×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 маи соли 2004, № 38 "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд"

Санаи амалкуни: 29.12.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 816 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд

(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 317, аз 6.10.2008 № 427, аз 29.12.2010 № 661)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурдро бо мақсади фароҳам овардан ва тараққӣ додани бозори хизматрасонии маблағгузории хурд дар ҷумҳурӣ ва рушди соҳибкорӣ танзим мекунад.

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

амонат - маблағҳои пулии аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар ташкилоти амонатии кредитии хурд ҷойгиршудае, ки метавонанд бо дархост ва ё анҷом ёфтани мӯҳлат бидуни фоиз ё бо фоиз аз ҳисоб хориҷ карда шаванд;

кредити хурд - маблағҳои пулии аз ҷониби ташкилоти амонатии кредитии хурд ба қарзгирони худ бо шарти мӯҳлатнок баргардонидан ва музднокӣ ба андозаи на бештар аз ҳадди ниҳоии имконпазири кредити хурди додашуда;

қарзи хурд - маблағҳои пулӣ ё ашёи дорои аломати навъи муайяни аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳии хурд бо шартҳои мӯҳлатнокӣ, баргардонидан ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома бо шарти музднок ба андозаи на бештар аз ҳадди ниҳоии имконпазир ба қарзгирон додашаванда;

ташкилоти маблағгузории хурд - ташкилоти амонатии кредитии хурд, ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд мебошанд;

ташкилоти амонатии кредитии хурд - ташкилоти тиҷоратии маблағгузории хурде, ки барои ҷалби амонатҳо, додани кредитҳои хурд ва дигар фаъолияте, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст ва дар асоси иҷозатнома фаъолият мекунад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 317);

ташкилоти қарзии хурд - ташкилоти тиҷоратии маблағгузории хурд, ки дар асоси иҷозатнома фаъолият менамояд, қарзҳои хурд медиҳад ва дигар хизматҳо мерасонад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 317);

фонди қарзии хурд - ташкилоти ғайритиҷоратии маблағгузории хурд, ки дар асоси шаҳодатномаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон додашаванда фаъолият менамояд, қарзҳои хурд дода, дигар хизматҳо мерасонад;

шахсони бонуфуз (аффилир) - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки қодиранд ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии фаъолияти соҳибкориро амаликунанда таъсир расонанд (ба истиснои мақомоти давлатӣ, ки аз болои фаъолияти ин шахсон дар доираи ваколати ба онҳо додашуда назорат мебаранд).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи татбиқи Қонуни мазкур

Қонуни мазкур танҳо нисбат ба ташкилотҳои маблағгузории хурд татбиқ шуда, нисбат ба бонкҳо ва ташкилотҳои дигари молиявӣ татбиқ намегардад.

Муқаррароти Қонуни мазкур ба додани қарз (аз ҷумла қарзи хурд) ба ҳар кадом шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон монеъ намегардад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ", санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки мутобиқи он қабул гардидаанд, нисбат ба ташкилотҳои маблағгузории хурд, ба истиснои ҳолатҳое, ки бевосита Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, татбиқ намегарданд.

Моддаи 4. Муносибатҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд бо давлат ва Бонки миллии Тоҷикистон

Ташкилотҳои маблағгузории хурд фаъолияти худро дар доираи салоҳияти пешбининамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки мувофиқи онҳо қабул карда шудаанд, инчунин дигар қонунҳо мустақилона ташкил ва амалӣ менамоянд.

Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ҳақ надоранд ба фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд дахолат намоянд ё фаъолияти онҳоро санҷиш ва тафтиш намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки бевосита дигар қонунҳо пешбинӣ кардааст.

Ташкилотҳои маблағгузории хурд барои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ӯҳдадориҳои ташкилоти маблағгузории хурд ба истиснои ихтиёран ба зиммаи худ гирифтани ӯҳдадорӣ ҷавобгар нестанд.

Ташкилотҳои маблағгузории хурд барои ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон барои ӯҳдадориҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд ҷавобгар намебошанд.

Боби 2. Таъсиси ташкилотҳои маблағгузории хурд

Моддаи 5. Таъсиси ташкилотҳои маблағгузории хурд

Ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд дар шакли ҷамъияти саҳҳомии пӯшида ё ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд таъсис дода шуда ва фонди қарзии хурд дар шакли фонди ҷамъиятӣ ташкил дода мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд муассисони ташкилотҳои маблағгузории хурд бошанд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳадди ниҳоии имконпазири кредит ва қарзи додашавандаро бо санадҳои меъёрӣ муайян менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳақ дорад санадҳои меъёрие қабул намояд, ки ҳадди аксари маҷмӯи саҳмияҳои ба муассисони ташкилоти амонатии кредитии хурд тааллуқдоштаро маҳдуд менамоянд.

Моддаи 6. Ҳуҷҷати таъсиси ташкилотҳои маблағгузории хурд

Ҳуҷҷати таъсиси ташкилотҳои маблағгузории хурд шартномаи таъсисӣ ва оинномаи аз ҷониби муассисони вай тасдиқ кардашуда ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ оинномаи худи онҳо мебошад.

Дар ҳуҷҷати таъсисии ташкилотҳои маблағгузории хурд бояд он намудҳои фаъолият нишон дода шаванд, ки мутобиқи моддаи 20 барои ташкилоти амонатии кредитии хурд ва моддаи 36 Қонуни мазкур барои ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд муқаррар карда шудаанд.

Тағйироти ба ҳуҷҷати таъсисии ташкилотҳои маблағгузории хурд воридшаванда бояд бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ба қайд гирифта шавад.

Моддаи 7. Номи ташкилотҳои маблағгузории хурд

Ташкилоти маблағгузории хурд ҳуқуқ доранд танҳо он номе (ё ихтисорае)-ро истифода баранд, ки дар ҳуҷҷати таъсисии он нишон дода шудааст.

