ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИЛМ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1998. №10, моддаи 94) иловаи зерин ворид карда шавад:
Моддаи 61. Академияҳои ҷамъиятии илмҳо
Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияҳои ҷамъиятии илмҳо метавонанд таъсис дода шаванд, ки онҳо дар соҳаҳои дахлдори илму техника тадқиқот ташкил менамоянд ва мегузаронанд.
Академияҳои ҷамъиятии илмҳо метавонанд бо ташкилоту идораҳо ва корхонаҳо шартнома баста барояшон тадқиқоти илмӣ гузаронанд ва дар татбиқ намудани барномаҳои илмӣ ва илмию техники дар асоси озмун иштирок намоянд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
17 майи соли 2004 № 25