Низомномаи Умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002, № 38

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 591 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 феврали соли 2002 № 38

тасдиқ шудааст

Низомномаи Умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

Умури давлатии карантини растании Ҷумҳурин Тоҷикистон шабакаи ягонаи мутамарказ буда, аз мақомоту ташкилотҳои давлатии зерин иборат мебошад ва ба воситаи онҳо чорабиниҳои давлатии карантини растаниро анҷом медиҳад:

а) Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) Лабораторияи ҷумҳуриявии карантини растанӣ;

в) Дастаи фумигатсионии Инспексияи давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) Инспексияҳои давлатии карантини растании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятхо;

д) пунктҳои ноҳиявӣ ва байниноҳиявии карантини растанӣ;

е) гузаргоҳҳои сарҳадии карантини растанӣ дар бандарҳои дарёҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, почтамтҳо ва роҳҳои мошингард.

2. Роҳбарии умумии Умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарии умумии Умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистонро Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ анҷом медиҳад, ки ба доираи салоҳияти он дохиланд:

роҳбарӣ ба умури карантини растанӣ дар ҷумҳурӣ, назорати давлатии иҷрои чорабиниҳои карантини растанӣ ва сари вақт доир намудани чорабиниҳои карантинӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ анҷом медиҳад;

мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи байнисоҳавиро дар соҳаи ҳифзи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавии зараррасонҳои карантинӣ ва дигар зараррасонҳои хатарнок, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона аз дигар давлатҳо, инчунин сари вақт ошкор намудан, пешгирӣ кардани паҳншавии онҳо ва нобудсозии онҳоро дар дохили ҷумҳурӣ анҷом медиҳад;

барои татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи доир намудани назорати давлатӣ ба риояи қоидаю чорабиниҳои муқаррагардида оид ба карантини растанӣ ҳангоми истеҳсол, захиракунӣ, интиқол, нигоҳдорӣ, коркард, фурӯш ва истифодаи махсулоти кишоварзӣ ва ғайраи аз растанӣ истеҳсолгардида масъул мебошад;

дар доираи салоҳияти худ интишор намудани фармонҳо, дастурамалҳо, низомномаҳо ва қоидаҳои карантини растанӣ, ки хилофи созишномаҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, иҷрояшон барои тамоми вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, инчунин шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад ва мувофиқи тартиби муқарраргардида ба маълумоти онҳо расонида мешаванд;

дар ҳолатҳои зарурӣ бо мувофиқаи вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳо ва дигар қарорҳо мебарорад.

Сардори Инспексияи давлатии карантини растаниро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Сардори Инспексияи давлатии карантини растанӣ аз рӯи вазифа ҳамзамон Саринспектори давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муовини сардори Инспексияи давлатии карантини растанӣ ҳамзамон муовини Саринспектори давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сардори Инспексияи давлатии карантини растанӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо аз рӯи вазифа мутобиқан Саринспектори давлатии карантини растании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо мебошад.

Сарагроном, инспектор ва мутахассиси пешбари пункти байниноҳиявӣ ё ноҳиявии Инспексияи давлатии карантини растании ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, байниноҳиявӣ, ноҳиявӣ аз рӯи вазифа ҳамзамон мутобиқан инспектори давлатии карантини растании минтақа ё пункти хизматрасонанда мебошад.

Сардори Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Инспексияи давлатии карантини растанӣ гузошташуда ва татбиқи вазифаҳои худ масъул буда, дараҷаи масъулияти муовини сардори Инспексия ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказиро барои иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда муқаррар менамояд.

Ба Сардори Инспексияи давлатии карантини растанӣ ҳуқуқи ворид намудани тағйирот ба сохтори дастгоҳи марказӣ дар доираи шумора ва фонди муқарраргардидаи пардохти музди меҳнат дода мешавад.

Рӯйхати штатҳои дастгоҳи марказии Инспексияи давлатии карантини растанӣ, инчунин низомномаҳои воҳидҳои сохториро Сардори Инспексияи давлатии карантини растанӣ тасдиқ менамояд.

Инспексияи давлатии карантини растанӣ дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.

3. Вазифаҳои асосии Инспексияи давлатии карантини растании иазди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаҳои асосии Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

омӯзиши таркиби муқаррарӣ ва биологии зараррасонҳо, касалиҳои растанӣ, алафҳои бегонаи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуднабуда ва ба таври маҳдуд паҳншуда ва дар ин асос таҳия намудани номгӯи зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона, ки нисбати онҳо чорабиниҳои давлатӣ оид ба карантини растанӣ муқаррар ва татбиқ карда мешаванд;

таҳияи шартҳои воридоти маҳсулоти растанӣ ва дигар мавод аз дигар давлатҳо, шартҳои интиқоли чунин маҳсулот дар дохилп ҷумҳурӣ аз минтақаҳои карантин эълоншуда, ннчунин шартҳои истифодаи он дар қаламрави ҷумҳурӣ;

