдори намояд.

Протоколи комиссияи тендери дар бораи натиҷаи тендер барои бастани шартномаи ҷамъбастии тендер асос мебошад.

Намунаи протоколи комиссияи тендери дар бораи натиҷаи тендер (ба шакли замима ба талаботи дар қисми дуюми моддаи 23 қонуни мазкур овардашуда) тартиб дода, аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 26. Масъулияти комиссияи тендери

Дар вақти иҷрои ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи қонуни мазкур, раис ва аъзои комиссияи тендери аз рӯи принсипи холисият ва бетарафи рафтор менамоянд.

Агар дар вақти иҷрои вазифаҳои муқарраркардаи қонуни мазкур комиссияи тендери ба фоидаи яке аз довталабон ғайрихолисона ва ғаразнок рафтор намояд, ҳар яке аз довталабон ҳақ доранд ба суд муроҷиат намоянд. Агар суд қарор қабул намояд, ки дар вақти омодаги ва баргузории тендер вайронкунии талаботи қонунгузори ҷой доштааст, натиҷаи тендер бекор карда шуда, оиди ҳамин кор тендери нав гузаронида мешавад. Дар ин ҳолат раис ва аъзои комиссия минбаъд ба ягон комиссияи тендери раис ё аъзо интихоб шуда наметавонанд, ба ҷуз он аъзои комиссия, ки дар протокол фикри махсуси аз қарори комиссия фарқкунандаи худро сабт кардаанд.

Зиёни моддие, ки ба довталаб (довталабҳо) аз амали ғайриқонунии раис ё аъзои комиссияи тендери расидааст, бо қарори суд аз тарафи гузаронандаи тендер ҷуброн карда мешавад. Дар ин ҳолат гузаронандаи тендер вазифадор аст, ки дар ин бора дар нашрияе, ки қаблан эълони тендерро нашр карда буд, хабар чоп намояд. Масъалаи ҷавобгарии моддии раис ва аъзои комиссия, ки дар расонидани зарари модди ҷавобгар дониста шудаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.

Моддаи 27. Пешниҳодоти якхелаи тендер

Агар комиссияи тендери ба хулоса ояд, ки пешниҳодоти тендерии ду ё бештар довталабон нисбат ба пешниҳодоти дигар довталабон бо вуҷуди бартари доштаашон якхелаанд, он гоҳ вай:

а) дар бораи ғолиб донистани довталаби дар маросими баргузории тендер иштирокдошта қарор мебарорад, ба шарте ки дар баргузории тендер довталаби (довталабҳои) дигаре (ё намояндаҳояшон), ки пешниҳодоташон якхелаанд, ҳузур надошта бошанд;

б) ҳангоми дар маросими баргузории тендер иштирок доштани ду ё бештар довталабоне, ки таклифҳояшон нисбатан қобили қабуланд, ба довталабони иштирокдошта (ё намояндагони онҳо) фавран супориш медиҳад, ки пешниҳодоти иловаги тайёр намоянд. Довталаб ё довталабони аз тайёр кардани пешниҳодоти иловаги саркашикарда бохтаи тендер дониста мешаванд. Комиссияи тендери пешниҳодоти иловагии пешниҳодкардаи ду ё зиёда довталабро таҳлил карда, тендерро ба тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур ба анҷом мерасонад.

Пешниҳоди иловаги хатти ва ба тарзи махфи тайёр карда мешавад.

Моддаи 28. Тақсими предмети тендер дар байни ду ва зиёда довталаб

Доир ба предмети тендери таъиноти инвеститсиони, истеҳсолию техники, ки иҷрои онҳо хусусияти аладдавом (сикли) дорад, одатан, як ғолиб муқаррар карда мешавад.

Дар сурати тақсимоти предмети тендер дар байни ду ё зиёда довталабҳо ҳамаи довталабҳо ғолибони комилҳуқуқи тендер дониста мешаванд.

Дар сурати тақсимоти предмети тендер дар байни ду ва зиёда довталаб гузаронандаи тендер бо ҳар як ғолиби тендер шартномаи алоҳида мебандад. Дар ин ҳолат шартномаи хотимави дар ду қисм ё бештар аз он тартиб дода мешавад. Дар шартномаи хотимави ӯҳдадориҳои иловагии ғолибони тендер оиди таъмини мувофиқати иҷрои кору хизматрасони ва таҳвили мол, ки предмети тендер буданд, махсус қайд карда мешавад.

