Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи карантини растанӣ"
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи карантини растанӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, сохтори он, номгӯи гузаргоҳҳои сарҳадии карантини растанӣ тасдиқ карда шаванд.
3. Муқаррар карда шавад, ки маблағгузории Умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
4. Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи корҳо ва хизматрасониҳои пулакиро оид ба таъмини карантини растанӣ мутобиқи тартиби муқарраршуда таҳия ва тасдиқ намояд.
5. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои вазифа ва ҳалли масъалаҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи карантини растанӣ" ёрии ҳаматарафа расонанд.
6. Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардани қитъаҳои заминро барои хадамоти карантинӣ тибқи тартиби муқарраршуда баррасӣ ва ҳал намояд.
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 апрели соли 1994 № 189 "Масъалаҳои Бозрасии давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 феврали соли 2002 № 38
ш. Душанбе