таҳияи усулҳои тафтиши карантинӣ, ташхиси лабораторӣ, ташхиси олудагии ниҳонӣ ва безарар намудани маҳсулоти растанӣ ва дигар мавод;

доир намудани тафтиши карантинӣ ва ташхиси лаборатории маҳсулоти растанӣ ва дигар маводи аз дигар давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, аз ҷумла растаниҳое, ки дар дохили бағоҷ, муросилоти почта ва борҳои дастии мусофирон, инчунин воситаҳои нақлиёти аз дигар давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда интиқол дода мешаванд;

ташкили солимгардонӣ ва безарарсозии карантинии маҳсулоти растанӣ ва дигар мавод, инчунин воситаҳои нақлиёте, ки аз дигар давлатҳо ва минтақаҳои таҳти карантин эълоншудаи ҷумҳурӣ ворид мегарданд;

доир намудани тафтиши карантинии маҳсулоти растанӣ ва дигар маводи ба хориҷа содиршаванда;

доир намудани тафтиши назоратии киштзорҳои кишоварзӣ ва ғайра, ҷойҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанӣ бо мақсади сари вақт ошкор намудани зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона;

муқаррар намудани ноҳиябандӣ ва микроноҳиябандии карантинии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

якҷоя бо муассисаҳои илмию тадқиқотӣ таҳия намудани чорабиниҳои самарабахш оид ба мубориза бо зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона;

ба таври васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам, инчунин шиносонидани аҳолӣ бо чорабиниҳои оид ба мубориза бо зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона;

анҷом додани назорати давлатии иҷрои чорабиниҳои карантинӣ аз ҷониби вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо, корхонаю ташкилотҳо инчунин шаҳрвандони алоҳида;

назорати фаъолияти парваришгоҳҳои карантинӣ, қитъаҳои навъсанҷӣ, гармхонаҳое, ки ҳолати карантинии тухмӣ ва растаниҳои аз давлатҳои дигар, инчунин минтақаҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ таҳти карантин эълонгардида воридшавандаро тафтиш менамоянд;

назорати зироатҳо ва ниҳолҳо дар парваришгоҳҳо, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва парвариши гулҳои ороишӣ бо мақсади таъмини истеҳсоли тухмӣ ва кӯчати озод аз зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона;

назорати доир намудани чорабиниҳои аз конвенсия ва созишномаҳои байналмилалии бо дигар давлатҳо имзонамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи карантини растанӣ бароянда;

як маротиба дар панҷ сол Номгӯи зараррасонҳо, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегонаро, ки барои ҷумҳурӣ аҳамияти карантинӣ доранд, аз нав дида мебарояд ва тасдиқ мекунад, инчунин якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мувофиқаи вазорату идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон Номгӯи объектҳои биологиеро, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани онҳо манъ мебошад, нашр менамояд;

қоидаҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, дар дохили ҷумҳурӣ интиқол додан, ба содирот баровардан ва шартҳои истифодаи тухмӣ, растанӣ, ашёи хоми растанигӣ, дигар маҳсулоти растанӣ ва молҳои истеъмоли халқро муқаррар менамояд;

мувофиқи тартиби муқаррагардида ҳамкориро оид ба карантини растанӣ ва ҳифзи растанӣ дар доираи ташкилотҳои байналхалқӣ анҷом медиҳад;

мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба карантини растанӣ ва ҳифзи растанӣ конвенсияҳо ва созишномаҳои дуҷонибаи байналмилалӣ имзо менамояд, инчунин дар иҷрои ӯҳдадориҳои аз дигар созишномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва кишварҳои ИДМ дар бобати иҷрои чорабиниҳои карантинӣ бароянда иштирок менамояд;

иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи карантини растанӣ ҳамоҳанг ва назорат менамояд;

мутахассисони карантини растаниро, ки аз тариқи Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани тафтиши карантинии ҳаҷми калони борҳои карантинии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда, инчунин барои омӯзиши ҳолати санитарии киштзорҳо ва ниҳолзорҳои зироатҳои кишоварзӣ ва растаниҳои ҷангал ба ин кишварҳо фиристода мешаванд, интихоб ва ба фаъолияти онҳо роҳбарӣ менамояд;

мувофиқи тартиби муқарраргардида дастаҳои махсуси (фумигатсия, дастаҳои сайёрӣ бо техника, дастгоҳ ва воситаҳои ҳифзи растанӣ ҷиҳозонидашуда) оид ба рафъ ва пешгирии паҳнщавии зараррасонҳои карантинӣ ва дигар зараррасонҳои хатарнок, касалӣ ва алафҳои бегонаро таъсис медиҳад;

чорабиниҳои зарурии зидди зараррасонҳои карантинӣ, касалӣ ва алафҳои бегонаро доир менамояд.