Ифодаи "Ташкилоти амонатии кредитии хурд" ё ихтисораи "ТАКХ" метавонад дар номи расмӣ ва бо мақсадҳои рекламавӣ (таблиғотӣ) танҳо аз ҷониби ташкилоти амонатии кредитии хурд, ки дорои иҷозатномаи пешбининамудаи Қонуни мазкур мебошад, истифода гардад. Ифодаи "Ташкилоти қарзии хурд" ё ихтисораи "ТҚХ", истилоҳи "фонди қарзии хурд" ё ихтисораи "ФҚХ" метавонанд дар номи расмӣ ва бо мақсадҳои рекламавӣ (таблиғотӣ) танҳо аз ҷониби ташкилоти қарзии хурд дар асоси иҷозатнома ва барои фонди қарзии хурд бошад, дар асоси шаҳодатномаи дар Қонуни мазкур пешбинишуда, истифода гарданд.

Ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд наметавонанд ҳангоми тавсифи фаъолияти худ, ки онҳоро мавҷудияти иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, калимаҳои зеринро ба ҳеҷ гуна забон дар ифодаи номи худ истифода намоянд: "миллӣ","давлатӣ", "Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Тоҷикистон", "бонк" ё ҳар гуна калимаи дигарро ба ҳама гуна забон, ки ҷамъиятро ба гумроҳӣ мебарад.

Ташкилоти маблағгузории хурд ӯҳдадор аст қаблан Бонки миллии Тоҷикистонро дар хусуси тағйир ёфтани ном ё маҳалли ҷойгиршавии худ огоҳ намояд. Баъди ворид кардани тағйироти дахлдор ташкилоти маблағгузории хурд ӯҳдадор аст дар муддати се рӯз дар васоити ахбори омма дар ин хусус огоҳинома ба нашр расонад.

Моддаи 8. Мақомоти идоракунии ташкилотҳои маблағгузории хурд

Мақомоти идоракунии ташкилотҳои маблағгузории хурд инҳоянд:

- маҷлиси умумӣ (ба истиснои фонди қарзии хурд);

- мақомоти иҷроияи ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки аз мақоми яккасардорӣ (инфиродӣ) ва дастаҷамъӣ иборат аст.

Дар оинномаи ташкилотҳои маблағгузории хурд пешбинӣ намудани таъсисдиҳии Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) ва комиссияи тафтишотӣ (ревизионӣ) мумкин аст.

Салоҳияти мақомоти ташкилотҳои маблағгузории хурд, инчунин тартиби аз тарафи онҳо қабул намудани қарор ё аз номи ташкилоти маблағгузории хурд баромад карданро ҳуҷҷати таъсисии ташкилотҳои маблағгузории хурд муайян менамояд.

Шӯрои директорони ташкилотҳои амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд набояд камтар аз 5 аъзо ва раёсати фонди қарзии хурд на камтар аз 3 аъзо дошта бошад.

Моддаи 9. Филиалҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд

Филиали ташкилотҳои маблағгузории хурд - воҳиди махсуси ташкилотҳои маблағгузории хурд буда, шахси ҳуқуқӣ намебошад. Филиал маҳалли ҷойгиршавии доимӣ дошта, метавонад фаъолияти худро дар асоси низомномае, ки ташкилотҳои маблағгузории хурди таъсисдодаи вай тасдиқ кардаанд, анҷом диҳад.

Фаъолияти филиал ҳамчун фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд баррасӣ мегардад. Филиалҳо бояд дар оинномаи ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки барои фаъолияти филиалҳои худ масъулияти пурра ба зимма доранд, нишон дода шаванд ва маълумот дар бораи онҳо бояд ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 661).

Филиал бо ташкилотҳои маблағгузории хурд бо иловаи калимаҳое, ки маҳалли ҷойгиршавии онро нишон медиҳанд, номи ягона дорад ва филиал будани онро ифода мекунанд.

Нисбат ба филиал ягон навъ талаботи алоҳида дар хусуси сармояи оинномавӣ истифода намешавад, чуноне ки нисбат ба ташкилотҳои маблағгузории хурд ягон талабот дар хусуси сармояи иловагӣ дар натиҷаи кушодани филиал истифода намегардад.

Ташкилотҳои маблағгузории хурд метавонанд филиалҳои худро дар ҳамаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани ном, маҳалли ҷойгиршавии онҳо кушоянд ва оид ба он Бонки миллии Тоҷикистонро огоҳ намоянд.

Моддаи 10. Иттиҳодияҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд

Ташкилотҳои маблағгузории хурд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ метавонанд барои ҳимоя ва намояндагии манфиатҳои умумии аъзои худ, ҳамоҳанг кардани фаъолияти онҳо, қонеъ намудани манфиатҳои иттилоотӣ ва касбӣ иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо) ташкил намоянд.

Иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо) ба фаъолияте, ки дар моддаҳои 20 ва 35 Қонуни мазкур барои ташкилотҳои маблағгузории хурд пешбинӣ шудааст, машғул шуда наметавонанд.

Аз ҷониби ташкилотҳои маблағгузории хурд истифодаи иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо) барои муқаррар намудани меъёрҳои фоизӣ ё андозаи подоши хизмат манъ аст.

Ҳудуди ифшои маълумотеро, ки нисбат ба онҳо мутобиқи моддаи 39 Қонуни мазкур ё қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби махфӣ нигоҳ доштан истифода мегардад, барои иттиҳодияҳое (ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо), ки мутобиқи ҳамин модда таъсис дода шудаанд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 11. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои маблағгузории хурд

Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои маблағгузории хурд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти амонатии кредитии хурд бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бонкҳо пешбинӣ намудааст, сурат мегирад.