Моддаи 29. Рад намудани давомдиҳии тендер

Дар мавриди муроҷиати на камтар аз 3 нафар дархосткунандагон гузаронандаи тендер вазифадор аст дар мӯҳлати 5 рӯзи баъди таъиншавии маросими баргузории тендер дар нашрияи дар бораи тендер эълон чопкарда оиди баргузор нагардидани тендер хабар диҳад.

Агар комиссияи тендери пешниҳодоти арзшударо таҳлил карда, ба хулоса ояд, ки ҳеҷ яке аз онҳо ба талаботи пакети шартҳои асоси ҷавобгу нест, тендерро боздошт намуда, аз давом додани он даст мекашад. Дар ин сурат комиссияи тендери вазифадор аст, ки сабабҳои аз давом додани тендер даст кашиданро фавран ба гузаронандаи тендер ва довталабон хабар диҳад, Дар мавриди аз давом додани тендер даст кашидани комиссия, қарори он аз ҷониби гузаронандаи тендер муҳокима ва тағйир дода намешавад.

Дар сурати аз давом додани тендер даст кашидан гузаронандаи тендер метавонад доир ба ҳамин кор тендери нав эълон намояд ё моҳияти предмети тендерро тағйир надода, онро ба қисмҳо тақсим намояд (агар предмети тендер ба ин кор имкон диҳад) ва доир ба ҳар як қисми он тендери алоҳида гузаронад.

Моддаи 30. Шартномаи хотимави

Тендер бо имзо шудани шартномаи хотимавие, ки байни гузаронандаи тендер ва ғолиби (ғолибони) он баста мешавад, анҷом меёбад.

Дар шартномаи хотимави шартҳои муҳим нишон дода мешаванд, аз он ҷумла:

а) натиҷаҳои аз тарафи онҳо иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо ва кафолатҳои ба зиммаашон гирифташуда;

б) тартиби ҳалли баҳсҳо;

в) ҳолатҳое, ки дар асоси онҳо, мӯҳлатҳои оғоз ва анҷоми кору хизматрасони ва таҳвили мол дароз шуда метавонанд, (бо назардошти он ки шартҳои дарозкуни нишон дода шуда бошанд);

г) шартҳои дарозкунии мӯҳлат.

Дар шартномаи хотимави инчунин маълумотҳои дар сархатҳои "в", "д" ва "е" қисми дуюми моддаи 14 қонуни номбаршуда зикр мегарданд, агар онҳо пешбини шуда бошанд.

ӯҳдадориҳое, ки ба зиммаи ғолиби (ғолибони) тендер оиди шартномаи хотимави вогузошта шудаанд, аз ҳисоби қоидаҳову шартҳои дар пакети шартҳои асоси зикрнаёфта васеъ шуда наметавонанд.

Гузаронандаи тендер вазифадор аст, ки матни шартномаи хотимавиро тайёр карда, онро дар давоми 3 рӯзи бонки аз рӯзи маросими баргузории тендер имзо намояд ва ба ғолиби (ғолибони) тендер диҳад. Дар акси ҳол натиҷаи тендер бекор карда шуда, гузаронандаи тендер бошад, ба довталаби ғолибомада (ба ҳар як ғолиби тендер) ба андозаи то 5 фоизи арзиши предмети тендер, ки дар натиҷаи тендер муқаррар гардидааст, ҷарима месупорад.

Агар ғолиби тендер дар мӯҳлати 5 рӯзи бонки аз рӯзи ба ӯ дода шудани шартномаи хотимави шартномаи имзокардаашро ба гузаронандаи тендер барнагардонад, иштироки ин довталаб дар тендер бекор карда мешавад. Дар ин маврид довталаби мазкур ба гузаронандаи тендер ба андозаи 5 фоизи арзиши дар натиҷаи тендер муқарраршуда ҷарима месупорад.

Дар мавриди рух додани ҳолати дар қисми шашуми моддаи мазкур зикрёфта довталаби ҷои дуюмро дар асоси протоколи комиссияи тендери ишғолнамуда ғолиби тендер эълон карда мешавад. Дар мавриди рух додани ҳолати дар қисми шашуми моддаи мазкур зикрёфта ғолиби нави тендер ӯҳдадор аст ба гузаронандаи тендер ба андозаи 5 фоизи арзиши дар натиҷаи тендер муқарраршуда ҷарима супорад, худи натиҷаҳои тендер пурра бекор карда мешаванд. Дар ин маврид гузаронандаи тендер ҳақ дорад аз рӯи ҳамин кор тендери нав гузаронад.

