Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2004, № 1311 "Дар бораи такмили системаи идораи давлатӣ дар авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОН

Дар бораи такмили системаи идораи давлатӣ дар авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади такмили системаи идораи давлати дар авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори мустақили идораи давлати дар соҳаи авиатсияи граждани таъсис дода шавад.

2. Ба зиммаи Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа ва функсияҳои идораи давлати, пешбурди сиёсати давлати дар соҳаи авиатсияи граждани вогузошта шавад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- низомнома, сохтор, шумораи ниҳоии кормандони Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ ва роҳбарияти онро таъин намояд;

- масъалаи маблағгузори ва ҷойгиронии Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал намояд;

- вазифа ва функсияҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми идораи давлатае, ки сиёсати ягонаи нақлиётиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад, аз нав дида барояд;

- қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ гардонида, ҷиҳати ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйироти дахлдор пешниҳод манзур намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 5 апрели соли 2004 № 1311

ш.Душанбе