Моддаи 12. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои маблағгузории хурд

Ташкилотҳои маблағгузории хурд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 661).

Боби 3. Сармояи оинномавӣ ва амволи ташкилотҳои маблағгузории хурд

Моддаи 13. Сармояи оинномавии ташкилотҳои маблағгузории хурд

Сармояи оинномавии ташкилоти амонатии кредитии хурд аз сармояи ба пуррагӣ пардохтшуда, ки аз ҷониби муассисон ворид гардидааст, иборат мебошад. Қисми пулӣ метавонад бо пули миллӣ ё асъори хориҷӣ ворид карда шавад. Квотаи иштироки сармояи хориҷӣ дар низоми бонкӣ ба сармояи ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки муассисони ташкилотҳои маблағгузории хурд бо асъори хориҷӣ ворид менамоянд, ҷорӣ намешавад.

Қисми ғайрипулии сармояи оинномавӣ барои ташкилоти амонатии кредитии хурди таъсисшаванда набояд аз 20 фоизи андозаи сармояи оинномавӣ зиёд бошад ва набояд дороии ғайримоддиро дар бар гирад. Ҳангоми афзудани сармояи оинномавӣ қисми ғайрипулии сармояи афзуншуда набояд аз таносуби фоизе, ки дар санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар шудааст,зиёдтар бошад.

Маблағҳои қарзгирифташуда ё маблағҳое, ки предмети гарав мебошанд, ҳамчунин маблағҳои буҷетӣ наметавонанд барои ташкили сармояи оинномавӣ истифода шаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри ҳадди ақалли сармояи оинномавии ибтидоиро барои ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ва қисми онро, ки бо асъори хориҷӣ ташкил меёбад, муқаррар менамояд. Талаботи мазкур ба фонди қарзии хурд татбиқ намегардад.

Моддаи 14. Амволи ташкилотҳои маблағгузории хурд

Ташкилотҳои маблағгузории хурд метавонанд дар доираи маҳдудиятҳое, ки Қонуни мазкур ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ муқаррар кардаанд, амволи зеринро харидорӣ кунанд, молик бошанд, истифода намоянд, иҷора диҳанд, фурӯшанд ё бо роҳҳои дигар бегона намоянд:

- амволи ғайриманқул ва амволи манқуле, ки танҳо барои фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд истифода мешаванд;

- амвол, аз ҷумла амволи ғайриманқул ва амволи манқули дар зербанди якуми қисми якуми ин модда нишондодашуда, ки ҳангоми анҷом додани ҳуқуқҳои худ оид ба ипотека, гарав ё шартномаи дигар дар бораи таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ё бо роҳи харид, додан, фурӯш бо мақсади (пурра ё қисман) қонеъ намудани кредитҳо ва қарзҳои хурди қаблан додаи ташкилотҳои маблағгузории хурд, ба шарте ки дар муддати панҷ соли ба даст овардан ташкилотҳои маблағгузории хурд ба ин амвол бо роҳи музднок бегонасозӣ ё дар мубодила ба амволи дигари иҷозатдодашуда ихтиёрдорӣ мекунад, ба даст меоранд.

Ташкилотҳои маблағгузории хурд метавонанд дар доираи санадҳои меъёрии мутобиқи Қонуни мазкур қабулнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон маблағгузориҳои зеринро анҷом диҳанд:

- ба сармояи саҳҳомии ташкилотҳо (аз ҷумла, коғазҳои қиматноки сармоявӣ ва ӯҳдадориҳои қарзии мубодилашаванда), ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он воқеъ гардидаанд;

- коғазҳои қиматноки қарзӣ ва дигар ӯҳдадориҳои қарзии тарафҳои саввум.

Тартиби баҳисобгирии амволи ташкилоти (маблағгузории) амонатии кредитии хурдро Бонки миллии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 15. Меъёрҳои фоизӣ аз рӯи кредит ва қарзҳои хурд

Меъёрҳои фоизӣ аз рӯи кредит ва қарзҳои хурд ва подоши хизмат аз рӯи амалиёт ва хизматрасониҳо аз ҷониби ташкилотҳои маблағгузории хурд бо мувофиқаи муштариён муқаррар карда мешаванд.

Ташкилотҳои маблағгузории хурд ҳуқуқ надоранд аз пеши худ меъёрҳои фоизиро аз рӯи қарзҳои хурди додашуда, подоши хизмат ва мӯҳлати амали ин шартномаҳоро бо муштариён тағйир диҳанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар шартнома бо муштарӣ пешбинӣ шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад санадҳои меъёрие қабул намояд, ки нисбат ба ташкилотҳои маблағгузории хурд дар хусуси аз рӯи шакли стандартӣ пешниҳод намудани маълумот дар бораи меъёрҳои фоизӣ ва дигар ҳаққи хизмат ҷиҳати додани имконият ба муштариён ва муштариёни эҳтимолӣ барои муқоисаи арзиши маблағҳои қарз талаботро дар бар гирифта бошанд.

Моддаи 16. Муносибати байни ташкилотҳои маблағгузории хурд ва муштариён

Муносибати байни ташкилотҳои маблағгузории хурд ва муштариён дар асоси шартнома амалӣ мегардад.

Дар шартнома бояд меъёрҳои фоизӣ аз рӯи кредит ва қарзи хурд, арзиши хизматрасонӣ ва мӯҳлати иҷрои онҳо, аз ҷумла мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои пардохт, масъулияти тарафҳо барои вайрон кардани шартнома ва дигар шартҳои муҳими он нишон дода шаванд.

