Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003, № 75 "Дар бораи пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони корхонаҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба мамлакатҳои хориҷаи дуру наздик, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 13.05.2003

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008с.№ 531 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони корхонаҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба мамлакатҳои хориҷаи дуру наздик, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарор аз 13.05.2003с. № 213)

Бо мақсади ба танзим даровардани пардохти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ, кормандони корхонаҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ, ки бо сафари хизматӣ ба мамлакатҳои хориҷаи дуру наздик, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 марти соли 2003 меъёри пардохти хароҷотҳои кирояи манзилгоҳ дар давлатҳои хориҷаи дуру наздик ҳангоми сафарҳои хизматӣ муқаррар карда шавад, барои:

а) раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи хароҷотҳои воқеӣ.

б) муовинони раиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олин Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовинони сарвазир, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ), Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Прокурори генералӣ, раисони Шӯрои адлия, Суди Олӣ, Суди конститутсионӣ, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон,раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз рӯи хароҷотҳои воқеӣ, вале на зиёда аз 200 доллари ШМА дар як шабонарӯз (Қарор аз 13.05.2003с. № 213);

в) аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шӯъбаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафирон, намояндагони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ, муовинони вазир, муовинони раиси кумитаҳои давлатӣ, сардорони мақомотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Прокурори генералӣ, раиси Шӯрои адлия, раиси Суди Олӣ, раиси Суди конститутсионӣ ва раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, аз рӯи хароҷотҳои воқеӣ, вале на зиёда аз 120 доллари ШМА дар як шабонарӯз;

г) дигар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони корхонаҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ аз рӯи хароҷотҳои воқеӣ, вале на зиёда аз 80 доллари ШМА дар як шабонарӯз.

2. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти роҳкиро дар мамлакатҳои хориҷаи дур ва наздик бо назардошти фармоиши пешакӣ додан, барои шахсоне, ки дар банди 1 зербанди "а"-и ин қарор зикр ёфтаанд, бо класси якум ё бизнес-класс, зербанди "б" бо бизнес-класс. зербандҳои "в" ва "г" - бо эконом-класс пардохт мешаванд.

3. Маблағи харҷи шабонарӯзӣ барои шахсони дар сафари хизматӣ буда, ки дар банди 1, зербанди "а" ва "б" ин қарор муайян карда шудаанд, дар ҳаҷми 50 доллари ШМА ва барои хароҷотҳои ғайричашмдошт боз 30 фоизи меъёри харҷи шабонарӯзӣ, барои ҳар як шабонарӯз ва зербанди "в" - 30 доллари ШМА ва барои хароҷотҳои ғайричашмдошт боз 15 фоизи меъёри хароҷотҳои шабонарӯзӣ барои ҳар як шабонарӯз ва зербанди "г" - 30 доллари ШМА муқаррар карда шавад.

4. Пардохти хароҷоти сафари хизматӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони корхонаҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ чунин муқаррар карда шавад:

- кирояи манзилгоҳ дар шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои шахсони дар банди 1 зербанди "а" ва "б"-и ин қарор нишондодашуда дар ҳаҷми 50 сомонӣ, зербанди "в" ва "г"- 30 сомонӣ, ва дигар маҳалҳои аҳолинишин барои ҳамаи шахсони дар сафари хизматӣ буда - 10 сомонӣ дар як шабонарӯз (Қарор аз 13.05.2003с. № 213);

- кирояи манзилгоҳ дар шаҳри Душанбе барои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 сомонӣ дар як шабонарӯз;

- роҳкиро - дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи тасдиқуқнанда.

Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда хароҷоти кирояи манзилгоҳ ва роҳкиро ба андозаи 50 фоизи меъёрӣ муқарраргардида пардохт карда мешавад.

5. Пули харҷи шабонарӯзӣ ҳангоми сафари хизматӣ ба шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ба шахсони дар банди 1 зербандҳои "а" ва "б"-и ин қарор муайяншуда, дар ҳаҷми - 20 сомонӣ, зербанди "в" - 15 сомонӣ ва зербанди "г" - 12 сомонӣ ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин -10 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Ба шахсони дар сафари хизматӣ буда пули шабонарӯзӣ ва кирояи манзилгоҳ дар ҳолате пардохт мегардад, ки агар ҷои сафари хизматӣ аз ҷои кори доимӣ дар масофаи на кам аз 30 километр ҷойгир шуда бошад. Пардохти роҳкиро бошад, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, аз рӯи варақаи сафарӣ пардохт карда мешавад.

Ба шунавандагоне, ки барои таҳсил ба курсҳои такмили ихтисос берун аз кор фиристода мешаванд, дар дохили ҷумҳурӣ барои ҳар як рӯз дар давоми як моҳ ба андозаи 10 сомонӣ пули харҷи шабонарӯзӣ дода мешавад.

6. Муқаррар карда шавад, ки баъди бозгашт аз сафари хизматӣ хизматчиёни давлатӣ, кормандони корхонаҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ оа ҳисобдорӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хароҷотҳои воқеиро оид ба пардохти кирояи манзилгоҳ ва роҳкиро пешкаш менамоянд. Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, маблағи кирояи манзилгоҳ дар ҳаҷми 50 фоизи меъёри муқарраргардида ҷуброн карда мешавад.

7. Коргарон, мутахассисон ва роҳбароне, ки барои иҷрои корҳои насбу васлкунӣ ва сохтмонӣ ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд, ҳангоми иштирокашон дар корҳои истеҳсолӣ ба ивази хароҷоти шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 50 фоизи ставкаи амалкунанда (маоши вазифавӣ) изофапулӣ дода мешавад, ки он барои ҳар як рӯзи дар сафари хизматӣ буда аз 10 сомонӣ набояд зиёд бошад.

Андозаи изофапулӣ, ки барои иҷрои корҳои характери сайёр ва вахтавӣ дошта дода мешавад, дар ҳамаи ҳолатҳо набояд аз 10 сомонӣ зиёд бошад. Мӯҳлати сафари хизматии коргарон, мутахассисон ва роҳбароне, ки барои иҷрои корҳои насбу васлкунӣ ва сохтмонӣ фиристода мешаванд, набояд аз як сол зиёд бошад.

8. Муқаррар карда шавад, ки корхонаву муассисаҳои худмаблағгузор, новобаста аз шакли моликияташон хароҷоти сафари хизматиро, ки дар банди 1 зербанди (г) қарори мазкур муайян карда шудааст, ба арзиши маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дохил карда метавонанд.

9. Дар мавридҳои ҷудогонаи вобаста ба сафарҳои ҳайатҳои давлатӣ ва Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакатҳои хориҷӣ бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонанд меъёрҳои дигари пардохти хароҷот муқаррар карда шаванд (Қарор аз 13.05.2003с. № 213).

10. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ин қарор дастурамал таҳия карда, тасдиқ намояд (Қарор аз 13.05.2003с. № 213).

11. Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 1993 № 473 "Дар бораи меъёрҳои сафархарҷӣ ба ҳисоби асъори хориҷӣ барои кормандоне, ки дар хориҷа дар сафарӣ хизматии кӯтоҳмуддат мебошанд" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997 № 297 "Дар бораи танзим ва пардохти сафарҳои хизматӣ" беэътибор дониста шаванд (Қарор аз 13.05.2003с. № 213).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 28 феврали соли 2003 № 75

ш. Душанбе