ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти давлатии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии шуғли аҳолӣ Хадамоти давлатии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Ба ҳайати Хадамоти давлатии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии самтдории касбӣ дохил карда шавад.
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ низомномаи Хадамоти давлатии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, оид ба сохтори идора, воҳидҳои корӣ ва мақомоти минтақавии Хадамоти давлатии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
3. Ба Нақшаи идораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2001 № 124 "Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар сархати панҷум калимаҳои "Маркази ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, душанбегӣ ва шаҳрию ноҳиявии (байниноҳиявии) шуғли аҳолӣ" ба калимаҳои "Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ, марказҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятӣ, душанбегӣ ва шаҳрию ноҳиявии шуғли аҳолӣ" иваз карда шаванд;
- сархати ҳафтум "Марказҳои ҷумҳуриявӣ, вилояти, душанбегӣ ва шаҳрию ноҳиявии самтдории касбӣ" хориҷ карда шавад.
4. Қарорҳои зерин беэътибор дониста шавад:
- қарори Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 5 майи соли 1991 № 111 "Дар бораи тадбирҳои иҷрои қарори Шӯрои Вазирови ИҶШС аз 23 декабри соли 1990 № 1071 "Дар бораи Умури давлатии шуғли аҳолӣ";
- қарори муштараки Кумитаи дaвлaтии ИҶШС оид ба меҳнат ва масъалаҳои иҷтимо ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1990 № 389а/223 "Дар бораи таъсиси системаи ягонаи касбинтихобкунии аҳолӣ дар ҶШС Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 марти соли 2004 № 89
ш. Душанбе