Боби 4. Иҷозатномадиҳӣ ба ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд

Моддаи 17. Тартиби додани иҷозатнома ба ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд

Ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд фаъолияти худро дар асоси иҷозатнома (литсензия) анҷом медиҳанд. Додани иҷозатнома ба ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар рӯзи додани иҷозатнома муассисони ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ӯҳдадоранд 100% -и андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавиро (қисми пулии онро) мақоми иҷозатномадиҳанда пардохт намоянд. Маълумот дар бораи суратҳисоб дар огоҳиномаи Бонки миллии Тоҷикистон нишон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 317).

Иҷозатнома мӯҳлати амали номаҳдуд дошта, дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.

Мақоми иҷозатномадиҳанда феҳристи ташкилотҳои амонатии кредитии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурди иҷозатномадоштаро мураттаб намуда, дастрасии умумиро ба он таъмин менамояд. Иттилоот дар хусуси ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд, ки дар феҳрист мавҷуд аст, соле як маротиба дар нашрияи расмии мақоми иҷозатномадиҳанда чоп карда мешавад. Тағйирот ва иловаҳое, ки ба феҳрист дохил карда мешаванд, дар нашрияи дар боло номбурда дар муддати як моҳ аз рӯзи ба феҳрист ворид намудани онҳо нашр карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 317).

Бе иҷозатнома анҷом додани фаъолияти амонатӣ ё фаъолияти дигаре, ки моддаи 20 Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 317).

Моддаи 18. Шартҳои додани иҷозатнома

Иҷозатнома барои амалӣ намудани намудҳои фаъолияти дар моддаи 20 Қонуни мазкур нишондодашуда ба ҳамон субъекте дода мешавад, ки фаъолияти он ба талаботи дар Қонуни мазкур пешбинишуда мувофиқат мекунад.

Додани иҷозатнома, рад кардани он, боздоштан ва бекор кардани амали он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур амалӣ мегардад.

Ба таври илова ба ҳуҷҷатҳои пешбинишудаи Қонун "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати анҷом додани фаъолияте, ки дар моддаи 20 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, аризадиҳанда эъломияро дар хусуси даромади муассисоншахсони воқеӣ пешниҳод менамояд, ки аз ҷониби мақомоти андоз тасдиқ гардида, манбаи дастрас шудани маблағҳоеро, ки ба сармояи оинномавӣ ворид карда шудаанд, нишон медиҳад.

Моддаи 19. Асос барои рад намудан, бекор кардан ва боздоштани иҷозатнома

Мақоми иҷозатномадиҳанда бо асосҳои зерин метавонад додани иҷозатномаро рад намояд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 317):

- номувофиқатии ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашаванда ба талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки мувофиқи он қабул шудаанд;

- номувофиқатии номзадҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва вазифаҳои дигар ба талаботи тахассусие, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст;

- вазъи ғайриқаноатбахши молиявии муассисони ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ё аз ҷониби онҳо иҷро нагардидани ӯҳдадориҳояшон дар назди буҷет.

Иҷозатномаи мақоми ваколатдор, ки ба ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд дода шудааст, дар ҳолатҳои зерин метавонад бекор карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 317):

- риоя накардани қонунҳо ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар асоси Қонуни мазкур қабул шудаанд;

- муқаррар гардидани маълумоти носаҳеҳ ё гумроҳкунанда дар ариза барои гирифтани иҷозатнома;

- таъхири оғози фаъолияти ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ба мӯҳлати бештар аз як сол аз рӯзи додани иҷозатнома;

- мунтазам ошкор кардани ҳолатҳои носаҳеҳӣ ё нопуррагии маълумот ё маълумоти ҳисоботӣ, ки ба Мақоми иҷозатномадиҳанда пешниҳод карда мешаванд;

- аз ҷониби ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд анҷом додани фаъолияте, ки Қонуни мазкур иҷозат надодааст;

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 317);

- аз ҷониби ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ дар назди амонатгузорон ё қарздиҳандагон барои истифодаи муҷозоте, ки барои ташкилоти кредитӣ моддаи 48-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" пешбинӣ кардааст, асос мегардад.

Хабар дар бораи бекор кардани иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти маблағгузории хурд дар мӯҳлати 3 рӯз ба ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд бо тасдиқи дастрас шуданаш фиристода мешавад ва дар нашрияи расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як ҳафта аз рӯзи қабули қарори дахлдор нашр карда мешавад.

Пас аз 30 рӯзи нашри хабар дар бораи бекор кардани иҷозатнома (литсензия) Бонки миллии Тоҷикистон ӯҳдадор аст оид ба барҳам додани ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ба суди дахлдор муроҷиат намояд.

Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад амали иҷозатномаро то бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳое, ки сабаби боздоштани амали вай гардидаанд, ба мӯҳлати на бештар аз 6 моҳ боздорад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 317).

Боби 5. Амалиёте, ки ташкилоти амонатии кредитии хурд анҷом медиҳад

Моддаи 20. Фаъолияти ташкилоти амонатии кредитии хурд

Ташкилоти амонатии кредитии хурд метавонад ҳар кадом аз намудҳои дар зер нишондодашудаи фаъолиятро ҳангоми мавҷудияти иҷозатнома (литсензия) анҷом диҳад:

- қабули амонати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- додани кредити хурд (бо таъмин ва бе таъмин);

- анҷом додани амалиёти кассавӣ: қабул, бозшуморӣ, хурдсозӣ, ивази купюр, бастабандӣ ва нигоҳдории пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;

- додани кафолат мутобиқи маблағи ҳадди аксари кредити пардохтнашуда барои кредити хурд, ки барои як муштарӣ муқаррар шудааст;

- додан ва қабул намудани кортҳои пардохт;

- кушодан ва пеш бурдани суратҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- анҷом додани амалиёти интиқолӣ бо фармоиши муштариён;

- анҷом додани амалиёти ҳисоббаробаркунӣ.

