ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ХУСУСИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ЗОТПАРВАРӢ ДАР СОҲАИ ЧОРВОДОРӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №15-16 мод.237; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, №3, мод. 48) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
Номи Қонун дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар бораи зотпарвари".
Аз дебочаи Қонун калимаҳои "соҳаи чорводории" хориҷ карда шаванд.
Дар моддаи 1:
дар қисми якум пас аз калимаи "ҳайвонот" калимаҳои "(парранда, моҳи, ҳашароти муфид, аз ҷумла занбури асал)" илова карда шаванд;
қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Бо зотпарвари хадамоти давлатии зотпарвари машғул аст."
Моддаи 11 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 11. Маҳсулоти зоти
Ҳамаи намуди ҳайвоноти нарина ва модинаи чорво, парранда, занбури асал, моҳи, насл, нутфа, тухм ва зиготаи онҳо, ки барои онҳо сертификат ва ё шаҳодатномаи зоти дода шудааст, маҳсулоти зоти ҳисобида мешаванд.
Тартиб ва асоси додани сертификат ва шаҳодатномаи зотиро Низомнома, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мекунад.
Барои гирифтани сертификат ва шаҳодатномаи зоти субъектҳои зотпарвари ба хадамоти давлатии зотпарвари дар ҳаҷми хароҷоти воқеи маблағ пардохт менамоянд".
Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Субъектҳои зотпарвари
Субъектҳои зотпарвари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои зотпарвари;
шахсони воқеи-соҳибони маҳсулоти зоти."
Моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарвари
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарвари ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст".
Дар моддаи 4:
дар сархати дуюм калимаҳои "чорвои ҷумҳури" ба калимаи "ҳайвонот" иваз карда шавад;
аз сархати сеюм калимаи "ҳайвоноти" хориҷ карда шавад;
дар сархати чорум калимаи "ҳайвоноти" ба калимаи "маҳсулоти" иваз карда шавад.
Моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 5. Мақомоти назорати давлати дар соҳаи зотпарвари
Назорати давлатиро дар соҳаи зотпарвари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлати дар соҳаи зотпарвари амали менамояд.
Вазифа, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мақомоти ваколатдори давлати дар соҳаи зотпарвари бо Низомнома муайян карда мешавад.
Низомномаи мақомоти ваколатдори давлати дар соҳаи зотпарвариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд".
Моддаҳои 6 ва 7 хориҷ карда шаванд.
Моддаи 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 8. Ҷавобгари барои риоя накардани меъёрҳо ва қоидаҳои зотпарвари
Дар сурати вайрон намудани меъёрҳо ва қоидаҳои зотпарвари, яъне:
- вайрон кардани тартиби фурӯхтан, ба моликияти шахси дигар додан, инчунин истифодаи маҳсулоти зотие, ки сертификат ва ё шаҳодатномаи зоти надоранд;
- барои такрористеҳсолии маҳсулоти зоти истифода бурдани ҳайвоноти наринаи аслаш номуайян, ки боиси гум гардидани арзиши зот мегарданд;
- вайрон намудани қоидаҳои муқаррарнамудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии истифодаи ҳайвоноти наринаи аслаш номуайян, фурӯхтан, ба моликияти шахси дигар додан, ихтиёрдори ва истифодаи маҳсулоти зоти, инчунин нодуруст муайян намудани арзиши зоти онҳо;
- сари вақт нагузаронидани чорабиниҳои пешгири ва табобати, инчунин дигар чорабиниҳои муқаррарнамудаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқи, ки боиси ба бемориҳои сирояти гирифтор шудани ҳайвоноти зоти, паст ё гум шудани арзиш, ҳалок ё талаф гардидани маҳсулоти зоти мегарданд;
- вайрон намудани қоидаҳои пешбурди баҳисобгирии маҳсулоти зоти, ё пешниҳод накардани маълумоте, ки дар китобҳои давлатии (феҳристҳо) маҳсулоти зоти бояд сабт гарданд,
шахсони воқеи ва ҳуқуқи мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд".
Моддаи 9 хориҷ карда шавад.
Қисми 2 моддаи 10 хориҷ карда шуда, қисми 3 қисми 2 ҳисобида шавад.
Қисми 3 моддаи 11 хориҷ карда шавад.
Дар матни моддаи 12 калимаҳои "зотпарварии соҳаи чорводориро" ба калимаи "зотпарвариро" иваз карда шаванд
Моддаи 2.
Қонуни мазкур баъд аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
28 феврали соли 2004 № 20