4. Чорабиниҳои карантинӣ

Чорабиниҳои карантинӣ ба инҳо паҳн мегарданд:

тухмӣ ва кӯчати зироатҳои кишоварзӣ, ҷангал ва ороишӣ, растаниҳо ва қисмҳои онҳо (қаламча, пиёзак, беху дона, мева ва ғайра), инчунин ҳама гуна дигар маҳсулоти растанӣ ва алафҳои бегона;

беху донаи занбурӯғҳои зинда, бактерияҳо, вирусҳо, нематодҳо, кана ва ҳашарот;

коллексияҳои ҳашарот, ангезандаҳои касалиҳои растанӣ ва намунаҳои зиёнҳое, ки онҳо мерасонанд, инчунин гербарий ва коллексияҳои тухмӣ;

мошинҳо ва олоти кишоварзии коркарди замин, ҳама намуд зарфҳо, молҳои алоҳидаи саноатӣ, воситаҳои бастабандӣ ва маснуот аз маводи растанӣ, ки метавонанд гузаронандаи зараррасонҳо, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона бошанд, монолитҳо ва намунаҳои хок, воситаҳои нақлиёте, ки аз кишварҳои таҳти карантин эълонгардидаи хориҷӣ ва аз қаламрави кишварҳои ИДМ ворид мешаванд;

ҳудуд ва иморатҳои корхонаҳо ва ташкилотҳои захиракунанда, анборкунанда, коркард ва фурӯши маҳсулоти растанӣ, киштзорҳои кишоварзӣ ва ҷангалзорҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), давлатӣ, инфиродӣ,заминҳои истифодаи ғайрикишоварзӣ (ҳақраҳаҳои роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ ва ғайра).

5. Мақомоти умури давлатии карантини растанӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо

Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани чорабиниҳои давлатии карантини растаниро ба воситаи мақомоти тобеи худ, ки умури давлатии карантини растаниро анҷом медиҳанд ва дорои ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқӣ буда, мӯҳри тасвири нишони давлатидор бо номи худ доранд, ташкил менамояд.

Дар фаъолияти худ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин ин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

Инҳо таҳти муоина ва тафтиш қарор дода мешаванд:

киштзор ва ниҳолзорҳои зироатҳои кишоварзӣ, ҷангал ва зироатҳои дигар дар ноҳияҳои ҳамҳудуд ба сарҳади давлатии хушкии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар минтақаҳои ҳамҳудуд ба бандарҳои дарёӣ, фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи-оҳан ва автомобилӣ, ки тавассути онҳо воридоти тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ аз кишварҳои хориҷӣ анҷом дода мешавад, инчунин дар ҳақраҳаҳои шоҳроҳҳо ва роҳҳои оҳан;

киштзор ва ниҳолзорҳои корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки ба парвариш, зиёд намудан ва фурӯши тухмӣ ва кӯчат барои истифода дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои содирот машғул мебошанд;

ҳама киштзору ниҳолзорҳои аз тухмию кӯчатҳои аз кишварҳои хоричӣ ва кишварҳои ИДМ воридкардашуда ҳосил гардидаанд;

тухмӣ, кӯчат ва дигар маҳсулоти растанӣ, ки барои содирот таъин шудааст;

зироатҳои кишоварзӣ, ҷангал ва дигар зироатҳо дар ноҳияҳои паҳншавии зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона дар ноҳияҳои ҳамҳудуди онҳо;

элеваторҳо, анборҳо ва дигар ҷойҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти воридотии аз растанӣ истеҳсолшуда, инчунин маҳсулоти истеҳсоли он кишварҳои ИДМ, ки дар онҳо карантин эълон шудааст, воситаҳои нақлиёте, ки маҳсулоти зикргадидаро интиқол медиҳанд, мошинҳои кишоварзӣ ва таҷҳизоти коркарди хок;

андешидани тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати роҳ надодан ба паҳншавӣ ва рафъи манбаъҳои ошкоргадидаи олудашавӣ, инчунин ошкор намудан ва бастани роҳҳои воридшавии объектҳои карантинӣ;

тартиб додани протоколҳо (санадҳо) оид ба вайронкунии Низомнома ё қоидаҳои карантини растанӣ ва минбаъд фиристодани онҳо ба прокуратура ва дигар мақомот барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор.

6. Ҳуқуқҳои инспектори давлатии карантини растанӣ

Ба инспектори давлатии карантини растанӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳуқуқҳои зерин дода мешавад:

бемонеа ворид шудан ба ҳудуди истгоҳҳои роҳи оҳан, вокзалҳои (истгоҳҳои) автобусҳо, фурудгоҳҳо, бардарҳои дарёӣ, почтамтҳо, анборҳо, элеваторҳо, вагонҳои мусофирбар ва боркаш, ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ, ба ҳудуди намоишгоҳхо, боғҳои ботаникӣ, пажӯҳишгоҳҳо, стансияҳои таҷрибавӣ, хоҷагиҳо, бозорҳо, дигар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, қитъаҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон, инчунин ба корхонаҳое, ки ба захиракунӣ, коркард ва фурӯши тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ машғул мебошанд;

боздоштан, мусодира намудан ва дар мавриди зарурат баргардонидани тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, ки бе сертификати карантинӣ аз минтақаи таҳти карантин қарордошта оварда шудаанд;

аз маъмурияти истгоҳҳои роҳи оҳан, вокзалҳои (истгоҳҳои) автобусҳо, фурудгоҳҳо, бардарҳои дарёӣ, почтамтҳои марказӣ, дар сурати зарурат, барои анҷом додани корҳои тафтиш ва дар ҳудуду онҳо безарар сохтани тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ воситаҳои нақлиёт, коргарони ёрирасон, иморатҳои хизматӣ ва маводи ёрирасон талаб намояд.