Илова ба намудҳои фаъолияте, ки дар қисми якуми ин модда нишон дода шудаанд, ташкилоти амонатии кредитии хурд метавонад:

- ба муштариёни худ ва муштариёни имконпазир хизматҳои машваратӣ ва иттилоотӣ расонад;

- оид ба иҷораи молиявӣ амалиёт анҷом диҳад ба шарте ки маблағи аҳди молиявӣ (лизингӣ) бо як муштарӣ (бо тарҳи фоизҳои ҳисобкардашуда) набояд аз маҳдудиятҳое, ки нисбат ба кредитҳои хурд истифода мешаванд, зиёдтар бошад;

- қарзгирии маблағҳои пулӣ (ба гарав гузоштани амволи шахсӣ ё ба тариқи дигар);

- нисбат ба ӯҳдадориҳои пардохти тарафи саввум ҳуқуқи талабкуниро ба даст орад;

- амволеро, ки мутобиқи шартҳои гарав харидорӣ шудааст, ба фурӯш барорад.

Ташкилоти амонатии кредитии хурд метавонад бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ маблағҳои пулӣ қарз гирад. Ташкилоти амонатии кредитии хурд метавонад бо асъори хориҷӣ дигар навъҳои фаъолиятро, ки дар қисми якуми ин модда номбар шудаанд, бо гузаштани як соли фаъолият ва ба шарте ки ташкилоти амонатии кредитии хурд иҷозатномаи иловагиро бо нишон додани он навъҳои фаъолият, ки бо асъори хориҷӣ амалӣ карда мешаванд, гирифта бошад, анҷом диҳад. Иҷозатномаи (литсензияи) иловагӣ дар сурати дар ташкилоти амонатии кредитии хурд мавҷуд будани коршиносони дахлдор ва таҷҳизоти муосири муросилотӣ, ҳамчунин ба шарти фаъолияти безиёни вай ва иҷрои талаботи меъёрҳои иқтисодӣ, ки моддаи 25 Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, дода мешавад.

Ба ташкилоти амонатии кредитии хурд танҳо анҷом додани он намудҳои фаъолияте, ки дар ин модда ва иҷозатнома пешбинӣ шудаанд, иҷозат дода мешавад. Ташкилоти амонатии кредитии хурд наметавонад дар ягон ҳолат чунин намудҳои фаъолиятро мисли савдо, истеҳсол ва суғурта анҷом диҳад.

Нисбати кафолати амонатҳои шахсони воқеие, ки ташкилоти амонатии кредитии хурд ҷалб менамоянд, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" тадбиқ мегарданд.

Ташкилоти амонатии кредитии хурд ҳуқуқи баровардани қоғазҳои қимматнокро надорад.

Моддаи 21. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти амонатии кредитии хурд ва талаботи тахассусӣ ба онҳо

Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти амонатии кредитии хурд, роҳбари мақоми иҷроия ва муовинони вай, сармуҳосиб ва муовинони вай ҳамчунин роҳбарони филиалҳои вай мебошанд.

Талаботи тахассусиро ба кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти амонатии кредитии хурд Бонки миллии Тоҷикистон танҳо оид ба таҳсилот, собиқаи корӣ ва мавҷуд набудани доғи судӣ оид ба ҷиноятҳои қасдонаи ғаразнок содиршуда муқаррар менамояд.

Ташкилоти амонатии кредитии хурд ӯҳдадор аст Бонки миллии Тоҷикистонро дар муддати ду рӯзи қабули қарори дахлдор дар бораи ҳамаи тағйироти ҳайати кормандони роҳбарикунанда огоҳ намояд.

Моддаи 22. Роҳ надодан ба ихтилофи манфиатҳо

Корманди роҳбарикунандаи ташкилоти амонатии кредитии хурд бо мақсади роҳ надодан ба ихтилофи манфиатҳо наметавонад:

- дар як вақт узви Шӯрои директорон, корманди роҳбарикунанда ё корманди ягон ташкилоти амонатии кредитии хурди нуфузнадоштаи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда бошад;

- дар як вақт шахси мансабдор ё корманди мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бошад;

- дар баррасӣ ва овоздиҳӣ оид ба масъалаҳое, ки бевосита ё бавосита ба манфиати шахсии вай дахл доранд, иштирок намояд.

Моддаи 23. Саҳмиядорон ва тартиби додани саҳмияҳо

Шахси воқеӣ ё ҳуқуқии дорои камтар аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти амонатии кредитии хурд, ки саҳмияҳои иловагӣ ба даст меорад ва дар натиҷаи он вай дорои панҷ ё аз он бештар фоизи саҳмияҳо мегардад, бояд дар муддати даҳ рӯзи ба даст овардан Бонки миллии Тоҷикистонро ба таври хаттӣ огоҳ намояд. Шахси воқеӣ ё ҳуқуқии дорои камтар аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти амонатии кредитии хурд, ки бо яке аз якчанд саҳмиядорони ташкилоти амонатии кредитии хурди мазкур созишнома бастааст ва дар натиҷаи он ин саҳмиядорон ба панҷ ё аз он бештар фоизи саҳмияҳои ташкилоти амонатии кредитии хурди мазкур назоратро анҷом медиҳанд, ҳамчунин бояд дар муддати даҳ рӯзи ба даст овардан Бонки миллии Тоҷикистонро ба таври хаттӣ огоҳ намоянд.