Намунаи шартномаи хотимави (ба шакли замима ба қоидаи пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 7 қонуни мазкур) аз ҷониби мақоми дахлдори ҳокимияти иҷроия таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

БОБИ 5. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВИ

Моддаи 31. Тағйири арзиши предмети тендер

Агар дар марҳалаи гуногуни баъди оғози кору хизматрасони ва таҳвили мол барои амали намудани предмети тендер арзиши предмети тендер новобаста аз амалиёти гузаронандаи тендер ва ғолиби тендер то 10 фоизи маблағи дар шартномаи хотимави қайдшуда кам ё аз он зиёд шавад (бидуни ҳисоби таворрум), кор бояд бе даровардани ягон тағйирот ба шарти шартнома иҷро гардад.

Агар дар ягон марҳалаи баъди оғози иҷрои кору хизматрасони ва таҳвили моли дахлдори предмет (аммо дар доираи вақти дар шартномаи хотимави қайдшуда), арзиши предмети тендер қатъи назар аз амалиёти гузаронандаи тендер ва ғолиби тендер зиёда аз 10 фоизи маблағи дар шартномаи хотимави қайдшуда кам ё аз он зиёд шавад, шарти пардохти фарқият дар созишномаи нави байни гузаронандаи тендер ва ғолиби тендер муайян карда мешавад.

Моддаи 32. Мукофот барои пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонидани кору хизматрасони ва таҳвили мол

Агар гузаронандаи тендер ба пеш аз мӯҳлат анҷом ёфтани кору хизматрасони ва таҳвили моли предмети тендербуда ҳавасманд бошад, метавонад мукофоти махсус таъсис диҳад. Андозаи мукофот барои пеш аз мӯҳлат анҷом додани кору хизматрасони ва таҳвили мол, агар он дар назар дошта шуда бошад, инчунин шарту тартиби пардохташ дар эълони тендер нишон дода, дар шартномаи хотимави қайд карда мешавад.

Ҳангоми дар ягон шакл дароз намудани мӯҳлати анҷоми кору хизматрасони ва таҳвили моле, ки предмети тендер мебошад, мукофоти пеш аз мӯҳлат анҷом додани кору хизматрасони ва таҳвили мол барои вақти иловаги дода намешавад.

Моддаи 33. Муфлисшавии ғолиби тендер

Дар ҳолати муфлисшавии ғолиби тендер шартномаи хотимави бекор карда мешавад. Агар вориси ҳуқуқии ғолиби муфлисшудаи тендер дар давоми 10 рӯзи баъди ба даст овардани ҳуқуқи мерос ба гузаронандаи тендер бо аризаи расми ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтаи ғолиби тендер аз рӯи шартномаи хотимави муроҷиат намояд, он гоҳ байни гузаронандаи тендер ва вориси ҳуқуқии ғолиби тендер оиди ба охир расонидани предмети тендер шартномаи нав баста шуда, шартҳои шартномаи хотимави ба асос гирифта мешаванд.

Агар вориси ҳуқуқии ғолиби муфлисшудаи тендер дар давоми 10 рӯзи баъди ба даст овардани ҳуқуқи мерос ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтаи ғолиби тендер аз рӯи шартномаи хотимави аризаи расми надиҳад, он гоҳ маблағи то ин лаҳза пардохтаи ғолиби тендер ба ихтиёри гузаронандаи тендер гузашта, ҳар гуна қарзи гузаронандаи тендер ба ғолиби тендер, агар он мавҷуд бошад, бекор карда мешавад. Дар ин маврид гузаронандаи тендер ҳақ дорад оиди ин кор тендери нав гузаронад ё онро ба анҷом расонад.