Қарор оид ба эълон ё бардоштани карантин аз ҷониби Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Карантин ба инҳо эълон карда мешавад:

а) хоҷагиҳо (колхозҳо, хоҷагиҳои давлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), корхонаҳо, маҳалҳои аҳолинишин, хоҷагиҳои шаҳрвандон);

б) ҳудуд ё қисми ҳудуди корхонаҳо, муассисаҳо ё ташкилот;

в) гурӯҳи маҳалҳои аҳолинишин ё ноҳияҳо.

Пас аз қабули қарор оид ба эълони карантин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо, мақомоти умури давлатӣ оид ба карантини растанӣ ӯҳдадоранд:

а) ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳои карантинӣ ва анҷом додани чорабиниҳои тасдиқгардидаро оид ба пешгирии паҳншавӣ ва рафъи зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона ба маълумоти роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилоту хоҷагиҳо, инчунин шаҳрвандон расонанд;

б) ба риояи бечунучарои маҳдудиятҳо ва чорабиниҳои карантинӣ аз ҷониби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, инчунин шаҳрвандон назорати доимӣ ҷорӣ намоянд.

Баровардани тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ аз минтақаҳои карантин эълонгардида танҳо дар сурати риоя гардидани шарту қоидаҳои муқаррарнамудаи Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.

Баровардани тухмӣ ва кӯчат аз хоҷагиҳои таҳти карантин эълонгардида бе сертификати карантинӣ барои истифодаи онҳо бо мақсади коштану шинондан дар дигар хоҷагиҳои озод аз зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона манъ аст.

Тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, ки аз минтақаи карантин эълонгардида бе сертификати карантинӣ бароварда шудааст, мусодира карда мешавад ва ба ташкилотҳои захиракунанда барои коркарди техникӣ (саноатӣ) ё истифода дар корхонаҳои хӯроки умумӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои безарарсозӣ,баргардонидан ё нобуд кардан дода мешавад.

Боздошт ва мусодираи маҳсулоти знкргардида аз ҷониби инспекторони карантини растанӣ сурат мегирад.

Зиёне, ки дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои карантин расонида шудааст, мувофиқи тартиби муқарраргардида аз шахсони гунаҳгори ҳуқуқӣ (воқеӣ) ситонида мешавад.

Баровардани маҳсулоти кишоварзӣ аз қитъаҳои замини наздиҳавлигии минтақаи (маҳалли аҳолинишин, ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ) таҳти карантин қарордошта танҳо ба воситаи ташкилотҳои захиракунанда имконпазир аст ба истиснои маҳсулоти олудашуда (таъинот ва шартҳои истифодаи онҳо мутобиқи қоидаҳои карантинӣ аз ҷониби инспектори давлатӣ оид ба карантини растанӣ муайян карда мешавад).

Карантин пас аз анҷом додани чорабиниҳои карантинии муқарраргардида оид ба рафъи пурраи манбаъҳои зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона бо пешниҳоди Саринспектори давлатии карантини растанӣ бардошта мешавад.

7. Тартиби воридот ва содироти тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ

Воридоти тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ ба.Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва кишварҳои ИДМ дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин имконпазир аст:

иҷозатномаи карантинии воридот, ки Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад;

сертификати фитосанитарӣ ё шаҳодатномае, ки мақомоти давлатии карантин ва ҳифзи растании кишвари содиркунанда медиҳад.

Воридоти тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва кишварҳои ИДМ, ки мақомоти давлатии карантин ва ҳифзи растанӣ надоранд, танҳо дар сурати мавҷуд будани иҷозатномаи карантинии воридот, ки дар ҳар ҳолати алоҳида аз ҷониби Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, имконпазир аст.

Вазорату идораҳо ҳангоми воридоти маҳсулоти растанӣ ӯҳдадоранд:

ба шартномаҳои (қарордодҳои) тиҷоратӣ оид ба таҳвил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва кишварҳои ИДМ ё интиқоли тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ тавассути қаламрави ҷумҳурӣ талаботи Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани зараррасонҳои карантинӣ ва дигар зараррасонҳои хатарнок, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегонаро пешгирӣ менамояд, дохил кунанд ва дар онҳо ҷавобгарии амволии ҷониби шартномаро барои вайрон кардани ин талабот пешбинӣ намоянд.