Ҳар шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки якҷоя амал намуда, ният доранд аҳдномае банданд, ки дар натиҷаи он ин шахси воқеӣ ё гурӯҳ назорати бештар аз 20 фоизи саҳмияҳои ташкилоти амонатии кредитии хурдро ба даст меорад, бояд барои гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати 30 рӯз то таърихи эҳтимолии ба даст овардани саҳмияҳо дархости хаттӣ пешниҳод намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон на дертар аз 30 рӯзи гирифтани дархост барои ба даст овардани саҳмияҳо, ки мутобиқи қисми дуюми ин модда пешниҳод мегардад, дар бораи қарори худ ба таври хаттӣ аризадиҳандаро огоҳ месозад. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарори худ дар мӯҳлати муқарраршуда аризадиҳандаро огоҳ насозад, ин маънои онро дорад, ки розигии Бонки миллии Тоҷикистон барои ба даст овардани саҳмияҳо гирифта шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба аризае, ки мувофиқи қисми дуюми ин модда пешниҳод шудааст, танҳо дар ҳолатҳои зерин розигӣ надиҳад:

- агар вазъи молиявии тарафи бадастоварандаи саҳмия ғайриқаноатбахш бошад;

- агар ба даст овардани саҳмия боиси вайрон кардани қоидаҳои зиддиинҳисорӣ гардад;

- агар тарафҳои бадастоварандаи саҳмия маълумоти мукаммалеро, ки Бонки миллии Тоҷикистон талаб менамояд, пешниҳод накунанд ё маълумоти бардурӯғ ё гумроҳкунанда пешкаш кунанд.

Тартиби пешниҳод ва баррасии дархостҳо барои ба даст овардани саҳмияҳои ташкилоти амонатии кредитии хурд, ҳамчунин талабот ба вазъи молиявии тарафҳои ба дастоварандаи саҳмияҳо (аризадиҳандагон) аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Боби 6. Танзим ва назорати ташкилоти амонатии кредитии хурд

Моддаи 24. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимкунанда ва назорат

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини устувории молиявии ташкилотҳои амонатии кредитии хурд, ҳимояи манфиатҳои амонатгузорони онҳо, ҳамчунин дастгирии устувории низоми пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ ба воситаи муқарррар кардани меъёрҳо ва дигар талабот бо роҳи қабули санадҳои меъёрие, ки тибқи Қонуни мазкур қабул карда мешаванд, фаъолияти ташкилотҳои амонатии кредитии хурдро ба танзим медарорад ва назорат мекунад.

Моддаи 25. Меъёрҳои иқтисодии Бонки миллии Тоҷикистон

Ба таркиби меъёрҳои иқтисодие, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои риояи ҳатмии онҳо аз ҷониби ташкилоти амонатии кредитии хурд муқаррар менамояд, меъёрҳои иқтисодии зерин дохил мешаванд:

- андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ;

- андозаи ниҳоии қисми ғайрипулии сармояи оинномавии ибтидоӣ, ки набояд аз 20 фоиз зиёд бошад;

- меъёри пардохтпазирӣ;

- меъёри кифояти сармоя;

- андозаи таваккали (риски) асъорӣ, фоизӣ ва ғайра;

- меъёри истифодаи маблағҳои хусусии ташкилоти амонатии кредитии хурд барои ба даст овардани ҳиссаи (саҳмияҳои) шахсони ҳуқуқии дигар;

- талабот нисбати амалиёти шахсони бонуфуз;

- меъёри таносуби ҳадди ниҳоии амонатҳои ҷалбшуда нисбат ба сармояи умумӣ;

- меъёри ҳадди ақалли сармояи умумӣ.

Моддаи 26. Санҷиши фаъолияти ташкилоти амонатии кредитии хурд

Бонки миллии Тоҷикистон санҷиши фаъолияти ташкилотҳои амонатии кредитии хурдро дар маҳалли ҷойгиршавӣ ва берун аз маҳалли ҷойгиршавии онҳо анҷом медиҳад. Тартиби санҷиш дар маҳалли ҷойгиршавӣ ва берун аз маҳалли ҷойгиршавии ташкилоти амонатии кредитии хурдро Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муайян мекунад.

Моддаи 27. Маълумот ва ҳуҷҷатҳо

Бо мақсади иҷрои функсияҳои танзимкунандаю назоратие, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад маълумотеро, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, аз ташкилоти амонатии кредитии хурд ва шахсони бонуфуз ба даст орад. Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарнамуда ҳуқуқ дорад дар бораи муштариёни ташкилоти амонатии кредитии хурд ва манбаи маблағҳои пулии онҳо, ки барои амалӣ кардани чораҳо ҷиҳати пешгирии қонунигардонии (расмигардонии) даромадҳои бадастомада заруранд, маълумот дархост намуда, онро бигирад.

Маълумоти махфие, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани ваколат мутобиқи Қонуни мазкур ба даст овардааст, набояд ошкор карда шавад ё ба шахси сеюм дода шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

Моддаи 28. Фондҳои ташкилоти амонатии кредитии хурд

Ташкилоти амонатии кредитии хурд ӯҳдадор аст барои пӯшонидани зиён бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон фонди захиравӣ ташкил диҳад.

Ташкилоти амонатии кредитии хурд метавонад захираҳои сармоявӣ ташкил диҳад, нигоҳ дорад ва ҳисобу китоби онҳоро пеш барад.

Ташкилоти амонатии кредитии хурд ҳуқуқ дорад фондҳои дигари хилофи қонун набударо ташкил диҳад.

Боби 7. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ

Моддаи 29. Баҳисобгирии муҳосибавӣ

Тартиб ва қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ дар ташкилоти амонатии кредитии хурд, номгӯ, шакл ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисоботи муҳосибавӣ, ҳамчунин масъулият барои вайрон кардани онҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Принсипҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ ва нақшаи ҳисобҳои ташкилоти амонатии кредитии хурд мисли ҳамаи ҳисоботи молиявии онҳо мутобиқи стандарти байналмилалии баҳисобгирии муҳосибавӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 30. Пешниҳод ва нашри ҳисобот

Ҳар як ташкилоти амонатии кредитии хурд бо анҷом ёфтани соли молиявӣ на дертар аз мӯҳлати муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ба он ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- ҳисоботи молиявӣ, ки бо хулосаи аудиторӣ тасдиқ гардидааст;

- маълумот дар бораи фаъолияти худ ва амалиёт дар соли сипаришуда.

