ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ДОХИЛ КАРДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 1996 "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 24, моддаи 408; соли 1998, № 10, моддаи 76; соли 1999, № 6, моддаи 166; соли 2000, № 11, моддаи 521; соли 2001, № 7, моддаи 481) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаи "лицензия" ба калимаи "иҷозатнома (литсензия)" иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
сархатҳои 4 ва 9 ба тариқи зайл баён карда шаванд:
"-иҷозатнома (литсензия) - ҳуҷҷати расмии мақоми ваколатдор, ки барои истеҳсол ва (ё) пахши барномаҳои телевизион ва радио ҳуқуқ медиҳад;
-ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ - шахси ҳуқуқиест, ки барои истеҳсол ва (ё) пахши барномаҳои телевизиону радио ва асарҳои аудиовизуали иҷозатнома дорад;".
ба модда сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-маҳсулоти аудиовизуали - силсилаи кадрҳои ба ҳам алоқаманде (видеотасвирҳои овоздор ё беовоз), ки барои дидану шунидан бо ёрии воситаҳои мувофиқи техники таҳия гардидаанд (аудивидеофилмҳо, кинофилмҳо, намоишномаҳо, реклама, барномаҳои консерти ва қайра)".
3. Дар моддаи 2 калимаи "прокати" ба калимаҳои "кирои (прокати)" иваз карда шавад.
4. Қисми якуми моддаи 4 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавони ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма", Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад".
5. Калимаи "байналхалқи" дар тамоми матни Қонун ба калимаи "байналмилали" иваз карда шавад.
6. Дар қисми якуми моддаи 6 калимаҳои "цензура чун воситаи назорат ба мазмуни идеологии барномаҳои телевизион ва радио манъ аст" ба калимаҳои "сензураи давлати ва таъқиб барои танқид манъ аст" иваз карда шаванд.
7. Дар қисми якуми моддаи 8 калимаҳои "вилоятҳо ва шаҳри Душанбе" ба калимаҳои "вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва радиошунавонии ноқилии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 9 калимаи "қарорҳои" ба калимаи "санадҳои" иваз карда шавад.
9. Моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 10. Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавони
Ташкилотҳои қайридавлатии телевизион ва радиошунавони ташкилотҳое мебошанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардида, дар асоси иҷозатномаи (литсензияи) тибқи Қонуни мазкур додашуда аз ҳисоби худмаблақгузори фаъолият менамоянд".
10. Қисмҳои якум ва дуюми моддаи 12 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Фаъолияти шахсони ҳуқуқи дар соҳаи телевизион ва радиошунавони дар асоси иҷозатнома (литсензия) ба роҳ монда мешавад.
Тартиб додан, тамдид, боздори, мӯҳлати амал, беэътибор донистани иҷозатномаро (литсензияро) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд".
11. Ба моддаи 14 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони пахши барномаҳоро тавассути воситаҳои техникии худи ё иҷорагирифта амали мегардонанд".
12. Дар моддаи 28:
қисми якуми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ метавонанд барномаҳои телевизиону радио истеҳсол намоянд ё аз барномаҳою маҳсулоти аудиовизуалии дигар ташкилотҳое, ки иҷозатнома (литсензия) доранд, истифода баранд",
Ба сархати якуми қисми панҷум баъди калимаи "зӯровари", калимаҳои "терроризм бо ҳама гуна зуҳуроташ", илова карда шаванд;
қисмҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва шашум мутобиқан қисмхои дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
28 феврали соли 2004 № 7