Ҳангоми харидории ҳаҷми зиёди тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ аз кишварҳои хориҷӣ, дар сурати зарурат, фиристодани мутахассисони карантини растаниҳоро барои омӯзиши ҳолати фитосанитарии киштзорҳо ва ниҳолзорҳои зироатҳои кишоварзӣ дар ин кишварҳо пешбинӣ намоянд.

Тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растании аз кишварҳои хориҷӣ ва кишварҳои ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда дар нуқтаҳои воридоти онҳо ба қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби инспекторони Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти тафтиши қатъӣ қарор дода мешаванд.

Нуқтаҳои сарҳадие, ки тавассути онҳо воридоти тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ анҷом дода мешавад, бо мувофиқаи Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Дар сурати ба миён омадани таҳдиди паҳншавии зараррасонҳои карантинӣ, инчунин дигар зараррасонҳои хатарнок ва касалиҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои ҳамсоя, бо қарори мақомоти салоҳиятдор сарҳад дар минтақаҳои таҳти таҳдид метавонад баста шавад.

Воридоти маҳсулоти растанӣ аз хориҷа тавассути нуқтаҳои сарҳадии гумрукӣ ва почтамтҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз тафтиши карантинӣ дар сурати мавҷуд будани сертификатҳои карантинӣ, ки барои ҳар як миқдори бор дода мешаванд ё мӯҳри нусхаи муқарраргардида, ки инспекторони давлатии карантини растанӣ ба ҳуҷҷатҳои борҳо мегузоранд, иҷозат дода мешавад.

Муросилот, бандеролҳо бо маҳсулоти растанӣ барои фиристодан аз муассисаҳо ва ташкилотҳо дар сурати мавҷуд будани сертификатҳои карантинӣ, ки барои ҳар як ҳаҷми муросилоти почта дода мешаванд ё мӯҳри нусхаи муқарраргардида, ки ба ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ (бланкаҳои муросилот) гузошта мешавад, қабул карда мешаванд.

Воридоти тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, ки дар онҳо зараррасонҳои карантинӣ ва дигар зараррасонҳои хатарнок, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона, ҳама намуд зироатҳои занбурӯғҳои зинда, бактерияҳо, вирусҳо-ангезандагони бемориҳои растанӣ, инчунин ҳашарот, канаҳо ва нематодҳои ба растанӣ зиёнрасонанда ошкор карда шудаанд, ба истиснои онҳое, ки барои мақсадҳои илмӣ ворид карда мешаванд, бе иҷозатномаи махсуси мақомоти дахлдори карантин аз кишварҳои хориҷӣ ва кишварҳои ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Дар сурати ошкор намудани зараррасонҳо ё касалиҳои зикргардида дар бор ҳангоми ба нуқтаи сарҳадии гумрукӣ расидан Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст дар бобати истифодаи минбаъдаи он ба соҳиби бор тавсияҳо диҳад, соҳиби бор бошад, ӯҳдадор аст дар мӯҳлати як шабонарӯз дар ин маврид чора андешад.

Фиристодани (инчунин дар бағоҷ овардани) тухмӣ ва кӯчат, меваю сабзавоти тару тоза дар муросилоти почта аз кишварҳои хориҷӣ ба унвони шаҳрвандони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда манъ аст. Гузаронидани баъзе меваҳо ва сабзавоти тару тозаи аз зараррасонҳои карантинӣ ва касалиҳо озод дар бори дастии мусофирон аз ҷониби инспектори давлатии карантини растанӣ ичозат дода мешавад. Дар сурати вайрон кардани қоидаҳои дар боло зикршуда шахсони гунаҳгор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

Дар сурате, ки агар тухмӣ, растанӣ ё кӯчатҳои дорои арзиши махсус ба унвони муассисаи илмию тадқиқотӣ фиристода шуда бошанд, онҳо бояд дар асоси хулосаи ннспектори давлатии карантини растанӣ барои тафтиш ба парваришгоҳи интродуксионию карантинӣ фиристода шаванд.

Дар бағоҷ ворид намудан ва тавассути почта интиқол додани маҳсулоти растание, ки аз кишварҳои хориҷӣ барои намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва тиҷоратии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда меоянд, пас аз анҷом додани назорати карантинӣ имконпазир аст.

Тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растание, ки аз кишварҳои хориҷӣ ва кишварҳои ИДМ ворид гардидаанд, дар сурати дар онҳо ошкор гардидани зараррасонҳои карантинӣ ва дигар зараррасонҳои хатарнок, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона бояд ҳатман бо усули химиявӣ ё дигар усулҳо безарар (фумигатсия) карда шаванд, аз алафҳои бегона тоза карда шаванд, дар парваришгоҳҳои интродуксионию карантинӣ ва гармхонаҳо бо мақсади ошкор намудани олудагии ниҳонӣ ва солимгардонии маҳсулоти растанигии зикргардида, коркарди техникӣ ё истифода дар ноҳияҳое, ки дар онҳо хатари паҳншавии зараррасонҳо, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегонаи ошкоргардида вуҷуд надорад, кошта ё шинонида шаванд.

