Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2004, № 119 "Дар бораи тадбиҳо оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004 № 1249"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 605 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбиҳо оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004 № 1249

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004 № 1249 "Дар бораи баъзе чораҳои такмили системаи идораи давлатӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дастгоҳи марказии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" то давраи аз нав ташкилдиҳии соҳаи сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шавад.

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон", тағйироти зайл ворид карда шавад:

- дар сархати якуми банди 2 рақами "85" ба рақами "330", бо дарназардошти ҳайати хизматрасон иваз карда шавад;

- дар сархати дуюми банди 2 калимаи "чор" ба калимаи "панҷ" иваз карда шавад.

3. Аз Номгӯи корхонаҳои давлати ва ҷамъиятҳои саҳомии (пакети назоратии саҳмияашон ба давлат тааллуқдошта) дар соҳаи энергетика фаъолиятдошта, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 тасдиқ гардидааст, банди 1 хориҷ карда шавад.

4. Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1. Роҳбарият 2. Ширкати саҳомию холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" 3. Департаменти истихроҷи нафт, газ ва ангишт 4. Департаменти таъминот бо маҳсулоти нафт ва газ 5. Департаменти иқтисод ва дурнамо 6. Департаменти сиёсати энергетикӣ 7. Департаменти сохтмон 8. Мудирияти корҳо".

5. Маблағгузории Дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи истисно то ба итмом расидани аз нав ташкилдиҳии соҳаи энергетикӣ аз ҳисоби фоидаи корхонаҳои соҳаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

6. Дар соҳаи электроэнергетикӣ дар давраи солҳои 2004 - 2005 тартиби идораи муттамаркази корхонаҳои тобеъ, ҷамъоварии маблағҳои пулӣ аз қувваи барқ ва гармии интиқолдодашуда, шарти пардохти музди меҳнат, инчунин пардохти андозҳо нигоҳ дошта шавад.

7. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи идораи оперативии саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушодаеро, ки дар соҳаи электроэнергетика фаъолият доранд, диҳад.

8. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2001 № 492 "Масъалаҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" калимаҳои "Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба калимаҳои "Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон", иваз карда шавад.

9. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ оид ба такмили системаи идораи давлатии корхонаҳои соҳаи энергетика ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

аз 31 марти соли 2004 № 119

ш. Душанбе