ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тартиби додани патент ва шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ ба шахсони воқеӣ, ки фаьолияти соҳибкории худро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд ва номгӯи намудҳои фаьолияти соҳибкории инфиродӣ, ки оид ба онҳо пардохти андоз аз даромад дар асоси патент анҷом дода мешавад ва коэффитсиентҳои минтақавии танзимкунандаи маблағи пардохти патент
Мутобиқи моддаи 24 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 121 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои қарор мекунад:
1. Тартиби замимагардидаи додани патент ва Шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ ба шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкории худро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шавад.
2. Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки оид ба онҳо пардохти андоз аз даромад дар асоси патент анҷом дода мешавад ва Коэффитсиентҳои минтақавии танзимкунандаи маблағи пардохти патент тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
3. Патент оид ба намудҳои фаьолияти соҳибкорӣ, ки оид ба онҳо шакли андозбандии патентӣ пешбинӣ нашудааст ва арзиши онҳо то қабул шудани Тартиби бо банди 1 қарори мазкур тасдиқгардида пардохт шудаанд, то ба итмом расидани мӯҳлаташон амал менамоянд.
4. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакл ва тартиби пур кардани Шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ, патент ва китоби махсуси бақайдгирии патентҳоро муайян намояд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии барои ин мақсад пешбинишуда тайёр намудани варақаҳои патент ва Шаҳодатномаи соҳибкори инфиродиро таъмин намуда, баъдан ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
5. Қарори мазкур аз 1 майи соли 2004 мавриди амал қарор дода шавад.
6. Беэътибор дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2000 № 216 "Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯйи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз он андоз аз даромад дар асоси патент ситонида мешавад ва Тартиби гирифтани патент аз тарафи шаҳрвавдоне, ки бидуни таъсиси шахсияти ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкорӣ анҷом медиҳанд";
банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 № 250 "Дар бораи тадбирҳои такмил додани тартиби пардохтҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 марти соли 2004 № 140
ш. Душанбе