Тафтиши карантинии тухмӣ ва кӯчатҳо мутобиқи низомномаи тартиби тафтиши карантинии тухмӣ ва кӯчатҳои воридотӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инспексияи давлатии карантини растаниҳо тасдиқ намудааст, анҷом дода мешавад.

Безарарсозии химиявии тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ аз зараррасонҳои карантинӣ ва дигар зараррасонҳои хатарнок, касалиҳои растанӣ дар нуқтаҳои сарҳадии карантини растанӣ, ки ин бор ба воситаи онҳо ворид мегардад, аз ҷониби дастаҳои фумигатсионии умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Тамоми хароҷоти вобаста ба безарарсозии тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растании Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин онҳое, ки аз кишварҳои хориҷӣ ва кишварҳои ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, аз ҷумла истифодаи қувваи корӣ, нақлиёт, иморатҳо ва маводи ёрирасон, аз ҳисоби ташкилотҳо ё шахсони дахлдор пардохта мешавад.

Безарарсозии тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, зарф, воситаҳои нақлиёт аз зараррасонҳои карантинӣ ва дигар зараррасонҳои хатарнок, касалиҳои растанӣ бо дастур ва таҳти назорати инспекторони давлатии карантини растанӣ мутобиқи дастурамалҳои ҷорӣ аз ҷониби инҳо анҷом дода мешавад:

дастаҳои фумигатсионии умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сурате ки мутобиқи ҳолати карантинии маҳсулот гузаронидани безарарсозии химиявӣ бевосита дар нуқтаҳои сарҳадии карантини растанӣ ё ҷойҳои махсуси ошкор гардидани онҳо (шаҳр, нохия) зарур мебошад;

боргирандагон дар ҷойҳои воридшавӣ, фурӯш ё истифодаи маҳсулот, дар сурате ки гузаронидани безарарсозӣ аз ҷиҳати шароити техникӣ бевосита дар нуқтаҳои сарҳадии карантини растанӣ ё ҷойҳои борфарорӣ ғайриимкон мебошад;

ташкилотҳои нақлиётӣ ё боргирандагон, дар сурате ки онҳо маҳсулоти растанигии интиқолдодашаванда - воситаҳои нақлиёти бо зараррасонҳои карантинӣ ва дигар ҷисмҳои зарарнок олудашударо холӣ карда бошанд, дар ҳар сурат, сарфи назар аз ҳолати карантинии маҳсулоти растанигии интиқолдодашаванда.

Дар сурати ошкор намудани зараррасонҳои карантинӣ ва дигар зараррасонҳои хатарнок, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона дар тухмӣ, растанӣ, маҳсулоти растанӣ ва дар дигар борҳои аз кишварҳои хориҷӣ ва кишварҳои ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, ки нисбати онҳо чораҳои самараноки безарарсозӣ ва тозакунӣ наметавонанд андешида шаванд, нн маҳсулот ва борҳо дар асоси дастури Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо намояндагони вазоратҳо, идораҳои воридкунанда мувофиқа шудааст, ба содиркунанда баргардонида мешаванд ё нобуд карда мешаванд.

Гузаронидани борҳои транзитии иборат аз тухмӣ, растанӣ, маҳсулоти растанӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи қоидаҳои байналмилалии боркашонӣ бо тафтиш танзим карда мешавад.

Дар сурати ошкор намудани зараррасонҳои зикргардида ва дигар зараррасонҳои хатарнок, касалиҳои растанӣ ё алафҳои бегона ин борҳо бояд боздошт шуда, (бо розигии борфиристанда) безарар карда шаванд ва ба кишвари содиркунанда баргардонида шаванд ё аз тарафи Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурил Тоҷикистон нобуд сохта шаванд.

Тухмӣ, кӯчат, растанӣ, штаммҳои (ҷинсҳои) агезандаҳои касалиҳо, дигар объектҳои биологӣ ва маҳсулоти растание, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ва кишварҳои ИДМ содир карда мешаванд, бояд ба талаботи пешбининамудаи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба карантин ва ҳифзи растанӣ, инчунин шартномаҳо (қарордодҳои) тиҷоратӣ ҷавобгӯ бошанд ва ба Номгӯи объектҳои биологие, ки бароварданашон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, дохил набошанд.

Ҳар як қисмати (партияи) тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растании содиротӣ бояд сертификати фитосанитарии нусхаи муқарраршуда дошта бошад.

Ташкилотҳои ба содироти тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ машғулбуда ӯҳдадоранд на камтар аз 30 рӯз қабл аз мӯҳлати пешбинигардидаи интиқоли маҳсулоти зикргардида берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ мақомоти Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз борфиристонии пешбинишуда огоҳ намуда, якҷоя бо онҳо ҷои мувофиқтари бор карда фиристодани маҳсулотро муайян намоянд. ва 15 рӯз қабл аз бор карда фиристодан маҳсулоти содиротиро барои тафтиш пешниҳод кунанд.

8. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои вазоратҳо, идораҳо, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон дар соҳаи карантини растанӣ

Вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ба истеҳсол, захиракунӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, коркард ва фурӯши маҳсулоти таҳти карантин машғулбуда зери назорати мақомоти умури давлатии карантини растанӣ чорабиниҳои оид ба муоина ва мубориза бо зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона ва пешгирии паҳншавии онҳоро дар сурати ошкор гардидан анҷом медиҳанд.

Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳо набояд ҳуҷҷатҳои интиқоли тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растаниро ҳамчун мавод, ашёи хом аз қаламрави Тоҷикистон бе додани сертификатҳои карантинӣ, ки Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ба расмият дароранд.

Роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ӯҳдадоранд:

доир намудани муоинаи мунтазами кишти зироатҳо ва қаламрави атрофи анборҳо ва корхонаҳоеро, ки дар онҳо маҳсулоти таҳти карантин нигоҳ дошта мешаванд ё коркард мешаванд, инчунин тафтиши захираҳои маҳсулоти кишоварзиро бо мақсади ошкор намудани зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона анҷом диҳанд;

ба таври ҳатмӣ аз ҷониби дастаҳои махсуси умури давлатии карантини растанӣ доир гардидани фумигатсияи хазинаҳо, анборҳои маҳсулоти кишоварзиро (ғалла, мева, сабзавот ва ғайра) таъмин намояд ва барои нигоҳдорӣ иҷозатномаҳо гиранд:

гузаронидани чорабиниҳои пешгирӣ ва нобудсозиеро, ки барои пешгирии паҳншавӣ ва рафъи зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона ҳангоми истеҳсол, захиракунӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти растанӣ равона гардидаанд мутобиқи дастури инспектори давлатӣ оид ба карантини растанӣ таъмин кунанд;

қоидаҳои карантинии ҷориро ҳангоми воридоти тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ аз кишварҳои хориҷӣ ва кишварҳои ИДМ қатъиян риоя намоянд;

ҷудо намудани майдонҳоро барои ташкили парваришгоҳҳо ва хоҷагиҳои тухмипарварӣ бо мақомоти умури давлатии карантини растанӣ мувофиқа намоянд;

аз ҷониби дастаҳои фумигатсионии умури давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо дархости борфиристандагон ва боргирандагон) гузаронидани безарарсозии тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, воситаҳои нақлиёт, анборҳо ва дигар иморатҳо, зарфҳоро ба таври ҳатмӣ таъмин кунанд.

Бо мақсади сари вақт иҷро намудани чорабиниҳои карантинӣ ҷиҳати кӯмак ба Умури давлатии карантини растанӣ хоҷагиҳои давлатӣ, хоҷагиҳои коллективӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), корхонаҳои хоҷагии ҷангал, захиракунӣ, нақлиётӣ, тиҷоратӣ ва дигар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо аз ҷумлаи мутахассисон ваколатдорони ҷамъиятӣ оид ба карантини растаниҳоро ҷудо менамоянд.

Маъмурияти истгоҳҳои роҳи оҳан, вокзалҳои (истгоҳҳои) автобусҳо, фурудгоҳҳо, бандарҳои дарёӣ, почтамтҳо ӯҳдадоранд ба Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорати тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ иморатҳои хизматӣ ва дар мавриди зарурат воситаҳои нақлиёт, анбор, маводи ёрирасон, инчунин барои анҷом додани корҳо оид ба тафтиш ва безарарсозии маҳсулоти таҳти карантин аз ҳисоби соҳиби бор коргарони ёрирасонро ҷудо намоянд.

Шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ӯҳдадоранд ба мақомоти Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани чорабиниҳои оид ба карантини растанӣ кӯмак расонанд, масъалаҳои карантини растаниро ҳангоми истеҳсол, захиракунӣ, коркард, нигоҳдорӣ, фурӯш ва истифодаи маҳсулоти таҳти карантин бо онҳо мувофиқа намоянд.

Шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ба масъалаҳои истеҳсол, захиракунӣ, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, коркард, фурӯши тухмӣ, кӯчат ё маҳсулоти растанӣ машғулбуда ҳуқуқ доранд:

дар мавриди зарурат якҷоя бо намояндагони умури давлатии карантини растанӣ чорабиниҳои иловагӣ ё маҷмӯи чорабиниҳои иловагиеро, ки иҷрои бечунучарои коидаҳои ҷории карантиниро таъмин мекунанд, таҳия намоянд:

аз мақомоти умури давлатии карантини растанӣ доир намудани тафтишҳои назоратии киштзорҳои кишоварзӣ, ҳудудҳо, анборҳо, растанию маҳсулоти растанӣ ва ғайраро барои ошкор намудани объектҳои карантинӣ аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳо талаб кунанд;

дар назди мақомоти умури давлатии карантини растанӣ масъалаи бардоштани карантинро пас аз рафъи манбаъҳои объектҳои карантинӣ гузоранд.

Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани ин Низомнома ва қоидаҳои карантини растанӣ

Таъсиррасонӣ дар ҳама гуна шакл ба шахсони мансабдоре, ки назорати карантинии фитосанитариро анҷом медиҳанд, инчунин шахсони дар вайрон кардани Низомномаи мазкур ва қоидаҳои муқарраргардидаи карантини растанӣ гунаҳгор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

9. Манбаъҳои маблағгузорӣ

Манбаъҳои маблағгузории Умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

маблағҳое, ки аз иҷрои корҳо ва хизматрасонии мақомот ва ташкилотҳои умури давлатии карантини растанӣ оид ба таъмини карантини растанӣ ворид мешаванд;

маблағҳое, ки аз ташкилотҳо, соҳибкорону шаҳрвандони алоҳида ҳамчун ҷуброни хароҷоти иловагии мақомоту ташкилотҳои умури давлатии карантини растанӣ барои андешидани тадбирҳои карантини фитосанитарӣ ворид мегарданд;

маблағҳое, ки аз фаъолияти нашриётии умури давлатии карантини растанӣ вобаста ба таъмини карантини растанӣ ворид мегарданд;

пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо;

дигар манбаъҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънагардида.

Гурӯҳи фумигатсионии Умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсусе, ки аз воридот барои корҳо ва хизматрасонӣ оид ба безарарсозии маҳсулоти растанӣ, дигар маводи таҳти карантин ва воситаҳои нақлиёт мутобиқи Номгӯи хизматрасониҳои пулакӣ, ки Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷистон бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ташаккул меёбанд, таъмин карда мешавад.

Даромадҳои аз манбаъҳои маблағгузорӣ бадастомада барои чорабиниҳои зерин равона карда мешаванд:

рушд ва таҳкими заминаи моддию техникӣ;

баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии коргарон;

рушди ояндаи инспексия.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 феврали с. 2002 № 38

тасдиқ шудааст

Сохтори идораи Инспексияи давлатии карантини растании назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инспексияи давлатии ҷумҳуриявии карантини растанӣ

Лабораторияи ҷумҳуриявии карантини растанӣ

Гурӯҳи фумигатсионии ҷумҳуриявӣ

Инспексияи давлатии карантини растании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Инспексияи давлатии карантини растании вилояти Суғд

Инспексияи давлатии карантини растании вилояти Хатлон

Пункти карантини растании ноҳияи Турсунзода

Пункти карантини растании байниноҳияҳои Кофарниҳону Файзобод

Пункти карантини растании ноҳияи Ҳисор

Пункти карантини растании байниноҳияҳои Ленину Варзоб

Пункти карантини растании байниноҳияҳои Рашту Дарбанд

Пункти карантини растании байниноҳияҳои Ҷиргатолу Тоҷикобод

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Точикистон

аз 4 феврали с. 2002 № 38

тасдиқ шудааст

Номгӯи гузаргоҳҳои сарҳадии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВИЛОЯТИ СУҒД

1. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Исфара

2. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Патари ноҳияи Конибодом

3. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Хештаки ноҳияи Нов

4. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар шаҳри Панҷакент

5. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар истгоҳи Конибодоми Роҳи оҳани Тоҷикистон

6.Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар истгоҳи Нови Роҳи оҳани Тоҷикистон

7. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Равоти ноҳияи Конибодом

8. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Навбунёди ноҳияи Ашт

9. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар шаҳраки Олтинтопкани ноҳияи Мастчоҳ

10. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ

11. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Майдончаи комсомоли ноҳияи Мастчоҳ

12. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Қӯштегирмони ноҳияи Нов

13. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар шаҳраки Зафаробод

14. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Баландчегири ноҳияи Истаравшан

15. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд

16. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар почтамти Хуҷанд

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

1. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар шаҳраки Панҷи поёни ноҳияи Қумсангир

2. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Кокули ноҳияи Фархор

3. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар истгоҳи Ҳошодии Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус

4. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Айваҷи ноҳияи Шаҳритус

5. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа

6. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб

7. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар почтамти шаҳри Қурғонтеппа

8. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар почтамти шаҳри Кӯлоб

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӯҲИСТОНИ БАДАХШОН

1. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Теми ноҳияи Шуғнон

2. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Ишкошими ноҳияи Ишкошим

3. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Кӯлмаи ноҳияи Мурғоб

4. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Қизиларти ноҳияи Мурғоб

НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ МАРКАЗ ВА ш. ДУШАНБЕ

1. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар фурудгоҳи ш. Душанбе

2. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар почтамти ш. Душанбе

3. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар истгоҳи Душанбе-1 Роҳи оҳани Тоҷикистон

4. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар истгоҳи Душанбе-2 Роҳи оҳани Тоҷикистон

5. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Бештеппаи ноҳияи Турсунзода

6. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар истгоҳи Пахтаободи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода

7. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар деҳаи Қарамики ноҳияи Ҷиргатол

8. Гузаргоҳи сарҳадии карантини растанӣ дар истгоҳи Хонақои Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор