Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2004, № 116 "Дар бораи ба Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" табдил додани Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бандҳои 2 ва 5 беъэтибор дониста шуданд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.09.2006с. № 416)

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ба Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" табдил додани Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004 № 1249 "Дар бораи баъзе чораҳои такмили системаи идораи давлатӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" табдил дода шавад.

2 Беъэтибор дониста шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.09.2006с. № 416).

3. Ба Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймои ,Тоҷикистон, вогузор карда шавад:

- иҷрои зазифаи интиқолдиҳандаи миллии ҳавопаймои ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда, гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва парвозҳо ба манфиатҳои мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмин намудани дигар интиқолоти давлатии ҳавопаймоӣ;

- иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба қарзҳои беруние, ки Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда буд.

4. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида барӯйхатгирӣ ва нархгузории амволи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон"-ро анҷом диҳад.

5. Беъэтибор дониста шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.09.2006с. № 416).

6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақсимот ва истифодаи фоидаи соф дар ихтиёри Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" боқимонда, аз ҷумла гирифтани қисми фоидаи соф қарор қабул менамояд.

7. Аз Номгӯйи корхонаю муассисаҳои нақлиётии давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки дар фонди оинномавиашон ҳиссаи давлат мавҷуд аст ва фаъолияташонро бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи бастани созишномаҳо амалӣ менамоянд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 485 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, калимаҳои ,Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.

8. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1992 № 159 "Дар бораи ташкили Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 31 марти соли 2004 № 116

ш. Душанбе