ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
Дар бораи пешбурди дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади танзим ва баҳисобгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорони инфироди) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Дафтари бақайдгири санҷиши субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорони инфироди) дар Ҷумҳури Тоҷикистон ҷори карда шуда, Қоидаҳои пур кардани он мутобиқи замима тасдиқ карда шавад.
2. Пешбурди дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорони инфироди) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.
Ҷавобгарии шахси барои риояи қоидаҳои муқарраркардаи ҳамин Фармон оид ба пешбурд ва пур кардани Дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорони инфироди) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба зиммаи роҳбарони субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорони инфироди) ва шахсони ваколатдори мақомоти назорату санҷиш вогузор карда мешавад.
3. Дар сурати саркаши кардани шахси ваколатдори мақомоти санҷиши аз пур кардани Дафтари бақайдгирии санҷиш ва ё нодуруст (нопурра) пур кардани он роҳбари субъекти хоҷагидор (соҳибкори инфироди) ҳақ дорад, ки ба мо мақоми дахлдори назорат, маълумот ирсол намояд.
4. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои Фармони мазкурро таъмин намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 марти соли 2001 № 542 ш. Душанбе