Ҳангоми муфлисшавии яке аз ду ё бештар аз он ғолибони тендер, ки мувофиқи моддаи 27 қонуни мазкур муқаррар гардидаанд ва рӯй додани ҳолати дар қисми сеюми ҳамин модда нишон додашуда шартномаи хотимави марбут ба қисми ғолиби муфлисшудаи тендер бекор карда мешавад. Агар дар ин ҳолат ғолиби дигари тендер ӯҳдадориҳои ғолиби муфлисшудаи тендерро ба зимма нагирад, он гоҳ гузаронандаи тендер ҳақ дорад бо дар як довталаби дигар шартномаи нав баста, ба ҳамин тариқ ӯҳдадориҳои ғолиби муфлисшудаи тендерро идома диҳад.

Моддаи 34. Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои тендер

Гузаронандаи тендер ба ҳар як тендер маҷмӯи ҳуҷҷатҳоро тайёр мекунад. Ба маҷмӯи ҳуҷҷатҳои тендер ҳатман дохил мешаванд:

а) қарори расман тасдиқшудаи гузаронандаи тендер оиди гузаронидани тендер;

б) рӯзномаҳое, ки эълони тендерро нашр кардаанд ва нусхаи маводе, ки хусусияти реклама ва эълони пешаки доранд, агар онҳо мавҷуд бошанд;

в) пакети шартҳои асоси;

г) дархости ҳамаи довталабон барои иштирок намудан дар тендер, ҳуҷҷатҳои бонки оиди пардохти ҳаққи иштирок, пешниҳодот ба тендер;

д) протоколи комиссияи тендери оиди натиҷаи тендер;

е) шартномаи хотимави;

ж) дар сурати хусусияти дарозмуддат доштан ва марҳала ба марҳала ба амал баровардани предмети тендер - дастурҳои мунтазами иҷрокунанда оиди рафти кору хизматрасони ва таҳвили мол;

з) дар сурати пайдо шудани баҳси байни гузаронандаи тендер ва ғолиби тендер - ҳуҷҷатҳои марбути ҳалли ин баҳс;

и) ҳуҷҷатҳои вобаста ба пардохти хароҷоти тендер;

к) акти муштараки гузаронандаи тендер ва ғолиби тендер оиди анҷоми иҷрои ҳаҷми пурраи предмети тендер.

Ҷамъкунии ҳуҷҷатҳои тендер аз рӯзи қабули қарори гузаронидани тендер сар мешавад ва дар давоми 30 рӯзи баъди анҷоми пурраи корҳо, хизматрасони ва таҳвили молҳои предмеги тендербуда ба охир мерасад.

Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои тендер дар дасти гузаронандаи тендер дар давоми 5 соли баъди ба имзо расидани акти иҷрои предмети тендер нигоҳ дошта, баъд мувофиқи тартиби муқарраргардида ба бойгони супурда мешавад.

Моддаи 35. Суғуртакуни

Кору хизматрасони ва таҳвили мол, ки дар натиҷаи тендер амали мегарданд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурта карда мешаванд. Кору хизматрасони ва таҳвили мол, ки суғуртакунии онҳо тибқи қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми дониста шудаанд, бояд ҳатман суғурта карда шаванд.

Агар гузаронандаи тендер ҳатман суғурта карданро лозим донад, вай онро дар пакети шартҳои асоси ва шартномаи хотимави инъикос менамояд.

Моддаи 36. Пардохти хароҷоти тендер

Тамоми хароҷоти гузаронидани тендер, аз ҷумла, хароҷоти эълон, реклама, иҷораи ҷои гузаронидани тендер, бо маблағ таъмин намудани комиссияи тендери, инчунин дигар хароҷоте, ки бевосита бо гузаронидани тендер вобаста аст, аз ҳисоби ҳаққи иштирок пардохт карда мешавад.

Маблағи зиёдатии дар шакли ҳаққи иштирок ҷамъшуда ва аз хароҷоти гузаронидани тендер боқимонда дар ихтиёри гузаронандаи тендер мемонад.

Маблағи ҷамъшудаи ҳаққи иштирок, ки нисбати хароҷоти воқеи ками мекунад, аз ҷониби гузаронандаи тендер пардохт карда мешавад.

Маблағи ҳаққи иштироқ, ки ба гузаронандаи тендер барои гирифтани статуси довталаб пардохта шудааст, баргардонда намешавад.

Моддаи 37. Ҷавобгари барои вайрон кардани қонуни мазкур

Шахсони воқеи ва ҳуқуқи барои вайрон кардани қонуни мазкур бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 38. Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

17 майи соли 2004 № 29