Ҳар як ташкилоти амонатии кредитии хурд ҳисоботи солонаи бо санҷиши аудитории тасдиқгардида, аз ҷумла баланси солона ва ҳисобот дар бораи фоидаю зиёнро аз рӯи шакл ва мӯҳлате, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст, баъди аз ҷониби маҷлиси солонаи саҳмиядорон тасдиқ шудани баланси солона ва ҳисобот дар бораи фоидаю зиён ба нашр мерасонад.

Боби 8. Додани шаҳодатнома ба фонди қарзии хурд

Моддаи 31. Тартиби додани шаҳодатнома ба фонди қарзии хурд

Барои анҷом додани фаъолияти худ фонди қарзии хурд ӯҳдадор аст шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро дар хусуси қайди баҳисобгирӣ ба даст орад. Шаҳодатнома ба фонди қарзии хурд бо тартибе, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, дода мешавад.

Ариза бо дархост дар хусуси гирифтани шаҳодатнома ба забони давлатӣ бо нишон додани суроғаи аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми пешниҳоди ариза бо дархост дар бораи гирифтани шаҳодатнома ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 427).

Шаҳодатномаҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни мазкур медиҳад, дорои мӯҳлати номаҳдуди амал мебошанд ва дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ эътибор доранд. Ҳангоми якҷоя шудани ду ё зиёда фонди қарзии хурд шаҳодатномаи онҳо бекор карда мешавад ва фонди аз нав ташкилшаванда ӯҳдадор аст барои гирифтани шаҳодатнома мутобиқи Қонуни мазкур ба Бонки миллии Тоҷикистон ариза пешниҳод намояд.

Маълумот дар бораи шаҳодатномаҳои мавҷудбудаи фонди қарзии хурдро Бонки миллии Тоҷикистон дар феҳристи махсус ворид менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон феҳристи алоҳидаро барои фондҳои қарзии хурд пеш мебарад. Маълумот дар бораи фонди қарзии хурд, ки дар феҳристҳо мавҷуд аст, соле як маротиба дар нашрияи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ба нашр расонида мешавад. Тағйирот ва иловаҳое, ки ба ҳар яке феҳрист ворид карда мешаванд (аз ҷумла, маълумот дар бораи шаҳодатномаҳои бекоркардашуда) дар ин нашрия дар муддати як моҳи ба феҳрист ворид намудани онҳо нашр карда мешаванд.

Моддаи 32. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани шаҳодатнома пешниҳод карда мешаванд

Барои гирифтани шаҳодатнома ҷиҳати анҷом додани фаъолият ба сифати фонди қарзии хурд аризадиҳанда ба Бонки миллии Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

- ариза бо дархост дар хусуси гирифтани шаҳодатнома аз рӯи шакле, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

- оиннома (нусхаи асл ё нусхаи аз ҷониби нотариус тасдиқшуда);

- нусхаи аз ҷониби нотариус тасдиқшудаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ;

- нусхаи аз ҷониби нотариус ё ба таври дигари қонунӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷате, ки ваколати аризадиҳандаро дар бобати аз номи муассисон пешниҳод кардани ариза тасдиқ менамояд;

- тасдиқи қонунигардонии манбаъҳои маблағҳои худӣ ва қарзии муассисон, ки барои амалӣ кардани чораҳои пешгирии қонунигардонии (расмигардонии) даромадҳое, ки бо роҳҳои ҷиноятӣ ба даст омадаанд.

Моддаи 33. Мӯҳлати додани шаҳодатнома

Бонки миллии Тоҷикистон ӯҳдадор аст дар муддати як моҳи гирифтани ариза ва ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки дар моддаи 32 Қонуни мазкур номбар шудаанд, шаҳодатнома диҳад ё додани онро рад намояд.

Дар ҳолате ки агар ҳуҷҷатҳои қабулнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ба талаботе, ки Қонуни мазкур барои додани шаҳодатнома муқаррар кардааст, ҷавобгӯ набошанд, мӯҳлати баррасии ариза аз рӯзи гирифтани ҳуҷҷатҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, аз нав ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 34. Асос барои рад ё бекор кардани шаҳодатнома

Бонки миллии Тоҷикистон бо сабабҳои зерин метавонад додани шаҳодатномаро ба фонди қарзии хурд рад ё бекор намояд:

- номувофиқатии ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашаванда ба талаботи Қонуни мазкур;

- пешниҳоди маълумоти нодуруст дар ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашаванда;

- риоя накардани талаботи Қонуни мазкур.

Бонки миллии Тоҷикистон ӯҳдадор аст ба аризадиҳанда бо нишон додани сабаби радкунӣ барои додани шаҳодатнома ба таври хаттӣ ҷавоб диҳад.

Боби 9. Амалиёте, ки ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд анҷом медиҳанд

Моддаи 35. Фаъолияте, ки ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд анҷом дода метавонанд

Ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд метавонанд бевосита ё бавосита ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси Қонуни мазкур ба онҳо дода шудааст, танҳо намудҳои зерини фаъолиятро анҷом диҳанд:

- додани қарзҳои хурд (таъминшуда ва таъминнашуда);

- анҷом додани амалиёт оид ба иҷораи молиявӣ (лизингӣ), ба шарте ки маблағи аҳди молиявӣ (лизингӣ) (бо тарҳи фоизҳои ҳисобкардашуда) бо як муштарӣ аз маҳдудиятҳое, ки нисбат ба қарзҳои хурд истифода мешаванд, зиёдтар набошад;

- ба муштариёни худ расонидани хизматҳои машваратию иттилоотӣ.

Ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд, инчунин метавонанд намудҳои дигари фаъолияти хилофи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон набударо, ки барои амалӣ кардани намудҳои фаъолияти дар қисми якуми ҳамин модда нишон додашуда заруранд, анҷом диҳанд, аз ҷумла:

- аз шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияти худро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, маблағҳои пулӣ қарз гиранд (бо таъмини амволи худ ё бо тарзи дигар);

- аз ташкилотҳое, ки дорои иҷозатнома мебошад, маблағҳои пулӣ қарз гиранд (бо таъмини амволи худ ё бо тарзи дигар) (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 317);

- нисбат ба ӯҳдадориҳои пардохти тарафи сеюм талабот ба даст оранд;

- амволеро, ки мутобиқи шартҳои гарав ба даст овардаанд, ба фурӯш бароранд.

Қарзгирӣ мутобиқи сархатҳои якум ва дуюми қисми дуюми ҳамин модда қабули амонатҳо ба ҳисоб намеравад ва гирифтани иҷозатнома талаб намекунад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 317).

Моддаи 36. Пешниҳод намудани қарзҳои хурд

Дар доираи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд ҳуқуқ доранд мутобиқи сиёсати дохилии қарздиҳӣ қарзҳои хурд диҳанд.

Ташкилотҳои қарзии хурд ва фонди қарзии хурд метавонанд зери таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ё бе чунин таъмин қарзи хурд диҳанд.

Моддаи 37. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ

Тартиб ва қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ дар ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд, масъулият барои вайрон кардани онҳо, принсипҳои қайди баҳисобгириро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Ҳар як ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи солона, аз ҷумла баланс ва ҳисобот дар бораи фоидаю зиёнро пешниҳод мекунад.

Боби 10. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 38. Санҷиши аудитории ташкилоти маблағгузории хурд

Санҷиши дохилии ташкилотҳои маблағгузории хурд аз тарафи аудити дохилии онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Фаъолияти ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ҳар сол аз ҷониби аудиторҳои берунӣ, ки ташкилотҳои мазкур таъин кардаанд ва барои гузаронидани чунин навъи аудит иҷозатнома доранд, мавриди санҷиши аудиторӣ қарор дода мешавад. Фонди қарзии хурд метавонад ҳар сол ҳангоми зарурат бо ҷалби аудиторҳои беруна фаъолияти худро мавриди санҷиш қарор диҳад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 317).

Аудити ҳарсолаи берунии ташкилотҳои маблағгузории хурд инҳоро дар бар мегирад:

- муқаррар кардани мавҷудияти маблағи сармоя ва вазъи молиявии ташкилотҳои маблағгузории хурд;

- санҷиши сари вақт, пурра ва дақиқ инъикос кардани амалиёти гузаронидашуда дар ҳисобдорӣ ва ҳисоботдиҳӣ;

- санҷиши мувофиқати амалиёти гузаронидашуда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон;

- санҷиши мувофиқати амалиёти гузаронидашуда ба шароити умумии гузаронидани онҳо, ҳамчунин мувофиқати тартиби гузаронидани амалиёт ба қоидаҳои дохилии ташкилоти маблағгузории хурд.

Натиҷаи санҷиш ва хулосаҳои худро аудитори берунӣ дар ҳисоботе, ки ба ташкилотҳои маблағгузории хурд пешниҳод карда мешавад, баён менамояд. Ҳисобот бояд маълумот дар бораи саҳеҳии фаъолияти молиявии ташкилотҳои маблағгузории хурдро дар бар гирад. Барои ташкилоти амонатии кредитии хурд дар ҳисобот бояд маълумот дар бораи аз ҷониби вай иҷро гардидани меъёрҳои ҳатмие, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст, вазъи назорати дохилӣ ва дигар муқаррароти муайяннамудаи ҳуҷҷати таъсисии ташкилоти амонатии кредитии хурд ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон дарҷ карда шавад.

Моддаи 39. Махфият

Аз тарафи ташкилоти маблағгузории хурд, муассисони вай, саҳмиядорон, аъзои Шӯрои директорон, кормандони иҷроия, кормандон ва агентҳо ба шахсони сеюм ошкор намудани маълумоти махфие, ки онҳо вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ дастрас менамоянд ва ҳамчунин ғайриқонунӣ истифода намудани ин маълумот манъ аст.

Ошкор накардани маълумот аз инҳо иборат аст:

- роҳ надодан ба истифодаи маълумоте, ки аз муштарӣ ба манфиати ташкилоти маблағгузории хурд ё ягон шахси дигар гирифта шудааст, ба истиснои истифодаи он бо иҷозат ё бо дастури муштарӣ;

- паҳн накардани маълумот ба тарафи сеюм, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ӯҳдадорӣ хориҷ кардани риояи махфиятро ҳолатҳои дар моддаи 11 Қонуни мазкур ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Нисбат ба ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд муқаррарот дар хусуси сирри бонкӣ татбиқ карда мешавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" оид ба маълумоте, ки сирри суратҳисоби муштарӣ, амалиёт аз рӯи суратҳисоб ва маълумот дар бораи соҳиби суратҳисобро ташкил медиҳад, муқаррар кардааст.

Моддаи 40. Баррасии баҳсҳо

Ташкилоти маблағгузории хурд ё шахсони дигар ҳақ доранд аз болои амали (беамалии) Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолият оид ба маблағгузории хурд ба суди иқтисодӣ муроҷиат намоянд.

Баҳси байни ташкилотҳои маблағгузории хурд ва мизоҷони онҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.

Моддаи 41. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон менамоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 42. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Ташкилотҳои маблағгузории хурди амалкунанда ӯҳдадоранд дар давоми шаш моҳи мавриди амал гардидани Қонуни мазкур фаъолияти худро ба он мутобиқ намоянд.

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

17 майи соли 2004 № 38